Page 1
Дастури истифодабаранда Nokia 2220 slide
Масъала 3
Page 2
2 Мундариҷа
Мундариҷа
Бехатарӣ 4
Дастгирӣ 5
Оғози кор 5
Корти SIM ва батареяро гузоред 5
Батареяро бо барқ пур кунед 6
Антенна 6
Маҷмӯи гӯшмонак 6
Магнитҳо ва майдонҳои магнитӣ 7
Тугмаҳо ва қисмҳо 7
Рамзҳои вурудшавӣ 8
Фаъол ё хомӯш созед 9
Ҳолати интизорӣ 9
Қулфи клавиатура 9
Вазифаҳо бе SIM - корт 10
Барномаҳо дар замина иҷро
мешаванд 10
Зангҳо 10
Занг задан ва қабул кардан 10
Баландгӯяк 11
Миёнабурҳои рақамзанӣ 11
Навиштани матн 11
Модулҳои матн 11
Вуруди анъанавии матн 12
Вуруди пешгӯии матн 12
Менюҳоро идора кунед 12
Мубодилаи паёмӣ 13
Паёмҳои матнӣ ва
мултимедиявӣ 13
Паёмҳои флешдор 14
Паёмҳои аудиоии Nokia Xpress 14
Паёми электронӣ 14
Паёмнависии фаврӣ 15
Паёмҳои овозӣ 15
Танзимоти паёмҳо 15
Мухотибон 16
Китоби қайдгири занг 17
Танзимот 17
Намудҳо 17
Оҳангҳо 17
Экран 17
Сана ва вақт 17
Миёнабурҳо 18
Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ 18
Пайвастшавӣ 18
Занг ва телефон 19
Қисмҳои иловагӣ 19
Насб 19
Барқарорсозии танзимоти завод 20
Менюи оператор 20
Силсилаи ҷузъиёт 20
Медиа 20
Камера ва видео 20
Радиои FM 21
Сабткунандаи овоз 22
Плеери мусиқӣ 22
Барномаҳо 23
Ташкилгар 24
Соати зангдор 24
Тақвим ва рӯйхати вазифа 24
Веб ё Интернет 25
Ба хадамоти интернетӣ пайваст
шавед 25
Хадамоти SIM 26
Иттилооти аслӣ 26
Сарфаи барқ 26
Истифодаи такрорӣ 26
Бисёртар омӯзед 26
Маълумот дар бораи маснуот ва
бехатарӣ 27
Page 3
Индекс 34
Мундариҷа 3
Page 4
4 Бехатарӣ
Бехатарӣ
Ин дастурҳои соддаро хонед. Мувофиқи онҳо амал накардан метавонад хатарнок
ё ғайриқонунӣ бошад. Барои маълумоти иловагӣ дастури мукаммали
истифодабарандаро мутолиа кунед.
БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ ФАЪОЛ КАРДАН
Дар мавриде ки истифодаи телефони бесим манъ карда шудааст ва ё,
халал ё зарар расонда метавонад дастгоҳро фурӯзон нанамоед.
БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ
Ба ҳамаи қонунҳои маҳаллӣ риоя кунед. Ҳангоме ки автомобил
меронед, дастҳоятон бояд ҳамеша озод бошанд. Мақсади
аввалиндараҷаи шумо ҳангоми рондани автомобил, бояд таъмини
бехатарии ҳаракат бошад.
ХАЛАЛРАСОНӢ
Ҳама гуна таҷҳизоти бесим ба халалҳо таъсирпазир мебошанд, ки ин
ба кори тачҳизот таъсири бад расонда метавонад.
ДАР ҶОЕ, КИ ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲ МАНЪ ШУДААСТ ХОМӮШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дар ҳавопаймо, назди таҷҳизоти
тиббӣ, сӯзишворӣ, маводи кимиёвӣ ё худ минтақаи таркишҳо дастгоҳро
хомӯш доред.
ХИДМАТРАСОНИИ БОСАЛОҲИЯТ
Танҳо кормандони босалоҳият метавонанд ин дастгоҳро насб кунанду
таъмир намоянд.
ЗАМИМАҲО ВА БАТАРЕЯҲО
Танҳо замимаҳо ва батареяҳои тасвибшударо истифода баред.
Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
ОБНОГУЗАР
Дастгоҳи шумо обногузар нест. Дастгоҳро хушк нигоҳ доред.
Page 5
Дастгирӣ 5
Дастгирӣ
Агар Шумо мехоҳед дар бораи маҳсулоти худро иттилооти бисёртар гиред ё ин
ки Шумо намедонед фаъолияти дурустии дастгоҳи худ, саҳифаҳои иттилоотӣ дар
суроғаи www.nokia.com/support нигаред ё сайти маҳаллии Nokia дар
www.nokia.mobi/support (бо дастгоҳи мобилӣ), ё дастури барномаи дастгоҳ ё
дастури корбар бештар хонед.
Агар ин масъалаи Шуморо ҳал накард, инро кӯшиш кунед:
• Дастгоҳро бозоғозӣ кунед: дастгоҳро хомӯш кунед ва батареяро гиред. Пас
аз як дақиқа батареяро қафо монед ва телефонро аз нав фаъол созед.
• Танзимотҳои аслӣ аз рӯи тавзеҳи дастури корбар барқарор созед.
Агар масъала ҳал карда нашуд, бо нуқтаи хидматрасонии Nokia алоқа бандед.
Кушоед www.nokia.com/repair. Пеш аз додани телефон ба устод, ҳамаи
маълумоти телефонро захира кунед.
Оғози кор
Корти SIM ва батареяро гузоред
Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша
дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи барқро ҷудо созед.
Корти SIM ва алоқаҳои он аз харошидан ва каҷ кардан ба осонӣ аз кор мебароянд.
Аз ин рӯ, кортро бо эҳтиётӣ истифода баред, дохил ва хориҷ кунед.
1 Сарпӯши қафоро аз канори болоии дастгоҳ бардошта, онро хориҷ кунед (1).
2 Батареяро бароред (2).
3 Дорандаи SIM-кортро кушоед ва SIM-кортро ворид кунед (3). Тарафи
контактдори корт сарзер ва канораи бурридашудаи он дар дастгоҳ ба сӯи
боло ҷойгир буданашро санҷед. Дорандаро пӯшед (4).
4 Батареяро дохил кунед (5) ва сарпӯши телефонро ба ҷои худ ҷойгир кунед
(6).
Page 6
6О ғ о з и к о р
Батареяро бо барқ пур кунед
Батареяи шумо ҳангоми истеҳсол бо барқ нимпур карда шудааст. Агар дастгоҳ
кам будани барқро нишон дода истода бошад, амалҳои зеринро иҷро кунед:
1 Пуркунандаи барқро ба васлаки деворӣ пайваст намоед.
2 Пуркунандаи барқро ба дастгоҳ пайваст намоед.
3 Вақте ки батарея пур карда шуд, аввал пуркунандаи барқро аз дастгоҳ ва
баъд аз васлаки деворӣ ҷудо созед.
Ба шумо зарур нест батареяро то мӯҳлати муаян бо барқ пур кунед ва шумо
метавонед онро ҳангоми барқгирӣ истифода баред. Агар барқи батарея пурра
холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё
задани занг, метавонад якчанд дақиқа гузарад.
Антенна
Дастгоҳи шумо метавонад дорои мавҷгирҳои дохилӣ ва беруна бошад. Вақте ки
мавҷгир мавҷ мефиристонад ё қабул мекунад, бе зарурат ба мавҷгир даст
нарасонед. Тамос бо мавҷгирҳо ба сифати алоқа таъсир карда, сабаби аз меъёри
зарурӣ зиёд истифода шудани барқ мегардад ва метавонад мӯҳлати хизмати
батареяро кӯтоҳ кунад.
Расми ҷои антеннаро бо ранги хокистарӣ нишон медиҳад.
Маҷмӯи гӯшмонак
Огоҳӣ
Вақте ки Шумо гӯшмонакро истифода мебаред, имкони Шумо барои шунидани
овозҳои беруна метавонад халалдор гардад. Дар ҷойе, ки бехатарии Шумо дар
зери таҳдид аст гўшмонакро истифода набаред.
Page 7
Оғози кор 7
Ҳангоми васл кардани ягон замимаи беруна ё гӯшмонак ба васлкунаки Nokia AV,
ки бо Nokia маъқул дониста нашудааст, ба дараҷаи овоз махсус эътибор диҳед.
Маҳсулоте ки сигналҳои баромадро ба вуҷуд меоранд, ба дастгоҳ васл накунед.
Ин метавонад ба дастгоҳ хисорот расонад. Ягон замимаи барқдорро ба
васлкунаки Nokia AV пайваст накунед.
Магнитҳо ва майдонҳои магнитӣ
Дастгоҳи худро аз магнит ва ё минтақаи магнитӣ дур нигоҳ доред.
Тугмаҳо ва қисмҳо
1 Тугмаи фаъол/хомӯш
2 Тугмачаи Navi™ (тугмачаи паймоишкунӣ)
3 Дисплей
4 Лавозимоти шунавоӣ
5 Тугмачаҳои интихоб
6 Тугмаи тамос
7 Клавиатура
Page 8
8О ғ о з и к о р
8 Линзаи камера
9 Баландгӯяк
10 Микрофон
11 Пайвасткунаки пуркунандаи барқ
12 Пайвасткунаки гӯшмонак/Пайвасткунаки Nokia AV (3.5 мм)
Эзоҳ: Аз расидан ба васлкунандаи мазкур худдорӣ кунед, зеро ки таъмири он
танҳо аз ҷониби хидматрасони хадамоти расмӣ пешбинӣ шудааст.
Рамзҳои вурудшавӣ
Рамзи амният ба шумо имкон медиҳад, ки телефонро аз дастрасии беиҷозат
муҳофизат намоед. Рамзи пешакӣ додашуда 12345 мебошад. шумо метавонед
рамзро созед ва тағир диҳед. Рамзро махфӣ ва дар ҷои алоҳидае аз телефони
худ нигоҳ доред. Агар шумо рамзро фаромӯш кунед ва телефонатон баста
бошад, ба телефони шумо хизматрасонӣ лозим аст ва пардохти иловагӣ
Page 9
Оғози кор 9
метавонад талаб карда шавад. Барои маълумоти иловагӣ бо нуқтаи Nokia Care
ё дилери телефони худ тамос гиред.
Рамзи PIN, ки бо телефон дода мешавад, кортро аз истифодаи беиҷозат
муҳофизат мекунад. Рамзи PIN2, ки бо баъзе СИМ-кортҳо дода мешавад, барои
дастрасӣ ба баъзе хадамот лозим шуданаш мумкин аст. Агар шумо рамзи PIN ё
PIN2-ро се маротиба пайдарпай хато ворид кунед, аз шумо рамзи PUK ё PUK2
талаб карда мешавад. Агар шумо онҳоро надошта бошед, бо провайдери
хадамоти худ тамос гиред.
Барои дохилшавӣ ба иттлоот дар модули амниятии SIM - корти Шумо, модули PIN
дархост карда мешавад. Барои имзои рақамӣ имзокунии PIN метавонад дархост
карда шавад. Номи шаб барои манъкуни хангоми истифодаи хизматрасонии
манъкунии занг лозим мешавад.
Барои танзим додани телефони Шумо, ки телефон рамзҳои вурудшавӣ ва
амниятиро чи тавр истифода барад, Меню > Танзимот > Амният - ро интихоб
кунед.
Фаъол ё хомӯш созед
Тугмаи фаъоли телефонро дошта истед.
Ҳолати интизорӣ
Вақте, ки телефон ба истифодабарӣ омода аст ва Шумо ҳоло ягон рамзро дохил
накардаед, телефон дар ҳолати интизорӣ мебошад.
Иқтидори мавҷи шабака
1
2 Дараҷаи барқи батарея
3 Номи шабака ё тамғаи оператор
4 Вазифаҳои калидҳои интихобӣ
Калиди чапи интихобӣ, Гузашт , барои дидани вазифаҳо дар рӯйхати шахсии
миёнабурҳо пешбинӣ шудааст. Барои дидани вазифаҳои дастрас, ҳангоми
дидани рӯйхат, Интих. > Интихоб кардан -ро интихоб кунед, ё барои ба тартиб
даровардани вазифаҳо дар рӯйхати миёнабурҳои худ, Интих. > Ташкил додан -
ро интихоб кунед.
Қулфи клавиатура
Тугмаҳоро қулф нунед
Слайдерро пӯшед ва Бастан -ро дар тӯли 5 сония барои бастани тугмаҳо дошта
истед.
Page 10
10 Зангҳо
Қулфи тугмаҳоро кушоед
Қулфкш > OK -ро интихоб кунед ё слайдерро кушоед. Агар амнияти клавиатура
фаъол бошад, рамзи амниятӣ дар ҳоли дархост ворид кунед.
Насби худқулфкунии тугмаҳо
Меню > Танзимот > Телефон > Муҳофизати худкори тугмаҳо > Фаъол -ро
интихоб кунед, ва пас аз кадом муддат тугмаҳо қулф мешаванд, он вақтро насб
кунед.
Дар вақти қулфи тугмаҳо, зангро ҷавоб диҳед
Тугмаи зангро пахш кунед. Вақте ки шумо ба занг хотима диҳед ё зангро рад
кунед, қулфи клавиатура ба тариқи худкор баста мешавад.
Ҳангоме ки дастгоҳ ё сафҳаи калидҳо дар ҳолати баста аст, зангзанӣ ба рақами
фавқулодаи расмӣ, ки дар дастгоҳ барномарезӣ шудааст метавонад имконпазир
бошад.
Вазифаҳо бе SIM - корт
Баъзе вазифаҳои телефони шумо, ба монанди Ташкилгар ва бозиҳо, метавонанд
бе ворид кардани SIM -корт истифода шаванд. Баъзе вазифаҳо дар менюҳо хира
падидор мешаванд ва наметавонанд истифода бурда шаванд.
Барномаҳо дар замина иҷро мешаванд
Дар замина нигоҳ доштани функсияҳои фаъол талаботи истифодаи барқи
батареяро зиёд ва мӯҳлати хизматашро кӯтоҳ мекунад.
Зангҳо
Занг задан ва қабул кардан
Занг занед
Барои задани занг рақами телефон ва агар лозим бошад рамзи минтақа ва
мамлакатро ворид кунед, ва тугмаи зангро зер кунед.
Занги даромадро ҷавоб диҳед
Тугмаи зангро пахш кунед.
Зангро рад кунед
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Баландии овозро танзим кунед
Ҳангоми зангзанӣ, ба боло ё поён ҳаракат кунед.
Page 11
Навиштани матн 11
Баландгӯяк
Агар мавҷуд бошад, метавонед Баланд. ё Оддӣ -ро интихоб намоед, то ки
баландгӯяк ё гӯшмонаки дастгоҳро ҳангоми ягон зангзанӣ истфода баред.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Миёнабурҳои рақамзанӣ
Рақами телефонро ба ягон рақами тугма таъин кунед
Меню > Алоқаҳо > Зангҳои сареъ -ро интихоб кунед, ба рақами дилхоҳро (2-9)
ҳаракат кунед, ва Таъин -ро интихоб кунед. Рақами телефонии дилхоҳро ворид
кунед, ё Ҷустучӯ ва тамоси захирашударо интихоб кунед.
Рақамзании тезро фаъол созед
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Занг > Зангзании сареъ > Фаъол.
Ба воситаи рақамзании тез занг занед
Дар ҳолати интизорӣ тугмаи рақами дилхоҳро дошта истед.
Навиштани матн
Модулҳои матн
Барои ворид кардани матн (масалан, вақти навистани паёмҳо) Шумо метавонед
аз тарзи вуруди пешгӯӣ ё анъанавии матн истифода баред.
Вақте ки Шумо матн менависед, Интих. -ро барои гузаштан байни вуруди
анъанавии матн, ки бо
намоиш мешавад, пахш кунед ва доред. На ҳамаи забонҳо бо вуруди
пешгӯии матн дастгир карда мешаванд.
Намуди аломатҳо бо
Барои тағйир додани намуди аломат, # - ро пахш кунед. Барои гузаштан аз ҳолати
ҳарфӣ ба рақамӣ, ки бо
Тартиби рақам - ро интихоб кунед. Барои гузаштан аз ҳолати рақамӣ ба ҳарфӣ,
# - ро пахш кунед ва доред.
Барои насб кардани забони навист, Интих. > Забони навишт- ро интихоб кунед.
намоиш мешавад ва вуруди пешгӯии матн, ки бо
, ва намоиш мешаванд.
намоиш мешавад, # - ро пахш кунед ва доред ва
Page 12
12 Менюҳоро идора кунед
Вуруди анъанавии матн
Тугмачаи рақамии аз 2 то 9 -ро то намоиш шудани аломат ё ҳарфи дархостшуда
такрор пахш кунед. Аломатҳои дастрас ба забони интихобшудаи навистӣ вобаста
аст.
Агар ҳуруфи навбатӣ, ки Шумо дархост мекунед дар калиди
истифодашудаистода ҷой гирифта бошад, то падидор шудани курсор интизор
шавед ва ҳарфро дохил кунед.
Барои ворид шудан ба аломатҳои китобат ва ҳарф ё аломатҳои махсуси
бисёристифодашаванда, 1-ро такрор пахш кунед. Барои ворид шудан ба рӯйхати
ҳуруфот ё аломатҳои махсус, *-ро пахш кунед.
Вуруди пешгӯии матн
Вуруди пешгӯии матн дар асоси луғати дохилӣ, ки ба он Шумо метавонед
калимаҳои нав ворид кунед, қарор ёфтааст.
1 Ба навистани калима бо истифодаи калидҳо 2 то 9 оғоз кунед. Барои як ҳарф
як калидро як дафъа пахш кунед.
2 Барои тасдик намудани ягон калима ба тарафи рост равед ва е чое илова
кунед.
• Агар калима нодуруст бошад, * -ро бардавом пахш кунед ва калимаро аз
рӯйхат интихоб кунед.
• Агар пас аз калима аломати "?" нишон дода шавад, калимае, ки Шумо
навистанӣ ҳастед, дар луғат мавҷуд нест. Барои ба луғат илова кардани
калима, Имло - ро интихоб кунед. Калимаро бо истифодаи вуруди
анъанавии матн дохил кунед ва Захира - ро интихоб кунед.
• Барои навистани калимаҳои мураккаб, қисми якуми калимаро дохил ку нед
ва калиди дасти ростро барои тасдиқкунии он пахш кунед. Қисми охирини
калимаро нависед ва калимаро тасдиқ кунед.
3 Ба навистани калимаи навбатӣ оғоз кунед.
Менюҳоро идора кунед
Вазифаҳои телефон ба менюҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. На ҳамаи вазифаҳои меню
ё имконоти ҷузъҳо дар ин ҷо тавсиф карда шудаанд.
Дар ҳолати интизорӣ, Меню ва меню ё зерменюи дилхоҳро интихоб кунед. Барои
аз дараҷаи ҷории меню хориҷ шудан, Баром. ё Қафо -ро интихоб кунед. Барои
бевосита ба ҳолати интизорӣ баргаштан, тукмачаи хотимаро пахш намоед. Барои
тағйирдиҳии намуди меню, Меню > Интих. > Намоиши меню -ро интихоб кунед.
Page 13
Мубодилаи паёмӣ 13
Мубодилаи паёмӣ
Шумо метавонед паёмҳои мултимедиявӣ, аудиоӣ, флешдор ва электрониро
хонед, эҷод, ирсол ва захара кунед. Хадамоти мубодилаи паёмӣ танҳо дар
ҳолате, ки агар шабака ва провайдери хизматрасони Шумо дастгирӣ намояд,
истифода бурда мешавад.
Паёмҳои матнӣ ва мултимедиявӣ
Шумо метавонед паёмро эҷод кунед ва ихтиёрӣ, масалан, тасвирро замима
кунед. Ҳангоме, ки файл замима мешавад, телефони Шумо паёми матниро ба
паёми мултимедиявӣ худкор тағйир медиҳад.
Паёмҳои матнӣ
Дастгоҳи шумо ба фиристодани як паёми хаттии андозааш аз маҳдудияти
шумораи ҳарфҳо барои як паём бузургтар қодир аст. Паёмҳои дароз ҳамчун ду
ё зиёда паёмҳо фиристода мешаванд. Провайдери хидматрасони шумо
метавонад мувофиқан пардохти зиёдтарро талаб кунад. Ҳарфҳое, ки дар
таркибашон апостроф, дигар аломатҳо доранд ё баъзе забонҳои дигар ҷойи
бештарро банд мекунанд ва миқдори ҳуруфоти дар як паём
фиристодашавандаро кам мекунанд.
Шумораи умумии ҳарфҳои боқимонда ва шумораи паёмҳои фиристодашаванда
нишон дода мешавад.
Барои фиристодани паёмҳо, дар дастгоҳи шумо бояд рақами дурусти маркази
паёмҳо захира шуда бошад. Одатан, ин рақам пешакӣ тавассути СИМ-корти
шумо муқаррар карда мешавад. Барои дастӣ муқарра кардани рақам, Меню >
Паёмнавис > Танзимот-ҳои паём > Паёмҳои матнӣ > Маркази паёмҳо > Иловаи
марказ-ро интихоб кунед ва ном ва рақами аз провайдери хадамот
гирифтаатонро ворид намоед.
Паёмҳои мултимедивӣ
Паёми мултимедивӣ метавонад дорои матн, тасвирҳо, клипҳои оҳангӣ ва видеоӣ
бошад.
Фақат дастгоҳҳои хусусиятҳои мувофиқдошта, паёмҳои мултимедиявиро қабул
мекунанд ва нишон дода метавонанд. Намуди зоҳирии паём, вобаста аз дастгоҳи
қабулкунандаи ин паём, гуногун буда метавонад.
Шабакаи дастгоҳии бесим метавонад андозаи паёми MMS-po маҳдуд намояд.
Агар тасвири воридшуда аз ин андоза бузургтар бошад, дастгоҳ метавонад онро
хурдтар кунад, то фиристоданаш бо MMS имконпазир гардад.
Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои
нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо
зарар расонанд.
Page 14
14 Мубодилаи паёмӣ
Барои гирифтани маълумот оиди дастрас будан ва обунашавӣ ба хадамоти
паёмнависии мултимедиявӣ (MMS), бо провайдери хидматрасони худ дар тамос
шавед. Шумо инчунин метавонед насби танзимотиро зеркашӣ кунед.
Паёми матнӣ ё мултимедиявӣ эҷод кунед.
1 Интихоб кунед Меню > Паёмнавис > Эҷодкунии паём > Паём.
2 Барои иловаи қабулкунандаҳо, ба сатри Ба: ҳаракат кунед ва рақами
қабулкунанда ё суроғаи почтаи электрониашро дохил кунед ё Илова - ро
барои интихоби қабулкунандаҳо аз имконоти дастрас интихоб кунед. Интих.
- ро барои иловаи қабулкунандаҳо ва мавзӯъҳо ва танзими имконоти
ирсолкунӣ интихоб кунед.
3Ба хатӣ Матн: ҳаракат кунед ва паёми матниро дохил кунед.
4 Барои ба паём илова кардани мундариҷа, ба панели зимима дар поёни экран
ҳаракат кунед ва навъи мундариҷаи дилхоҳатонро интихоб кунед.
5 Барои ирсоли паём, Ирсол - ро пахш кунед.
Навъи паём дар қисми болои экран намоён мешавад ва вобаста ба мундариҷаи
паём, ба тариқи худкор тағйир меёбад.
Провайдерҳои хидматрасон метавонанд вобаста ба навъи паём андозаи
гуногуни пардохтро талаб кунанд. Тафсилотро аз провайдери хидматрасон
дастрас намоед.
Паёмҳои флешдор
Паёмҳои флешдор паёмҳои матнӣ мебошанд, ки ҳангоми қабул онҳо фавран
намоиш мешаванд.
1 Барои навистани паёми флешдор, Меню > Паёмнавис > Эҷодкунии паём >
Паём флешдор -ро интихоб кунед.
2 Рақами телефонии қабулкунандаро дохил кунед, паёми худро нависед (на
зиёда аз 70 аломат), ва Ирсол -ро интихоб кунед.
Паёмҳои аудиоии Nokia Xpress
Паёми аудиоиро эҷод кунед ва бо ёрии MMS ва роҳи мувофиқ ирсол кунед.
1 Интихоб кунед Меню > Паёмнавис > Эҷодкунии паём > Паёми аудиоӣ.
Сабткунаки овоз кушода мешавад.
2 Паёми худро сабт кунед.
3 Як ё якчанд рақамҳои телефониро ба хати Ба: дохил кунед ё Илова - ро барои
ҷустуҷӯи рақам интихоб кунед.
4 Барои ирсоли паём, Ирсол - ро интихоб кунед.
Паёми электронӣ
Ба ҳисобҳои паёмҳои электронии POP3 ё IMAP4 -и шахсӣ барои хондан,
навиштан ва фиристодани паёмҳои электронӣ бо телефони худ ворид шавед.
Page 15
Мубодилаи паёмӣ 15
Истифодаи замимаи почтаи электронӣ барои фиристодани паёми электронӣ аз
фирисҳодани паёми электронӣ ҳамчун паёми матнӣ тафовут дорад.
Пеш аз истифодабарии почтаи электронӣ, шумо бояд ҳисоби паёми электронӣ
ва танзимоти дурустро дошта бошед. Барои санҷиши дастрасӣ ва танзимоти
ҳисоби почтаи электронии худ, бо провайдери хадамоти паёмҳои электронии худ
дар тамос шавед. Шумо насби танзимоти почтаи электрониро ҳамчун насби паём
метавонед қабул кунед.
Дастрасӣ ба замимаи почтаи электронӣ
Интихоб кунед Меню > Паёмнавис > Почтаи электронӣ.
Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои
нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо
зарар расонанд.
Паёмнависии фаврӣ
Бо ёрии паёмнависии фаврӣ (ПФ, хадамоти шабака), Шумо метавонед паёмҳои
матнии кӯтоҳро ба муштариёни дар алоқа буда ирсол кунед. Шумо бояд ба
хадамот обуна шавед ва дар хадамоти ПФ, ки онро истифода бурданӣ ҳастед, аз
қайд гузаред. Дастрасии хидматҳои мазкур, нархгузорӣ ва дастурҳои онҳоро аз
провайдери хидматрасони худ фаҳмед. Менюҳо вобаста ба провайдери ПФ - и
Шумо метавонанд фарқ кунанд.
Барои пайвастшавӣ ба хадамот, Меню > Паёмнавис > Паёмҳои фаврӣ - ро
интихоб кунед ва паи дастурҳои дар экран падидоршуда равед.
Паёмҳои овозӣ
Паёмдони овозӣ хадамоти шабакавӣ мебошад, ки ба он Шумо бояд обуна шавед.
Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Паёмдони овоздорро занг занед
1 -ро дошта истед.
Рақами паёмдони овоздорро таҳрир кунед
Интихоб кунед Меню > Паёмнавис > Паёмҳои овоздор > Рақами паёмдони
овоз.
Танзимоти паёмҳо
Меню > Паёмнавис > Танзимот-ҳои паём ва яке аз имконоти зеринро интихоб
кунед:
Танзимоти умумӣ — Барои дар телефон захира кардани нусхаҳои паёмҳои
ирсолшуда, навиштан аз болои паёмҳои пешина, вақте ки хотираи паёмҳо пур
мешавад ва насб кардани дигар афзалиятҳои ба паёмҳо алоқаманд.
Page 16
16 Мухотибон
Паёмҳои матнӣ — Имкони расонидани хабарҳо, насб кардани марказҳои паёмӣ
барои SMS ва паёмҳои электронии SMS, интихоб кардани навъи дастгирии
ҳуруфот ва насб кардани дигар афзалиятҳои бо паёмҳои матнӣ алоқаманд.
Паёмҳои мултим — Имкони расонидани хабарҳо, насб кардани намуди паёмҳои
мултимедиявӣ, имкони қабули паёмҳои мултимедиявӣ ва эълонҳо ва насб
кардани дигар афзалиятҳои бо паёмҳои мулӣимедиявӣ алоқаманд.
Паёмҳои хадамот — Барои фаъол кардани паёмҳои хадамотӣ ва насб кардани
афзалиятҳои бо паёмҳои хадамотӣ алоқаманд.
Мухотибон
Интихоб кунед Меню > Алоқаҳо.
Шумо метавонед номҳо ва рақамҳоро дар хотираи телефон ва хотираи SIM -корт
захира кунед. Шумо метавонед алоқаҳоро бо рақамҳо ва матнҳо дар хотираи
телефон захира кунед. Номҳо ва рақамҳои захирашудаи дар хотираи корти SIM
ба воситаи
Иловаи алоқа
Интихоб кунед Номҳо > Интих. > Иловаи алоқа.
Тафсилоти алоқаро илова кунед
Санҷед. ки хотираи истифодашуда ҳамҷун Телефон ё Телефон ва SIM муайян
шудааст. Номҳо - ро интихоб кунед, ба ном ҳаракат кунед, ва Тафсил >
Интих. > Иловаи тафсилот - ро интихоб кунед.
Ҷустуҷӯи алоқа
Барои ҷустуҷӯи алоқа, Номҳо -ро интихоб кунед ва дар рӯйхати алоқаҳо ҳаракат
карда нигаред ё ҳарфҳои аввали номи алоқаро ворид кунед.
Алоқаро байни хотираи телефон ва корти SIM нусха бардоред
Номҳо -ро интихоб кунед, ба ном ҳаракат кунед, ва Интих. > Нусхабар. алоқа -ро
интихоб кунед. Шумо метавонед барои ҳар як ном танҳо як рақами телефониро
дар хотираи корти SIM захира кунед.
муайян мешаванд.
Барои интихоби хотираи корти SIM ё хотираи телефон барои алоқаҳо, ё интихоби
роҳи намоиши номҳо ва рақамҳо ва дидани ҳаҷми хотира барои алоқаҳо,
Танзимот -ро интихоб кунед.
Шумо метавонед маълумоти шахсии алоқаро ҳамчун варақаи боздид ба дастгоҳи
мувофиқ, ки стандарти vCard -ро дастгирӣ мекунад ирсол ё аз он дастгоҳ қабул
кунед.
Page 17
Китоби қайдгири занг 17
Варақаи боздидро ирсол кунед
Номҳо -ро интихоб кунед, маълумоти алоқаеро, ки Шумо мехоҳед ирсол кунед,
ҷӯстуҷӯ кунед, ва Тафсил > Интих. > Ирс. корти мушах. -ро интихоб намоед.
Китоби қайдгири занг
Барои дидани маълумот оид ба зангхо, хабархо, маълумот ва батартибори
Меню > Журнал-ро ва яке аз имконоти мавчударо интихоб кунед.
Эзоҳ: Андозаи воқеии пардохт барои зангҳо ва хидматҳо аз тарафи провайдери
хидматрасон метавонад вобаста ба хусусиятҳои шабака, яклухткунии ҳаққи
хизмат, андозҳо ва монанди ин гуногун бошад.
Танзимот
Намудҳо
Телефони Шумо дорои як чанд гурӯҳҳои танзимотӣ аст, ки намудҳо ном дорад ва
Шумо метавонед онҳоро бо оҳангҳои занг барои рӯйдодҳои гуногун ва муҳитҳо
тағйир диҳед.
Меню > Танзимот > Профилҳо, намуди дархост ва яке аз имконоти зерин
интихоб кунед:
Фаъолкунӣ — барои фаъол кардани намуди интихобшуда
Шахсӣ кардан — барои тағйир додани танзимоти намуд
Хронометрӣ — барои танзим додани телефон бахри муддати муайян фаъол боки
мондани он. Вақте ки вақти сабтшуда барои намуд мурур мекунад, намуди
пештара, ки бо вақт сабт нашудааст, фаъол мегардад.
Оҳангҳо
Шумо метавонед танзимоти оҳанги намуди интихобкардаи фаъолро тағйир
диҳед.
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Оҳангҳо. Шумо метавонед ин танзимотро дар
меню Профилҳо низ дастрас кунед.
Экран
Барои дидан ё мувофиқ кардани тасвири замина, андозаи ҳарф, ё дигар
хусусиятҳои вобаста ба экрани телефон, Меню > Танзимот > Дисплей -ро
интихоб кунед.
Сана ва вақт
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Сана ва вақт.
Page 18
18 Танзимот
Сана ва вақтро танзим кунед
Интихоб кунед Танзимоти сана ва вақт .
Намуди сана ва вақтро танзим кунед
Интихоб кунед Танзимоти форм-ати сана ва вақт .
Барои худнавсозии вақт ва сана мувофиқи минтақаи вақти ҷорӣ, телефонро
танзим кунед.
Интихоби Худнавсозии сана ва вақт (хидмати интернетӣ).
Миёнабурҳо
Бо миёнабурҳои шахсӣ, Шумо метавонед зуд ба вазифаҳои муттасил
истифодашавандаи телефон дохил шавед.
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Зудинтихоб.
Имконотҳои телефон ба тугмаҳои интихобӣ таъин кунед
Тугмаи рости интихоб ё Тугмаи чап инт-б ва имконот аз рӯйхат интихоб кунед.
Имконотҳои миёнбурро барои тугмаҳои ҳаракат интихоб кунед
Интихоб кунед Тугмаи ҷойивазкунӣ. Ба дилхоҳ тараф ҳаракат кунед, ва Тағйир ё
Таъин ва вазифаеро аз рӯйхат интихоб кунед.
Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ
Меню > Танзимот > Ҳамоҳанг ва нусхагир. ва яке аз имконоти зеринро интихоб
кунед:
Интиқоли маълумот — Маълумоти интихобкардаро байни дастгоҳи худ ва
сервери шабакавӣ (хадамоти шабака) ҳамоҳанг созед ё нусхабардорӣ кунед.
Пайвастшавӣ
Маҷмӯъи маълумот
Маҷмӯъи умумии хадамоти радиои (GPRS) хадамоти шабакавие аст, ки ба
телефонҳои мобилӣ имкони фиристодан ва қабул кардани маълумотро аз
шабака дар асоси протоколи интернетӣ (IP), медиҳад.
Барои муайян кардани роҳи истифодабарии хадамот, Меню > Танзимот >
Пайвастша-вӣ > Маҷмӯъи маъл. > Пайвасти маҷ-мӯъи маълумот ва аз имконоти
зерин интихоб кунед:
Агар лозим бош-д — барои таъсиси пайвасти маҷмӯъи маълумотӣ вақте, ки
барнома дархост мекунад. Ҳангоми басташаваии барнома, пайваст қатъ
мешавад.
Доим дар тамос — барои худкор пайвастшавӣ ба шабакаи маҷъмӯи маълумотӣ
вақте, ки телефонро фаъол месозед
Page 19
Танзимот 19
Занг ва телефон
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Занг.
Интиқоли зангҳои даромад
Интихоби Интиқоли занг (хидмати интернетӣ). Барои тафсилот, бо провайдери
хидматрасон дар тамос шавед.
Баъд аз кӯшиши нобарор даҳ бор ба худкор такроран занг занед
Интихоб кунед Аз нав зангзании худкор > Фаъол.
Ҳангоми зангзанӣ хабарномаи зангҳои даромад гиред
Интихоби Интизории занг > Фаъолсозӣ (хидмати интернетӣ).
Ҳангоми зангзанӣ рақами телефони худ нишон ва пинҳон кунед
Интихоби Ирсоли ID-и худ (хидмати интернетӣ).
Бо кушодан ё пӯшидани слайдер ба зангҳо ҷавоб ё хотима диҳед.
Интихоб кунед Коркарди занги слайд .
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Телефон.
Забони телефонро интихоб кунед
Интихоб кунед Танзими забон > Забони телефон.
Қисмҳои иловагӣ
Менюи мазкур ва имконоти гуногуни он танҳо дар ҳолати пайвастшуда ё пайваст
будани телефон ба қисмҳои иловагии мувофиқи мобилӣ нишон дода мешавад.
Меню > Танзимот > Лавозимот -ро интихоб кунед. Қисми иловагӣ ва
имкониятеро вобаста ба қисми иловагӣ интихоб кунед.
Насб
Шумо метавонед телефони худро бо танзимот, ки барои хадамоти муайян
дархост карда мешавад, насб кунед. Провайдери хидматрасони Шумо инчунин
метавонад ин танзимотро ба шумо ирсол кунад.
Ин Меню > Танзимот > Танзимот ва яке аз имконоти зерин интихоб кунед:
Насби танзимоти стандартӣ — барои дидани провайдерҳои хидматрасон, ки дар
телефон захира шудаанд, ва танзими намоишии провайдери хидматрасон
Фаъоли стандар. дар ҳама барном. — барои фаъол сохтани насби танзимоти
намоишии барномаҳои дастгиршаванда
Нуқтаи дастра-сии беҳтарин — барои дидани нуқтаҳои захирашудаи дохилшавӣ
Page 20
20 Менюи оператор
Танзимоти мудири дастгоҳ — барои рӯхсат додан ё пешгирӣ кардани телефони
шумо аз қабули навсозиҳои барнома Ин имконият, вобаста ба телефони шумо,
метавонад имконнопазир бошад.
Насби танзимоти шахсӣ — барои дастӣ илова кардани ҳисобҳои нави шахсӣ ба
хадамоти гуногун ва фаъол сохтан ё тоза кардани онҳо. Барои илова кардани
ҳисобҳои нави шахсӣ, Илова ё Интих. > Иловаи нав - ро интихоб кунед. Навъи
хадамотро интихоб кунед ва параметрҳои дархостшударо дохил кунед. Барои
фаъолсозии ҳисоби шахсӣ, ба он ҳаракат кунед ва Интих. > Фаъолкунӣ - ро
интихоб кунед.
Барқарорсозии танзимоти завод
Барои барқарор сохтани телефон ба ҳолати аввалини заводӣ, Меню >
Танзимот > Барқарори танз. завод ва аз яке аз имконоти зерин интихоб кунед.
Танҳо барқарори танзимот — барои аз нав танзимкунии ҳамаи танзимоти
афзалият ба ҷуз бо тозакунии ягон маълумоти шахсӣ
Барқарори ҳама — барои аз нав танзимкунии ҳамаи танзимоти афзалият ва
тозакунии ҳамаи маълумотҳои шахсӣ, монанди алоқаҳо, паёмҳо, файлҳои
медиавӣ ва калидҳои фаълкунанда.
Менюи оператор
Ба портале барои гирифтани хадамотҳое, ки оператори шабакавии Шумо
пешниҳод мекунад, дохил шавед. Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери
шабакавии худ дар тамос шавед. Оператор метавонад бо паёми хадамотӣ менюи
мазкурро навсозӣ намояд.
Силсилаи ҷузъиёт
Дар Силсилаи ҷузъиёт шумо метавонед суратҳо, тасмаҳои видеоӣ ва файлҳои
мусиқиро идора кунед.
Намоиши мазмуни Галерея
Интихоб кунед Меню > Галерея.
Медиа
Камера ва видео
Дастгоҳи Шумо иҷозати забти тасвирии 480x640 пиксел - ро дастгирӣ мекунад.
Ҳолати камера
Имконоти тасвири беҳаракатро истифода баред
Интихоб кунед Меню > Медиа > Камера.
Page 21
Медиа 21
Дуркунӣ ё наздиккунӣ
Ҳаракат ба боло ё поён
Гирифтани сурат
Интихоб кунед Аксгирӣ .
Ҳолати пешнамоиш ва вақтро насб кунед
Интихоб кунед Интих. > Танзимот > Вақти пешнамо-иши сурат.
Барои фаъолсозии худвақтсанҷ, ё гирифтани суратҳо бо пайдарпаии зуд,
Интих. ва имконоти дилхоҳро интихоб кунед.
Ҳолати видеоӣ
Имконоти видеоиро истифода баред
Интихоб кунед Меню > Медиа > Видео.
Клипи видеоиро сабт кунед
Интихоб кунед Сабт .
Ҳангоми сабти видео, видеои сифаташ пасстар бо давомнокии зиёдтар сабт
кардан мумкин аст. Барои тағйири танзимоти сифат, ва интихоби давомнокии
дарозтарини клипи видеоӣ, Меню > Медиа > Камера > Интих. > Танзимот >
Сифати видео ё Дарозии видео -ро интихоб кунед.
Холати видеоӣ ё аксгирӣ интихоб кунед
Дар ҳолати аксгирӣ ё видеоӣ, ба чап ё рост ҳаракат кунед.
Радиои FM
Кори радиои ҒМ аз мавҷгири алоҳида, ғайр аз мавҷгири бесими дастгоҳ вобаста
аст. Барои дуруст фаъолият кардани радиои ҒМ, бояд гӯшмонаки мувофиқ
пайваст карда шавад.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Меню > Медиа > Радио - ро интихоб кунед ё дар ҳолати интизорӣ тугмаи * -ро
пахш кунед ва доред.
Page 22
22 Медиа
Мавҷи радиоии навбатӣ дарёфт кунед
Тугмаи ҳаракат ба чап ё рост дошта истед.
Мавҷро захира кунед
Мавҷи радиоии дилхоҳро дарёфт кунед ва Интих. > Захираи мавҷ -ро интихоб
кунед.
Мавыщои захирашударо иваз кунед
Барои иваз кардани мавҷҳо ба рост ё чап ҳаракат кунед, ё рақами тугмаи
мувофиқи мавҷи захирашударо зер кунед.
Баландии овозро танзим кунед
Ҳаракат ба боло ё поён
Радиоро ба таври пасзамина истифода баред
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Радиоро хуруҷ кунед
Тугмаи қатъи зангро дошта истед.
Сабткунандаи овоз
Оғози сабт
Меню > Медиа > Сабткун-да ва тугмаи сабтро дар экран интихоб кунед.
Сабти охиринро гӯш кунед
Интихоб кунед Интих. > Навоз. сабти қаб..
Сабти охиринро ба воситаи паёми мултимедиа ирсол кунед
Интихоб кунед Интих. > Ирс. сабти охирин.
Плеери мусиқӣ
Барои гӯш кардани мусиқаҳо ва дигар файлҳои оҳангии MP3 ё AAC, телефони
шумо плеери мусиқиро дорост.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
-ро интихоб кунед.Меню > Медиа > Плеери мус..
Навозишро оғоз ё манъ кунед
Тугмаи ҳаракатро зер кунед.
Page 23
Ба саршавии суруди ҷорӣ гузаред
Ба чап ҳаракат кунед.
Ба суруди қаблӣ гузаред
Ба чап дубора ҳаракат кунед.
Ба суруди навбатӣ гузаред
Ба рост ҳаракат кунед.
Бозпечии суруди ҷорӣ
Тугмаи ҳаракат ба чап дошта истед.
Суруди ҷориро тез пеш кунед
Тугмаи ҳаракат ба рост дошта истед.
Баландии овозро танзим кунед
Ҳаракат ба боло ё поён
Плеери мусиқиро беовоз ё овоздор созед
Зер кунед #.
Плеери мусиқиро ба таври пасзамина истифода баред
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Плеери мусиқиро хуруҷ кунед
Тугмаи қатъи зангро дошта истед.
Барномаҳо
Барномаҳо 23
Замимаҳои телефони Шумо метавонанд дорои бозиҳо ва барномаҳои Java™
бошанд, ки махсусан барои телефони мазкури Nokia таъин шудаанд.
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо.
Бозӣ ё барномаро кушоед
Бозиҳо ё Коллексия интихоб кунед. Ба бозӣ ё барнома ҳаракат кунед, ва
Кушоед -ро интихоб кунед.
Дидани ҳаҷми мавҷудбудаи хотираро барои сабти бозӣ ва барнома интихоб
кунед
Интихоб кунед Интих. > Вазъияти хотира.
Бозӣ ё барномаро боргирӣ кунед
Интих. > Боргирифта > Боргирии бозиҳо ё Боргирии барн. интихоб кунед.
Page 24
24 Ташкилгар
Телефони Шумо барномаҳои J2ME™ Java -ро дастгирӣ мекунад. Пеш аз
зеркашии барнома, мувофиқии барномаро бо телефони худ санҷед.
Муҳим: Танҳо аз манбаҳо ва манбаъҳои боэътимод, масалан аз санҷиши
Symbian Signed ё Java Verified™ гузашта шудааст насб кунед ва истифода баред.
Барномаҳои зеркашидашуда метавонанд дар Галерея ба ҷои Барномаҳо захира
карда шаванд.
Ташкилгар
Соати зангдор
Интихоб кунед Меню > Ташкилгар > Соати занг.
Зангдорро фаъол ё ғайрифаъол созед
Интихоб кунед Соати зангдор: .
Вақти соати зангдорро таъин кунед
Интихоб кунед Вақти ҳушдор: .
Телефонро барои ҳушдор кардани рӯзҳои интихобшудаи ҳафта танзим кунед
Интихоб кунед Такрор: .
Оҳанги ҳушдорро шахсӣ кунед
Интихоб кунед Оҳанги зангд.: .
Хотимаи вақт барои тақрори огоҳии ҳушдор танзим кунед
Интихоб кунед Қатъи д-такр.: .
Ҳушдорро хомӯш кунед
Интихоб кунед Ист .
Агар Шумо ба телефон барои давомдиҳии навозиши садои ҳушдор дар давоми
як дақиқа имкон диҳед ё Вуруд -ро интихоб кунед, ҳушдор барои давраи ҳушдори
такрорӣ қатъ мешавад ва пас дубора оғоз меёбад.
Тақвим ва рӯйхати вазифа
Меню > Ташкилгар > Тақвим -ро интихоб кунед. Рӯзи ҷорӣ ҳошиякашӣ шудааст.
Агар барои рӯз ёддоштҳо сабт шуда бошанд, рӯз бо хати ғафс нишон дода
мешавад.
Ёддошти тақвимро илова кунед
Ба сана ҳаракат кунед ва Интих. > Қайд кардан -ро интихоб кунед.
Намоиши тафсилоти ёддошт
Ба ёддошт ҳаракат кунед, ва Намоиш -ро интихоб кунед.
Page 25
Веб ё Интернет 25
Ҳамаи ёддоштҳои тақвимро тоза намоед
Интихоб кунед Интих. > Несткун. ёддошт > Тамоми ёддошт.
Намоиши рӯйхати вазифаҳо
Интихоб кунед Меню > Ташкилгар > Рӯйхати вазифа.
Рӯйхати вазифаҳо аз рӯи афзалият намоиш ва мураттаб карда мешавад. Барои
илова, тоза ё ирсол кардани ёддошт, ёддоштро ҳамчун иҷрошуда қайд кардан ё
рӯйхати вазифаҳоро бо мӯҳлати охирин мураттаб кардан, Интих. - ро интихоб
кунед.
Веб ё Интернет
Тавассути браузери телефони худ Шумо метавонед ба хидматҳои гуногуни
интернетӣ дохил шавед. Намуди саҳифаҳои интернетӣ вобаста ба андозаи экран
метавонанд фарқ кунанд. Шумо метавонед на ҳамаи тафсилотҳои дар
саҳифаҳои интернетӣ бударо бинед.
Вобаста ба телефони шумо, вазифаи дидани саҳифаҳои интернет метавонад
дар меню ҳамчун Веб ё Интернет намоиш карда шавад ва аз ин рӯ дар зерин
ҳамчун Веб ном мебарад.
Муҳим: Танҳо хадамотеро, ки муҳофизати мувофиқи зидди паёмҳои зарарнок
пешкаш мекунанд ва шумо ба он хадамот боварӣ доред, истифода баред.
Оиди дастрасии хадамоти мазкур, андозаи пардохт ва дастурҳо бо провайдери
хидматрасони худ дар тамос шавед.
Шумо метавонед аз провайдери хидматрасони худ насби танзимотро ба намуди
паёми танзимотӣ дастрас кунед.
Ба хадамоти интернетӣ пайваст шавед
Интихоб кунед Меню > Интернет > Хонагӣ. Ё дар ҳолати интизорӣ тугмаи 0 -ро
дошта истед.
Баъд аз он, ки Шумо ба хадамот пайваст мешавед, Шумо метавонед дидани
саҳифаҳои онро оғоз кунед. Вазифаҳои тугмаҳои телефон метавонанд дар
хадамоти гуногун фарқ кунанд. Дастурҳои матнии дар экрани телефон бударо
иҷро намоед. Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос
шавед.
Page 26
26 Хадамоти SIM
Хадамоти SIM
SIM - корти Шумо метавонад хадамоти иловагӣ расонад. Шумо ба менюи мазкур
танҳо агар SIM - корти Шумо инро дастгирӣ намояд, метавонед дохил шавед. Ном
ва мундариҷаҳои меню ба хадамоти дастрас вобаста аст.
Иттилооти аслӣ
Инанад тавсияҳо оиди он, ки чӣ тавр Шумо метавонед дар ҳифзи муҳити зист
ҳисса гузоред.
Сарфаи барқ
Вақте ки Шумо батареяро пур кардед ва пуркунандаи барқро аз дастгоҳ ҷудо
сохтед, ҷудокунии дастгоҳро аз васлаки деворӣ низ фаромӯш накунед.
Агар шумо ин корҳоро иҷро кунед, ба Шумо зуд-зуд пур кардани батарея бо барқ
лозим намеояд:
• Агар истифода намебаред барномаҳо, хизматҳо ва пайвастҳоро хориҷ ва
ғайрифайъол созед.
• Равшании экранро паст кунед.
• Агар телефонатон дастгирӣ кунад, дастгоҳро чунини танзим кунед, ки он баъд
аз мӯҳлати кӯтоҳтарини ғайрифаъол будан ба ҳолати сарфаи барқ гузарад.
• Овозҳои нодаркорро, монанди оҳангҳои клавиатура ва оҳангҳои занг, хомӯш
созед.
Истифодаи такрорӣ
Аксари қисмҳои телефони Nokia такроран истифода мешаванд. Маълумоти
муфассал оиди истифодаи такрории маҳсулотҳои Nokia дар www.nokia.com/
werecycle ё бо телефони мобилӣ www.nokia.mobi/werecycle ҷой дода шудааст.
Шумо ҳам метавонед қисмҳои борбандӣ ва дастурҳои истифодашударо
тавассути шабакаи маҳаллӣ барои истифодаи такрорӣ супоред.
Бисёртар омӯзед
Барои маълумоти муфассал оиди хусусиятҳои экологии дастгоҳ ба
www.nokia.com муроҷиат кунед.
Page 27
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 27
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
Маълумоти умумӣ
Дар бораи дастгоҳи шумо
Дастгоҳи бесими дар ин дастур тавсифшуда барои истифода дар шабакаҳои EGSM 900, 1800 MHz тасвиб карда
шудааст. Оид ба маълумоти иловагӣ дар бораи шабака бо расонандаи хадамот дар тамос шавед.
Дастгоҳи шумо метавонад дорои замимаҳо ва роҳҳои васли интернетӣ ба саҳифаҳои интернетии тарафи сеюм бошад
ва ба шумо ба он саҳифаҳои ашхоси сеюм воридшавиро иҷозат диҳад. Ин саҳифаҳо бо Nokia алоқае надоранд ва
Nokia ягон масъулияте доир ба онҳо намебарад ва ба зиммаи худ намегирад. Агар шумо ба ингуна саҳифаҳо ворид
гаштанӣ бошед, барои мундариҷа ва бехатарӣ чораҳои лозимиро бубинед.
Огоҳӣ
Барои истифодаи дилхоҳ хусусияти дастгоҳ, ғайр аз соати зангдор, телефон бояд фаъол бошад. Ҳангоми имконияти
халал расонида тавонистан ё хатарро ба вуҷуд овардан дастгоҳи бесимро фурўзон накунед.
Ҳангоми истифодабарии ин дастгоҳ ба ҳам а қонунҳ о риоя к унед; о датҳои маҳаллӣ, ҳуқуқи махфият ва ҳуқуқи қонунии
дигаронро, аз ҷумла ҳуқуқи муаллифиро эҳтиром намоед. Ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ метавонад нусхабардорӣ,
дигарсозӣ пешкашнамоӣ ва фиристодани баъзе тасвирҳо, мусиқа (аз он ҷумла оҳангҳои занг) ва дигар мундариҷаҳоро
мамнӯъ созад.
Нусхаҳои эҳтиётӣ созед ва ё ҳама маълумоти муҳими дар телефонатон сабтшударо навишта гиред.
Пеш аз пайваст намудан ба дигар таҷҳизот, қоидаҳои бехатариро аз дастури истифодабарӣ мутолиа кунед. Маҳсулот
ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
Тасвирҳои дар ин дастур буда, метавонанд аз намоиши дастгоҳи шумо фарқ кунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба дастури истифодабаранда муроҷиат кунед.
Хидматҳои шабака
Барои истифодаи телефон, шумо бояд аз хизматрасони хизматрасонии бесим истифода баред. Баъзе хусусиятҳо дар
ҳамаи шабакаҳо дастрас нестанд; дигар хусусиятҳо метавонанд барои истифода бурдани онҳо аз шумо бо
хидматрасон бастани шартномаи махсусро талаб кунанд. Хадамотҳои шабакавӣ интиқоли маълумотро дар бар
мегирад. Оид ба хаққи пардохт дар дохили шабака ва берун аз он ба хадамоти хизматрасони муроҷиат кунед.
Провайдери хидматрасони шумо хароҷоти марбутаро фаҳмонда медиҳад. Баъзе шабакаҳо метавонанд маҳдудиятҳо
дошта бошанд, ки ба тарзи истифодабарии баъзе хусусиятҳои ин дастгоҳ, ки дастгирии шабакаро ба монанди
дастгирии технологияҳои махсуси монанди суръатҷаласаи WAP 2.0 (HTTP ва SSL)-и дар асоси суръатҷаласаи TCP/
IP фаъолияткунанда ва ҳуруфоти забонҳои алоҳида талаб мекунанд, таъсир мерасонад.
Провайдери хидматрасони Шумо метавонад аз шумо хомӯш кардан ё ки фаъол насохтани баъзе хусусиятҳои
дастгоҳро талаб намояд. Дар ин ҳолат, ин хусусиятҳо дар феҳрасти дастгоҳ нишон дода намешаванд. Дастгоҳи шумо
инчунин метавонад дорои ҷузъҳои мувофиқкардашудаи монанди номҳои меню, тартиби меню ва тасвирчаҳо бошад.
Хотираи муштарак
Хусусиятҳои зерини ин дастгоҳ хотираи муштаракро истифода бурда метавонад: паёмнависии мултимедиа (MMS),
барномаи почтаи электронӣ, паёмнависии фаврӣ. Истифодаи як ё якчанд аз ин хусусиятҳо дастрасии хотираро барои
дигар хусусиятҳо кам карда метавонанд. Агар дастгоҳи шумо оиди пур будани хотира паёме намоиш кунад, баъзе
иттилооти дар хотираи муштарак захирашударо нест кунед.
Идоракунии ҳуқуқҳои рақамӣ
Моликони мундариҷа метавонанд намудҳои гуногуни технологияҳои идоракунии ҳуқуқҳои рақамиро (ИҲР) барои
муҳофизат кардани моликияти ақлӣ, ҳамчунин ҳуқуқҳои муаллиф истифода баранд. Ин дастгоҳ барои расидан ба
мундариҷае, ки бо ИҲР муҳофизат шудааст, намудҳои гуногуни дастурҳои ИҲР-ро истифода мебарад. Бо ин дастгоҳ,
Шумо метавонед ба мундариҷаҳое, ки бо ёрии OMA DRM 1.0. Агар программаи муайяни ИҲР мундариҷаро муҳофизат
карда натавонад, соҳибони мундариҷа метевонанд бекор сохтани имкони ин программаи ИҲР-ро барои вуруд ба
Page 28
28 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
мундариҷае, ки бо ИҲР муҳофизат шудааст, дархост кунанд. Баста сохтани такмили ҳамин гуна мундариҷаи
муҳофизаткардаи ИҲР-ро, ки дар дастгоҳ мавчуд аст, пешгирӣ мекунад. Баста сохтани ҳамин гуна дастури ИҲР ба
истифодаи мундариҷаҳои муҳофизаткардашуда бо дигар намудҳои ИҲР ва ё мундариҷаи муҳофизаткарданашудаи
ИҲР, таъсир намекунад.
Мундариҷаи муҳофизаткардашудаи ИҲР якҷоя бо калиди фаъолсозӣ, ки ҳуқуқи Шуморо ба истифодабарии мундариҷа
муайян мекунад, истифода бурда мешавад.
Лавозимотҳо
Огоҳӣ
Фақат он батареяҳо, пуркунандаи барқ ва замимаҳоеро, ки Nokia махсусан барои истифода бо дастгоҳи мазкур тасдиқ
кардааст, истифода баред. Истифодаи дилхоҳ намуди дигар метавонад ҳамагуна тасвиб ва кафолатро бекор созад
ва хатарнок бошад. Махсусан, истифобарии батареяҳои ва пуркунандаҳои барқи тасвибнашуда метавонад ба
хатарҳои оташгирӣ, таркиш, шоридан ва дигар хатарҳо сабаб шавад.
Оид ба мавҷудияти замимаҳои тасвибшуда, лутфан бо паҳнкунандаи ин маҳсулот муроҷиат кунед. Вақте ки сими
пуркунандаи барқро ҷудо мекунед, на симро, балки душохаи барқро дошта кашед.
Батарея
Маълумот оид ба батарея ва пуркунандаи барқ
Дастгоҳи Шумо бо батареяи барқгиранда истифода бурда мешавад. Батареяе, ки истифодаи он бо ин дастгоҳ
пешбинӣ шудааст, BL-4Cмебошад. Nokia метавонад барои дастгоҳи мазкур батареяҳои иловагии мувофиқ пешниҳод
кунад. Ин дастгоҳ барои истифода бо пуркунандаҳои барқии зерин пешбинӣ шудааст: AC-3. Тамғаи монанди
пуркунандаи барқ метавонад вобаста ба намуди сими барқ фарқ кунад. Варианти васлкуни тавассути яке аз
(воситахои) зерин муайян карда шудааст: E, EB, X, AR, U, A, C, K ё UB.
Батарея садҳо маротиба барқ гирифта ва аз барқ холӣ мешавад лекин дар ниҳоят аз кор мемонад. Агар мўҳлатҳои
гуфтугӯ ва ҳолати ғайрифаъоли дастгоҳ аз мўҳлати муқаррарӣ кутоҳ шавад, батареяро иваз намоед. Фақат
батареяҳои тасвибкардаи Nokia-ро истифода бурда, онҳоро бо он пуркунандаҳои барқе, ки бо ин дастгоҳ таъин шуда
ва аз тарафи Nokia маъқул дониста шудаанд, барқдор созед.
Агар батарея бори аввал истифода бурда шавад ё батарея муддати дароз кор фармуда нашуда бошад, шояд лозим
ояд, ки пуркунандаи барқро пайваст кунед, ҷудо созед ва боз барои барқгирӣ васл намоед. Агар барқи батарея то
охир холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг, якчанд дақиқа
мегузарад.
Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи
барқро ҷудо созед.
Мувофиқ пуркунии барқ. Пуркунандаи барқро, ҳангоме, ки аз он истифода бурда намешавад, аз дастгоҳ ҷудо намоед
ва аз сими барқ кашед. Батареяи барқнокшударо дар пуркунандаи барқ намонед, зеро барқи аз ҳад зиёд метавонад
мӯҳлати хизмати батареяро кўтоҳ кунад. Агар батарея истифода бурда нашавад, дар тӯли вақт барқи батареяи пур
холӣ мешавад.
Аз ҳароратҳои зараровар эҳтиёт шавед. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки батареяро дар ҳарорати аз 15°С то 25°С (59°Ғ то
77°Ғ) нигоҳ доред. Ҳарорати аз ҳад зиёд баланд метавонад қобилияти фаъолияти батареяро бад ва мӯҳлати
хизматашро кӯтоҳ кунад. Дастгоҳ бо батареяи гармшуда ё хунукшуда метавонад муваққатан фаъолият накунад.
Фаъолияти батарея махсусан дар ҳарорати хеле поёнтар аз ҳарорати яхкунӣ, хеле махдуд мешавад.
Ба барқзании кўтоҳ дучор накунед. Вақте ки ашёи оҳанӣ, ба монан ди танга, сӯзанак ё ручка бевосита ба терминалҳои
қутби манфӣ (+) ва мусбати (-) батарея мересанд, расиши кӯтоҳ рӯй медиҳад. (Онҳо ба монанди тасмаҳои металли
батарея мебошанд.) Ин ҳолат вақте ки Шумо батареяр дар кисаатон ё сумкаатон нигоҳ медоред, рӯй медиҳад. Расиши
кӯтоҳ терминалҳои батареяро ё предмети васлшударо нобуд сохта метавонад.
Нобудсозӣ. Батареяро ба оташ напартоед, чунки таркиданаш мумкин аст. Батареяҳоро мувофиқи қонунҳои маҳаллӣ
нобуд созед. Агар имконпазир бошад, аз нав истифода баред. Ба монанди партови коммуналӣ нобуд насозед.
Page 29
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 29
Ихроҷ. Ҳуҷайраҳо ва батареяро ба қисмҳо ҷудо накунед, набуред, накушоед, пачақ, қат ва шикоф накунед. Дар ҳолати
ихроҷи батарея, барои нарасидани моеъи батарея ба пӯсти бадан ва чашмҳо чораҳо бинед. Агар расад, атрофҳои
моеъ расидаро бо об фавран шуед ё ёрии тиббӣ ҷустуҷӯ кунед.
Хисорот. Батареяро такмил надиҳед, аз нав насозед ва аз ҷойгиркунии предметҳои бегона ба он худдори кунед, ба
об ё дигар маводи моеъ ғарқ накунед. Батаерея ҳангоми хисорат дидан таркиданаш мумкин.
Истифодаи дуруст. Батареяро фақат барои вазифаи таъиншудааш истифода баред. Истифодаи номувофиқи батарея
ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш ва дигар хатарҳо сабаб шуда метавонад. Агар дастгоҳ ё батарея афтад, хусусан ба
сатҳи сахт, ва шумо бовари доред, ки батарея хисорот дидааст, пеш аз истифодабарӣ онро ба хадамоти хидматрасон
барои санҷиш баред. Ҳеҷ вақт батарея ё пуркунандаи барқи корношоямро истифода набаред. Батареяро аз дастрасии
хурдсолсолон дур нигоҳ доред.
Роҳнамои аслӣ будани батареяи Nokia
Барои таъмини бехатарии худ ҳамеша батареяҳои аслии Nokia-po истифода баред. Барои санҷидани он, ки шумо
батареяи аслиро харид мекунед, батареяро аз маркази хизматрасонии расмӣ ва ё паҳнкунандаи маҳсулоти Nokia
харид кунед ва голограммаи рамзии молро бо усулҳои зерин санҷед:
Муаянсозии аслияти голограмма
1 Ҳангоми нигоҳ кардан ба голограмма дар рамзи тиҷоратӣ, Шумо рамзи дастҳои пайвастшудаистодаи Nokia-po
аз як паҳлӯ ва рамзи Nokia Original Enhancements-po аз дигар паҳлӯ мебинед.
2 Агар голограммаро ба рост, чап, поён ва боло мутаносибан гардонед 1, 2, 3, ва 4 нуқтаҳоро дар ҳар тараф
мебинед.
Иҷрои бомуваффақияти санҷиш кафолати пурраи он нест, ки батарея аслӣ аст. Агар шумо аслӣ будани батареяро
тасдиқ карда натавонед ё оиди аслӣ будани батареяи голограммадори Nokia ягон хел шубҳа дошта бошед, аз
истифодаи он худдорӣ намоед ва ба наздиктарин хизматрасони расмӣ ё фурушандаи маҳсулоти Nokia барои санҷиш
баред.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи батареяҳои аслии Nokia ба саҳифаи www.nokia.com/battery нигоҳ
кунед.
Ғамхорӣ кардана дастгоҳи худ
Ин дастгоҳ маҳсулоти тарҳрезиаш олӣ аст ва муносибати боэҳтиётро талаб мекунад. Маслиҳатҳои зерин барои
муҳофизат кардани фарогирии кафолати шумо ёрӣ медиҳад.
Page 30
30 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
• Дастгоҳро хушк нигоҳ доред. Об, намӣ ва ҳар гуна маводи моеъ метавонад минералҳоеро доро бошад, ки ба
зангзании дастгоҳи васли барқӣ оварда мерасонад. Агар ин дастгоҳ тар шавад, батареяро хориҷ кунед ва пеш
аз гузоштан ба ҷояш, дастгоҳро пурра хушконед.
• Дастгоҳро дар ҷойҳои чанголуд ва ифлос истифода набаред ё нигоҳ надоред. Қисмҳои ҳаракаткунанда ва барқии
дастгоҳ метавонанд зарар бинанд.
• Дастгоҳро дар ҳарорати гарм ё хунук нигоҳ надоред. Ҳарорати гарм мӯҳлати хизмати таҷҳизоти барқиро кӯтоҳ,
батареяро нобуд ва қисмҳои пластикии таҷҳизотро вайрон ва ё гудохта мекунад. Вақте ки дастгоҳ аз ҳарорати
хунук гарм шуда ба ҳарорати муқаррарии худ бармегардад, дар даруни дастгоҳ маводи моеъ пайдо мегардад
ва панели рахдори барқро вайрон мекунад.
• Дастгоҳро ба ҷуз бо усуле, ки дар ин дастури истифодабаранда тавсиф шудааст, накушоед ва аз усулҳои дигар
худдорӣ намоед.
• Дастгоҳро наафтонед, ба зарба ва ларзиш дучор нанамоед. Муносибати бад ба дастгоҳ, ба панели барқии
даруна ва механизми нозуки насб хисорат ворид мекунад.
• Барои тоза кардани дастгоҳ, маводи пурқуввати кимиёвӣ ва маҳлу лҳои тозакунандаро истифода набаред. Барои
тоза кардани беруни дастгоҳ, танҳо аз матои мулоим, тоза ва хушт истифода кунед.
• Дастгоҳро ранг накунед. Ранг ба қисмҳои ҳаракатноки дастгоҳ халал мерасонад ва фаъолияти муқаррариро бад
мекунад.
• Танҳо мавҷгири додашуда ва ё мавҷгири ҷойгузини мувофиқро истифода баред. Антенна, такмилҳо ва қисмҳои
тасвибнашуда дастгоҳро нобуд сохта, қоидаҳои идоракунии таҷҳизоти радиоиро вайрон мекунад.
• Пуркунандаи барқҳоро дар даруни бино истифода баред.
• Ҳамаи маълумотҳои дилхоҳатонро, ба монанди номҳо ва қайдҳои тақвимӣ, ки захира кадани ҳастед
нусхабардорӣ намоед.
• Барои ба ҳолати аввалин овардани дастгоҳ баъзан бо мақсади хубтар кардани фаъолияти он, дастгоҳро хомӯш
карда, батареяро хориҷ намоед.
Ин тавсияҳо ба дастгоҳ, батарея, барқфизо ва дигар қисмҳои таҷҳизот як хел дахл доранд.
Истифодаи такрорӣ
Ҳамеша маҳсулотҳои электронӣ, батареяҳо ва маводҳои қоғазпечкунии истифодабурдаатонро ба нуқтаҳои ҷамъкунии
дахлдор гардонда диҳед. Бо ин роҳ Шумо метавонед истифодаи беназорати партовро пешгирӣ ва ба истифодаи
такрории маводҳо мусоидат кунед. Баърои гирифтани маълумот оиди муҳити истифодабарии маҳсулот ва чӣ тавр аз
нав истифода кардани маҳсулоти Nokia-и худ, ба www.nokia.com/werecycle ё nokia.mobi/werecycle нигоҳ кунед.
Рамзи қуттии ғилдиракдори хатзада дар маҳсулот, батарея, адабиёт ё қуттии маҳсулоти шумо онро хотиррасон
мекунад, ки ҳамаи маҳсулотҳои барқӣ, электронӣ, батареяҳо ва қуттиҳои бо барқ таъминкунанда (акумуляторҳо) дар
хотимаи фаъолияти худ бояд ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда шаванд. Талаботи мазкур дар Иттиҳоди Аврупо амал
мекунад. Ин маҳсулотро ба монанди партови ҷудонакардаи коммуналӣ нобуд насозед. Барои маълумоти иловагӣ оид
ба муҳит ба Эъломияи маҳсулот оид ба муҳит дар www.nokia.com/environment нигоҳ кунед.
Маълумоти иловагӣ оиди бехатарӣ
Қисми берунаи дастгоҳи мазкур дорои моддаи никел намебошад.
Хурдсолон
Дастгоҳи шумо ва қисмҳои иловагии он бозича намебошанд. Онҳо қимсҳои хеле майда дошта метавонанд. Сарпӯшро
аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ доред.
Муҳити фаъолият
Ин дастгоҳ ба талаботи РБ ҳангоми дар ҳолати муқаррарӣ истифода бурдан дар гӯш ё аз бадан камтаринаш 2,2
сантиметр (7/8 инч) дуртар ҷойгир бошад, ҷавобгӯ мебошад. Ҳамаи ҷомадон, фишори камар ё нигоҳдоранда барои
фаъолиятҳои бо бадан вобаста истифода бурда шавад, он ашёҳо набояд ҷузъҳои металлӣ дошта бошанд ва дастгоҳ
аз бадан дар масофаи дар боло қайдшуда ҷойгир шавад.
Page 31
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 31
Ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо ба шабака пайвасти босифатро талаб мекунад. То вақте ки ин гуна пайваст
имконпазир мегардад, ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо метавонад таъхир карда шавад. Ба дастурҳои нигоҳ
доштани масофа то хотима ёфтани таҳвил риоя кунед.
Баъзе қисмҳои дастгоҳ магнитӣ мебошанд. Имконпазир аст ки ашёҳои металлӣ ба дастгоҳ ҷалб карда шаванд. Кортҳои
пардохт ва дигар захирагарҳои хотиравии магнитиро дар назди ин дастгоҳ ҷойгир накунед, чунки маълумотҳои дар
онҳо ҳифзшуда тоза мешаванд.
Таҷҳизоти тиббӣ
Фаъолияти таҷҳизотҳое, ки радиомавҷҳо мегузаронанд, ба мисли дастгоҳҳои бесим, метавонад ба вазифаи таҷҳизоти
тиббии сатҳи муҳофизаташ паст халал расонад. Барои муайян кардани кифоягии муҳофизати таҷҳизоти тиббӣ аз
таъсири қувваи берунаи мавҷҳои РБ, метавонед ба мутахассиси тиб ё истеҳсолкунандаи таҷҳизоти тиббӣ муроҷиат
намоед. Агар қонун ҳаминро талаб намояд, дастгоҳро хомӯш созед. Касалхонаҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии тиббӣ
таҷҳизоти ба қувваи берунаи мавҷҳои РБ ҳассосро истифода бурданашон мумкин.
Дастгоҳи тиббии дар бадан ҷойгиркардашуда
Истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда тавсия медиҳанд, ки дастгоҳи бесим бояд дар
масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда, монанди стимулятори дил
ё кардиовертер дефибрилатори ба бадан ҷойгиркарда барои пешгирии халалрасонӣ ба таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир
бошад. Ба ашхосе, ки ин гуна таҷҳизот доранд, тавсия дода мешавад:
• Дастгоҳи бесимро ҳар вақт дар масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббӣ дур доранд.
• Дастгоҳро дар бағалкиса нагиранд.
• Дасгоҳро дар гӯши муқобил ба таҷҳизоти тиббӣ истифода баранд.
• Агар халал ҳис карда шавад, дастгоҳи бесимро хомӯш кунанд.
• Ба дастурҳои истеҳсолкунанда оиди истифодабарии дастгоҳи тиббии ба бадан ҷойгиркунанда риоя кунанд.
Агар шумо оид ба истифодабарии дастгоҳи бесим назди таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда савол дошта
бошед, лутфан аз мутахассиси тиб маслиҳат пурсед.
Таҷҳизоти шунавоӣ
Бархе аз тачҳизоти бесими рақамӣ ба бархе аз таҷҳизоти шунавоӣ халал мерасонанд.
Автомобилҳо
Сигланҳои РБ ба системаҳои электронии номувофиқ ва нокифоя муҳофизаткардашудаи автомобилҳо, аз қабили
системаҳои электронии сӯзишворӣ, қулфнашавандаи боздории электронӣ, электронии назорати суръат ва
муҳофизаткунандаи болишти пневматикӣ, таъсир мерасонанд. Барои маълумоти иловагӣ, ба истеҳсолкунандаи
автомобили худ ё таҷҳизоти он муроҷиат кунед.
Танҳо кормандони соҳибихтисос бояд ба таҷҳизот хидмат расонанд ё худ таҷҳизотро дар автомобил насб кунанд.
Насб ё хадамоти нодуруст метавонад хавфнок бошад ва кафолатро бекор созад. Фаъолияти мувофиқи тамоми
таҷҳизотҳои бесими дар автомобил бударо мунтазам тафтиш кунед. Моддаҳои моеъи оташгиранда ё моддаҳои
таркандаро дар як ҷо бо дастгоҳ ва қисмҳои ӯ нигоҳ надоред. Фаромӯш накунед, ки болиштҳои муҳофизаткунандаи
пневматикӣ бо қувваи калон кушода мешаванд. Дастгоҳ ва қисмҳои иловагии дастгоҳи худро дар атрофи болишти
муҳофизаткунандаи пневматикӣ ҷойгир накунед.
Пеш аз ба ҳавопаймо савор шудан, дастгоҳро хомӯш кунед. Истифодабарии таҷҳизоти гузарониши бесим ба
идоракунии ҳавопаймо хатарнок буда, ғайриқонунӣ буда метавонад.
Муҳитҳои дорои эҳтимолияти таркиш
Дар ҳамаи муҳити маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш дастгоҳро хомӯш кунед. Ба ҳамаи талабот риоя кунед. Шарора
пошидан дар ин маконҳо ба таркиш ё оташгирӣ оварда мерасонад ва ба захмӣ гардидан ё ҳалокшавӣ сабаб мешавад.
Дар назди хидматрасони захиракунандаи сӯзишворӣ, монанди насоси газ, дастгоҳро хомӯш кунед. Дар атрофи
нуқтаҳои захиракунандаи сӯзишворӣ, захираи сӯзишворӣ ва паҳнкунандаи сӯзишворӣ; корхонаҳои кимиёвӣ; ё дар
ҷойҳои таркиш авҷгирифтаистода ба ҳамаи маҳдудиятҳо риоя кунед. Маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш, одатан,
лекин на ҳамеша бо рамзи огоҳкунанда ишора карда шудаанд. Ин он ҷойҳоро дар бар мегирад, ки дар он ҷо аз шумо
хомӯш кардани муҳаррики автомобил талаб карда мешавад, инчунин дар саҳни поёни киштӣ, маконҳои таҳвил ё
Page 32
32 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
захираи маводҳои кимиёвӣ ва маконҳое, ки ҳавояш маводҳои кимиёвӣ ё зарраҳо монанди зарраҳои гандум, чанг ва
чанги металлӣ доранд. Бо истеҳсолкунандагони автомобилҳои истифодабарандаи гази моеъ (монанди пропан ва
бутан) барои омӯхтани он, ки оё дастгоҳи мазкурро дар назди он автомобилҳо бехавф истифода бурдан мешавад ё
не, маслиҳад кунед.
Зангҳои фавқулода
Муҳим: Дастгоҳи бесими мазкур бо истифодаи мавҷи радио, шабакаҳои бесим, шабакаҳои кабелӣ, ва функсияҳои аз
тарафи истифодабар барномарезишуда фаъолият мекунанд. Агар дастгоҳи шумо зангҳои овозиро тавассути шабакаи
интернетӣ (зангҳои интернетӣ) дастгирӣ кунад, зангҳои интернетӣ ва зангҳои телефониро фаъол созед. Агар ҳар ду
хусусият фаъол бошад, дастгоҳ барои задани занги фавқулода бо воситаи шабакаи бесими телефонӣ ва провайдери
зангзании интернетӣ метавонад кӯшиш кунад. Пайвастшавӣ дар ҳамаи ҳолат кафолат дода намешавад Шумо ҳеч вақт
танҳо ба истифодабарии дастгоҳи бесим барои алоқаҳои муҳим, ба монанди занги фавқулодаи тиббӣ, такя накунед.
Барои задани занги фавқулода:
1 Агар дастгоҳ хомӯш бошад, фурӯзон кунед. Қувваи мувофиқи мавҷро машварат кунед. Вобаста ба дастгоҳи худ,
шумо бояд талабҳои зеринро ҳам ба анҷом расонед:
• Агар дастгоҳи шумо SIM корт истифода барад, онро ба дастгоҳ ҷойгир кунед.
• Маҳдудиятҳои баъзе зангҳоро, ки шумо фаъол сохтаед, бекор кунед.
• Намуди дастгоҳро аз намуди Хомӯш ё Парвоз ба намуди фаъол иваз кунед.
2 Барои тоза кардани экран ва ба кор омода сохтани дастгоҳ тугмачаи хотимаи онро, ҳар қадар ки лозим бошад,
зер кунед.
3 Рақами фавқулодаи расмии маҳаллиро ба дастгоҳ дохил кунед. Рақами фавқулода барои ҳар минтақа гуногун
мебошад.
4 Тугмаи зангро пахш кунед.
Ҳангоми задани занги фавқулода, ҳамаи маълумотҳои заруриро бо дақиқии ҳарчи бештар диҳед. Дар ҷойи садама
дастгоҳи Шумо метавонад ягона воситаи алоқа бошад. Ба занг бе рухсат хотима надиҳед.
Маълумот оид ба сертификатсия (SAR)
Дастгоҳи мазкур бо талабот оид ба таъсири мавҷҳои радио ҷавобгӯ мебошад.
Дастгоҳи Шумо мавҷҳои радиоиро қабул мекунад ва мефиристад. Дастгоҳи мазкур барои аз меъёр зиёд нагузаштани
андозаҳои таъсир аз мавҷҳои радио, ки бо талаботи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, истеҳсол карда шудааст. Ин
дастурҳо аз тарафи ташкилоти илмии мустақили ICNIRP пешниҳод шудаанд ва хати бехавфиро, ки ҷиҳати бехатарии
ҳамаи ашхос, новобаста аз синну сол ва вазъи саломатӣ ба нақша гирифтааст, дар бар мегирад.
Дастуроти таъсир ба мавҷҳои радиои дастгоҳи бесим, ченкунакеро дорост, ки Қабули Дараҷаи Махсус ном дорад
(ҚДМ). Сарҳади ҚДМ, ки дар ICNIRP номбар шудааст, 2.0 ватт/килограмм (Вт/кг) барои беш аз 10 грамм матоъ аст.
Санҷишҳо барои ҚДМ бо истифодабарии хусусиятҳои фаъолияти стандартӣ бо гузаронидани мавҷи дастгоҳ дар
дараҷаи баландарини қувваи барқаш дар ҳамаи басомадҳои тафтиш кардашуда, гузаронида мешавад. Дараҷаи аслии
ҚДМ дар дастгоҳ аз дараҷаи баландарин паст шуда метавонад, чунки ин дастгоҳ барои истифодабарии барқ танҳо
ба пайвастшавӣ ба шабака таъин шудааст. Миқдори онҳо аз як чанд омилҳо вобаста мебошад, масалан то ба кадом
андоза шумо ба истгоҳи шабакавии асосӣ наздик мебошед, тағйир меёбад.
Баландтарин дараҷаи КДМ дар дастури ICNIRP барои истифода бурдани дастгоҳи мазкур дар наздикии гӯш 0.73 Вт/
кг мебошад.
Истифодабарии қисмҳои дастгоҳ боиси дараҷахои гуногуни КДМ шуда метавонад. Дараҷаҳои КДМ аз талаботи
маҳаллии санҷиш ва гузоришдиҳӣ вобаста буда, инчунин басомади шабака фарқ мекунанд. Маълумоти иловагии
КДМ-ро таҳти маълумоти маҳсулот дар www.nokia.com дастрас намудан мумкин аст.
Page 33
33
ЭЪЛОМИЯИ МУВОФИҚАТ
Ширкати NOKIA эълон мекунад, ки ин маҳсулоти
RM-590 ба талабҳои асосӣ ва дигар қавоиди мувофиқи
Дастури Иттиҳодияи Аврупо нашри 1999/5/EC ҷавобгў
мебошад. Нусхаи Баёноти Мувофиқатро аз http://
www.nokia.com/phones/declaration_of_conformity/
дастрас карда метавонед.
© 2009 Nokia. Ҳама ҳуқуқҳо муҳофизат шудаанд.
Nokia, Nokia Connecting People ва Navi нишонҳои молӣ ё
нишонҳои молии ба қайд гирифташудаи Nokia
Corporation мебошанд. Nokia tune нишони молии
садогии Nokia Corporation мебошад. Дигар маҳсулот ва
номҳои ширкатҳои дар ин ҷо қайдшуда нишонҳои молӣ
ва номҳои тиҷоратии соҳибонашон буда метавонанд.
Нусхбардорӣ, интиқол, интишор ва нигоҳдории қисме ё
ҳамаи мундариҷаҳои ин ҳуҷҷат дар кадом шакле, ки
набошад бе иҷозати пешакии хаттии Nokia манъ карда
шудааст. Nokia сиёсати рушди бардавомро пеш
мебарад. Nokia ҳуқуқ дорад, ки бе огоҳии пешакӣ ба
маҳсулоти дар ин санад номбаршуда тағийроту
такмилот ворид намояд.
Includes RSA BSAFE cryptographic or security protocol
software from RSA Security.
Java and all Java-based marks are trademarks or registered
trademarks of Sun Microsystems, Inc.
Ба ин маҳсулот мутобиқи Visual Patent Portfolio License
MPEG-4 (i) барои истифодабарии шахсӣ ва
ғайритиҷоратӣ вобаста ба маълумоти мувофиқи
стандарти Муоинавии MPEG-4 барои харидоре, ки
фаъолияти шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ дорад ва (ii) дар
мавриди истифодаи видеои MPEG-4, ки аз тарафи
таъминкунандаи маҳсулоти видеоии дорои литсензия
пешниҳод шудааст, иҷозатнома дода шудааст. Барои
истифода бо дигар мақсад ҳеч гуна иҷозатнома дода
намешавад ва дар назар ҳам дошта намешавад.
Маълумоти иловагиро оид ба истифодаи пешкашнамоӣ,
дохилӣ ва тиҷоратӣ аз MPEG LA, LLC ба даст овардан
мумкин аст. Ба http://www.mpegla.com нигаред
БА ДАРАҶАИ ҲАДДАЛИМКОНЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА
ИҶОЗАТ МЕДИҲАД, NOKIA ВА ЯГОН
ЛИТСЕНЗИЯДОРОНИ ОН БА ҲЕЧ ВАҶҲ БАРОИ АЗ
БАЙН РАФТАНИ ҲАРГУНА МАЪЛУМОТ Ё ДАРОМАД, Ё
ХУД ХИСОРОТИ БАРҚАСД, ТАСОДУФӢ, МУРАТТАБ ВА
БАВОСИТА МАСЪУЛ НАМЕБОШАД.
МУНДАРИҶАИ ИН САНАД БА ТАРИҚИ "ТАВРЕ, КИ
ҲАСТ " ДОДА ШУДААНД. БА ҶУЗ ДАР ҲОЛАТҲОЕ, КИ
ҚОНУНИ МАРБУТА ТАЛАБ МЕКУНАД, ЯГОН НАМУДИ
КАФОЛАТИ ХОҲ ИФОДАШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАР
ДОШТАШУДА, АЗ ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО
КАФОЛАТҲОИ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА ОИДИ
ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШРАВӢ ВА МУТОБИҚАТ БА
ЯГОН МАҚСАДИ МУШАХХАС, ВОБАСТА БА АНИҚӢ,
БОЭЪТИМОДӢ ВА МУНДАРИҶАИ ИН САНАД ДОДА
НАМЕШАВАД. NOKIA ҲУҚУҚИ АЗ НАВ ДИДА
БАРОМАДАНИ САНАДИ МАЗКУРРО ДОРАД ВА
МЕТАВОНАД ОНРО БЕ ОГОҲИИ ПЕШАКӢ БЕКОР
СОЗАД.
Мавҷуд будани намудҳои алоҳидаи маҳсулот ва
мавриди истифодаи ин маҳсулот дар минтақаҳои гуногун
метавонанд фарқ кунанд. Барои гирифтани тафсилот ва
мавҷудияти имконоти забонӣ, лутфан ба паҳнкунандаи
Nokia муроҷиат намоед. Таҷҳизоти мазкур метавонад
амвол, технологияҳо ва нармафзореро дар бар гирад, ки
таҳти амали қонунҳои содиротии Иёлоти Муттаҳидаи
Амрико ва дигар давлатҳо мебошанд. Тамоюл мухолифи
қонун манъ аст.
Замимаҳои ягон тарафи сеюм, ки бо дастгоҳ пешниҳод
шудаанд, метавонанад ба шахсон ё хадамоти бо Nokia
вобаста ё алоқаманд набуда офарида шуда бошанд.
Nokia соҳиби ҳуқуқҳои муаллиф ва моликияти зеҳнии
замимаҳои тарафи сеюм намебошад. Аз ҳамин сабаб,
Nokia бо хотимаи истифодабарии дастгоҳ, барои
коршоямӣ ё маълумоти дар коршоямӣ ва манбаҳои
вуҷуддошта масъул нахоҳад буд. Nokia барои
замимаҳои тарафи сеюм кафолат намедиҳад.
БО ИСТИФОДАИ ЗАМИМАҲО ШУМО ЭЪТИРОФ
МЕКУНЕД, КИ ИН ЗАМИНАҲО "ТАВРЕ, КИ ҲАСТАНД, "
ТО ҲАДДИ АКСАРИ АЗ ТАРАФИ ҚОНУНҲОИ МАРБУТА
ИҶОЗАТБУДА БЕ ҲЕҶ ГУНА КАФОЛАТ (ХОҲ
ИЗҲОРШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА)
ПЕШНИҲОД ШУДААНД. ШУМО ИНЧУНИН ЭЪТИРОФ
МЕНАМОЕД, КИ HA NOKIA ВА НА ЯГОН ШАРИКИ ОН
ҲЕҶ ГУНА ЭЪЛОМИЯ Ё КАФОЛАТЕ (ХОҲ ИЗҲОРШУДА
ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА БОШАД)АЗ ОН
ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО НОМ, ҚОБИЛИЯТИ
БОЗОРГИРӢ, МУВОФИҚ БУДАН БА МАҚСАДҲОИ
МУАЙЯН Ё ВАЙРОН НАКАРДАНИ ПАТЕНТИ
ТАРАФҲОИ СЕЮМ НАДОДААСТ; ҲУКУҚҲОИ
МУАЛЛИФ, РАМЗҲОИ САВДО Ё ДИГАР ҲУҚУҚҲОРО
ВАЙРОН НАМЕКУНАД.
/Масъала 3 TG
Page 34
34 Индекс
Индекс
Рамзҳо/Рақамҳо
PIN 8
SIM - корт 10
SIM-корт 5
қисмҳои иловагӣ 19
қулфи клавиатура 9
ҳамоҳангсозӣ 18
ҳолати рақам 11
ҳолати хомӯшӣ 10
А
амнияти клавиатура 9
Б
барномаҳо 23
батарея 5
— барқкунонӣ 6
бозиҳо 23
браузер 25
В
веб 25
вуруди анъанавии матн 12
вуруди пешгӯии матн 12
З
зангҳо 10
захиракунии маълумот 18
И
интернет 25
Иттилооти дастгирии Nokia 5
К
калиди вурудшавӣ 8
китоби қайдгири занг 17
конфигуратсия 19
М
манбаъи дастгирӣ 5
маҷмӯи гӯшмонак 6
менюи оператор 20
миёнабурҳо 18
модулҳои матн 11
Н
навиштани матн 11
намудҳо 17
О
оҳангҳо 17
П
паёми электронӣ 14
паёмнависӣ
— паёмҳои аудиоӣ 14
паёмнависии фаврӣ 15
паёмҳои аудиоӣ 14
паёмҳои флешдор 14
ПФ 15
Р
рамзи амниятӣ 8
рамзҳои вурудшавӣ 8
рақамзании тез 11
рақами маркази паём 13
С
сабткунандаи овоз 22
Силсилаи ҷузъиёт 20
Т
танзимот 17
— завод 20
— конфигуратсия 19
— оҳангҳо 17
танзимоти телефон 19
танзимотҳо
— вақт 17
— сана 17
— экран 17
ташкилгар 24
тугмаҳо 7
Page 35
Э
экран 17
Индекс 35