Nokia 2720 FOLD user Manual [ru]

Page 1
Дастури истифодабаранда Nokia 2720 fold
9216150
Масъала 1
Page 2
2 Мундариҷа

Мундариҷа

Бехатарӣ 4
Оғози кор 5
Корти SIM ва батареяро гузоред 5 Батареяро бо барқ пур кунед 5 Антенна 6 Маҷмӯи гӯшмонак 6 Магнитҳо ва майдонҳои магнитӣ 6 Тугмаҳо ва қисмҳо 7 Фаъол ё хомӯш созед 7 Ҳолати интизорӣ 7 Баъд аз пӯшидани сарпӯш, тугмаи баландии овоз фаъол мешавад 8 Қулфи клавиатура 8 Вазифаҳо бе SIM - корт 9 Барномаҳо дар замина иҷро мешаванд 9
Маълумоти умумӣ 9
Дар бораи дастгоҳи шумо 9 Хидматҳои шабака 10 Хотираи муштарак 10 Рамзҳои вурудшавӣ 10 Дастгирӣ 11
Зангҳо 11
Занг задан ва қабул кардан 11 Баландгӯяк 12 Миёнабурҳои рақамзанӣ 12
Навиштани матн 12
Модулҳои матн 12 Вуруди анъанавии матн 13 Вуруди пешгӯии матн 13
Менюҳоро идора кунед 13
Мубодилаи паёмӣ 14
Паёмҳои матнӣ ва мултимедиявӣ 14 Паёми электронӣ 15 Паёмҳои флешдор 16
Паёмҳои аудиоии Nokia Xpress 16 Паёмнависии фаврӣ 17 Паёмҳои овозӣ 17 Танзимоти паёмҳо 17
Мухотибон 17
Китоби қайдгири занг 18
Танзимот 19
Намудҳо 19 Оҳангҳо 19 Экран 19 Сана ва вақт 19 Миёнабурҳо 19 Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ 20 Пайвастшавӣ 20 Занг ва телефон 21 Қисмҳои иловагӣ 22 Насб 22 Барқарорсозии танзимоти завод 23
Менюи оператор 23
Силсилаи ҷузъиёт 23
Медиа 24
Камера ва видео 24 Радиои FM 25 Сабткунандаи овоз 26 Плеери мусиқӣ 26
Барномаҳо 27
Ташкилгар 28
Соати зангдор 28 Тақвим ва рӯйхати вазифа 28
Веб ё Интернет 29
Ба хадамоти интернетӣ пайваст шавед 29
Хадамоти SIM 29
Иттилооти аслӣ 30
Page 3
Сарфаи барқ 30 Истифодаи такрорӣ 30 Бисёртар омӯзед 30
Лавозимотҳо 31
Батарея 31
Маълумот оид ба батарея ва пуркунандаи барқ 31 Роҳнамои аслӣ будани батареяи Nokia 31
Ғамхорӣ кардана дастгоҳи худ 32
Истифодаи такрорӣ 32
Маълумоти иловагӣ оиди бехатарӣ 33
Хурдсолон 33 Муҳити фаъолият 33 Таҷҳизоти тиббӣ 33 Автомобилҳо 33 Муҳитҳои дорои эҳтимолияти таркиш 34 Зангҳои фавқулода 34 Маълумот оид ба сертификатсия (SAR) 34
Индекс 35
Мундариҷа 3
Page 4
4 Бехатарӣ

Бехатарӣ

Ин дастурҳои соддаро хонед. Мувофиқи онҳо амал накардан метавонад хатарнок ё ғайриқонунӣ бошад. Барои маълумоти иловагӣ дастури мукаммали истифодабарандаро мутолиа кунед.

БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ ФАЪОЛ КАРДАН

Дар мавриде ки истифодаи телефони бесим манъ карда шудааст ва ё, халал ё зарар расонда метавонад дастгоҳро фурӯзон нанамоед.

БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ

Ба ҳамаи қонунҳои маҳаллӣ риоя кунед. Ҳангоме ки автомобил меронед, дастҳоятон бояд ҳамеша озод бошанд. Мақсади аввалиндараҷаи шумо ҳангоми рондани автомобил, бояд таъмини бехатарии ҳаракат бошад.

ХАЛАЛРАСОНӢ

Ҳама гуна таҷҳизоти бесим ба халалҳо таъсирпазир мебошанд, ки ин ба кори тачҳизот таъсири бад расонда метавонад.

ДАР ҶОЕ, КИ ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲ МАНЪ ШУДААСТ ХОМӮШ НАМОЕД

Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дар ҳавопаймо, назди таҷҳизоти тиббӣ, сӯзишворӣ, маводи кимиёвӣ ё худ минтақаи таркишҳо дастгоҳро хомӯш доред.

ХИДМАТРАСОНИИ БОСАЛОҲИЯТ

Танҳо кормандони босалоҳият метавонанд ин дастгоҳро насб кунанду таъмир намоянд.

ЗАМИМАҲО ВА БАТАРЕЯҲО

Танҳо замимаҳо ва батареяҳои тасвибшударо истифода баред. Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.

ОБНОГУЗАР

Дастгоҳи шумо обногузар нест. Дастгоҳро хушк нигоҳ доред.
Page 5
Оғози кор 5

Оғози кор

Корти SIM ва батареяро гузоред Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша
дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи барқро ҷудо созед.
Корти SIM ва алоқаҳои он аз харошидан ва каҷ кардан ба осонӣ аз кор мебароянд. Аз ин рӯ, кортро бо эҳтиётӣ истифода баред, дохил ва хориҷ кунед.
1 Сарпӯшро аз болои телефон кашида кушоед (1). 2 Батареяро бароред (2). 3 Дорандаи корти SIM -ро кушоед (3), корти SIM -ро бо контактҳои сарзер
гузоред (4), ва дорандаро пӯшед (5).
4 Батареяро дохил кунед (6) ва сарпӯши телефонро ба ҷои худ ҷойгир кунед
(7).
Батареяро бо барқ пур кунед Батареяи шумо ҳангоми истеҳсол бо барқ нимпур карда шудааст. Агар дастгоҳ
кам будани барқро нишон дода истода бошад, амалҳои зеринро иҷро кунед:
1 Пуркунандаи барқро ба васлаки деворӣ пайваст намоед. 2 Пуркунандаи барқро ба дастгоҳ пайваст намоед. 3 Вақте ки батарея пур карда шуд, аввал пуркунандаи барқро аз дастгоҳ ва
баъд аз васлаки деворӣ ҷудо созед.
Ба шумо зарур нест батареяро то мӯҳлати муаян бо барқ пур кунед ва шумо метавонед онро ҳангоми барқгирӣ истифода баред. Агар барқи батарея пурра холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг, метавонад якчанд дақиқа гузарад.
Page 6
ғози кор

Антенна

Дастгоҳи шумо метавонад дорои мавҷгирҳои дохилӣ ва беруна бошад. Вақте ки мавҷгир мавҷ мефиристонад ё қабул мекунад, бе зарурат ба мавҷгир даст нарасонед. Тамос бо мавҷгирҳо ба сифати алоқа таъсир карда, сабаби аз меъёри зарурӣ зиёд истифода шудани барқ мегардад ва метавонад мӯҳлати хизмати батареяро кӯтоҳ кунад.
Расми ҷои антеннаро бо ранги хокистарӣ нишон медиҳад.

Маҷмӯи гӯшмонак

Огоҳӣ Вақте ки Шумо гӯшмонакро истифода мебаред, имкони Шумо барои шунидани овозҳои беруна метавонад халалдор гардад. Дар ҷойе, ки бехатарии Шумо дар зери таҳдид аст гўшмонакро истифода набаред.
Ҳангоми васл кардани ягон замимаи беруна ё гӯшмонак ба васлкунаки Nokia AV, ки бо Nokia маъқул дониста нашудааст, ба дараҷаи овоз махсус эътибор диҳед.
Маҳсулоте ки сигналҳои баромадро ба вуҷуд меоранд, ба дастгоҳ васл накунед. Ин метавонад ба дастгоҳ хисорот расонад. Ягон замимаи барқдорро ба васлкунаки Nokia AV пайваст накунед.
Магнитҳо ва майдонҳои магнитӣ Дастгоҳи худро аз магнит ва ё минтақаи магнитӣ дур нигоҳ доред.
Page 7

Тугмаҳо ва қисмҳо

Оғози кор 7
1
2 Калиди интихоби рост
3 Лавозимоти шунавоӣ
4 Экрани хурд
5 Калиди интихоби чап
6 Тугмаи Navi™ минбаъд ҳамчун
7 Тугмаи тамос
8 Клавиатура
9 Линзаи камера
10 Пайвасткунаки гӯшмонак/
11 Гӯшаки тасмаро пахш кунед
12 Баландгӯяк
13 Пайвасткунаки пуркунандаи барқ
14 Тугмаҳои баландии овоз
15 Экрани сарпӯш
Тугмаи фаъол/хомӯш
тугмачаи чархиш ном бурда шудааст
Пайвасткунаки Nokia AV (2.5 мм)
Фаъол ё хомӯш созед Тугмаи фаъоли телефонро дошта истед.
Ҳолати интизорӣ Вақте, ки телефон ба истифодабарӣ омода аст ва Шумо ҳоло ягон рамзро дохил
накардаед, телефон дар ҳолати интизорӣ мебошад.
Page 8
ғози кор
1 Иқтидори мавҷи шабака
2 Дараҷаи барқи батарея
3 Номи шабака ё тамғаи оператор
4 Вазифаҳои калидҳои интихобӣ
Калиди чапи интихобӣ, Гузашт, барои дидани вазифаҳо дар рӯйхати шахсии миёнабурҳо пешбинӣ шудааст. Барои дидани вазифаҳои дастрас, ҳангоми дидани рӯйхат, Интих. > Интихоб кардан -ро интихоб кунед, ё барои ба тартиб даровардани вазифаҳо дар рӯйхати миёнабурҳои худ, Интих. > Ташкил додан - ро интихоб кунед.

Баъд аз пӯшидани сарпӯш, тугмаи баландии овоз фаъол мешавад

Экрани сарпӯшро фаъол созед Тугмаи баландии овозро зер кунед
Баландии овозро танзим кунед Баъд аз пӯшидани сарпӯш, тугмаи баландии овозро истифода баред.
Оҳанги занги даромад хомӯш кунед Тугмаи баландии овозро зер кунед
Занги даромадро рад кунед Тугмаи баландии овозро дошта истед

Қулфи клавиатура

Тугмаҳоро қулф нунед
Меню -ро интихоб кунед, ва * -ро дар тӯли 3.5 сония барои бастани тугмаҳо дошта
истед.
Қулфи тугмаҳоро кушоед
Қулфкш -ро интихоб кунед, ва * -ро дар тӯли 3.5 сония дошта истед. Агар амнияти
клавиатура фаъол бошад, рамзи амниятӣ дар ҳоли дархост ворид кунед.
Насби худқулфкунии тугмаҳо
Меню > Танзимот > Телефон > Муҳофизати худкори тугмаҳо > Фаъол -ро
интихоб кунед, ва пас аз кадом муддат тугмаҳо қулф мешаванд, он вақтро насб кунед.
Page 9
Маълумоти умумӣ 9
Дар вақти қулфи тугмаҳо, зангро ҷавоб диҳед Тугмаи зангро пахш кунед. Вақте ки шумо ба занг хотима диҳед ё зангро рад
кунед, қулфи клавиатура ба тариқи худкор баста мешавад.
Ҳангоме ки дастгоҳ ё сафҳаи калидҳо дар ҳолати баста аст, зангзанӣ ба рақами фавқулодаи расмӣ, ки дар дастгоҳ барномарезӣ шудааст метавонад имконпазир бошад.
Вазифаҳо бе SIM - корт Баъзе вазифаҳои телефони шумо, ба монанди Ташкилгар ва бозиҳо, метавонанд
бе ворид кардани SIM -корт истифода шаванд. Баъзе вазифаҳо дар менюҳо хира падидор мешаванд ва наметавонанд истифода бурда шаванд.
Барномаҳо дар замина иҷро мешаванд Дар замина нигоҳ доштани функсияҳои фаъол талаботи истифодаи барқи
батареяро зиёд ва мӯҳлати хизматашро кӯтоҳ мекунад.

Маълумоти умумӣ

Дар бораи дастгоҳи шумо Дастгоҳи бесими дар ин дастур тавсифшуда барои истифода дар Шабакаҳои
EGSM 900 ва 1800 MHz тасвиб карда шудааст. Оид ба маълумоти иловагӣ дар бораи шабака бо расонандаи хадамот дар тамос шавед.
Дастгоҳи шумо метавонад дорои замимаҳо ва роҳҳои васли интернетӣ ба саҳифаҳои интернетии тарафи сеюм бошад ва ба шумо ба он саҳифаҳои ашхоси сеюм воридшавиро иҷозат диҳад. Ин саҳифаҳо бо Nokia алоқае надоранд ва Nokia ягон масъулияте доир ба онҳо намебарад ва ба зиммаи худ намегирад. Агар шумо ба ингуна саҳифаҳо ворид гаштанӣ бошед, барои мундариҷа ва бехатарӣ чораҳои лозимиро бубинед.
Огоҳӣ Барои истифодаи дилхоҳ хусусияти дастгоҳ, ғайр аз соати зангдор, телефон бояд фаъол бошад. Ҳангоми имконияти халал расонида тавонистан ё хатарро ба вуҷуд овардан дастгоҳи бесимро фурўзон накунед.
Ҳангоми истифодабарии ин дастгоҳ ба ҳама қонунҳо риоя кунед; одатҳои маҳаллӣ, ҳуқуқи махфият ва ҳуқуқи қонунии дигаронро, аз ҷумла ҳуқуқи муаллифиро эҳтиром намоед. Ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ метавонад нусхабардорӣ, дигарсозӣ пешкашнамоӣ ва фиристодани баъзе тасвирҳо, мусиқа (аз он ҷумла оҳангҳои занг) ва дигар мундариҷаҳоро мамнӯъ созад.
Нусхаҳои эҳтиётӣ созед ва ё ҳама маълумоти муҳими дар телефонатон сабтшударо навишта гиред.
Page 10
10 Маълумоти умумӣ
Пеш аз пайваст намудан ба дигар таҷҳизот, қоидаҳои бехатариро аз дастури истифодабарӣ мутолиа кунед. Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
Тасвирҳои дар ин дастур буда, метавонанд аз намоиши дастгоҳи шумо фарқ кунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба дастури истифодабаранда муроҷиат кунед.
Хидматҳои шабака Барои истифодаи телефон, шумо бояд аз хизматрасони хизматрасонии бесим
истифода баред. Баъзе хусусиятҳо дар ҳамаи шабакаҳо дастрас нестанд; дигар хусусиятҳо метавонанд барои истифода бурдани онҳо аз шумо бо хидматрасон бастани шартномаи махсусро талаб кунанд. Хадамотҳои шабакавӣ интиқоли маълумотро дар бар мегирад. Оид ба хаққи пардохт дар дохили шабака ва берун аз он ба хадамоти хизматрасони муроҷиат кунед. Провайдери хидматрасони шумо хароҷоти марбутаро фаҳмонда медиҳад. Баъзе шабакаҳо метавонанд маҳдудиятҳо дошта бошанд, ки ба тарзи истифодабарии баъзе хусусиятҳои ин дастгоҳ, ки дастгирии шабакаро ба монанди дастгирии технологияҳои махсуси монанди суръатҷаласаи WAP 2.0 (HTTP ва SSL)-и дар асоси суръатҷаласаи TCP/ IP фаъолияткунанда ва ҳуруфоти забонҳои алоҳида талаб мекунанд, таъсир мерасонад.
Провайдери хидматрасони Шумо метавонад аз шумо хомӯш кардан ё ки фаъол насохтани баъзе хусусиятҳои дастгоҳро талаб намояд. Дар ин ҳолат, ин хусусиятҳо дар феҳрасти дастгоҳ нишон дода намешаванд. Дастгоҳи шумо инчунин метавонад дорои ҷузъҳои мувофиқкардашудаи монанди номҳои меню, тартиби меню ва тасвирчаҳо бошад.
Хотираи муштарак Хусусиятҳои зерини ин дастгоҳ хотираи муштаракро истифода бурда метавонад:
паёмнависии мултимедиа (MMS), барномаи почтаи электронӣ, паёмнависии фаврӣ. Истифодаи як ё якчанд аз ин хусусиятҳо дастрасии хотираро барои дигар хусусиятҳо кам карда метавонанд. Агар дастгоҳи шумо оиди пур будани хотира паёме намоиш кунад, баъзе иттилооти дар хотираи муштарак захирашударо нест кунед.
Рамзҳои вурудшавӣ Рамзи амният ба шумо имкон медиҳад, ки телефонро аз дастрасии беиҷозат
муҳофизат намоед. Рамзи пешакӣ додашуда 12345 мебошад. шумо метавонед рамзро созед ва тағир диҳед. Рамзро махфӣ ва дар ҷои алоҳидае аз телефони худ нигоҳ доред. Агар шумо рамзро фаромӯш кунед ва телефонатон баста бошад, ба телефони шумо хизматрасонӣ лозим аст ва пардохти иловагӣ метавонад талаб карда шавад. Барои маълумоти иловагӣ бо нуқтаи Nokia Care ё дилери телефони худ тамос гиред.
Page 11
Зангҳо 11
Рамзи PIN, ки бо телефон дода мешавад, кортро аз истифодаи беиҷозат муҳофизат мекунад. Рамзи PIN2, ки бо баъзе СИМ-кортҳо дода мешавад, барои дастрасӣ ба баъзе хадамот лозим шуданаш мумкин аст. Агар шумо рамзи PIN ё PIN2-ро се маротиба пайдарпай хато ворид кунед, аз шумо рамзи PUK ё PUK2 талаб карда мешавад. Агар шумо онҳоро надошта бошед, бо провайдери хадамоти худ тамос гиред.
Барои дохилшавӣ ба иттлоот дар модули амниятии SIM - корти Шумо, модули PIN дархост карда мешавад. Барои имзои рақамӣ имзокунии PIN метавонад дархост карда шавад. Номи шаб барои манъкуни хангоми истифодаи хизматрасонии манъкунии занг лозим мешавад.
Барои танзим додани телефони Шумо, ки телефон рамзҳои вурудшавӣ ва амниятиро чи тавр истифода барад, Меню > Танзимот > Амният - ро интихоб кунед.
Дастгирӣ Агар Шумо мехоҳед дар бораи маҳсулоти худро иттилооти бисёртар гиред ё ин
ки Шумо намедонед фаъолияти дурустии дастгоҳи худ, саҳифаҳои иттилоотӣ дар суроғаи www.nokia.com/support нигаред ё сайти маҳаллии Nokia дар www.nokia.mobi/support (бо дастгоҳи мобилӣ), ё дастури барномаи дастгоҳ ё дастури корбар бештар хонед.
Агар ин масъалаи Шуморо ҳал накард, инро кӯшиш кунед:
Дастгоҳро бозоғозӣ кунед: дастгоҳро хомӯш кунед ва батареяро гиред. Пас аз як дақиқа батареяро қафо монед ва телефонро аз нав фаъол созед.
Танзимотҳои аслӣ аз рӯи тавзеҳи дастури корбар барқарор созед.
Агар масъала ҳал карда нашуд, бо нуқтаи хидматрасонии Nokia алоқа бандед. Кушоед www.nokia.com/repair. Пеш аз додани телефон ба устод, ҳамаи маълумоти телефонро захира кунед.

Зангҳо

Занг задан ва қабул кардан

Занг занед Барои задани занг рақами телефон ва агар лозим бошад рамзи минтақа ва
мамлакатро ворид кунед, ва тугмаи зангро зер кунед.
Занги даромадро ҷавоб диҳед Тугмаи зангро пахш кунед.
Зангро рад кунед Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Page 12
12 Навиштани матн
Баландии овозро танзим кунед Ҳангоми зангзанӣ, тугмаҳои баландии овозро истифода баред.
Баландгӯяк Агар мавҷуд бошад, метавонед Баланд. ё Оддӣ -ро интихоб намоед, то ки
баландгӯяк ё гӯшмонаки дастгоҳро ҳангоми ягон зангзанӣ истфода баред.
Огоҳӣ Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.

Миёнабурҳои рақамзанӣ

Рақами телефонро ба ягон рақами тугма таъин кунед
Меню > Алоқаҳо > Зангҳои сареъ -ро интихоб кунед, ба рақами дилхоҳро (2-9)
ҳаракат кунед, ва Таъин -ро интихоб кунед. Рақами телефонии дилхоҳро ворид кунед, ё Ҷустучӯ ва тамоси захирашударо интихоб кунед.
Рақамзании тезро фаъол созед Интихоб кунед Меню > Танзимот > Занг > Зангзании сареъ > Фаъол.
Ба воситаи рақамзании тез занг занед Дар ҳолати интизорӣ тугмаи рақами дилхоҳро дошта истед.

Навиштани матн

Модулҳои матн Барои ворид кардани матн (масалан, вақти навистани паёмҳо) Шумо метавонед
аз тарзи вуруди пешгӯӣ ё анъанавии матн истифода баред.
Вақте ки Шумо матн менависед, Интих. -ро барои гузаштан байни вуруди анъанавии матн, ки бо
намоиш мешавад, пахш кунед ва доред. На ҳамаи забонҳо бо вуруди
пешгӯии матн дастгир карда мешаванд.
Намуди аломатҳо бо
Барои тағйир додани намуди аломат, # - ро пахш кунед. Барои гузаштан аз ҳолати ҳарфӣ ба рақамӣ, ки бо
Тартиби рақам - ро интихоб кунед. Барои гузаштан аз ҳолати рақамӣ ба ҳарфӣ,
# - ро пахш кунед ва доред.
Барои насб кардани забони навист, Интих. > Забони навишт- ро интихоб кунед.
намоиш мешавад ва вуруди пешгӯии матн, ки бо
, ва намоиш мешаванд.
намоиш мешавад, # - ро пахш кунед ва доред ва
Page 13
Менюҳоро идора кунед 13
Вуруди анъанавии матн Тугмачаи рақамии аз 2 то 9 -ро то намоиш шудани аломат ё ҳарфи дархостшуда
такрор пахш кунед. Аломатҳои дастрас ба забони интихобшудаи навистӣ вобаста аст.
Агар ҳуруфи навбатӣ, ки Шумо дархост мекунед дар калиди истифодашудаистода ҷой гирифта бошад, то падидор шудани курсор интизор шавед ва ҳарфро дохил кунед.
Барои ворид шудан ба аломатҳои китобат ва ҳарф ё аломатҳои махсуси бисёристифодашаванда, 1-ро такрор пахш кунед. Барои ворид шудан ба рӯйхати ҳуруфот ё аломатҳои махсус, *-ро пахш кунед.
Вуруди пешгӯии матн Вуруди пешгӯии матн дар асоси луғати дохилӣ, ки ба он Шумо метавонед
калимаҳои нав ворид кунед, қарор ёфтааст.
1 Ба навистани калима бо истифодаи калидҳо 2 то 9 оғоз кунед. Барои як ҳарф
як калидро як дафъа пахш кунед.
2 Барои тасдик намудани ягон калима ба тарафи рост равед ва е чое илова
кунед.
Агар калима нодуруст бошад, * -ро бардавом пахш кунед ва калимаро аз
рӯйхат интихоб кунед.
Агар пас аз калима аломати "?" нишон дода шавад, калимае, ки Шумо
навистанӣ ҳастед, дар луғат мавҷуд нест. Барои ба луғат илова кардани калима, Имло - ро интихоб кунед. Калимаро бо истифодаи вуруди анъанавии матн дохил кунед ва Захира - ро интихоб кунед.
Барои навистани калимаҳои мураккаб, қисми якуми калимаро дохил ку не д
ва калиди дасти ростро барои тасдиқкуни и он пахш кунед. Қис ми охирини калимаро нависед ва калимаро тасдиқ кунед.
3 Ба навистани калимаи навбатӣ оғоз кунед.

Менюҳоро идора кунед

Вазифаҳои телефон ба менюҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. На ҳамаи вазифаҳои меню ё имконоти ҷузъҳо дар ин ҷо тавсиф карда шудаанд.
Дар ҳолати интизорӣ, Меню ва меню ё зерменюи дилхоҳро интихоб кунед. Барои аз дараҷаи ҷории меню хориҷ шудан, Баром. ё Қафо -ро интихоб кунед. Барои бевосита ба ҳолати интизорӣ баргаштан, тукмачаи хотимаро пахш намоед. Барои тағйирдиҳии намуди меню, Меню > Интих. > Намоиши меню -ро интихоб кунед.
Page 14
14 Мубодилаи паёмӣ

Мубодилаи паёмӣ

Шумо метавонед паёмҳои мултимедиявӣ, аудиоӣ, флешдор ва электрониро хонед, эҷод, ирсол ва захара кунед. Хадамоти мубодилаи паёмӣ танҳо дар ҳолате, ки агар шабака ва провайдери хизматрасони Шумо дастгирӣ намояд, истифода бурда мешавад.
Паёмҳои матнӣ ва мултимедиявӣ Шумо метавонед паёмро эҷод кунед ва ихтиёрӣ, масалан, тасвирро замима
кунед. Ҳангоме, ки файл замима мешавад, телефони Шумо паёми матниро ба паёми мултимедиявӣ худкор тағйир медиҳад.
Паёмҳои матнӣ Дастгоҳи шумо ба фиристодани як паёми хаттии андозааш аз маҳдудияти
шумораи ҳарфҳо барои як паём бузургтар қодир аст. Паёмҳои дароз ҳамчун ду ё зиёда паёмҳо фиристода мешаванд. Провайдери хидматрасони шумо метавонад мувофиқан пардохти зиёдтарро талаб кунад. Ҳарфҳое, ки дар таркибашон апостроф, дигар аломатҳо доранд ё баъзе забонҳои дигар ҷойи бештарро банд мекунанд ва миқдори ҳуруфоти дар як паём фиристодашавандаро кам мекунанд.
Нишондиҳандаи дар қисми болои экран миқдори зиёдтарини аломатҳоро, ки метавонанд дохил карда шаванд ва миқдори паёмҳои ирсолшавандаро нишон медиҳад.
Пеш аз ирсол карда тавонистани паёмҳо, шумо рақами маркази паёмии худро бояд захира кунед. Меню > Паёмнавис > Танзимот-ҳои паём > Паёмҳои
матнӣ > Маркази паёмҳо > Иловаи марказ-ро интихоб кунед, ном ва рақами аз
провайдери хидматрасон қабул кардаро дохил кунед.
Паёмҳои мултимедивӣ Паёми мултимедивӣ метавонад дорои матн, тасвирҳо, клипҳои оҳангӣ ва видеоӣ
бошад.
Фақат дастгоҳҳои хусусиятҳои мувофиқдошта, паёмҳои мултимедиявиро қабул мекунанд ва нишон дода метавонанд. Намуди зоҳирии паём, вобаста аз дастгоҳи қабулкунандаи ин паём, гуногун буда метавонад.
Шабакаи дастгоҳии бесим метавонад андозаи паёми MMS-po маҳдуд намояд. Агар тасвири воридшуда аз ин андоза бузургтар бошад, дастгоҳ метавонад онро хурдтар кунад, то фиристоданаш бо MMS имконпазир гардад.
Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо зарар расонанд.
Page 15
Мубодилаи паёмӣ 15
Барои гирифтани маълумот оиди дастрас будан ва обунашавӣ ба хадамоти паёмнависии мултимедиявӣ (MMS), бо провайдери хидматрасони худ дар тамос шавед. Шумо инчунин метавонед насби танзимотиро зеркашӣ кунед.
Паёми матнӣ ё мултимедиявӣ эҷод кунед. 1 Интихоб кунед Меню > Паёмнавис > Эҷодкунии паём > Паём. 2 Барои иловаи қабулкунандаҳо, ба сатри Ба: ҳаракат кунед ва рақами
қабулкунанда ё суроғаи почтаи электрониашро дохил кунед ё Илова - ро барои интихоби қабулкунандаҳо аз имконоти дастрас интихоб кунед. Интих.
- ро барои иловаи қабулкунандаҳо ва мавзӯъҳо ва танзими имконоти ирсолкунӣ интихоб кунед.
3Ба хатӣ Матн: ҳаракат кунед ва паёми матниро дохил кунед. 4 Барои ба паём илова кардани мундариҷа, ба панели зимима дар поёни экран
ҳаракат кунед ва навъи мундариҷаи дилхоҳатонро интихоб кунед.
5 Барои ирсоли паём, Ирсол - ро пахш кунед.
Навъи паём дар қисми болои экран намоён мешавад ва вобаста ба мундариҷаи паём, ба тариқи худкор тағйир меёбад.
Провайдерҳои хидматрасон метавонанд вобаста ба навъи паём андозаи гуногуни пардохтро талаб кунанд. Тафсилотро аз провайдери хидматрасон дастрас намоед.
Паёми электронӣ Ба ҳисобҳои паёмҳои электронии POP3 ё IMAP4 -и шахсӣ барои хондан, навистан
ва фиристодани паёмҳои электронӣ бо телефони худ ворид шавед. Барномаҳои паёмҳои электронии мазкур аз хусусиятҳои паёмҳои электронии SMS фарқ мекунад.
Пеш аз истифодабарии почтаи эл., дорои танзимотҳои дурустро санҷед. Барои санҷиши дастрасӣ ва танзимоти ҳисоби почтаи электронии худ, бо провайдери хадамоти паёмҳои электронии худ дар тамос шавед. Шумо насби танзимоти почтаи электрониро ҳамчун насби паём метавонед қабул кунед.
Устоди сабти почтаи электронӣ Агар ягон танзимоти почтаи электронӣ дар телефон муайян карда шуда набошад,
устоди сабти почтаи электронӣ худкор оғоз меёбад. Барои оғози танзимкунии устоди сабти почтаи электронӣ ба ҳисоби почтаи электронии иловагӣ, Меню >
Паёмнавис ва ҳисоби почтаи электронии мавҷудро интихоб кунед. Барои оғози
устоди сабти почтаи электронӣ, Интих. > Иловаи паёмдон - ро интихоб кунед. Паи дастурҳои дар экран падидоршуда равед.
Page 16
16 Мубодилаи паёмӣ

Паёмҳои электрониро нависед ва ирсол кунед

Почтаи эл. нависед Интихоб кунед Меню > Паёмнавис > Эҷодкунии паём > Паёми почт. эл..
Файлро ба паёми эл. часпонед Интихоб кунед Интих. > Ворид кардан.
Почтаи эл. ирсол кунед Тугмаи зангро пахш кунед. Лозим бошад, ҳисоби дилхоҳро интихоб кунед.
Зеркашии паёми электронӣ Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои
нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо зарар расонанд.
Ҳолати ҷустуҷӯиро интихоб кунед
Меню > Паёмнавис > Танзимот-ҳои паём > Паёмҳои почт. эл. > Таҳрири паёмдонҳо ва паёмдони дилхоҳро интихоб кунед, ва Танзимоти боргирӣ > Ҳолати ҷустуҷӯӣ -ро интихоб кунед.

Зеркашии паёми электронӣ

Меню > Паёмнавис ва паёмдони дилхоҳро интихоб кунед. Агар лозим аст,
дархости пайвастро тасдиқ кунед.
Паёмҳои флешдор Паёмҳои флешдор паёмҳои матнӣ мебошанд, ки ҳангоми қабул онҳо фавран
намоиш мешаванд.
1 Барои навистани паёми флешдор, Меню > Паёмнавис > Эҷодкунии паём >
Паём флешдор -ро интихоб кунед.
2 Рақами телефонии қабулкунандаро дохил кунед, паёми худро нависед (на
зиёда аз 70 аломат), ва Ирсол -ро интихоб кунед.
Паёмҳои аудиоии Nokia Xpress Паёми аудиоиро эҷод кунед ва бо ёрии MMS ва роҳи мувофиқ ирсол кунед.
1 Интихоб кунед Меню > Паёмнавис > Эҷодкунии паём > Паёми аудиоӣ.
Сабткунаки овоз кушода мешавад. 2 Паёми худро сабт кунед. 3 Як ё якчанд рақамҳои телефониро ба хати Ба: дохил кунед ё Илова - ро барои
ҷустуҷӯи рақам интихоб кунед. 4 Барои ирсоли паём, Ирсол - ро интихоб кунед.
Page 17
Мухотибон 17
Паёмнависии фаврӣ Бо ёрии паёмнависии фаврӣ (ПФ, хадамоти шабака), Шумо метавонед паёмҳои
матнии кӯтоҳро ба муштариёни дар алоқа буда ирсол кунед. Шумо бояд ба хадамот обуна шавед ва дар хадамоти ПФ, ки онро истифода бурданӣ ҳастед, аз қайд гузаред. Дастрасии хидматҳои мазкур, нархгузорӣ ва дастурҳои онҳоро аз провайдери хидматрасони худ фаҳмед. Менюҳо вобаста ба провайдери ПФ - и Шумо метавонанд фарқ кунанд.
Барои пайвастшавӣ ба хадамот, Меню > Паёмнавис > Паёмҳои фаврӣ - ро интихоб кунед ва паи дастурҳои дар экран падидоршуда равед.
Паёмҳои овозӣ Паёмдони овозӣ хадамоти шабакавӣ мебошад, ки ба он Шумо бояд обуна шавед.
Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Паёмдони овоздорро занг занед 1 -ро дошта истед.
Рақами паёмдони овоздорро таҳрир кунед Интихоб кунед Меню > Паёмнавис > Паёмҳои овоздор > Рақами паёмдони
овоз.

Танзимоти паёмҳо

Меню > Паёмнавис > Танзимот-ҳои паём ва яке аз имконоти зеринро интихоб
кунед:
Танзимоти умумӣ — барои дар телефони худ захира кардани паёмҳои ирсолшуда, агар хотираи паёмҳо пур бошад, рӯиҳамнависии паёмҳои кӯҳнашуда ва дигар афзалиятҳои ба паёмҳо алоқадор
Паёмҳои матнӣ — барои имкон додани расонидани хабарҳо, танзим додани марказҳои паёмӣ барои SMS ва паёмҳои электронии SMS, интихоб кардани навъи дастгирии ҳуруфот ва танзим кардани дигар афзалиятҳои ба паёмҳои матнӣ алоқадор
Паёмҳои мултим — барои имкон додани расонидани хабарҳо, танзим додани намуди паёмҳои мултимедиявӣ, имкон додани қабули паёмҳои мултимедиявӣ ва эълонҳо ва танзим кардани дигар афзалиятҳои ба паёмҳои матнӣ алоқадор
Паёмҳои почт. эл. — барои имкон додани қабули паёми матнӣ, танзим кардани андозаи тасвир дар паёми электронӣ ва танзим кардани дигар афзалиятҳои ба паёмҳои электронӣ алоқадор
Паёмҳои хадамот — барои фаъол намудани хизматрасонии хабари ва ба рох мондани афзалиятхое, ки ба хизматрасонии хабари мутаалликанд

Мухотибон

Интихоб кунед Меню > Алоқаҳо.
Page 18
18 Китоби қайдгири занг
Шумо метавонед номҳо ва рақамҳоро дар хотираи телефон ва хотираи SIM -корт захира кунед. Шумо метавонед алоқаҳоро бо рақамҳо ва матнҳо дар хотираи телефон захира кунед. Номҳо ва рақамҳои захирашудаи дар хотираи корти SIM ба воситаи
Иловаи алоқа Интихоб кунед Номҳо > Интих. > Иловаи алоқа.
Тафсилоти алоқаро илова кунед Санҷед. ки хотираи истифодашуда ҳамҷун Телефон ё Телефон ва SIM муайян
шудааст. Номҳо - ро интихоб кунед, ба ном ҳаракат кунед, ва Тафсил >
Интих. > Иловаи тафсилот - ро интихоб кунед.
Ҷустуҷӯи алоқа Барои ҷустуҷӯи алоқа, Номҳо -ро интихоб кунед ва дар рӯйхати алоқаҳо ҳаракат
карда нигаред ё ҳарфҳои аввали номи алоқаро ворид кунед.
Алоқаро байни хотираи телефон ва корти SIM нусха бардоред
Номҳо -ро интихоб кунед, ба ном ҳаракат кунед, ва Интих. > Нусхабар. алоқа -ро
интихоб кунед. Шумо метавонед барои ҳар як ном танҳо як рақами телефониро дар хотираи корти SIM захира кунед.
Барои интихоби хотираи корти SIM ё хотираи телефон барои алоқаҳо, ё интихоби роҳи намоиши номҳо ва рақамҳо ва дидани ҳаҷми хотира барои алоқаҳо,
Танзимот -ро интихоб кунед.
Шумо метавонед маълумоти шахсии алоқаро ҳамчун варақаи боздид ба дастгоҳи мувофиқ, ки стандарти vCard -ро дастгирӣ мекунад ирсол ё аз он дастгоҳ қабул кунед.
Варақаи боздидро ирсол кунед
Номҳо -ро интихоб кунед, маълумоти алоқаеро, ки Шумо мехоҳед ирсол кунед,
ҷӯстуҷӯ кунед, ва Тафсил > Интих. > Ирс. корти мушах. -ро интихоб намоед.
муайян мешаванд.

Китоби қайдгири занг

Барои дидани маълумот оид ба зангхо, хабархо, маълумот ва батартибори
Меню > Китоб-ро ва яке аз имконоти мавчударо интихоб кунед.
Эзоҳ: Андозаи воқеии пардохт барои зангҳо ва хидматҳо аз тарафи провайдери хидматрасон метавонад вобаста ба хусусиятҳои шабака, яклухткунии ҳаққи хизмат, андозҳо ва монанди ин гуногун бошад.
Page 19
Танзимот 19

Танзимот

Намудҳо Телефони Шумо дорои як чанд гурӯҳҳои танзимотӣ аст, ки намудҳо ном дорад ва
Шумо метавонед онҳоро бо оҳангҳои занг барои рӯйдодҳои гуногун ва муҳитҳо тағйир диҳед.
Меню > Танзимот > Профилҳо, намуди дархост ва яке аз имконоти зерин
интихоб кунед: Фаъолкунӣ — барои фаъол кардани намуди интихобшуда Шахсӣ кардан — барои тағйир додани танзимоти намуд Хронометрӣ — барои танзим додани телефон бахри муддати муайян фаъол боки
мондани он. Вақте ки вақти сабтшуда барои намуд мурур мекунад, намуди пештара, ки бо вақт сабт нашудааст, фаъол мегардад.
Оҳангҳо Шумо метавонед танзимоти оҳанги намуди интихобкардаи фаъолро тағйир
диҳед.
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Оҳангҳо. Шумо метавонед ин танзимотро дар меню Профилҳо низ дастрас кунед.
Экран Барои дидан ё мувофиқ кардани тасвири замина, андозаи ҳарф, ё дигар
хусусиятҳои вобаста ба экрани телефон, Меню > Танзимот > Дисплей -ро интихоб кунед.
Сана ва вақт Интихоб кунед Меню > Танзимот > Сана ва вақт.
Сана ва вақтро танзим кунед Интихоб кунед Танзимоти сана ва вақт.
Намуди сана ва вақтро танзим кунед Интихоб кунед Танзимоти форм-ати сана ва вақт.
Барои худнавсозии вақт ва сана мувофиқи минтақаи вақти ҷорӣ, телефонро танзим кунед.
Интихоби Худнавсозии сана ва вақт (хидмати интернетӣ).
Миёнабурҳо Бо миёнабурҳои шахсӣ, Шумо метавонед зуд ба вазифаҳои муттасил
истифодашавандаи телефон дохил шавед.
Page 20
20 Танзимот
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Зудинтихоб.
Имконотҳои телефон ба тугмаҳои интихобӣ таъин кунед
Тугмаи рости интихоб ё Тугмаи чап инт-б ва имконот аз рӯйхат интихоб кунед.
Имконотҳои миёнбурро барои тугмаҳои ҳаракат интихоб кунед Интихоб кунед Тугмаи ҷойивазкунӣ. Ба дилхоҳ тараф ҳаракат кунед, ва Тағйир ё
Таъин ва вазифаеро аз рӯйхат интихоб кунед.

Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ

Меню > Танзимот > Ҳамоҳанг ва нусхагир. ва яке аз имконоти зеринро интихоб
кунед:
Калиди телефон — Додаҳои интихобкардаро байни телефони худ ва телефони дигар ҳамоҳанг созед ё нусхабародорӣ кунед.
Интиқоли маълумот — Маълумоти интихобшударо байни телефони худ ва дастгоҳи дигар, компютер ё сервери шабакавӣ (хидмати шабакавӣ) ҳамоҳанг созед ё нусхабардорӣ кунед.
Пайвастшавӣ Телефони Шумо дорои якчанд хусусиятҳое мебошад, ки пайвастшавиро ба дигар
дастгоҳҳо барои таҳвил ё қабул кардани маълумот имконпазир месозад.
Технологияи бесими Bluetooth Технологияи Bluetooth ба Шумо имкон медиҳад, ки телефони худро бо истифодаи
мавҷҳои радиоӣ ба дастгоҳи мувофиқи Bluetooth дар масофаи то 10 метр (32 фут) пайваст кунед.
Ин таҷҳизот соҳиби хусусиятҳои Bluetooth 2.0 + EDR мувофиқ буда, дар таъминоти худ чунин намудҳоро дорад: дастёбии умумӣ, мубодилаи умумии объект, handsfree), гӯшмонак, object push, интиқоли файл, дастёбии шабака ба муҳити шахсӣ, dial-up шабакасозӣ, замимаи кашфи хидматрасонӣ, дастёбӣ ба SIM ва порти пайдарпай.. Барои фаъолияти муштарак бо дастгоҳҳои дигаре, ки системаи Bluetooth доранд, бо дастгоҳи мазкур замимаҳои аз тарафи Nokia тасвибшударо истифода баред. Барои муайян кардани мувофиқати тамғаҳои дигар бо дастгоҳи мазкур аз истеҳсолкунандагони онҳо маълумот гиред.
Хусусиятҳое, ки технологияи Bluetooth-ро истифода мебаранд талаботро ба қувваи батарея зиёд мекунанд ва мӯҳлати хизмати батареяро кам мекунанд.
Пайвасти Bluetooth - ро насб кунед.
Меню > Танзимот > Пайвастша-вӣ > Bluetooth - ро интихоб кунед ва пайдарпаи
дастурҳои зерин шавед:
1 Номи телефони ман - ро интихоб кунед ва барои телефони худ номеро дохил
кунед.
Page 21
Танзимот 21
2 Барои фаъол кардани пайвасти Bluetooth, Bluetooth > Фаъол -ро интихоб
кунед.
3 Барои пайваст кардани телефони худ бо лавозимоти аудиоӣ, Ҷустуҷӯи лавоз-
имоти аудио ва дастгоҳеро, ки пайваст кардан мехоҳед, интихоб кунед.
4 Барои дар пайваст кардани телефони худ ба ягон дастгоҳи Bluetooth -дор дар
силсила, Дастгоҳҳои алоқашуда > Илв. дастг. нав - ро интихоб кунед. Ба бозӣ ё барнома ҳаракат кунед, ва Илова -ро интихоб кунед. Рамзи дохилшавиро (то 16 аломат) ба телефони худ ворид кунед ва
пайвастшавиро ба дигар дастгоҳи Bluetooth иҷозат диҳед.
Агар Шуморо масъалаи амниятӣ ба ташвиш андозад, вазифаи Bluetooth - ро хомӯш кунед ё Намоёнии телефони ман -ро ба Пинҳонӣ насб кунед. Алоқаи Bluetooth - ро танҳо аз манбаъҳои боэътимод қабул кунед.
Пайвастшавии компютер ба интернет Технологияи Bluetooth -ро барои пайвасткунии компютери мувофиқи худ ба
интернет бе истифодаи нармафзори PC Suite, истифода баред. Телефони Шумо бояд хадамоти провайдерро, ки дохилшавии интернетиро дастгирӣ мекунад, фаъол сохта бошад ва компютери Шумо бояд шабакаи макони шахсии Bluetooth
-ро (ШМШ) дастгирӣ кунад. Баъд аз пайвастшавӣ ба хадамоти нӯқтаи дохилшавии шабака (НДШ) дар телефон ва пайваст кардани компютери худ, телефони шумо ба таври худкор пайвасти мачмӯъи маълумотиро ба интернет мекушояд.
Маҷмӯъи маълумот Маҷмӯъи умумии хадамоти радиои (GPRS) хадамоти шабакавие аст, ки ба
телефонҳои мобилӣ имкони фиристодан ва қабул кардани маълумотро аз шабака дар асоси протоколи интернетӣ (IP), медиҳад.
Барои муайян кардани роҳи истифодабарии хадамот, Меню > Танзимот >
Пайвастша-вӣ > Маҷмӯъи маъл. > Пайвасти маҷ-мӯъи маълумот ва аз имконоти
зерин интихоб кунед: Агар лозим бош-д — барои таъсиси пайвасти маҷмӯъи маълумотӣ вақте, ки
барнома дархост мекунад. Ҳангоми басташаваии барнома, пайваст қатъ мешавад.
Доим дар тамос — барои худкор пайвастшавӣ ба шабакаи маҷъмӯи маълумотӣ вақте, ки телефонро фаъол месозед
Бо истифодабарии технология Bluetooth, Шумо метавонед телефони худро ҳамчун модем бо пайвастшавӣ ба компютерӣ мувофиқ истифода баред. Барои тафсилот, ба ҳуҷҷати Nokia PC Suite нигоҳ кунед.
фаъол будани Bluetooth -ро нишон медиҳад.
Занг ва телефон Интихоб кунед Меню > Танзимот > Занг.
Page 22
22 Танзимот
Интиқоли зангҳои даромад Интихоби Интиқоли занг (хидмати интернетӣ). Барои тафсилот, бо провайдери
хидматрасон дар тамос шавед.
Баъд аз кӯшиши нобарор даҳ бор ба худкор такроран занг занед Интихоб кунед Аз нав зангзании худкор > Фаъол.
Ҳангоми зангзанӣ хабарномаи зангҳои даромад гиред Интихоби Интизории занг > Фаъолсозӣ (хидмати интернетӣ).
Ҳангоми зангзанӣ рақами телефони худ нишон ва пинҳон кунед Интихоби Ирсоли ID-и худ (хидмати интернетӣ).
Зангҳои даромад бо кушоиши сарпӯши телефон ҷавоб диҳед Интихоб кунед Ҷавобдиҳӣ, вақ-те панели кушод > Фаъол.
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Телефон.
Забони телефонро интихоб кунед Интихоб кунед Танзими забон > Забони телефон.
Барои фаъолсозии ҳолати интизрӣ баъд аз пӯшидани сарпӯши телефон, дастгоҳро танзим кунед
Интихоб кунед Коркарди пӯш-иши панели экр. > Гузш. ба ҳ. интиз..
Қисмҳои иловагӣ Менюи мазкур ва имконоти гуногуни он танҳо дар ҳолати пайвастшуда ё пайваст
будани телефон ба қисмҳои иловагии мувофиқи мобилӣ нишон дода мешавад.
Меню > Танзимот > Лавозимот -ро интихоб кунед. Қисми иловагӣ ва
имкониятеро вобаста ба қисми иловагӣ интихоб кунед.
Насб Шумо метавонед телефони худро бо танзимот, ки барои хадамоти муайян
дархост карда мешавад, насб кунед. Провайдери хидматрасони Шумо инчунин метавонад ин танзимотро ба шумо ирсол кунад.
Ин Меню > Танзимот > Танзимот ва яке аз имконоти зерин интихоб кунед: Насби танзимоти стандартӣ — барои дидани провайдерҳои хидматрасон, ки дар
телефон захира шудаанд, ва танзими намоишии провайдери хидматрасон Фаъоли стандар. дар ҳама барном. — барои фаъол сохтани насби танзимоти
намоишии барномаҳои дастгиршаванда Нуқтаи дастра-сии беҳтарин — барои дидани нуқтаҳои захирашудаи дохилшавӣ
Page 23
Менюи оператор 23
Танзимоти мудири дастгоҳ — барои рӯхсат додан ё пешгирӣ кардани телефони шумо аз қабули навсозиҳои барнома Ин имконият, вобаста ба телефони шумо, метавонад имконнопазир бошад.
Насби танзимоти шахсӣ — барои дастӣ илова кардани ҳисобҳои нави шахсӣ ба хадамоти гуногун ва фаъол сохтан ё тоза кардани онҳо. Барои илова кардани ҳисобҳои нави шахсӣ, Илова ё Интих. > Иловаи нав - ро интихоб кунед. Навъи хадамотро интихоб кунед ва параметрҳои дархостшударо дохил кунед. Барои фаъолсозии ҳисоби шахсӣ, ба он ҳаракат кунед ва Интих. > Фаъолкунӣ - ро интихоб кунед.
Барқарорсозии танзимоти завод Барои барқарор сохтани телефон ба ҳолати аввалини заводӣ, Меню >
Танзимот > Барқарори танз. завод ва аз яке аз имконоти зерин интихоб кунед.
Танҳо барқарори танзимот — барои аз нав танзимкунии ҳамаи танзимоти афзалият ба ҷуз бо тозакунии ягон маълумоти шахсӣ
Барқарори ҳама — барои аз нав танзимкунии ҳамаи танзимоти афзалият ва тозакунии ҳамаи маълумотҳои шахсӣ, монанди алоқаҳо, паёмҳо, файлҳои медиавӣ ва калидҳои фаълкунанда.

Менюи оператор

Ба портале барои гирифтани хадамотҳое, ки оператори шабакавии Шумо пешниҳод мекунад, дохил шавед. Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери шабакавии худ дар тамос шавед. Оператор метавонад бо паёми хадамотӣ менюи мазкурро навсозӣ намояд.

Силсилаи ҷузъиёт

Телефони Шумо системаи идоракунии ҳуқуқҳои рақамиро (DRM) барои ҳифзи мундариҷаҳои азхудкардашуда дастгирӣ мекунад. Пеш аз ба даст овардани ягон мундариҷа ва калидҳои фаъолсозӣ, шартҳои расонидани онҳоро санҷед, чунки онҳо метавонанд пардохти ҳақро талаб кунанд.
Идоракунии ҳуқуқҳои рақамӣ
Моликони мундариҷа метавонанд намудҳои гуногуни технологияҳои идоракунии ҳуқуқҳои рақамиро (ИҲР) барои муҳофизат кардани моликияти ақлӣ, ҳамчунин ҳуқуқҳои муаллиф истифода баранд. Ин дастгоҳ барои расидан ба мундариҷае, ки бо ИҲР муҳофизат шудааст, намудҳои гуногуни дастурҳои ИҲР-ро истифода мебарад. Бо ин дастгоҳ, Шумо метавонед ба мундариҷаҳое, ки бо ёрии OMA DRM
1.0. Агар программаи муайяни ИҲР мундариҷаро муҳофизат карда натавонад, соҳибони мундариҷа метевонанд бекор сохтани имкони ин программаи ИҲР-ро барои вуруд ба мундариҷае, ки бо ИҲР муҳофизат шудааст, дархост кунанд. Баста сохтани такмили ҳамин гуна мундариҷаи муҳофизаткардаи ИҲР-ро, ки дар дастгоҳ мавчуд аст, пешгирӣ мекунад. Баста сохтани ҳамин гуна дастури ИҲР ба
Page 24
24 Медиа
истифодаи мундариҷаҳои муҳофизаткардашуда бо дигар намудҳои ИҲР ва ё мундариҷаи муҳофизаткарданашудаи ИҲР, таъсир намекунад.
Мундариҷаи муҳофизаткардашудаи ИҲР якҷоя бо калиди фаъолсозӣ, ки ҳуқуқи Шуморо ба истифодабарии мундариҷа муайян мекунад, истифода бурда мешавад.
Агар дастгоҳи шумо дорои мундариҷаи муҳофизаткардашудаи ИҲР бошад, барои нусха бардоштан ҳам аз калиди фаълкунӣ ва ҳам аз мундариҷа, хусусияти нусхабардории Nokia PC Suite-ро истифода баред.
Дигар усулҳои мундариҷа, калидҳои фаъолкунандаро, ки зарурат ба барқароршавӣ бо мундариҷа барои давомдиҳии истифодаи мундариҷаи муҳофизаткардашудаи ОМА ИҲР баъд аз нав ба шакл даровардани хотираи дастгоҳ доранд, менавонанд нагузаронанд. Барқароркунии калиди фаъолкунанда барои пешгирӣ кардан аз вайроншавии файлҳои дастгоҳ зарур аст.
Намоиши мазмуни Галерея Интихоб кунед Меню > Галерея.

Медиа

Камера ва видео Дастгоҳи Шумо иҷозати забти тасвирии 1024x1280 пиксел - ро дастгирӣ мекунад.
Ҳолати камера
Имконоти тасвири беҳаракатро истифода баред Интихоб кунед Меню > Медиа > Камера.
Дуркунӣ ё наздиккунӣ Ҳаракат ба боло ё поён
Гирифтани сурат Интихоб кунед Аксгирӣ.
Ҳолати пешнамоиш ва вақтро насб кунед Интихоб кунед Интих. > Танзимот > Вақти пешнамо-иши сурат.
Барои фаъолсозии худвақтсанҷ, ё гирифтани суратҳо бо пайдарпаии зуд,
Интих. ва имконоти дилхоҳро интихоб кунед.
Page 25
Медиа 25
Ҳолати видеоӣ
Имконоти видеоиро истифода баред Интихоб кунед Меню > Медиа > Видео.
Клипи видеоиро сабт кунед Интихоб кунед Сабт.
Ҳангоми сабти видео, видеои сифаташ пасстар бо давомнокии зиёдтар сабт кардан мумкин аст. Барои тағйири танзимоти сифат, ва интихоби давомнокии дарозтарини клипи видеоӣ, Меню > Медиа > Камера > Интих. > Танзимот >
Сифати видео ё Дарозии видео -ро интихоб кунед.
Холати видеоӣ ё аксгирӣ интихоб кунед
Дар ҳолати аксгирӣ ё видеоӣ, ба чап ё рост ҳаракат кунед.
Радиои FM Кори радиои ҒМ аз мавҷгири алоҳида, ғайр аз мавҷгири бесими дастгоҳ вобаста
аст. Барои дуруст фаъолият кардани радиои ҒМ, бояд гӯшмонаки мувофиқ пайваст карда шавад.
Огоҳӣ Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Меню > Медиа > Радио - ро интихоб кунед ё дар ҳолати интизорӣ тугмаи * -ро
пахш кунед ва доред.
Мавҷи радиоии навбатӣ дарёфт кунед Тугмаи ҳаракат ба чап ё рост дошта истед.
Мавҷро захира кунед Мавҷи радиоии дилхоҳро дарёфт кунед ва Интих. > Захираи мавҷ -ро интихоб
кунед.
Мавыщои захирашударо иваз кунед Барои иваз кардани мавҷҳо ба боло ё поён ҳаракат кунед, ё рақами тугмаи
мувофиқи мавҷи захирашударо зер кунед.
Баландии овозро танзим кунед Тугмаҳои баландии овозро истифода баред.
Page 26
26 Медиа
Радиоро ба таври пасзамина истифода баред Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Радиоро хуруҷ кунед Тугмаи қатъи зангро дошта истед.
Сабткунандаи овоз Сабткунандаи овозро дар вақти фаъол будани пайвасти занги маълумот GPRS
истифода бурдан имконпазир нест.
Оғози сабт
Меню > Медиа > Сабткун-да ва тугмаи сабтро дар экран интихоб кунед.
Сабти охиринро гӯш кунед Интихоб кунед Интих. > Навоз. сабти қаб..
Сабти охиринро ба воситаи паёми мултимедиа ирсол кунед Интихоб кунед Интих. > Ирс. сабти охирин.
Плеери мусиқӣ Барои гӯш кардани мусиқаҳо ва дигар файлҳои оҳангии MP3 ё AAC, телефони
шумо плеери мусиқиро дорост.
Огоҳӣ Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
-ро интихоб кунед.Меню > Медиа > Плеери мус..
Навозишро оғоз ё манъ кунед Тугмаи ҳаракатро зер кунед.
Ба саршавии суруди ҷорӣ гузаред Ба чап ҳаракат кунед.
Ба суруди қаблӣ гузаред Ба чап дубора ҳаракат кунед.
Ба суруди навбатӣ гузаред Ба рост ҳаракат кунед.
Page 27
Барномаҳо 27
Бозпечии суруди ҷорӣ Тугмаи ҳаракат ба чап дошта истед.
Суруди ҷориро тез пеш кунед Тугмаи ҳаракат ба рост дошта истед.
Баландии овозро танзим кунед Тугмаҳои баландии овозро истифода баред.
Плеери мусиқиро беовоз ё овоздор созед Зер кунед #.
Плеери мусиқиро ба таври пасзамина истифода баред Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Плеери мусиқиро хуруҷ кунед Тугмаи қатъи зангро дошта истед.

Барномаҳо

Замимаҳои телефони Шумо метавонанд дорои бозиҳо ва барномаҳои Java™ бошанд, ки махсусан барои телефони мазкури Nokia таъин шудаанд.
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо.
Бозӣ ё барномаро кушоед
Бозиҳо ё Коллексия интихоб кунед. Ба бозӣ ё барнома ҳаракат кунед, ва Кушоед -ро интихоб кунед.
Дидани ҳаҷми мавҷудбудаи хотираро барои сабти бозӣ ва барнома интихоб кунед
Интихоб кунед Интих. > Вазъияти хотира.
Бозӣ ё барномаро боргирӣ кунед
Интих. > Боргирифта > Боргирии бозиҳо ё Боргирии барн. интихоб кунед.
Телефони Шумо барномаҳои J2ME™ Java -ро дастгирӣ мекунад. Пеш аз зеркашии барнома, мувофиқии барномаро бо телефони худ санҷед.
Муҳим: Танҳо аз манбаҳо ва манбаъҳои боэътимод, масалан аз санҷиши Symbian Signed ё Java Verified™ гузашта шудааст насб кунед ва истифода баред.
Барномаҳои зеркашидашуда метавонанд дар Галерея ба ҷои Барномаҳо захира карда шаванд.
Page 28
28 Ташкилгар

Ташкилгар

Соати зангдор Интихоб кунед Меню > Ташкилгар > Соати занг.
Зангдорро фаъол ё ғайрифаъол созед Интихоб кунед Соати зангдор:.
Вақти соати зангдорро таъин кунед Интихоб кунед Вақти ҳушдор:.
Телефонро барои ҳушдор кардани рӯзҳои интихобшудаи ҳафта танзим кунед Интихоб кунед Такрор:.
Оҳанги ҳушдорро шахсӣ кунед Интихоб кунед Оҳанги зангд.:.
Хотимаи вақт барои тақрори огоҳии ҳушдор танзим кунед Интихоб кунед Қатъи д-такр.:.
Ҳушдорро хомӯш кунед Интихоб кунед Ист.
Агар Шумо ба телефон барои давомдиҳии навозиши садои ҳушдор дар давоми як дақиқа имкон диҳед ё Вуруд -ро интихоб кунед, ҳушдор барои давраи ҳушдори такрорӣ қатъ мешавад ва пас дубора оғоз меёбад.

Тақвим ва рӯйхати вазифа

Меню > Ташкилгар > Тақвим -ро интихоб кунед. Рӯзи ҷорӣ ҳошиякашӣ шудааст.
Агар барои рӯз ёддоштҳо сабт шуда бошанд, рӯз бо хати ғафс нишон дода мешавад.
Ёддошти тақвимро илова кунед Ба сана ҳаракат кунед ва Интих. > Қайд кардан -ро интихоб кунед.
Намоиши тафсилоти ёддошт Ба ёддошт ҳаракат кунед, ва Намоиш -ро интихоб кунед.
Ҳамаи ёддоштҳои тақвимро тоза намоед Интихоб кунед Интих. > Несткун. ёддошт > Тамоми ёддошт.
Намоиши рӯйхати вазифаҳо Интихоб кунед Меню > Ташкилгар > Рӯйхати вазифа.
Page 29
Веб ё Интернет 29
Рӯйхати вазифаҳо аз рӯи афзалият намоиш ва мураттаб карда мешавад. Барои илова, тоза ё ирсол кардани ёддошт, ёддоштро ҳамчун иҷрошуда қайд кардан ё рӯйхати вазифаҳоро бо мӯҳлати охирин мураттаб кардан, Интих. - ро интихоб кунед.

Веб ё Интернет

Тавассути браузери телефони худ Шумо метавонед ба хидматҳои гуногуни интернетӣ дохил шавед. Намуди саҳифаҳои интернетӣ вобаста ба андозаи экран метавонанд фарқ кунанд. Шумо метавонед на ҳамаи тафсилотҳои дар саҳифаҳои интернетӣ бударо бинед.
Вобаста ба телефони шумо, вазифаи дидани саҳифаҳои интернет метавонад дар меню ҳамчун Веб ё Интернет намоиш карда шавад ва аз ин рӯ дар зерин ҳамчун Веб ном мебарад.
Муҳим: Танҳо хадамотеро, ки муҳофизати мувофиқи зидди паёмҳои зарарнок пешкаш мекунанд ва шумо ба он хадамот боварӣ доред, истифода баред.
Оиди дастрасии хадамоти мазкур, андозаи пардохт ва дастурҳо бо провайдери хидматрасони худ дар тамос шавед.
Шумо метавонед аз провайдери хидматрасони худ насби танзимотро ба намуди паёми танзимотӣ дастрас кунед.

Ба хадамоти интернетӣ пайваст шавед

Интихоб кунед Меню > Интернет > Хонагӣ. Ё дар ҳолати интизорӣ тугмаи 0 -ро дошта истед.
Баъд аз он, ки Шумо ба хадамот пайваст мешавед, Шумо метавонед дидани саҳифаҳои онро оғоз кунед. Вазифаҳои тугмаҳои телефон метавонанд дар хадамоти гуногун фарқ кунанд. Дастурҳои матнии дар экрани телефон бударо иҷро намоед. Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.

Хадамоти SIM

SIM - корти Шумо метавонад хадамоти иловагӣ расонад. Шумо ба менюи мазкур танҳо агар SIM - корти Шумо инро дастгирӣ намояд, метавонед дохил шавед. Ном ва мундариҷаҳои меню ба хадамоти дастрас вобаста аст.
Page 30
30 Иттилооти аслӣ

Иттилооти аслӣ

Инанад тавсияҳо оиди он, ки чӣ тавр Шумо метавонед дар ҳифзи муҳити зист ҳисса гузоред.
Сарфаи барқ Вақте ки Шумо батареяро пур кардед ва пуркунандаи барқро аз дастгоҳ ҷудо
сохтед, ҷудокунии дастгоҳро аз васлаки деворӣ низ фаромӯш накунед.
Агар шумо ин корҳоро иҷро кунед, ба Шумо зуд-зуд пур кардани батарея бо барқ лозим намеояд:
Агар истифода намебаред барномаҳо, хизматҳо ва пайвастҳоро хориҷ ва
ғайрифайъол созед.
Равшании экранро паст кунед.
Агар телефонатон дастгирӣ кунад, дастгоҳро чунини танзим кунед, ки он баъд
аз мӯҳлати кӯтоҳтарини ғайрифаъол будан ба ҳолати сарфаи барқ гузарад.
Овозҳои нодаркорро, монанди оҳангҳои клавиатура ва оҳангҳои занг, хомӯш
созед.
Истифодаи такрорӣ Аксари қисмҳои телефони Nokia такроран истифода мешаванд. Маълумоти
муфассал оиди истифодаи такрории маҳсулотҳои Nokia дар www.nokia.com/ werecycle ё бо телефони мобилӣ www.nokia.mobi/werecycle ҷой дода шудааст.
Шумо ҳам метавонед қисмҳои борбандӣ ва дастурҳои истифодашударо тавассути шабакаи маҳаллӣ барои истифодаи такрорӣ супоред.
Бисёртар омӯзед Барои маълумоти муфассал оиди хусусиятҳои экологии дастгоҳ ба
www.nokia.com муроҷиат кунед.
Page 31
Лавозимотҳо 31

Лавозимотҳо

Огоҳӣ Фақат он батареяҳо, пуркунандаи барқ ва замимаҳоеро, ки Nokia махсусан барои истифода бо дастгоҳи мазкур тасдиқ кардааст, истифода баред. Истифодаи дилхоҳ намуди дигар метавонад ҳамагуна тасвиб ва кафолатро бекор созад ва хатарнок бошад. Махсусан, истифобарии батареяҳои ва пуркунандаҳои барқи тасвибнашуда метавонад ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш, шоридан ва дигар хатарҳо сабаб шавад.
Оид ба мавҷудияти замимаҳои тасвибшуда, лутфан бо паҳнкунандаи ин маҳсулот муроҷиат кунед. Вақте ки сими пуркунандаи барқро ҷудо мекунед, на симро, балки душохаи барқро дошта кашед.
Батарея Маълумот оид ба батарея ва пуркунандаи барқ
Дастгоҳи Шумо бо батареяи барқгиранда истифода бурда мешавад. Батареяе, ки истифодаи он бо ин дастгоҳ пешбинӣ шудааст, BL-4CTмебошад. Nokia метавонад барои дастгоҳи мазкур батареяҳои иловагии мувофиқ пешниҳод кунад. Ин дастгоҳ барои истифода бо пуркунандаҳои барқии зерин пешбинӣ шудааст: AC-3. Тамғаи монанди пуркунандаи барқ метавонад вобаста ба намуди сими барқ фарқ кунад. Варианти васлкуни тавассути яке аз (воситахои) зерин муайян карда шудааст: E, EB, X, AR, U, A, C, K ё UB.
Батарея садҳо маротиба барқ гирифта ва аз барқ холӣ мешавад лекин дар ниҳоят аз кор мемонад. Агар мўҳлатҳои гуфтугӯ ва ҳолати ғайрифаъоли дастгоҳ аз мўҳлати муқаррарӣ кутоҳ шавад, батареяро иваз намоед. Фақат батареяҳои тасвибкардаи Nokia-ро истифода бурда, онҳоро бо он пуркунандаҳои барқе, ки бо ин дастгоҳ таъин шуда ва аз тарафи Nokia маъқул дониста шудаанд, барқдор созед.
Агар батарея бори аввал истифода бурда шавад ё батарея муддати дароз кор фармуда нашуда бошад, шояд лозим ояд, ки пуркунандаи барқро пайваст кунед, ҷудо созед ва боз барои барқгирӣ васл намоед. Агар барқи батарея то охир холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг, якчанд дақиқа мегузарад.
Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи барқро ҷудо созед.
Мувофиқ пуркунии барқ. Пуркунандаи барқро, ҳангоме, ки аз он истифода бурда намешавад, аз дастгоҳ ҷудо намоед ва аз сими барқ кашед. Батареяи барқнокшударо дар пуркунандаи барқ намонед, зеро барқи аз ҳад зиёд метавонад мӯҳлати хизмати батареяро кўтоҳ кунад. Агар батарея истифода бурда нашавад, дар тӯли вақт барқи батареяи пур холӣ мешавад.
Аз ҳароратҳои зараровар эҳтиёт шавед. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки батареяро дар ҳарорати аз 15°С то 25°С (59°Ғ то 77°Ғ) нигоҳ доред. Ҳарорати аз ҳад зиёд баланд метавонад қобилияти фаъолияти батареяро бад ва мӯҳлати хизматашро кӯтоҳ кунад. Дастгоҳ бо батареяи гармшуда ё хунукшуда метавонад муваққатан фаъолият накунад. Фаъолияти батарея махсусан дар ҳарорати хеле поёнтар аз ҳарорати яхкунӣ, хеле махдуд мешавад.
Ба барқзании кўтоҳ дучор накунед. Вақте ки ашёи оҳанӣ, ба монанди танга, сӯзанак ё ручка бевосита ба терминалҳои қутби манфӣ (+) ва мусбати (-) батарея мересанд, расиши кӯтоҳ рӯй медиҳад. (Онҳо ба монанди тасмаҳои металли батарея мебошанд.) Ин ҳолат вақте ки Шумо батареяр дар кисаатон ё сумкаатон нигоҳ медоред, рӯй медиҳад. Расиши кӯтоҳ терминалҳои батареяро ё предмети васлшударо нобуд сохта метавонад.
Нобудсозӣ. Батареяро ба оташ напартоед, чунки таркиданаш мумкин аст. Батареяҳоро мувофиқи қонунҳои маҳаллӣ нобуд созед. Агар имконпазир бошад, аз нав истифода баред. Ба монанди партови коммуналӣ нобуд насозед.
Ихроҷ. Ҳуҷайраҳо ва батареяро ба қисмҳо ҷудо накунед, набуред, накушоед, пачақ, қат ва шикоф накунед. Дар ҳолати ихроҷи батарея, барои нарасидани моеъи батарея ба пӯсти бадан ва чашмҳо чораҳо бинед. Агар расад, атрофҳои моеъ расидаро бо об фавран шуед ё ёрии тиббӣ ҷустуҷӯ кунед.
Хисорот. Батареяро такмил надиҳед, аз нав насозед ва аз ҷойгиркунии предметҳои бегона ба он худдори кунед, ба об ё дигар маводи моеъ ғарқ накунед. Батаерея ҳангоми хисорат дидан таркиданаш мумкин.
Истифодаи дуруст. Батареяро фақат барои вазифаи таъиншудааш истифода баред. Истифодаи номувофиқи батарея ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш ва дигар хатарҳо сабаб шуда метавонад. Агар дастгоҳ ё батарея афтад, хусусан ба сатҳи сахт, ва шумо бовари доред, ки батарея хисорот дидааст, пеш аз истифодабарӣ онро ба хадамоти хидматрасон барои санҷиш баред. Ҳеҷ вақт батарея ё пуркунандаи барқи корношоямро истифода набаред. Батареяро аз дастрасии хурдсолсолон дур нигоҳ доред.
Роҳнамои аслӣ будани батареяи Nokia Барои таъмини бехатарии худ ҳамеша батареяҳои аслии Nokia-po истифода баред. Барои санҷидани он, ки шумо батареяи аслиро харид мекунед, батареяро аз
маркази хизматрасонии расмӣ ва ё паҳнкунандаи маҳсулоти Nokia харид кунед ва голограммаи рамзии молро бо усулҳои зерин санҷед:
Page 32

32 Ғамхорӣ кардана дастгоҳи худ

Муаянсозии аслияти голограмма 1 Ҳангоми нигоҳ кардан ба голограмма дар рамзи
тиҷоратӣ, Шумо рамзи дастҳои
пайвастшудаистодаи Nokia-po аз як паҳлӯ ва
рамзи Nokia Original Enhancements-po аз дигар
паҳлӯ мебинед.
2 Агар голограммаро ба рост, чап, поён ва боло
мутаносибан гардонед 1, 2, 3, ва 4 нуқтаҳоро дар
ҳар тараф мебинед.
Иҷрои бомуваффақияти санҷиш кафолати пурраи он нест, ки батарея аслӣ аст. Агар шумо аслӣ будани батареяро тасдиқ карда натавонед ё оиди аслӣ будани батареяи голограммадори Nokia ягон хел шубҳа дошта бошед, аз истифодаи он худдорӣ намоед ва ба наздиктарин хизматрасони расмӣ ё фурушандаи маҳсулоти Nokia барои санҷиш баред.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи батареяҳои аслии Nokia ба саҳифаи www.nokia.com/ battery нигоҳ кунед.
Ғамхорӣ кардана дастгоҳи худ Ин дастгоҳ маҳсулоти тарҳрезиаш олӣ аст ва
муносибати боэҳтиётро талаб мекунад. Маслиҳатҳои зерин барои муҳофизат кардани фарогирии кафолати шумо ёрӣ медиҳад.
Дастгоҳро хушк нигоҳ доред. Об, намӣ ва ҳар гуна
маводи моеъ метавонад минералҳоеро доро
бошад, ки ба зангзании дастгоҳи васли барқӣ
оварда мерасонад. Агар ин дастгоҳ тар шавад,
батареяро хориҷ кунед ва пеш аз гузоштан ба
ҷояш, дастгоҳро пурра хушконед.
Дастгоҳро дар ҷойҳои чанголуд ва ифлос истифода набаред ё нигоҳ надоред. Қисмҳои ҳаракаткунанда ва барқии дастгоҳ метавонанд зарар бинанд.
Дастгоҳро дар ҳарорати гарм ё хунук нигоҳ надоред. Ҳарорати гарм мӯҳлати хизмати таҷҳизоти барқиро кӯтоҳ, батареяро нобуд ва қисмҳои пластикии таҷҳизотро вайрон ва ё гудохта мекунад. Вақте ки дастгоҳ аз ҳарорати хунук гарм шуда ба ҳарорати муқаррарии худ бармегардад, дар даруни дастгоҳ маводи моеъ пайдо мегардад ва панели рахдори барқро вайрон мекунад.
Дастгоҳро ба ҷуз бо усуле, ки дар ин дастури истифодабаранда тавсиф шудааст, накушоед ва аз усулҳои дигар худдорӣ намоед.
Дастгоҳро наафтонед, ба зарба ва ларзиш дучор нанамоед. Муносибати бад ба дастгоҳ, ба панели барқии даруна ва механизми нозуки насб хисорат ворид мекунад.
Барои тоза кардани дастгоҳ, маводи пурқуввати кимиёвӣ ва маҳлулҳои тозакунандаро истифода набаред. Барои тоза кардани беруни дастгоҳ, танҳо аз матои мулоим, тоза ва хушт истифода кунед.
Дастгоҳро ранг накунед. Ранг ба қисмҳои ҳаракатноки дастгоҳ халал мерасонад ва фаъолияти муқаррариро бад мекунад.
Танҳо мавҷгири додашуда ва ё мавҷгири ҷойгузини мувофиқро истифода баред. Антенна, такмилҳо ва қисмҳои тасвибнашуда дастгоҳро нобуд сохта, қоидаҳои идоракунии таҷҳизоти радиоиро вайрон мекунад.
Пуркунандаи барқҳоро дар даруни бино истифода баред.
Ҳамаи маълумотҳои дилхоҳатонро, ба монанди номҳо ва қайдҳои тақвимӣ, ки захира кадани ҳастед нусхабардорӣ намоед.
Барои ба ҳолати аввалин овардани дастгоҳ баъзан бо мақсади хубтар кардани фаъолияти он, дастгоҳро хомӯш карда, батареяро хориҷ намоед.
Ин тавсияҳо ба дастгоҳ, батарея, барқфизо ва дигар қисмҳои таҷҳизот як хел дахл доранд.
Истифодаи такрорӣ Ҳамеша маҳсулотҳои электронӣ, батареяҳо ва маводҳои
қоғазпечкунии истифодабурдаатонро ба нуқтаҳои ҷамъкунии дахлдор гардонда диҳед. Бо ин роҳ Шумо метавонед истифодаи беназорати партовро пешгирӣ ва ба истифодаи такрории маводҳо мусоидат кунед. Баърои гирифтани маълумот оиди муҳити истифодабарии маҳсулот ва чӣ тавр аз нав истифода кардани маҳсулоти Nokia-и худ, ба www.nokia.com/ werecycle ё nokia.mobi/werecycle нигоҳ кунед.
Page 33
Рамзи қуттии ғилдиракдори хатзада дар маҳсулот, батарея, адабиёт ё қуттии маҳсулоти шумо онро хотиррасон мекунад, ки ҳамаи маҳсулотҳои барқӣ, электронӣ, батареяҳо ва қуттиҳои бо барқ таъминкунанда (акумуляторҳо) дар хотимаи фаъолияти худ бояд ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда шаванд. Талаботи мазкур дар Иттиҳоди Аврупо амал мекунад. Ин маҳсулотро ба монанди партови ҷудонакардаи коммуналӣ нобуд насозед. Барои маълумоти иловагӣ оид ба муҳит ба Эъломияи маҳсулот оид ба муҳит дар www.nokia.com/environment нигоҳ кунед.
Маълумоти иловагӣ оиди бехатарӣ Қисми берунаи дастгоҳи мазкур дорои моддаи никел намебошад.
Хурдсолон Дастгоҳи шумо ва қисмҳои иловагии он бозича намебошанд. Онҳо қимсҳои хеле майда дошта метавонанд. Сарпӯшро аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ
доред.
Муҳити фаъолият Ин дастгоҳ ба талаботи РБ ҳангоми дар ҳолати муқаррарӣ истифода бурдан дар гӯш ё аз бадан
камтаринаш 2.2 сантиметр (7/8 дюйм) дуртар ҷойгир бошад, ҷавобгӯ мебошад. Ҳамаи ҷомадон, фишори камар ё нигоҳдоранда барои фаъолиятҳои бо бадан вобаста истифода бурда шавад, он ашёҳо набояд ҷузъҳои металлӣ дошта бошанд ва дастгоҳ аз бадан дар масофаи дар боло қайдшуда ҷойгир шавад.
Ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо ба шабака пайвасти босифатро талаб мекунад. То вақте ки ин гуна пайваст имконпазир мегардад, ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо метавонад таъхир карда шавад. Ба дастурҳои нигоҳ доштани масофа то хотима ёфтани таҳвил риоя кунед.
Баъзе қисмҳои дастгоҳ магнитӣ мебошанд. Имконпазир аст ки ашёҳои металлӣ ба дастгоҳ ҷалб карда шаванд. Кортҳои пардохт ва дигар захирагарҳои хотиравии магнитиро дар назди ин дастгоҳ ҷойгир накунед, чунки маълумотҳои дар онҳо ҳифзшуда тоза мешаванд.
Таҷҳизоти тиббӣ Фаъолияти таҷҳизотҳое, ки радиомавҷҳо мегузаронанд, ба мисли дастгоҳҳои бесим, метавонад ба вазифаи
таҷҳизоти тиббии сатҳи муҳофизаташ паст халал расонад. Барои муайян кардани кифоягии муҳофизати таҷҳизоти тиббӣ аз таъсири қувваи берунаи мавҷҳои РБ, метавонед ба мутахассиси тиб ё истеҳсолкунандаи таҷҳизоти тиббӣ муроҷиат намоед. Агар қонун ҳаминро

Маълумоти иловагӣ оиди бехатарӣ 33

талаб намояд, дастгоҳро хомӯш созед. Касалхонаҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии тиббӣ таҷҳизоти ба қувваи берунаи мавҷҳои РБ ҳассосро истифода бурданашон мумкин.
Дастгоҳи тиббии дар бадан ҷойгиркардашуда Истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда тавсия медиҳанд, ки дастгоҳи бесим бояд
дар масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда, монанди стимулятори дил ё кардиовертер дефибрилатори ба бадан ҷойгиркарда барои пешгирии халалрасонӣ ба таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир бошад. Ба ашхосе, ки ин гуна таҷҳизот доранд, тавсия дода мешавад:
Дастгоҳи бесимро ҳар вақт дар масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббӣ дур доранд.
Дастгоҳро дар бағалкиса нагиранд.
Дасгоҳро дар гӯши муқобил ба таҷҳизоти тиббӣ истифода баранд.
Агар халал ҳис карда шавад, дастгоҳи бесимро хомӯш кунанд.
Ба дастурҳои истеҳсолкунанда оиди истифодабарии дастгоҳи тиббии ба бадан ҷойгиркунанда риоя кунанд.
Агар шумо оид ба истифодабарии дастгоҳи бесим назди таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда савол дошта бошед, лутфан аз мутахассиси тиб маслиҳат пурсед.
Таҷҳизоти шунавоӣ Бархе аз тачҳизоти бесими рақамӣ ба бархе аз таҷҳизоти шунавоӣ халал мерасонанд.
Автомобилҳо Сигланҳои РБ ба системаҳои электронии номувофиқ ва
нокифоя муҳофизаткардашудаи автомобилҳо, аз қабили системаҳои электронии сӯзишворӣ, қулфнашавандаи боздории электронӣ, электронии назорати суръат ва муҳофизаткунандаи болишти пневматикӣ, таъсир мерасонанд. Барои маълумоти иловагӣ, ба истеҳсолкунандаи автомобили худ ё таҷҳизоти он муроҷиат кунед.
Танҳо кормандони соҳибихтисос бояд ба таҷҳизот хидмат расонанд ё худ таҷҳизотро дар автомобил насб кунанд. Насб ё хадамоти нодуруст метавонад хавфнок бошад ва кафолатро бекор созад. Фаъолияти мувофиқи тамоми таҷҳизотҳои бесими дар автомобил бударо мунтазам тафтиш кунед. Моддаҳои моеъи оташгиранда ё моддаҳои таркандаро дар як ҷо бо дастгоҳ ва қисмҳои ӯ нигоҳ надоред. Фаромӯш накунед, ки болиштҳои муҳофизаткунандаи пневматикӣ бо қувваи калон кушода мешаванд. Дастгоҳ ва қисмҳои иловагии дастгоҳи худро дар атрофи болишти муҳофизаткунандаи пневматикӣ ҷойгир накунед.
Page 34
34 Маълумоти иловагӣ оиди бехатарӣ
Пеш аз ба ҳавопаймо савор шудан, дастгоҳро хомӯш кунед. Истифодабарии таҷҳизоти гузарониши бесим ба идоракунии ҳавопаймо хатарнок буда, ғайриқонунӣ буда метавонад.
Муҳитҳои дорои эҳтимолияти таркиш Дар ҳамаи муҳити маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш дастгоҳро хомӯш кунед. Ба ҳамаи талабот риоя кунед.
Шарора пошидан дар ин маконҳо ба таркиш ё оташгирӣ оварда мерасонад ва ба захмӣ гардидан ё ҳалокшавӣ сабаб мешавад. Дар назди хидматрасони захиракунандаи сӯзишворӣ, монанди насоси газ, дастгоҳро хомӯш кунед. Дар атрофи нуқтаҳои захиракунандаи сӯзишворӣ, захираи сӯзишворӣ ва паҳнкунандаи сӯзишворӣ; корхонаҳои кимиёвӣ; ё дар ҷойҳои таркиш авҷгирифтаистода ба ҳамаи маҳдудиятҳо риоя кунед. Маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш, одатан, лекин на ҳамеша бо рамзи огоҳкунанда ишора карда шудаанд. Ин он ҷойҳоро дар бар мегирад, ки дар он ҷо аз шумо хомӯш кардани муҳаррики автомобил талаб карда мешавад, инчунин дар саҳни поёни киштӣ, маконҳои таҳвил ё захираи маводҳои кимиёвӣ ва маконҳое, ки ҳавояш маводҳои кимиёвӣ ё зарраҳо монанди зарраҳои гандум, чанг ва чанги металлӣ доранд. Бо истеҳсолкунандагони автомобилҳои истифодабарандаи гази моеъ (монанди пропан ва бутан) барои омӯхтани он, ки оё дастгоҳи мазкурро дар назди он автомобилҳо бехавф истифода бурдан мешавад ё не, маслиҳад кунед.
Зангҳои фавқулода Муҳим: Дастгоҳи бесими мазкур бо истифодаи мавҷи радио, шабакаҳои бесим, шабакаҳои кабелӣ, ва функсияҳои аз тарафи истифодабар барномарезишуда
фаъолият мекунанд. Агар дастгоҳи шумо зангҳои овозиро тавассути шабакаи интернетӣ (зангҳои интернетӣ) дастгирӣ кунад, зангҳои интернетӣ ва зангҳои телефониро фаъол созед. Агар ҳар ду хусусият фаъол бошад, дастгоҳ барои задани занги фавқулода бо воситаи шабакаи бесими телефонӣ ва провайдери зангзании интернетӣ метавонад кӯшиш кунад. Пайвастшавӣ дар ҳамаи ҳолат кафолат дода намешавад Шумо ҳеч вақт танҳо ба истифодабарии дастгоҳи бесим барои алоқаҳои муҳим, ба монанди занги фавқулодаи тиббӣ, такя накунед.
Барои задани занги фавқулода:
1 Агар дастгоҳ хомӯш бошад, фурӯзон кунед. Қувваи
мувофиқи мавҷро машварат кунед. Вобаста ба дастгоҳи худ, шумо бояд талабҳои зеринро ҳам ба анҷом расонед:
Агар дастгоҳи шумо SIM корт истифода барад, онро ба дастгоҳ ҷойгир кунед.
Маҳдудиятҳои баъзе зангҳоро, ки шумо фаъол сохтаед, бекор кунед.
Намуди дастгоҳро аз намуди Хомӯш ё Парвоз ба намуди фаъол иваз кунед.
2 Барои тоза кардани экран ва ба кор омода сохтани
дастгоҳ тугмачаи хотимаи онро, ҳар қадар ки лозим бошад, зер кунед.
3 Рақами фавқулодаи расмии маҳаллиро ба дастгоҳ
дохил кунед. Рақами фавқулода барои ҳар минтақа гуногун мебошад.
4 Тугмаи зангро пахш кунед.
Ҳангоми задани занги фавқулода, ҳамаи маълумотҳои заруриро бо дақиқии ҳарчи бештар диҳед. Дар ҷойи садама дастгоҳи Шумо метавонад ягона воситаи алоқа бошад. Ба занг бе рухсат хотима надиҳед.
Маълумот оид ба сертификатсия (SAR) Дастгоҳи мазкур бо талабот оид ба таъсири мавҷҳои радио ҷавобгӯ мебошад.
Дастгоҳи Шумо мавҷҳои радиоиро қабул мекунад ва мефиристад. Дастгоҳи мазкур барои аз меъёр зиёд нагузаштани андозаҳои таъсир аз мавҷҳои радио, ки бо талаботи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, истеҳсол карда шудааст. Ин дастурҳо аз тарафи ташкилоти илмии мустақили ICNIRP пешниҳод шудаанд ва хати бехавфиро, ки ҷиҳати бехатарии ҳамаи ашхос, новобаста аз синну сол ва вазъи саломатӣ ба нақша гирифтааст, дар бар мегирад.
Дастуроти таъсир ба мавҷҳои радиои дастгоҳи бесим, ченкунакеро дорост, ки Қабули Дараҷаи Махсус ном дорад (ҚДМ). Сарҳади ҚДМ, ки дар ICNIRP номбар шудааст, 2.0 ватт/килограмм (Вт/кг) барои беш аз 10 грамм матоъ аст. Санҷишҳо барои ҚДМ бо истифодабарии хусусиятҳои фаъолияти стандартӣ бо гузаронидани мавҷи дастгоҳ дар дараҷаи баландарини қувваи барқаш дар ҳамаи басомадҳои тафтиш кардашуда, гузаронида мешавад. Дараҷаи аслии ҚДМ дар дастгоҳ аз дараҷаи баландарин паст шуда метавонад, чунки ин дастгоҳ барои истифодабарии барқ танҳо ба пайвастшавӣ ба шабака таъин шудааст. Миқдори онҳо аз як чанд омилҳо вобаста мебошад, масалан то ба кадом андоза шумо ба истгоҳи шабакавии асосӣ наздик мебошед, тағйир меёбад.
Баландтарин дараҷаи КДМ дар дастури ICNIRP барои истифода бурдани дастгоҳи мазкур дар наздикии гӯш
0.96 Вт/кг мебошад.
Истифодабарии қисмҳои дастгоҳ боиси дараҷахои гуногуни КДМ шуда метавонад. Дараҷаҳои КДМ аз талаботи маҳаллии санҷиш ва гузоришдиҳӣ вобаста буда, инчунин басомади шабака фарқ мекунанд. Маълумоти иловагии КДМ-ро таҳти маълумоти маҳсулот дар www.nokia.com дастрас намудан мумкин аст.
Page 35
Индекс 35

Индекс

Рамзҳо/Рақамҳо
PIN 10 SIM - корт 9 қисмҳо 7 қисмҳои иловагӣ 22 қулфи клавиатура 8 ҳолати рақам 12 ҳолати хомӯшӣ 9
А
амнияти клавиатура 8
Б
барномаҳо 27 батарея — барқкунонӣ 5 бозиҳо 27 браузер 29
В
веб 29 вуруди анъанавии матн 13 вуруди пешгӯии матн 13
З
зангҳо 11
И
интернет 29 Иттилооти дастгирии Nokia 11
К
калиди вурудшавӣ 10 китоби қайдгири занг 18 конфигуратсия 22 Корти SIM 5
М
манбаъи дастгирӣ 11 маҷмӯи гӯшмонак 6 менюи оператор 23 миёнабурҳо 19
модулҳои матн 12
Н
навиштани матн 12 намудҳо 19
О
оҳангҳо 19
П
паёми электронӣ 15 паёмнависӣ — паёмҳои аудиоӣ 16 паёмнависии фаврӣ 17 паёмҳои аудиоӣ 16 паёмҳои флешдор 16 ПФ 17
Р
рамзи амниятӣ 10 рамзҳои вурудшавӣ 10 рақамзании тез 12 рақами маркази паём 14
С
сабткунандаи овоз 26
Т
танзимот 19 — завод 23 — конфигуратсия 22 — оҳангҳо 19 — телефон 21 танзимотҳо — вақт 19 — сана 19 — экран 19 ташкилгар 28 тугмаҳо 7
Э
экран 19
Page 36
36
ЭЪЛОМИЯИ МУВОФИҚАТ
Ширкати NOKIA эълон мекунад, ки ин маҳсулоти RM-519 ба талабҳои асосӣ ва дигар қавоиди мувофиқи Дастури Иттиҳодияи Аврупо нашри 1999/5/EC ҷавобгў мебошад. Нусхаи Баёноти Мувофиқатро аз http:// www.nokia.com/phones/declaration_of_conformity/ дастрас карда метавонед.
© 2009 Nokia. Ҳама ҳуқуқҳо муҳофизат шудаанд.
Nokia, Nokia Connecting People ва Navi нишонҳои молӣ ё нишонҳои молии ба қайд гирифташудаи Nokia Corporation мебошанд. Nokia tune нишони молии садогии Nokia Corporation мебошад. Дигар маҳсулот ва номҳои ширкатҳои дар ин ҷо қайдшуда нишонҳои молӣ ва номҳои тиҷоратии соҳибонашон буда метавонанд.
Нусхбардорӣ, интиқол, интишор ва нигоҳдории қисме ё ҳамаи мундариҷаҳои ин ҳуҷҷат дар кадом шакле, ки набошад бе иҷозати пешакии хаттии Nokia манъ карда шудааст. Nokia сиёсати рушди бардавомро пеш мебарад. Nokia ҳуқуқ дорад, ки бе огоҳии пешакӣ ба маҳсулоти дар ин санад номбаршуда тағийроту такмилот ворид намояд.
Includes RSA BSAFE cryptographic or security protocol software from RSA Security.
Java and all Java-based marks are trademarks or registered trademarks of Sun Microsystems, Inc.
Ба ин маҳсулот мутобиқи Visual Patent Portfolio License MPEG-4 (i) барои истифодабарии шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ вобаста ба маълумоти мувофиқи стандарти Муоинавии MPEG-4 барои харидоре, ки фаъолияти шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ дорад ва (ii) дар мавриди истифодаи видеои MPEG-4, ки аз тарафи таъминкунандаи маҳсулоти видеоии дорои литсензия пешниҳод шудааст, иҷозатнома дода шудааст. Барои истифода бо дигар мақсад ҳеч гуна иҷозатнома дода намешавад ва дар назар ҳам дошта намешавад. Маълумоти иловагиро оид ба истифодаи пешкашнамоӣ, дохилӣ ва тиҷоратӣ аз MPEG LA, LLC ба даст овардан мумкин аст. Ба http://www.mpegla.com нигаред
БА ДАРАҶАИ ҲАДДАЛИМКОНЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА ИҶОЗАТ МЕДИҲАД, NOKIA ВА ЯГОН ЛИТСЕНЗИЯДОРОНИ ОН БА ҲЕЧ ВАҶҲ БАРОИ АЗ БАЙН РАФТАНИ ҲАРГУНА МАЪЛУМОТ Ё ДАРОМАД, Ё ХУД ХИСОРОТИ БАРҚАСД, ТАСОДУФӢ, МУРАТТАБ ВА БАВОСИТА МАСЪУЛ НАМЕБОШАД.
МУНДАРИҶАИ ИН САНАД БА ТАРИҚИ "ТАВРЕ, КИ ҲАСТ " ДОДА ШУДААНД. БА ҶУЗ ДАР ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА ТАЛАБ МЕКУНАД, ЯГОН НАМУДИ КАФОЛАТИ ХОҲ ИФОДАШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА, АЗ ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО КАФОЛАТҲОИ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА ОИДИ ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШРАВӢ ВА МУТОБИҚАТ БА ЯГОН МАҚСАДИ МУШАХХАС, ВОБАСТА БА АНИҚӢ, БОЭЪТИМОДӢ ВА МУНДАРИҶАИ ИН САНАД ДОДА НАМЕШАВАД. NOKIA ҲУҚУҚИ АЗ НАВ ДИДА БАРОМАДАНИ САНАДИ МАЗКУРРО ДОРАД ВА МЕТАВОНАД ОНРО БЕ ОГОҲИИ ПЕШАКӢ БЕКОР СОЗАД. Мавҷуд будани намудҳои алоҳидаи маҳсулот ва мавриди истифодаи ин маҳсулот дар минтақаҳои гуногун метавонанд фарқ кунанд. Барои гирифтани тафсилот ва мавҷудияти имконоти забонӣ, лутфан ба паҳнкунандаи Nokia муроҷиат намоед. Таҷҳизоти мазкур метавонад амвол, технологияҳо ва нармафзореро дар бар гирад, ки таҳти амали қонунҳои содиротии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар давлатҳо мебошанд. Тамоюл мухолифи қонун манъ аст.
Замимаҳои ягон тарафи сеюм, ки бо дастгоҳ пешниҳод шудаанд, метавонанад ба шахсон ё хадамоти бо Nokia вобаста ё алоқаманд набуда офарида шуда бошанд. Nokia соҳиби ҳуқуқҳои муаллиф ва моликияти зеҳнии замимаҳои тарафи сеюм намебошад. Аз ҳамин сабаб, Nokia бо хотимаи истифодабарии дастгоҳ, барои коршоямӣ ё маълумоти дар коршоямӣ ва манбаҳои вуҷуддошта масъул нахоҳад буд. Nokia барои замимаҳои тарафи сеюм кафолат намедиҳад.
БО ИСТИФОДАИ ЗАМИМАҲО ШУМО ЭЪТИРОФ МЕКУНЕД, КИ ИН ЗАМИНАҲО "ТАВРЕ, КИ ҲАСТАНД, " ТО ҲАДДИ АКСАРИ АЗ ТАРАФИ ҚОНУНҲОИ МАРБУТА ИҶОЗАТБУДА БЕ ҲЕҶ ГУНА КАФОЛАТ (ХОҲ ИЗҲОРШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА) ПЕШНИҲОД ШУДААНД. ШУМО ИНЧУНИН ЭЪТИРОФ МЕНАМОЕД, КИ HA NOKIA ВА НА ЯГОН ШАРИКИ ОН ҲЕҶ ГУНА ЭЪЛОМИЯ Ё КАФОЛАТЕ (ХОҲ ИЗҲОРШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА БОШАД)АЗ ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО НОМ, ҚОБИЛИЯТИ БОЗОРГИРӢ, МУВОФИҚ БУДАН БА МАҚСАДҲОИ МУАЙЯН Ё ВАЙРОН НАКАРДАНИ ПАТЕНТИ ТАРАФҲОИ СЕЮМ НАДОДААСТ; ҲУКУҚҲОИ МУАЛЛИФ, РАМЗҲОИ САВДО Ё ДИГАР ҲУҚУҚҲОРО ВАЙРОН НАМЕКУНАД.
9216150/Масъала 1 TG
Loading...