Page 1
Дастури истифодабаранда Nokia X2–00
Масъала 1
Page 2
2 Мундариҷа
Мундариҷа
Бехатарӣ 4
Маълумоти умумӣ 5
Дар бораи дастгоҳи шумо 5
Хидматҳои шабака 5
Хотираи муштарак 6
Рамзҳои вурудшавӣ 6
Навсозиҳои барнома 7
Дастгирӣ 8
Оғози кор 9
Тугмаҳо ва қисмҳо 9
Батареяро гузоред 10
SIM кортро гузоред 10
Корти хотираро гузоред 10
Фаъол ё хомӯш созед 11
Батареяро бо барқ пур кунед 11
Дисплей 12
Экрани асосӣ 12
Қулфи клавиатура 13
Мавҷгири GSM 13
Чароғаки равшанкунанда 14
Лавозимотҳо 14
Зангҳо 15
Занг задан ва қабул кардан 15
Баландгӯяк 15
Миёнабурҳои рақамзанӣ 16
Навиштани матн 16
Ҳолатҳои вуруди матн 16
Вуруди анъанавии матн 16
Вуруди пешгӯии матн 17
Менюҳоро идора кунед 17
Мубодилаи паёмӣ 18
Паёмҳои матнӣ ва
мултимедиявӣ 18
Паёми Nokia Messaging 19
ПФ-и Nokia Messaging 20
Паёмҳои флешдор 20
паёмҳои аудиоии Nokia Xpress 21
Паёмҳои овозӣ 21
Танзимоти паёмҳо 21
Алоқаҳо 22
Ҳисобот 22
Мусиқӣ 23
Плеери медиа 23
Радиои FM 24
Камера ва видео 25
Суратҳо 25
Танзимот 26
Намудҳо 26
Оҳангҳо 27
Экран 27
Сана ва вақт 27
Миёнабурҳо 27
Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ 27
Пайвастшавӣ 28
Занг ва телефон 29
Қисмҳои иловагӣ 30
Насб 30
Барқарорсозии танзимоти завод 31
Барномаҳо 31
Соати зангдор 31
Силсилаи ҷузъиёт 31
Зиёдаҳо 31
Сабткунандаи овоз 32
Веб ё Интернет 32
Ба хадамоти интернетӣ пайваст
шавед 33
Ташриф ба Ovi 33
хадамоти SIM 33
Иттилооти аслӣ 34
Page 3
Сарфаи барқ 34
Истифодаи такрорӣ 34
Маълумот дар бораи маснуот ва
бехатарӣ 35
Индекс 41
Мундариҷа 3
Page 4
4 Бехатарӣ
Бехатарӣ
Ин дастурҳои соддаро хонед. Мувофиқи онҳо амал накардан метавонад хатарнок
ё ғайриқонунӣ бошад. Барои маълумоти иловагӣ дастури мукаммали
истифодабарандаро мутолиа кунед.
БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ ФАЪОЛ КАРДАН
Дар мавриде ки истифодаи телефони бесим манъ карда шудааст ва ё,
халал ё зарар расонда метавонад дастгоҳро фурӯзон нанамоед.
БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ
Ба ҳамаи қонунҳои маҳаллӣ риоя кунед. Ҳангоме ки автомобил
меронед, дастҳоятон бояд ҳамеша озод бошанд. Мақсади
аввалиндараҷаи шумо ҳангоми рондани автомобил, бояд таъмини
бехатарии ҳаракат бошад.
ХАЛАЛРАСОНӢ
Ҳама гуна таҷҳизоти бесим ба халалҳо таъсирпазир мебошанд, ки ин
ба кори тачҳизот таъсири бад расонда метавонад.
ДАР ҶОЕ, КИ ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲ МАНЪ ШУДААСТ ХОМӮШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дар ҳавопаймо, назди таҷҳизоти
тиббӣ, сӯзишворӣ, маводи кимиёвӣ ё худ минтақаи таркишҳо дастгоҳро
хомӯш доред.
ХИДМАТРАСОНИИ БОСАЛОҲИЯТ
Танҳо кормандони босалоҳият метавонанд ин дастгоҳро насб кунанду
таъмир намоянд.
ЗАМИМАҲО ВА БАТАРЕЯҲО
Танҳо замимаҳо ва батареяҳои тасвибшударо истифода баред.
Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
ОБНОГУЗАР
Дастгоҳи шумо обногузар нест. Дастгоҳро хушк нигоҳ доред.
Page 5
Маълумоти умумӣ 5
Маълумоти умумӣ
Дар бораи дастгоҳи шумо
Дастгоҳи бесими дар ин дастур тавсифшуда барои истифода дар шабакаҳои
EGSM 850, 900, 1800, 1900 МҲтс тасвиб карда шудааст. Оид ба маълумоти
иловагӣ дар бораи шабака бо расонандаи хадамот дар тамос шавед.
Дастгоҳи шумо метавонад дорои замимаҳо ва роҳҳои васли интернетӣ ба
саҳифаҳои интернетии тарафи сеюм бошад ва ба шумо ба он саҳифаҳои ашхоси
сеюм воридшавиро иҷозат диҳад. Ин саҳифаҳо бо Nokia алоқае надоранд ва
Nokia ягон масъулияте доир ба онҳо намебарад ва ба зиммаи худ намегирад.
Агар шумо ба ингуна саҳифаҳо ворид гаштанӣ бошед, барои мундариҷа ва
бехатарӣ чораҳои лозимиро бубинед.
Огоҳӣ
Барои истифодаи дилхоҳ хусусияти дастгоҳ, ғайр аз соати зангдор, телефон бояд
фаъол бошад. Ҳангоми имконияти халал расонида тавонистан ё хатарро ба
вуҷуд овардан дастгоҳи бесимро фурўзон накунед.
Ҳангоми истифодабарии ин дастгоҳ ба ҳама қонунҳо риоя кунед; одатҳои
маҳаллӣ, ҳуқуқи махфият ва ҳуқуқи қонунии дигаронро, аз ҷумла ҳуқуқи
муаллифиро эҳтиром намоед. Ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ метавонад нусхабардорӣ,
дигарсозӣ пешкашнамоӣ ва фиристодани баъзе тасвирҳо, мусиқа (аз он ҷумла
оҳангҳои занг) ва дигар мундариҷаҳоро мамнӯъ созад.
Нусхаҳои эҳтиётӣ созед ва ё ҳама маълумоти муҳими дар телефонатон
сабтшударо навишта гиред.
Пеш аз пайваст намудан ба дигар таҷҳизот, қоидаҳои бехатариро аз дастури
истифодабарӣ мутолиа кунед. Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл
накунед.
Тасвирҳои дар ин дастур буда, метавонанд аз намоиши дастгоҳи шумо фарқ
кунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба дастури истифодабаранда муроҷиат кунед.
Хидматҳои шабака
Барои истифодаи телефон, шумо бояд аз хизматрасони хизматрасонии бесим
истифода баред. Баъзе хусусиятҳо дар ҳамаи шабакаҳо дастрас нестанд; дигар
хусусиятҳо метавонанд барои истифода бурдани онҳо аз шумо бо хидматрасон
бастани шартномаи махсусро талаб кунанд. Хадамотҳои шабакавӣ интиқоли
маълумотро дар бар мегирад. Оид ба хаққи пардохт дар дохили шабака ва берун
аз он ба хадамоти хизматрасони муроҷиат кунед. Провайдери хидматрасони
шумо хароҷоти марбутаро фаҳмонда медиҳад. Баъзе шабакаҳо метавонанд
маҳдудиятҳо дошта бошанд, ки ба тарзи истифодабарии баъзе хусусиятҳои ин
дастгоҳ, ки дастгирии шабакаро ба монанди дастгирии технологияҳои махсуси
Page 6
6 Маълумоти умумӣ
монанди суръатҷаласаи WAP 2.0 (HTTP ва SSL)-и дар асоси суръатҷаласаи TCP/
IP фаъолияткунанда ва ҳуруфоти забонҳои алоҳида талаб мекунанд, таъсир
мерасонад.
Провайдери хидматрасони Шумо метавонад аз шумо хомӯш кардан ё ки фаъол
насохтани баъзе хусусиятҳои дастгоҳро талаб намояд. Дар ин ҳолат, ин
хусусиятҳо дар феҳрасти дастгоҳ нишон дода намешаванд. Дастгоҳи шумо
инчунин метавонад дорои ҷузъҳои мувофиқкардашудаи монанди номҳои меню,
тартиби меню ва тасвирчаҳо бошад.
Хотираи муштарак
Хусусиятҳои зерини ин дастгоҳ хотираи муштаракро истифода бурда метавонад:
паёмнависии мултимедиа (MMS), барномаи почтаи электронӣ, паёмнависии
фаврӣ. Истифодаи як ё якчанд аз ин хусусиятҳо дастрасии хотираро барои дигар
хусусиятҳо кам карда метавонанд. Агар дастгоҳи шумо оиди пур будани хотира
паёме намоиш кунад, баъзе иттилооти дар хотираи муштарак захирашударо нест
кунед.
Рамзҳои вурудшавӣ
Рамзи амниятӣ ба шумо имкон медиҳад, ки дастгоҳатонро аз истифодаи беиҷозат
муҳофизат намоед. Рамзи пешакӣ насбшуда 12345 аст. Шумо метавонед рамзро
созед ё тағир диҳед ва дастгоҳро тавре танзим кунед, ки рамзро дархост кунад.
Рамзро махфӣ ва дар ҷои амн, алоҳида аз дастгоҳ нигоҳ доред. Агар шумо
рамзро фаромӯш кунед ва дастгоҳи шумо баста шавад, дастгоҳи шумо ба
хидматрасонӣ ниёз хоҳад дошт. Метавонад пардохти иловагӣ талаб карда шавад
ва ҳама маълумоти шахсӣ дар дастгоҳи шумо метавонад нест карда шавад.
Барои маълумоти иловагӣ ба ягон Nokia Care ё дилери дастгоҳи худ муроҷиат
намоед.
Рамзи PIN, ки бо телефон дода мешавад, кортро аз истифодаи беиҷозат
муҳофизат мекунад. Рамзи PIN2, ки бо баъзе СИМ-кортҳо дода мешавад, барои
дастрасӣ ба баъзе хадамот лозим шуданаш мумкин аст. Агар шумо рамзи PIN ё
PIN2-ро се маротиба пайдарпай хато ворид кунед, аз шумо рамзи PUK ё PUK2
талаб карда мешавад. Агар шумо онҳоро надошта бошед, бо провайдери
хадамоти худ тамос гиред.
Барои дохилшавӣ ба иттлоот дар модули амниятии SIM - корти Шумо, модули PIN
дархост карда мешавад. Барои имзои рақамӣ имзокунии PIN метавонад дархост
карда шавад. Номи шаб барои манъкуни хангоми истифодаи хизматрасонии
манъкунии занг лозим мешавад.
Барои танзим додани телефони худ, ки телефон рамзҳои вурудшавӣ ва
амниятиро чи тавр истифода барад, Меню > Танзимотҳо > Амният-ро интихоб
кунед.
Page 7
Маълумоти умумӣ 7
Навсозиҳои барнома
Дар бораи нармафзори дастгоҳ ва навсозиҳои барнома
Бо навсозиҳои нармафзори дастгоҳ ва навсозиҳои барномаҳо, шумо метавонед
барои дастгоҳи уд хусусиятҳо ва вазифаҳои беҳтар гиред. Навсозии нармафзор
инчунин метавонад кори дастгоҳи шуморо беҳтар кунад.
Тавсия дода мешавад, ки шумо пеш аз навсозии нармафзори дастгоҳи худ нусхаи
эҳтиётии маълумоти шахсиатонро созед.
Огоҳӣ
Агар шумо навсозии нармафзорро насб кунед, дастгоҳро ҳатто барои зангҳои
фавқулода, то хотима ёфтани насбкунӣ ва аз нав фурӯзон шудани дастгоҳ
истифода бурда наметавонед. Пеш аз қабул кардани такмили нармафзор,
нусхаҳои маълумотро кӯчонед.
Зеркашӣ кардани навсозиҳои нармафзор метавонад гузаронидани маълумотҳои
ҳаҷман калонро дар бар гирад (хадамоти шабакавӣ).
Пеш аз оғози таҷдидкунӣ шумо бояд боварӣ ҳосил намоед, ки батареяи дастгоҳ
қувваи кифоя дорад ё барқкунандаро ба дастгоҳ васл намоед.
Пас аз насозӣ кардани нармафзори дастгоҳ ё барномаҳо, дастурҳо дар роҳнамои
корбар метавонанд дигар мувофиқат накунанд.
Навсозии нармафзори дастгоҳ ба воситаи компютер
Барои навсозӣ кардани нармафзори дастгоҳи худ шумо метавонед барномаи
Nokia Software Updater PC -ро истифода баред. Барои навсозҳ кардани
нармафзори дастгоҳатон ба шумо компютери мувофиқ, пайвастагии
баландсуръати интернет ва сими иттилоотии мувофиқи USB барои пайваст
кардани дастгоҳи шумо бо компютер лозиманд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва зеркашиибарномаи Nokia Software
Updater www.nokia.com/softwareupdate муроҷиат кунед.
Навсозиҳои нармафзор тавассути эфир
Провайдери хидматрасони шумо метавонад тавасссути эфир ба дастгоҳи шумо
мустақиман навсозиҳои нармафзорро ирсол намояд (хидмати шабака). Ин
имконият метавонад вобаста ба дастгоҳи шумо дастрас набошад.
Зеркашӣ кардани навсозиҳои нармафзор метавонад гузаронидани маълумотҳои
ҳаҷман калонро дар бар гирад (хадамоти шабакавӣ).
Пеш аз оғози таҷдидкунӣ шумо бояд боварӣ ҳосил намоед, ки батареяи дастгоҳ
қувваи кифоя дорад ё барқкунандаро ба дастгоҳ васл намоед.
Page 8
8 Маълумоти умумӣ
Огоҳӣ
Агар шумо навсозии барномаро насб кунед, дастгоҳро ҳатто барои зангҳои
фавқулода то хотима ёфтани насбкунӣ ва аз нав фаъол шудани дастгоҳ
истифода бурда наметавонед. Пеш аз қабул кардани такмили нармафзор,
нусхаҳои маълумотро кӯчонед.
Дархости навсозии нармафзор
1 Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо ва Телефон > Навсозии телефон.
2 Барои намоиши версияи ҳозираи нармафзор ва тафтиши зарурияти навсозӣ
Тафсил. барн. ҷорӣ-ро интихоб кунед.
3 Боргири. барн. тел. -ро интихоб кунед ва дастурҳоро иҷро намоед.
4 Агар насбкунӣ пас аз зеркашӣ бекор карда шуда бошад, барои оғози насбкунӣ
Сабти навсоз. барн.-ро интихоб кунед.
Навсозии нармафзор метавонад якчанд дақиқа давом кунад. Дар сурати ба
мушкилот дучор шудан бо провайдери хидматрасони худ дар тамос шавед.
Дастгирӣ
Ҳангоме ки шумо мехоҳед оиди чӣ гуна истифода бурдани дастгоҳи худ бештар
маълумот пайдо кунед ё оиди чӣ гуна кор кардани дастгоҳатон шубҳа дошта
бошед, ба www.nokia.com/support равед ё бо истифодаи дастгоҳи мобилӣ,
www.nokia.mobi/support.
Агар ин маъсалаи шуморо хал накунад, имконоти зеринро истифода баред:
• Дастгоҳро аз нав фаъол кунед: дастгоҳро хомӯш созед, ва батареяро гиред.
Баъд аз як дақиқа батареяро ба ҷои худ ҷойгир кунед ва дастгоҳро фурӯзон
кунед.
• Барқаросозии танзимоти аслии коргоҳ.
• Навсозии нармафзори дастгоҳи шумо.
Агар масъала ҳал карда нашуд, бо Nokia оиди таъми тамос гиред. Равед ба
www.nokia.com/repair. Пеш аз додани телефон ба устод, ҳамаи маълумоти
телефонро захира кунед.
Page 9
Оғози кор
Тугмаҳо ва қисмҳо
1
2 Тугмачаҳои интихоб
3 Тугмачаи Navi™ (тугмачаи паймоишкунӣ)
4 Тугмаи тамос
5 Клавиатура
6 Тугмаи фаъол/хомӯш
7 Лавозимоти шунавоӣ
Дисплей
Оғози кор 9
8 Пайвасткунаки
9 Пайвасткунаки
10 Порти USB
11–13 Тугмаҳои мусиқӣ
14 Чароғаки камера
15 Баландгӯяк
16 Линза
17 Тугмаҳои
18 Ковокии корти
19 Тугмаи аксбардорӣ
гӯшмонак
пуркунандаи барқ
баландии овоз
хотира
Page 10
10 Оғози кор
Батареяро гузоред
1 Сарпӯши қафоро гиред.
2 Контактҳои батареяро ҷобаҷо кунед ва батареяро гузоред.
3 Сарпӯши қафоро ба ҷояш гузоред.
SIM кортро гузоред
Корти SIM ва алоқаҳои он аз харошидан ва каҷ кардан ба осонӣ аз кор мебароянд.
Аз ин рӯ, кортро бо эҳтиётӣ истифода баред, дохил ва хориҷ кунед.
1 Сарпӯши қафо ва батареяро гиред.
2 Дорандаи SIM кортро кушоед.
3 Корти SIM-ро ба дорандаи корт бо тарафи контакташ ба зер гузоред.
4 Дорандаи кортро маҳкам кунед.
5 Батарея ва сарпӯши қафоро ба ҷояш гузоред.
Корти хотираро гузоред
Page 11
Оғози кор 11
Танхо механизмхои мувофик Кортҳои microSD-и аз чониби ширкати Nokia барои
истифода бо тачхизоти мазкур тасдикшударо истифода баред. Ширкати Nokia
барои кортхои хотира стандартхои дар сохаи саноат тасдикшударо истифода
мебарад, лекин баъзе тамгахо ба ин тачхизот пурра мувофик наомаданашон
мумкин. Кортхои номувофик корт ва тачхизотро вайрон ва маълумоти дар корт
бударо кур карданашон мумкин.
Телефони шумо кортҳои microSD-ро, ки дорои ғунҷоиши то 16 ГБ мебошанд,
дастгирӣ мекунад. Андозаи як файл набояд аз 2 ГБ зиёдтар бошад.
1 Сарпқши ковокии корти хотираро кушоед.
2 Сарпӯшро ба паҳлӯ кашед.
3 Корти хотираро ба ковокӣ бо тарафи контакташ ба зер гузоред.
4 Сарпӯши ковокии корти хотираро кушоед.
Фаъол ё хомӯш созед
Тугмаи фаъоли телефонро дошта истед.
Батареяро бо барқ пур кунед
Батареяи шумо ҳангоми истеҳсол бо барқ нимпур карда шудааст. Агар дастгоҳ
кам будани барқро нишон дода истода бошад, амалҳои зеринро иҷро кунед:
1 Пуркунандаи барқро ба васлаки деворӣ пайваст намоед.
2 Пуркунандаи барқро ба дастгоҳ пайваст намоед.
Page 12
12 Оғози кор
3 Вақте ки батарея пур карда шуд, аввал пуркунандаи барқро аз дастгоҳ ва
баъд аз васлаки деворӣ ҷудо созед.
Ба шумо зарур нест батареяро то мӯҳлати муаян бо барқ пур кунед ва шумо
метавонед онро ҳангоми барқгирӣ истифода баред. Агар барқи батарея пурра
холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё
задани занг, метавонад якчанд дақиқа гузарад.
Дисплей
1 Қувваи мавҷи шабакаи селлуларӣ
2 Ҳолати барқи батарея
3 Нишондиҳандаҳо
4 Номи шабака ё тамғаи оператор
5 Соат
6 Сана (агар ҳолати экрани хонагӣ ғайрифаъол карда шуда бошад)
7 Дисплей
8 Вазифаи тугмачаи чапи интихобӣ
9 Вазифаи тугмачаи паймоишкунӣ
10 Вазифаи тугмачаи рости интихобӣ
Шумо метавонед вазифаҳои тугмачаҳои интихобии чап ва ростро тағйир диҳед.
Нигоҳ кунед "Миёнабурҳо" саҳ.27.
Экрани асосӣ
Дар экрани асосӣ, шумо метавонед барои барномаҳои дӯстдоштаи худ
миёнабурҳо созед.
Меню > Танзимотҳо ва Дисплей > Экрани асосӣ-ро интихоб кунед.
Фаъол сохтани экрани асосӣ
Интихоб кунед Ҳолати экр. асосӣ > Фаъол.
Page 13
Оғози кор 13
Ташкил ва шахсӣ кардани экрани аосӣ
Интихоб кунед Намоиши шахсӣ .
Тугмаеро, ки барои фаъол сохтани экрани асосӣ истифода мешавад, интихоб
кунед
Интихоб кунед Тугмаи экр. асосӣ .
Паймоиш дар экрани хонагӣ
Барои паймоиш дар рӯйхат, ба боло ва поён ҳракат намуда, Интихоб , Дидан ё
Таҳрир-ро интихоб кунед. Найзачаҳо нишон медиҳанд, ки иттилооти иловагӣ
дастрас мебошад.
Қатъи паймоиш
Интихоб кунед Баромад .
Қулфи клавиатура
Барои канорагирӣ кардан аз пахши тасодуфии тугмаҳо, Меню -ро интихоб кунед
ва * -ро дар тӯли 3 -5 сония барои бастани клавиатура пахш намоед.
Барои кушодани клавиатура, Қулфкш -ро интихоб кунед, ва * -ро дар тӯли 1 - 5
сония пахш намоед. Агар амнияти клавиатура фаъол бошад, рамзи амниятӣ дар
ҳоли дархост ворид кунед.
Барои танзими клавиатура ба бастани худкор пас аз фосилаи муайяни вақт, ки
дастгоҳ истифода намешавад Меню > Танзимотҳо > Телефон > Калд. амнт.
худкор > Фаъол-ро интихоб кунед.
Барои ҷавоб додан ба занг вақте, ки қулфи клавиатура баста аст, тугмаи тамосро
пахш намоед. Вақте ки шумо зангро хотима диҳед ё зангро рад кунед, қулфи
клавиатура ба тариқи худкор баста мешавад.
Ҳангоме ки дастгоҳ ё сафҳаи калидҳо дар ҳолати баста аст, зангзанӣ ба рақами
фавқулодаи расмӣ, ки дар дастгоҳ барномарезӣ шудааст метавонад имконпазир
бошад.
Мавҷгири GSM
Page 14
14 Оғози кор
Дастгоҳи шумо метавонад дорои мавҷгирҳои дохилӣ ва беруна бошад. Вақте ки
мавҷгир мавҷ мефиристонад ё қабул мекунад, бе зарурат ба мавҷгир даст
нарасонед. Тамос бо мавҷгирҳо ба сифати алоқа таъсир карда, сабаби аз меъёри
зарурӣ зиёд истифода шудани барқ мегардад ва метавонад мӯҳлати хизмати
батареяро кӯтоҳ кунад.
Расм ҷои мавҷгири GSM-ро бо ранги хокистарӣ нишон медиҳад.
Чароғаки равшанкунанда
Ба сифати чароғаки равшанкунанда метавонад чароғаки камера истифода
шавад. Баои фурӯзон ё хомӯш кардани чароғаки равшанкунанда дар экрани
асосӣ *-ро пахш карда нигоҳ доред.
Чароғаки равшанкунандаро ба чашми ягон кас равона накунед.
Лавозимотҳо
Пайваст кардани сими USB
Сарпӯши пайвасткунаки USB-ро кушоед ва кабкли USB-ро ба дастгоҳ пайваст
кунед.
Гӯшмонакро пайваст кунед
Огоҳӣ
Вақте ки Шумо гӯшмонакро истифода мебаред, имкони Шумо барои шунидани
овозҳои беруна метавонад халалдор гардад. Дар ҷойе, ки бехатарии Шумо дар
зери таҳдид аст гўшмонакро истифода набаред.
Ҳангоми васл кардани ягон замимаи беруна ё гӯшмонак ба васлкунаки Nokia AV,
ки бо Nokia маъқул дониста нашудааст, ба дараҷаи овоз махсус эътибор диҳед.
Page 15
Зангҳо 15
Маҳсулоте ки сигналҳои баромадро ба вуҷуд меоранд, ба дастгоҳ васл накунед.
Ин метавонад ба дастгоҳ хисорот расонад. Ягон замимаи барқдорро ба
васлкунаки Nokia AV пайваст накунед.
Тасмаро пайваст кунед
Зангҳо
Занг задан ва қабул кардан
Занг занед
Барои задани занг рақами телефон ва агар лозим бошад рамзи минтақа ва
мамлакатро ворид кунед, ва тугмаи зангро зер кунед.
Занги даромадро ҷавоб диҳед
Тугмаи зангро пахш кунед.
Зангро рад кунед
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Баландии овозро танзим кунед
Ҳангоми зангзанӣ, тугмаҳои баландии овозро истифода баред.
Баландгӯяк
Агар мавҷуд бошад, метавонед Бал-гӯяк ё Телефон -ро интихоб намоед, то ки
баландгӯяк ё гӯшмонаки дастгоҳро ҳангоми ягон зангзанӣ истфода баред.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Page 16
16 Навиштани матн
Миёнабурҳои рақамзанӣ
Рақами телефонро ба ягон рақами тугма таъин кунед
Меню > Алоқаҳо > Иловагӣ > Рақм-знҳои тез-ро интихоб кунед, ба рақами
дилхоҳ (2-9) ҳаракат кунед ва Таъин -ро интихоб кунед. Рақами телефонии
дилхоҳро ворид кунед, ё Ҷустучӯ ва тамоси захирашударо интихоб кунед.
Рақамзании тезро фаъол созед
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Зангзанӣ > Рақамзании тез > Фаъол.
Ба воситаи рақамзании тез занг занед
Дар экрани хонагӣ тугмаи рақами дилхоҳро дошта истед.
Навиштани матн
Ҳолатҳои вуруди матн
Барои ворид кардани матн, масалан, вақти навиштани паёмҳо, Шумо метавонед
аз тарзи вуруди анъанавӣ
, , ва андозаи ҳарфҳоро нишон медиҳанд. ҳолати рақамиро нишон
медиҳад.
Ивази ҳолатҳои вуруди матн
Имконот-ро интихоб карда, нигоҳ доред. На ҳамаи забонҳо бо вуруди пешгӯии
матн дастгир карда мешаванд.
Ивази андозаи ҳарфҳо
Зер кунед #.
Гузариш аз ҳоалти ҳарфӣ ба рақамӣ
#-ро пахш карда нигоҳ доред.
Забони тнавиштро таъин кунед
Интихоб кунед Имконот > Иловагӣ > Забони навишт.
ё пешгӯии матн истифода баред.
Вуруди анъанавии матн
Навиштани калима
Калиди рақамиро, аз 2 то 9, то намоиш шудани аломат ё ҳарфи дархостшуда
такроран пахш кунед. Аломатҳои дастрас ба забони интихобшудаи навистӣ
вобаста аст. Агар ҳуруфи навбатӣ, ки Шумо дархост мекунед дар калиди
истифодашудаистода ҷой гирифта бошад, то падидор шудани курсор интизор
шавед ва ҳарфро дохил кунед.
Page 17
Менюҳоро идора кунед 17
Вуруди аломатҳои асосии пунктуатсия
1 мукарраран пахш кунед.
Вуруди аломтҳои махсус
*-ро пахш кунед ва аз рӯйхат аломатеро интихоб кунед.
Вуруди фосила
0-ро пахш кунед.
Вуруди пешгӯии матн
Вуруди пешгӯии матн дар асоси луғати дохилӣ, ки ба он Шумо метавонед
калимаҳои нав ворид кунед, қарор ёфтааст.
Навиштани калима
Тугмачаҳои рақамии 2-9-ро пахш кунед. Барои як ҳарф тугмачаро танҳо як
маротиба пахш кунед.
Тасдиқи калима
Барои ворид кардани фосила, ба рост ҳаракат кунед, 0-ро пахш кунед.
Калимаи дурустро интихоб кунед
Агар калима нодуруст бошад, * -ро бардавом пахш кунед ва калимаро аз рӯйхат
интихоб кунед.
Калимаеро ба луғат илова кунед
Агар пас аз калима аломати "?" нишон дода шавад, калимае, ки Шумо навистанӣ
ҳастед, дар луғат мавҷуд нест. Барои ба луғат илова кардани калима, Имло - ро
интихоб кунед. Калимаро бо истифодаи вуруди анъанавии матн дохил кунед ва
Захира - ро интихоб кунед.
Навиштани калимаи таркибӣ
Қисми аввали калимаро нависед ва барои тасдиқи он ба рост ҳаракат кунед.
Қисми охирини калимаро нависед ва дубора тасдиқ кунед.
Менюҳоро идора кунед
Вазифаҳои телефон дар менюҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. На ҳамаи вазифаҳои
меню ё имконоти ҷузъҳо дар ин ҷо тавсиф карда шудаанд.
Дар экрани хонагӣ, Меню ва меню ё зерменюи дилхоҳро интихоб кунед.
Хуруҷ аз зинаи ҷории меню
Баромад ё Қафо интихоб кунед.
Page 18
18 Мубодилаи паёмӣ
Бозгашт ба экрани хонагӣ
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Тағири намуди меню
Интихоб кунед Меню > Имконот > Намоиши меню.
Мубодилаи паёмӣ
Шумо метавонед паёмҳои матнӣ, мултимедиявӣ, аудиоӣ ва флэшро ирсол ва
қабул намоед. Инчунин шумо метавонед почтаи худро идора кунед. Хадамоти
мубодилаи паёмӣ танҳо дар ҳолате, ки агар шабака ва провайдери хизматрасони
Шумо дастгирӣ намояд, истифода бурда мешавад.
Паёмҳои матнӣ ва мултимедиявӣ
Шумо метавонед паёмро эҷод кунед ва ихтиёрӣ, масалан, тасвирро замима
кунед. Ҳангоме, ки файл замима мешавад, телефони Шумо паёми матниро ба
паёми мултимедиявӣ худкор тағйир медиҳад.
Паёмҳои матнӣ
Дастгоҳи шумо ба фиристодани як паёми хаттии андозааш аз маҳдудияти
шумораи ҳарфҳо барои як паём бузургтар қодир аст. Паёмҳои дароз ҳамчун ду
ё зиёда паёмҳо фиристода мешаванд. Провайдери хидматрасони шумо
метавонад мувофиқан пардохти зиёдтарро талаб кунад. Ҳарфҳое, ки дар
таркибашон апостроф, дигар аломатҳо доранд ё баъзе забонҳои дигар ҷойи
бештарро банд мекунанд ва миқдори ҳуруфоти дар як паём
фиристодашавандаро кам мекунанд.
Шумораи умумии ҳарфҳои боқимонда ва шумораи паёмҳои фиристодашаванда
нишон дода мешавад.
Барои фиристодани паёмҳо, дар дастгоҳи шумо бояд рақами дурусти маркази
паёмҳо захира шуда бошад. Одатан, ин рақам пешакӣ тавассути СИМ-корти
шумо муқаррар карда мешавад.
Барои дастӣ гузоштани рақам, амалҳои зеринро иҷро намоед:
1 Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Танзимот. паём > Паёмҳои
матнӣ > Маркази паёмҳо.
2 Ном ва рақами аз тарафи провайдери хидматрасон додашударо ворид
намоед.
Паёмҳои мултимедиавӣ
Паёми мултимедивӣ метавонад дорои матн, тасвирҳо, клипҳои оҳангӣ ва видеоӣ
бошад.
Page 19
Мубодилаи паёмӣ 19
Фақат дастгоҳҳои хусусиятҳои мувофиқдошта, паёмҳои мултимедиявиро қабул
мекунанд ва нишон дода метавонанд. Намуди зоҳирии паём, вобаста аз дастгоҳи
қабулкунандаи ин паём, гуногун буда метавонад.
Шабакаи дастгоҳии бесим метавонад андозаи паёми MMS-po маҳдуд намояд.
Агар тасвири воридшуда аз ин андоза бузургтар бошад, дастгоҳ метавонад онро
хурдтар кунад, то фиристоданаш бо MMS имконпазир гардад.
Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои
нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо
зарар расонанд.
Барои гирифтани маълумот оиди дастрас будан ва обунашавӣ ба хадамоти
паёмнависии мултимедиявӣ (MMS), бо провайдери хидматрасони худ дар тамос
шавед.
Паём эҷод кунед
1 Меню > Паёмнависӣ > Эҷоди паём-ро интихоб кунед.
2 Паёми худро нависед.
Барои ворид кардани аломати махсус ё табассумча Имконот > Вориди
аломат-ро интихоб кунед.
Барои замима кардани объект ба паём Имконот > Вориди ҷузъ-ро интихоб
кунед. Намуди паём ба таври худкор ба паёми мултимедиа табдил меёбад.
3 Барои иловаи қабулкунанда Ирсол ба ва қабулкунандаро -ро интихоб кунед.
Барои дастӣ ворид кардани рақами телефон ё суроғаи почта Рақам ё почт.
эл.-ро интихоб кунед. Рақами телефонро ворид кунедё Почт. эл. --ро интихоб
карда сурогаи почтаро ворид кунед.
4 Интихоб кунед Ирсол .
Паёмҳои мултимедиа бо нишонае дар қисми болои экран нишон дода мешаванд.
Провайдерҳои хидматрасон метавонанд вобаста ба намуди паём андозаи
гуногуни пардохтро талаб кунанд. Барои тафсилот, бо провайдери хидматрасон
дар тамос шавед.
Паёми Nokia Messaging
Барои хондан, навиштан ва фиристодани паёмҳо, ба ҳисобҳои почтаи худ аз
провайдерҳои гуногун ворид шавед.
Насби ҳисоби почта
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ > Почта.
Агар шумо ҳоло ягон ҳисоби почта надошта бошед, шумо метавонед ҳисоби Nokia
эҷод кунед, ки шомили хидмати Ovi Mail бошад.
1 Интихоб кунед Қайд дар почтаи Ovi .
Page 20
20 Мубодилаи паёмӣ
2 Дастурҳоро иҷро намоед.
Хондан ё ирсоли почта
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ > Почта.
Хондани почта
Ягон почта ва Оиди -ро интихоб кунед.
Паёмҳои дорои замимаҳо, масалан тасвирҳо, бо нишонаи часпак ишора карда
мешаванд. Баъзе замимаҳо метавонанд бо дастгоҳи шумо мувофиқат накунанд
ва натавонанд дар дастгоҳи шумо нишон дода шаванд.
Намоиши замимаҳо
Ягон замима Намоиш -ро интихоб кунед.
Навиштани паём
Интихоб кунед Имконот > Эҷоди паёми нав.
Файлро ба паём замима кунед
Интихоб кунед Имконот > Замима.
Ирсоли паём
Интихоб кунед Оиди .
Пӯшидани барномаи Почта
Интихоб кунед Хуруҷ .
ПФ-и Nokia Messaging
Бо паёмнависии фаврӣ (ПФ) шумо метавонед бо дигар корбарони дар шабака
буда тавассути дастгоҳи худ сӯҳбат намоед. Шумо метавонед барои ягон ҷамо аи
ПФ, ки онро дастгоҳи шумо дастгирӣ мекунад, ҳисоби мавҷудаеро истифода
баред. Агар шумо дар ягон хидмати ПФ қайд нашуда бошед, шумо метавонед
барои ягон хидмати дастгиришавандаи ПФ бо истифода аз компютер ё дастгоҳи
ху д ҳисо бе эҷ од кун ед. М енюҳо воба ста ба хидм ати ПФ мета вона нд фарқ кунанд.
Барои пайвастшавӣ ба хадамот, Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Чат -ро
интихоб кунед ва дастурҳоро иҷро намоед.
Паёмҳои флешдор
Паёмҳои флешдор паёмҳои матнӣ мебошанд, ки ҳангоми қабул онҳо фавран
намоиш мешаванд.
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ.
1 Интихоб кунед Иловагӣ > Паёмҳои дигар > Паёми флэшдор.
Page 21
Мубодилаи паёмӣ 21
2 Паёми худро нависед.
3 Мухотиб ва Ирсол ба -ро интихоб кунед.
паёмҳои аудиоии Nokia Xpress
MMS-ро ба таври мувофиқ истифода бурда паёми аудиоиро эҷод ва ирсол
намоед.
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ.
1 Интихоб кунед Иловагӣ > Паёмҳои дигар > Паёми аудиоӣ. Сабткунаки овоз
кушода мешавад.
2 Барои идораи сабткунӣ нишонаҳоро интихоб кунед.
— Паёми худро сабт кунед.
— Сабтро тавққуф диҳед,
— Сабтро қатъ созед.
3 Мухотиб ва Ирсол ба -ро интихоб кунед.
Паёмҳои овозӣ
Паёмдони овозӣ хадамоти шабакавӣ мебошад, ки ба он Шумо бояд обуна шавед.
Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Ба паёмдони овозии худ занг занед
Пахш кунед ва нигоҳ доред 1.
Паёмдони овозии худро таҳрир кунед
Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Паёмҳои овозӣ ва Рақм. п-дони овозӣ-ро
интихоб кунед.
Танзимоти паёмҳо
Меню > Паёмнависӣ ва Иловагӣ > Танзимот. паём-ро интихоб кунед.
Яке аз имконоти зерин интихоб кунед:
Танзимоти умумӣ — Андозаи ҳарфро барои паёмҳо интихоб кунед ва
табассумчаҳои графикӣ ва ӣисоботӣои ирсолро фаъол созед.
Паёмҳои матнӣ — Барои паёмҳои матнӣ ва почтаи СМС марказҳои паёмӣ созед.
Паёмҳои мултимед. — Ҳисоботҳои ирсол ва қабули паёмҳои мултимедияв, ва
рекламаро иҷоза диҳед ва дигар гуна афзалиятҳоро барои паёмҳои
мултимедиявӣ танзим кунед.
Паёмҳои хадамот — Паёмҳои хадамотиро фаъол кардан ва насб кардани
афзалиятҳои бо паёмҳои хадамотӣ алоқаманд.
Page 22
22 Алоқаҳо
Алоқаҳо
Интихоб кунед Меню > Алоқаҳо.
Шумо метавонед номҳо ва рақамҳоро дар хотираи дастгоҳ ё SIM -корт ҳифз
намоед. Шумо метавонед алоқаҳоро бо рақамҳо ва матнҳо дар хотираи дастгоҳ
захира кунед. Номҳо ва рақамҳои дар SIM корт захирашуда ба воситаи
мешаванд.
Иловаи алоқа
Интихоб кунед Иловаи нав .
Тафсилоти алоқаро илова кунед
Санҷед. ки хотираи истифодашуда ҳамҷун Телефон ё Телефон ва SIM муайян
шудааст. Номҳо - ро интихоб кунед, ба ном ҳаракат кунед, ва Тафсил >
Имконот > Иловаи тафсилот - ро интихоб кунед.
Ҷустуҷӯи алоқа
Барои ҷустуҷӯи алоқа, Номҳо -ро интихоб кунед ва дар рӯйхати алоқаҳо ҳаракат
карда нигаред ё ҳарфҳои аввали номи алоқаро ворид кунед.
Алоқаро ба дигар хотира нусхабардорӣ кунед
Номҳо-ро интихоб кунед, ба алоқа ҳаракат кунед ва Имконот > Иловагӣ >
Нусхабардор. алоқа-ро интихоб кунед. Шумо метавонед барои ҳар як ном танҳо
як рақами телефониро дар SIM-корт захира кунед.
Захиракунии алоқаҳо, тарзи намоиши алоқаҳо ва бо алоқаҳо истифодакунии
ҳаҷми хотираро интихоб кунед
Интихоб кунед Иловагӣ > Танзимотҳо.
Варақаи боздидро ирсол кунед
Дар рӯйхати алоқаҳо ба алоқа ҳаракат намоед ва Имконот > Иловагӣ > Корти
корӣ-ро интихоб кунед. Шумо метавонед кортҳои тиҷоратиро аз дастгоҳҳое, ки
стандарти vCard-ро дастгирӣ мекунанд, қабул ва ирсол кунед.
муайян
Ҳисобот
Барои дидани маълумот оиди зангҳо, паёмҳо, маълумот ва ҳодисаҳои
ҳамоҳангсозии худ Меню > Журнал ва имконоти мувофиӯеро интихоб кунед.
Эзоҳ: Андозаи воқеии пардохт барои зангҳо ва хидматҳо аз тарафи провайдери
хидматрасон метавонад вобаста ба хусусиятҳои шабака, яклухткунии ҳаққи
хизмат, андозҳо ва монанди ин гуногун бошад.
Page 23
Мусиқӣ 23
Мусиқӣ
Плеери медиа
Барои гӯш кардани мусиқаҳо ва дигар файлҳои оҳангии MP3 ё AAC, дастгоҳи
шумо плеери медиаро дорост.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Интихоб кунед Меню > Мусиқӣ > Мусиқии ман > Ба пл. мед. равед.
Плеери мусиқиро тавассути тугмачаҳои плеери мусиқиӣ ё тугмачаҳои виртуалии
экран идора кунед.
Навозишро оғоз ё манъ кунед
Зер кунед
Ба саршавии суруди ҷорӣ гузаред
Зер кунед
Ба суруди қаблӣ гузаред
Дубора зер кунед
Ба суруди навбатӣ гузаред
Зер кунед
Суруди ҷориро тез пеш ё қафо кунед
ё -ро пахш карда нигоҳ доред.
Баландии овозро танзим кунед
Тугмаҳои баландии овозро истифода баред.
Плеери мусиқиро беовоз ё овоздор созед
Зер кунед #.
Плеери мусиқиро дар пасзамина истифода баред
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Плеери мусиқиро хориҷ кунед
Тугмаи қатъи зангро дошта истед.
.
.
.
.
Page 24
24 Мусиқӣ
Радиои FM
Дастгоҳи шумо Nokia XpressRadio-ро дастгирӣ мекунад, ки ба шумо имкон
медиҳад то тавассути мавҷгири дарунӣ пойгоҳҳои радиоро гӯш кунед.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Интихоб кунед Меню > Мусиқӣ > Радио.
Ҷустуҷӯи худкори пойгоҳҳои дастрас
Интихоб кунед Имконот > Ҷуст. ҳамаи мавҷҳо. Барои натиҷаҳои беҳтарин, берун
аз бино ё дар назди тирезае ҷустуҷӯ кунед.
Гузариши худкор ба басомади қабулаш беҳтар
Фаъол будани RDS-ро санҷед. Интихоб кунед Имконот > Танзимотҳо > RDS.
Интихоб кунед Басомади худкор .
Мавҷи радиоии навбатӣ дарёфт кунед
Тугмаи ҳаракат ба чап ё рост дошта истед.
Мавҷро захира кунед
Мавҷи радиоии дилхоҳро дарёфт кунед ва Имконот > Захираи мавҷ -ро интихоб
кунед.
Мавыщои захирашударо иваз кунед
Барои иваз кардани мавҷҳо ба боло ё поён ҳаракат кунед, ё рақами тугмаи
мувофиқи мавҷи захирашударо зер кунед.
Баландии овозро танзим кунед
Тугмаҳои баландии овозро истифода баред.
Тавассути гӯшмонак ё шлемофон гӯш кунед
Интихоб кунед Имконот > Иловагӣ > Навозиш бо.
Радиоро ба таври пасзамина истифода баред
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Радиоро хуруҷ кунед
Тугмаи қатъи зангро дошта истед.
Page 25
Камера ва видео 25
Камера ва видео
Дастгоҳи Шумо иҷозати забти тасвирии 2592x1944 пиксел - ро дастгирӣ мекунад.
Ҳолати камера
Кушодани камера
Дар экрани хонагӣ, тугмаи аксгириро пахш кунед ва нигоҳ доред.
Дуркунӣ ё наздиккунӣ
Ҳаракат ба боло ё поён
Аксгирии сурат
Тугмаи аксгириро зер кунед.
Ҳолати пешнамоиш ва вақтро насб кунед
Интихоб кунед Имконот > Танзимот > Вақти пешнм. тасв..
Барои фаъол кардани замонсанҷи худкор Имконот ва имкони дилхоӣро интихоб
куед.
Намуди видео
Кушодани видеокамера
Тугмаи аксгириро пахш карда нигоҳ доред ва ба рост ҳаракат кунед.
Клипи видеоиро сабт кунед
Тугмаи аксгириро зер кунед.
Намуди видео ё аксгириро интихоб кунед
Дар ҳолати аксгирӣ ё видео, ба чап ё рост ҳаракат кунед.
Суратҳо
Клипҳои видеоӣ ва тасвирҳоро ба воситаи барномаи Суратҳо тамошо кунед.
Меню > Суратҳо-ро интихоб кунед.
Аз имконоти зерин интихоб кунед:
Суратҳои ман — Намоиши тасвирҳо дар панҷараи тасовири пешнамоиш. Шумо
метавонед тасвирҳоро бо сана, ном ё андоза ҷудо кунед.
Давомнокӣ — Намоиши тасвирҳо бо тартиби санаи гирифташуда.
Page 26
26 Танзимот
Албомҳои ман — Тасвирҳоро ба албомҳо ҷудо созед. Шумо метавонед
албомҳоро эҷод, номиваз ва тоза кунед. Агар шумо албомеро тоза кунед,
тасвирҳои дар дохили ин албом буда аз хотира тоза намешаванд.
Эҳтимол шумо пеш аз корд шудан аксҳоро дидан, истифода бурдан ё таҳрир
кардан натавонед.
Тоб додани тасвир
Имконот > Ҳолати стандартӣ ё Ҳолати пайкарниг.-ро интихоб кунед.
Намоиши слайдҳо
Намоиши слайдҳо тасвирҳои ҷузвдон ё албоми интихобшударо истифода
мебарад.
1 Суратҳои ман , Давомнокӣ , ё Албомҳои ман -ро интихоб кунед.
2 Имконот > Намоиши слайдҳо-ро интихоб кунед.
3 Оғози намш. слайд -ро интихоб кунед.
Вироиши тасвирҳо
Шумо метавонед тасвирҳоро чарх занонед, чапа кунед, буред ва равшаниву
ранги онҳоро тағйир диҳед.
1 Тасвирро аз Суратҳои ман, Давомнокӣ, ё Албомҳои ман интихоб кунед.
2 Имконот > Таҳрири тасвир-ро интихоб кунед.
3 Ягон имконоти таҳрирро интихоб кунед ва барои тағир додани ягон танзимот
ё қиматҳо тугмаи ҳаракатро истифода баред.
Танзимот
Намудҳо
Интизори зангед, вале наметавонед ба дастгоҳатон иҷозати загзанӣ диҳед?
Телефони Шумо дорои як чанд гурӯҳҳои профилҳои зангзада аст, ки Шумо
метавонед онҳоро бо оҳангҳои занг барои рӯйдодҳои гуногун ва муҳитҳо тағйир
диҳед.
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Профилҳо.
Профили дилхоҳ ва яке аз имконоти зеринро интихоб кунед:
Фаъолкунӣ — Профилро фаъол созед.
Шахсӣ кардан — Танзимоти профайлро тағир диҳед.
Хронометрӣ — Танзим додани профил ба он, ки то хотимаи вақт фаъол бошад.
Вақте ки вақти сабтшуда барои намуд мурур мекунад, намуди пештара, ки бо вақт
сабт нашудааст, фаъол мегардад.
Page 27
Танзимот 27
Оҳангҳо
Шумо метавонед танзимоти оҳанги намуди интихобкардаи фаъолро тағйир
диҳед.
Интихоб кунедМеню > Танзимотҳо > Оҳангҳо. Шумо метавонед танзимоти
монандро дар Профилҳо меню дастрас кунед.
Экран
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Дисплей.
Шумо метавонед тасвири замина, андозаи ҳарф, ё дигар хусусиятҳои вобаста ба
экрани телефонро бинед ё мувофиқ кунед.
Сана ва вақт
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Сана ва вақт.
Сана ва вақтро танзим кунед
Интихоб кунед Танзм. сана ва вақт .
Намуди сана ва вақтро танзим кунед
Интихоб кунед Навъи сана ва вақт .
Вақтро мувофиқи минтақаи соати ҷорӣ ба таври худкор навсозӣ кунед
Интихоби Худнавсозии вақт (хидмати интернетӣ).
Миёнабурҳо
Бо миёнабурҳои шахсӣ, Шумо метавонед зуд ба вазифаҳои муттасил
истифодашавандаи телефон дохил шавед.
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Тугм. миёнбур.
Имконотҳои телефон ба тугмаҳои интихобӣ таъин кунед
Тугм. рости интих. ё Тугмаи чап инт-б ва имконот аз рӯйхат интихоб кунед.
Имконотҳои миёнбурро барои тугмаҳои ҳаракат интихоб кунед
Интихоб кунед Тугмаи идоракунӣ . Ба дилхоҳ тараф ҳаракат кунед, ва Тағйир ё
Таъин ва вазифаеро аз рӯйхат интихоб кунед.
Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Ҳмҳнг ва нусха.
Яке аз имконоти зеринро интихоб кунед:
Ҳмҳнг. бо Ovi — Маълумоти шахсиатонро бо Ovi сигнхронизатсия кунед. Пеш аз
оғози синхронизатсия, шумо бояд ҳисоби Nokia-и худро насб кунед. Пайваст
Page 28
28 Танзимот
шудан-ро интихоб кунед ва шуморо тӯли ҷараёнbи синхронизатсияи маълумот
роҳнамоӣ мекунад. Дастрасии ин имконот метавонад фарқ кунад.
Ҳмҳ. бо сервер — Маълумоти интихобкардаро байни дастгоҳи худ ва сервери
шабакавӣ (хадамоти шабака) ҳамоҳанг созед ё нусхабардорӣ кунед.
Калиди тел-фн — Иттилооти интихобшударо, ба мисли алоқаҳо, вурудоти
тақвим, қайдҳо ё паёмҳо, дар байни телефони худ ва дастгоҳи дигаре ҳамоҳанг
созед ё нусха бардоред.
Нусхаи захира — Додаҳои интихобкардаро захира кунед.
Барқарсз. нусха — Додаҳоро аз захирагоҳ гирифта барқарор кунед. Барои
дидани тафсилоти файли захиравӣ, Имконот > Тафсилот -ро интихоб кунед.
Пайвастшавӣ
Телефони шумо якчанд хусусиятӣое дорад, ки ба шумо имкон медиӣанд, то бо
дигар дастгоҳҳо барои интиқоли иттилоот пайваст шавед.
Технологияи бесими Bluetooth
Технологияи Bluetooth ба Шумо имкон медиҳад, ки телефони худро бо истифодаи
мавҷҳои радиоӣ ба дастгоҳи мувофиқи Bluetooth дар масофаи то 10 метр (32 фут)
пайваст кунед.
Ин таҷҳизот соҳиби хусусиятҳои Bluetooth 2.1 + EDR мувофиқ буда, дар
таъминоти худ чунин намудҳоро дорад: generic access, network access, control,
hands-free, headset, object push, file transfer, dial-up networking, SIM access, ва
serial port. Барои фаъолияти муштарак бо дастгоҳҳои дигаре, ки системаи
Bluetooth доранд, бо дастгоҳи мазкур замимаҳои аз тарафи Nokia тасвибшударо
истифода баред. Барои муайян кардани мувофиқати тамғаҳои дигар бо дастгоҳи
мазкур аз истеҳсолкунандагони онҳо маълумот гиред.
Хусусиятҳое, ки технологияи Bluetooth-ро истифода мебаранд талаботро ба
қувваи батарея зиёд мекунанд ва мӯҳлати хизмати батареяро кам мекунанд.
Вақте ки таҷҳизоти бесим дар намуди SIM-и дурдаст аст, барои занг задан ва
қабул кардани занг шумо метавонед танҳо қисмҳои мувофиқро аз қабили
қуттичаи автомобилӣ ба дастгоҳ пайваст намоед.
Ин дастгоҳи бесим дар ин ҳолат, ғайр аз ба рақами фавқулодае, ки дар дастгоҳ
барномарезӣ шудааст, занг намезанад.
Барои занг задан бояд пеш аз ҳама намуди SIM-и дурдастро тарк кунед. Агар
қулфи дастгоҳ баста бошад, барои кушодани он рамзи қулфро ворид намоед.
Пайвастшавии Bluetooth-ро кушоед
1 Меню > Танзимотҳо > Пайвастшавӣ > Bluetooth-ро интихоб кунед.
2 Номи телефонам -ро интихоб кунед, ва номи дастгоҳро ворид кунед.
3 Барои фаъол кардани пайвасти Bluetooth, Bluetooth > Фаъол -ро интихоб
кунед.
фаъол будани пайвасти Bluetooth-ро нишон медиҳад.
Page 29
Танзимот 29
4 Барои пайваст кардани дастгоҳ бо лавозимоти аудиоӣ, Лвзм. ауд. пайв. кн.
ва лавозимотро интихоб кунед.
5 Барои пайваст кардани дастгоҳи худ ба ягон дастгоҳи Bluetooth-дор дар
силсила, Дастгоҳи ҷуфтшуда > Илв. дастг. нав-ро интихоб кунед.
6 Ба бозӣ ё барнома ҳаракат кунед, ва Илова -ро интихоб кунед.
7 Рамзи дохилшавиро (то 16 аломат) ба телефони худ ворид кунед ва
пайвастшавиро ба дигар дастгоҳи Bluetooth иҷозат диҳед.
Истифодаи дастгоҳ дар ҳолати қабули пинҳонӣ бехатарин роҳест барои
канорагирӣ аз барномаҳои хатарнок. Аз манбаҳое, ки ба онҳо эътимод надоред,
пайвасти Bluetooth-po қабул накунед. Ба таври дигар, функсияи Bluetooth-po
хомӯш кунед. Ин ҳолат ба дигар хусусиятҳои дастгоҳ таъсир намерасонад.
Пайвастшавии компютер ба интернет
Технологияи Bluetooth-ро барои пайвасткунии компютери мувофиқи худ ба
интернет истифода баред. Дастгоҳи шумо бояд хадамоти интернетиро (хидмати
шабака) дастгирӣ кунад, ва компютери шумо бояд технологияи Bluetooth-ро
дастгирӣ кунад. Баъд аз пайвастшавӣ ба хадамоти нуқтаи дохилшавии шабака
(NAP) дар дастгоҳ ва пайваст кардани компютери худ, дастгоҳи шумо ба таври
худкор пайвасти мачмӯъи маълумотиро ба интернет мекушояд.
Маҷмӯъи маълумот
Маҷмӯъи умумии хадамоти радиои (GPRS) хадамоти шабакавиест, ки ба
телефонҳои мобилӣ имкони фиристодан ва қабул кардани маълумотро аз
шабака дар асоси протоколи интернетӣ (IP), медиҳад.
Барои муайян кардани роҳи истифодабарии хадамот, Меню > Танзимотҳо >
Пайвастшавӣ > Маҷмӯъи маъл. > Пайв. мҷм. маълум. ва яке аз имконоти
зеринро интихоб кунед:
Агар лозим аст — Ҳангоме ки ягон барнома инро талаб мекунад, пайвастагии
маымци маълумотро баржарор кунед. Ҳангоми басташавии барнома ин
пайвастагӣ қатъ мешавад.
Доим дар тамос — Ҳангоме ки телефонро фаъол месозед ба шабакаи маҷъмӯи
маълумотӣ худкор пайваст шавед.
Бо истифодаи технология Bluetooth, Шумо метавонед телефони худро ҳамчун
модем бо пайвастшавӣ ба компютери мувофиқ истифода баред. Барои
тафсилот, ба ҳуҷҷати Nokia PC Suite нигоҳ кунед.
Занг ва телефон
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Зангзанӣ.
Page 30
30 Танзимот
Интиқоли зангҳои даромад
Интихоби Интиқоли занг (хидмати интернетӣ). Барои тафсилот, бо провайдери
хидматрасон дар тамос шавед.
Баъд аз кӯшиши нобарор даҳ бор ба худкор такроран занг занед
Интихоб кунед Зангзании худкор > Фаъол.
Ҳангоми зангзанӣ хабарномаи зангҳои даромад гиред
Интихоби Интизории занг > Фаъолсозӣ (хидмати интернетӣ).
Ҳангоми зангзанӣ рақами телефони худ нишон ва пинҳон кунед
Интихоби Ирсоли ID-и худ (хидмати интернетӣ).
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Телефон.
Забони телефонро интихоб кунед
Интихоб кунед Танзимотҳои забон > Забони телефон.
Қисмҳои иловагӣ
Ин меню танҳо вақте датсрас аст, ки агар дастгоҳ ба ба замимаи мувофиқе
пайваст бошад ё пайваст карда шуда бошад.
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Лавозимот. Қисми иловагӣ ва имкониятеро
вобаста ба қисми иловагӣ интихоб кунед.
Насб
Шумо метавонед телефони худро бо танзимот, ки барои хадамоти муайян талаб
карда мешавад, насб кунед. Провайдери хидматрасони Шумо инчунин
метавонад ин танзимотро ба шумо ирсол кунад.
Меню > Танзимотҳо ва Танзимот-ро интихоб кунед.
Яке аз имконоти зерин интихоб кунед:
Танзим. стандартӣ — Дидани провайдерҳои хидматрасон, ки дар телефон
захира шудаанд ва танзими провайдери хидматрасони додашуда
Фаъол. дар брн-ҳо — Фаъол сохтани насби танзимоти додашудаи барномаҳои
дастгиришаванда
Нуқтаи дастрасӣ — Барои дидани нуқтаҳои захирашудаи дастрасӣ
Танзимоти шахсӣ — Иловаиҳисобҳои нави шахсӣ барои хадамоти гуногун ва
фаъол сохтан ё тоза кардани онҳо. Барои илова кардани ҳисобҳои нави шахсӣ,
Илова ё Имконот > Иловаи нав - ро интихоб кунед. Навъи хадамотро интихоб
кунед ва параметрҳои дархостшударо дохил кунед. Барои фаъолсозии ҳисоби
шахсӣ, ба ҳисоб ҳаракат кунед ва Имконот > Фаъолсозӣ-ро интихоб кунед.
Page 31
Барномаҳо 31
Барқарорсозии танзимоти завод
Барои барқарор сохтани телефон ба ҳолати аввалаи коргоҳӣ, Меню >
Танзимотҳо > Бозсозии танз. ва аз яке аз имконоти зерин интихоб кунед.
Танҳо танзимотҳо — Азнав танзимкунии ҳамаи танзимоти мақбул бе тоза
намудани ҳаргуна маълумоти шахсӣ.
Ҳама — Азнав танзим намудани ҳамаи танзимоти афзалият ва хориҷ намудани
ҳамаи маълумоти шахсӣ, монанди алоқаҳо, паёмҳо, файлҳои медиавӣ ва
калидҳои фаъолкунанда.
Барномаҳо
Соати зангдор
Шумо метавонед, ҳушдоре таъин кунед, ки дар вақти дилхоҳ садо диҳад.
Таъин кардани ҳушдор
1 Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Соати занг.
2 Вуруди вақти ҳушдор.
3 Барои такрори ягон ҳушдор дар рӯзҳои мунтахаби ҳафта Такрор: > Фаъол ва
рӯзҳоро интихоб кунед.
4 Оҳанги ҳушдорро интихоб кунед. Агар шумо радиоро ҳамчун оҳанги ҳушдор
интихоб кунед, шлемофонро ба телефон пайваст кунед.
5 Вақти ғанабро таъин кунед ва Захира -ро интихоб кунед.
Боздоштани ҳушдор
Интихоб кунед Ист . Агар Шумо ба телефон барои давомдиҳии навозиши садои
ҳушдор дар давоми як дақиқа имкон диҳед ё Вуруд - ро интихоб кунед, ҳушдор
барои давраи ҳушдори такрор қатъ мешавад ва пас дубора оғоз меёбад.
Силсилаи ҷузъиёт
Дар Силсилаи ҷузъиёт шумо метавонед суратҳо, тасмаҳои видеоӣ ва файлҳои
мусиқиро идора кунед.
Намоиши мазмуни Галерея
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Галерея.
Ҳангоми намоиш, файлҳои тасвирӣ ё клипҳои видеоиро ба хидмати интернетӣ
ирсол кунед
Ирсол кардан > Боркун. ба Инт. ва хидмати боркунии дилхоҳро интихоб кунед.
Зиёдаҳо
Дастгоҳи шумо метавонад дорои баъзе бозиҳо ва барномаҳои Java™ , ки махсус
барои он тарҳрезӣ шудаанд, бошад.
Page 32
32 Веб ё Интернет
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Иловагӣ.
Бозӣ ё барномаро кушоед
Бозиҳо, Коллексия, ё Корти хотира ва ягон бозӣ ё барномаеро кушоед.
Дидани ҳаҷми мавҷудбудаи хотираро барои насби бозӣ ва барнома
Интихоб кунед Имконот > Ҳолати хотира.
Бозӣ ё барномаро боргирӣ кунед
Имконот > Боргириҳо > Боргириҳои бозиҳо ё Боргириҳои барнома интихоб
кунед.
Телефони Шумо барномаҳои J2ME™ Java -ро дастгирӣ мекунад. Пеш аз
зеркашии барнома, мувофиқии барномаро бо телефони худ санҷед.
Муҳим: Танҳо аз манбаҳо ва манбаъҳои боэътимод, масалан аз санҷиши
Symbian Signed ё Java Verified™ гузашта шудааст насб кунед ва истифода баред.
Барномаҳои зеркашидашуда метавонанд дар Галерея ба ҷои Барномаҳо захира
карда шаванд.
Сабткунандаи овоз
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Сабткун-да.
Оғози сабт
Тасвирчаи сабткуниро интихоб кунед.
Сабти овоз ҳангоми зангзанӣ
Интихоб кунед Имконот > Иловагӣ > Сабт кардан. Вақте, ки Шумо зангро сабт
мекунед, телефонро дар ҳолати муқаррарӣ назди гӯш доред. Сабти овоз дар
ҷузвдони Сабтҳо ҳамчун Галерея захира шуд.
Сабти охиринро гӯш кунед
Интихоб кунед Имконот > Навоз. сабти охир-н.
Сабти охиринро ба воситаи паёми мултимедиа ирсол кунед
Интихоб кунед Имконот > Ирс. сабти охирин.
Веб ё Интернет
Тавассути браузери телефони худ Шумо метавонед ба хидматҳои гуногуни
интернетӣ дохил шавед. Намуди саҳифаҳои интернетӣ вобаста ба андозаи экран
метавонанд фарқ кунанд. Шумо метавонед на ҳамаи тафсилотҳои дар
саҳифаҳои интернетӣ бударо бинед.
Page 33
Ташриф ба Ovi 33
Вобаста ба телефони шумо, вазифаи дидани саҳифаҳои интернет метавонад
дар меню ҳамчун Веб ё Интернет намоиш карда шавад ва аз ин рӯ дар зерин
ҳамчун Веб ном мебарад.
Муҳим: Танҳо хадамотеро, ки муҳофизати мувофиқи зидди паёмҳои зарарнок
пешкаш мекунанд ва шумо ба он хадамот боварӣ доред, истифода баред.
Оиди дастрасии хадамоти мазкур, андозаи пардохт ва дастурҳо бо провайдери
хидматрасони худ дар тамос шавед.
Шумо метавонед аз провайдери хидматрасони худ насби танзимотро ба намуди
паёми танзимотӣ дастрас кунед.
Ба хадамоти интернетӣ пайваст шавед
Интихоб кунед Меню > Интернет > Хонагӣ. Ё дар экрани хонагӣ тугмаи 0 -ро
дошта истед.
Баъд аз он, ки Шумо ба хадамот пайваст мешавед, Шумо метавонед дидани
саҳифаҳои онро оғоз кунед. Вазифаҳои тугмаҳои дастгоҳ метавонанд дар
хадамоти гуногун фарқ кунанд. Паи дастурҳои дар экран падидоршуда равед.
Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Ташриф ба Ovi
Ovi дорои хадамоти аз ҷониби Nokia пешниҳодшуда мебошад. Бо Ovi, шумо
метавонед ҳисоби почта эҷод кунед, тасвирҳо ва видеоклипҳои худро бо дӯстон
ва оилаатон мубодила кунед, сафарҳоятонро ба нақша гиред ва дар харита
маконҳоро бинед, бозиҳо, барномаҳо, видеоклипҳо ва оҳангоҳоро ба дастгоҳатон
зеркашӣ кунед ва мусиқӣ харед. Хидматҳои дастрас метавонанд аз рӯи минтақа
фарқ кунанд ва на ҳама забонҳо дастгирӣ мешаванд.
Барои дастрасӣ ба хадамоти Ovi, ба www.ovi.com равед ва ҳисоби Nokia-и худро
қайд кунед.
Барои маълумоти иловагӣ оид ба истифодаи хадамот, саҳифаҳои кӯмакро барои
ҳар як хидмат бубинед.
хадамоти SIM
SIM - корти Шумо метавонад хадамоти иловагӣ расонад. Шумо ба менюи мазкур
танҳо агар SIM - корти Шумо инро дастгирӣ намояд, метавонед дохил шавед. Ном
ва мундариҷаҳои меню ба хадамоти дастрас вобаста аст.
Page 34
34 Иттилооти аслӣ
Иттилооти аслӣ
Сарфаи барқ
Агар шумо ин корҳоро иҷро кунед, ба Шумо зуд-зуд пур кардани батарея бо барқ
лозим намеояд (агар барои дастгоҳи шумо мавҷуд бошад):
• Барномаҳо ва пайвастагиҳои маълумотиро, ба монанди пайвастагии
Bluetooth, ҳангоми истифода нашудан пӯшед.
• Равшании экранро паст кунед.
• Агар телефонатон дастгирӣ кунад, дастгоҳро чунон танзим кунед, ки он баъд
аз мӯҳлати кӯтоҳтарини ғайрифаъол будан ба ҳолати сарфаи барқ гузарад.
• Овозҳои нолозимро, ба монанди оҳанги тугмаҳо, ғайрифаъол гардонед.
Истифодаи такрорӣ
Ҳамаи маводи ин дастгоҳ метавонанд ҳамчун мавод ё энергия барқарор карда
шаванд. Барои гирифтани маълумот оиди он ки чӣ гуна маснуоти Nokia-ро
супоридан лозим аст, ба www.nokia.com/werecycle равед, ё бо истифодаи
дастгоҳи мобилӣ, www.nokia.mobi/werecycle.
Шумо метавонед қисмҳои борбандӣ ва дастурҳои истифодашударо тавассути
шабакаи маҳаллӣ барои истифодаи такрорӣ супоред.
Дар маҳсулоти Шумо рамзи қуттии ғилдиракдори хатзада, адабиёт ва қуттии
маҳсулот онро хотиррасон мекунад, ки дар Иттиҳодияи Аврупо ҳамаи
маҳсулотҳои барқӣ, электронӣ, батареяҳо ё баста дар хотимаи фаъолияти худ
бо яд ба ҷ ои ни гоҳд ории а лоҳи да бу рда ша ванд . Ин т алабо т дар Иттиҳоди Аврупо
татбиқ мешавад. Ин маҳсулотро ба монанди партови ҷудонакардаи коммуналӣ
нобуд насозед. Барои маълумоти муфассал оиди хусусиятҳои экологии дастгоҳ
ба www.nokia.com/ecodeclaration муроҷиат кунед.
Page 35
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 35
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
Лавозимотҳо
Огоҳӣ
Фақат он батареяҳо, пуркунандаи барқ ва замимаҳоеро, ки Nokia махсусан барои истифода бо дастгоҳи мазкур тасдиқ
кардааст, истифода баред. Истифодаи дилхоҳ намуди дигар метавонад ҳамагуна тасвиб ва кафолатро бекор созад
ва хатарнок бошад. Махсусан, истифобарии батареяҳои ва пуркунандаҳои барқи тасвибнашуда метавонад ба
хатарҳои оташгирӣ, таркиш, шоридан ва дигар хатарҳо сабаб шавад.
Оид ба мавҷудияти замимаҳои тасвибшуда, лутфан бо паҳнкунандаи ин маҳсулот муроҷиат кунед. Вақте ки сими
пуркунандаи барқро ҷудо мекунед, на симро, балки душохаи барқро дошта кашед.
Батарея
Маълумот оид ба батарея ва пуркунандаи барқ
Дастгоҳи Шумо бо батареяи барқгиранда истифода бурда мешавад. Батареяе, ки истифодаи он бо ин дастгоҳ
пешбинӣ шудааст, BL-4Cмебошад. Nokia метавонад барои дастгоҳи мазкур батареяҳои иловагии мувофиқ пешниҳод
кунад. Ин дастгоҳ барои истифода бо пуркунандаҳои барқии зерин пешбинӣ шудааст: AC-3. Тамғаи монанди
пуркунандаи барқ метавонад вобаста ба намуди сими барқ фарқ кунад. Варианти васлкуни тавассути яке аз
(воситахои) зерин муайян карда шудааст: E, EB, X, AR, U, A, C, K ё UB.
Батарея садҳо маротиба барқ гирифта ва аз барқ холӣ мешавад лекин дар ниҳоят аз кор мемонад. Агар мўҳлатҳои
гуфтугӯ ва ҳолати ғайрифаъоли дастгоҳ аз мўҳлати муқаррарӣ кутоҳ шавад, батареяро иваз намоед. Фақат
батареяҳои тасвибкардаи Nokia-ро истифода бурда, онҳоро бо он пуркунандаҳои барқе, ки бо ин дастгоҳ таъин шуда
ва аз тарафи Nokia маъқул дониста шудаанд, барқдор созед.
Агар батарея бори аввал истифода бурда шавад ё батарея муддати дароз кор фармуда нашуда бошад, шояд лозим
ояд, ки пуркунандаи барқро пайваст кунед, ҷудо созед ва боз барои барқгирӣ васл намоед. Агар барқи батарея то
охир холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг, якчанд дақиқа
мегузарад.
Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи
барқро ҷудо созед.
Мувофиқ пуркунии барқ. Пуркунандаи барқро, ҳангоме, ки аз он истифода бурда намешавад, аз дастгоҳ ҷудо намоед
ва аз сими барқ кашед. Батареяи барқнокшударо дар пуркунандаи барқ намонед, зеро барқи аз ҳад зиёд метавонад
мӯҳлати хизмати батареяро кўтоҳ кунад. Агар батарея истифода бурда нашавад, дар тӯли вақт барқи батареяи пур
холӣ мешавад.
Аз ҳароратҳои зараровар эҳтиёт шавед. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки батареяро дар ҳарорати аз 15°С то 25°С (59°Ғ то
77°Ғ) нигоҳ доред. Ҳарорати аз ҳад зиёд баланд метавонад қобилияти фаъолияти батареяро бад ва мӯҳлати
хизматашро кӯтоҳ кунад. Дастгоҳ бо батареяи гармшуда ё хунукшуда метавонад муваққатан фаъолият накунад.
Фаъолияти батарея махсусан дар ҳарорати хеле поёнтар аз ҳарорати яхкунӣ, хеле махдуд мешавад.
Ба барқзании кўтоҳ дучор накунед. Вақте ки ашёи оҳанӣ, ба монанди танга, сӯзанак ё ручка бевосита ба терминалҳои
қутби манфӣ (+) ва мусбати (-) батарея мересанд, расиши кӯтоҳ рӯй медиҳад. (Онҳо ба монанди тасмаҳои металли
батарея мебошанд.) Ин ҳолат вақте ки Шумо батареяр дар кисаатон ё сумкаатон нигоҳ медоред, рӯй медиҳад. Расиши
кӯтоҳ терминалҳои батареяро ё предмети васлшударо нобуд сохта метавонад.
Нобудсозӣ. Батареяро ба оташ напартоед, чунки таркиданаш мумкин аст. Батареяҳоро мувофиқи қонунҳои маҳаллӣ
нобуд созед. Агар имконпазир бошад, аз нав истифода баред. Ба монанди партови коммуналӣ нобуд насозед.
Ихроҷ. Ҳуҷайраҳо ва батареяро ба қисмҳо ҷудо накунед, набуред, накушоед, пачақ, қат ва шикоф накунед. Дар ҳолати
ихроҷи батарея, барои нарасидани моеъи батарея ба пӯсти бадан ва чашмҳо чораҳо бинед. Агар расад, атрофҳои
моеъ расидаро бо об фавран шуед ё ёрии тиббӣ ҷустуҷӯ кунед.
Page 36
36 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
Хисорот. Батареяро такмил надиҳед, аз нав насозед ва аз ҷойгиркунии предметҳои бегона ба он худдори кунед, ба
об ё дигар маводи моеъ ғарқ накунед. Батаерея ҳангоми хисорат дидан таркиданаш мумкин.
Истифодаи дуруст. Батареяро фақат барои вазифаи таъиншудааш истифода баред. Истифодаи номувофиқи батарея
ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш ва дигар хатарҳо сабаб шуда метавонад. Агар дастгоҳ ё батарея афтад, хусусан ба
сатҳи сахт, ва шумо бовари доред, ки батарея хисорот дидааст, пеш аз истифодабарӣ онро ба хадамоти хидматрасон
барои санҷиш баред. Ҳеҷ вақт батарея ё пуркунандаи барқи корношоямро истифода набаред. Батареяро аз дастрасии
хурдсолсолон дур нигоҳ доред.
Роҳнамои аслӣ будани батареяи Nokia
Барои таъмини бехатарии худ ҳамеша батареяҳои аслии Nokia-po истифода баред. Барои санҷидани он, ки шумо
батареяи аслиро харид мекунед, батареяро аз маркази хизматрасонии расмӣ ва ё паҳнкунандаи маҳсулоти Nokia
харид кунед ва голограммаи рамзии молро бо усулҳои зерин санҷед:
Муаянсозии аслияти голограмма
1 Ҳангоми нигоҳ кардан ба голограмма дар рамзи тиҷоратӣ, Шумо рамзи дастҳои пайвастшудаистодаи Nokia-po
аз як паҳлӯ ва рамзи Nokia Original Enhancements-po аз дигар паҳлӯ мебинед.
2 Агар голограммаро ба рост, чап, поён ва боло мутаносибан гардонед 1, 2, 3, ва 4 нуқтаҳоро дар ҳар тараф
мебинед.
Иҷрои бомуваффақияти санҷиш кафолати пурраи он нест, ки батарея аслӣ аст. Агар шумо аслӣ будани батареяро
тасдиқ карда натавонед ё оиди аслӣ будани батареяи голограммадори Nokia ягон хел шубҳа дошта бошед, аз
истифодаи он худдорӣ намоед ва ба наздиктарин хизматрасони расмӣ ё фурушандаи маҳсулоти Nokia барои санҷиш
баред.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи батареяҳои аслии Nokia ба саҳифаи www.nokia.com/battery нигоҳ
кунед.
Нигоҳубини дастгоҳи шумо
Ин дастгоҳ маҳсулоти тарҳрезиаш олӣ аст ва муносибати боэҳтиётро талаб мекунад. Маслиҳатҳои зерин барои
муҳофизат кардани фарогирии кафолати шумо ёрӣ медиҳад.
• Дастгоҳро дар ҷойҳои чанголуд ва ифлос истифода набаред ё нигоҳ надоред. Қисмҳои ҳаракаткунанда ва барқии
дастгоҳ метавонанд зарар бинанд.
Page 37
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 37
• Дастгоҳро таҳти ҳарорати баланд ё паст нигоҳ надоред. Ҳарорати гарм мӯҳлати хизмати таҷҳизоти барқиро
кӯтоҳ, батареяро нобуд ва қисмҳои пластикии таҷҳизотро вайрон ва ё гудохта мекунад. Вақте ки дастгоҳ аз
ҳарорати хунак ба ҳарорати муқаррарӣ бармегардад, дар даруни дастгоҳ моддаи моеъ пайдо мегардад ва
панели рахдори барқро вайрон мекунад.
• Дастгоҳро ба ҷуз бо усуле, ки дар ин дастури истифодабаранда т авсиф шудааст, накушоед ва аз усулҳои дигар
худдорӣ намоед.
• Дастгоҳро наафтонед, ба зарба ва ларзиш дучор нанамоед. Муносибати бад ба дастгоҳ, ба панели барқии
даруна ва механизми нозуки насб хисорат ворид мекунад.
• Барои тоза кардани дастгоҳ, маводи пурқуввати кимиёвӣ ва маҳлулҳои тозакунандаро истифода набаред. Барои
тоза кардани сатҳи дастгоҳ танҳо матои тоза, хушк ва нармро истифода баред.
• Дастгоҳро ранг накунед. Ранг ба қисмҳои ҳаракатноки дастгоҳ халал мерасонад ва фаъолияти муқаррариро бад
мекунад.
• Танҳо мавҷгири додашуда ва ё мавҷгири ҷойгузини мувофиқро истифода баред. Антенна, такмилҳо ва қисмҳои
тасвибнашуда дастгоҳро нобуд сохта, қоидаҳои идоракунии таҷҳизоти радиоиро вайрон мекунад.
• Пуркунандаи барқҳоро дар даруни бино истифода баред.
• Нусхаи эҳтиётии маълумотҳои дилхоҳатонро, ба монанди номҳо ва қайдҳои тақвимӣ созед.
• Барои ба ҳолати аввалин овардани дастгоҳ баъзан бо мақсади хубтар кардани фаъолияти он, дастгоҳро хомӯш
карда, батареяро хориҷ намоед.
Ин тавсияҳо ба дастгоҳ, батарея, барқфизо ва дигар қисмҳои таҷҳизот ё лавозимоти дилхоҳ як хел дахл дорад.
Истифодаи такрорӣ
Маснуотии электронӣ, батареяҳо ва маводи печонанди кӯҳнаро ҳамеша ба ҷойҳои ҷамъоварии махсус бурда супоред.
Бо ин роҳ шумо партови беназоратро пешгирӣ менамоед ва ба истифодаи такрории мавод мусоидат мекунед.
Маълумоти экологии маҳсулот ва тарзи супоридани маҳсулоти Nokia -ро дар www.nokia.com/werecycle ё nokia.mobi/
werecycle дастрас намоед.
Маълумоти иловагӣ оиди бехатарӣ
Эзоҳ: Варақаҳои қисми берунаи дастгоҳи мазкур дорои моддаи никел намебошанд. Қисми берунаи дастгоҳи мазкур
дорои пӯлоди зангногир мебошад.
Хурдсолон
Дастгоҳи шумо ва қисмҳои иловагии он бозича намебошанд. Онҳо қимсҳои хеле майда дошта метавонанд. Сарпӯшро
аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ доред.
Муҳити фаъолият
Ин дастгоҳ ба талаботи РБ ҳангоми дар ҳолати муқаррарӣ истифода бурдан дар гӯш ё аз бадан камтаринаш 1.5
сантиметр (5/8 инч) дуртар ҷойгир бошад, ҷавобгӯ мебошад. Ҳамаи ҷомадон, фишори камар ё нигоҳдоранда барои
фаъолиятҳои бо бадан вобаста истифода бурда шавад, он ашёҳо набояд ҷузъҳои металлӣ дошта бошанд ва дастгоҳ
аз бадан дар масофаи дар боло қайдшуда ҷойгир шавад.
Ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо ба шабака пайвасти босифатро талаб мекунад. То вақте ки ин гуна пайваст
имконпазир мегардад, ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо метавонад таъхир карда шавад. Ба дастурҳои нигоҳ
доштани масофа то хотима ёфтани таҳвил риоя кунед.
Баъзе қисмҳои дастгоҳ магнитӣ мебошанд. Имконпазир аст ки ашёҳои металлӣ ба дастгоҳ ҷалб карда шаванд. Кортҳои
пардохт ва дигар захирагарҳои хотиравии магнитиро дар назди ин дастгоҳ ҷойгир накунед, чунки маълумотҳои дар
онҳо ҳифзшуда тоза мешаванд.
Таҷҳизоти тиббӣ
Фаъолияти таҷҳизотҳое, ки радиомавҷҳо мегузаронанд, ба мисли дастгоҳҳои бесим, метавонад ба вазифаи таҷҳизоти
тиббии сатҳи муҳофизаташ паст халал расонад. Барои муайян кардани кифоягии муҳофизати таҷҳизоти тиббӣ аз
таъсири қувваи берунаи мавҷҳои РБ, метавонед ба мутахассиси тиб ё истеҳсолкунандаи таҷҳизоти тиббӣ муроҷиат
намоед. Агар қонун ҳаминро талаб намояд, дастгоҳро хомӯш созед. Касалхонаҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии тиббӣ
таҷҳизоти ба қувваи берунаи мавҷҳои РБ ҳассосро истифода бурданашон мумкин.
Page 38
38 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
Дастгоҳи тиббии дар бадан ҷойгиркардашуда
Истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда тавсия медиҳанд, ки дастгоҳи бесим бояд дар
масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда, монанди стимулятори дил
ё кардиовертер дефибрилатори ба бадан ҷойгиркарда барои пешгирии халалрасонӣ ба таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир
бошад. Ба ашхосе, ки ин гуна таҷҳизот доранд, тавсия дода мешавад:
• Дастгоҳи бесимро ҳар вақт дар масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббӣ дур доранд.
• Дастгоҳро дар бағалкиса нагиранд.
• Дасгоҳро дар гӯши муқобил ба таҷҳизоти тиббӣ истифода баранд.
• Агар халал ҳис карда шавад, дастгоҳи бесимро хомӯш кунанд.
• Ба дастурҳои истеҳсолкунанда оиди истифодабарии дастгоҳи тиббии ба бадан ҷойгиркунанда риоя кунанд.
Агар шумо оид ба истифодабарии дастгоҳи бесим назди таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда савол дошта
бошед, лутфан аз мутахассиси тиб маслиҳат пурсед.
Таҷҳизоти шунавоӣ
Бархе аз тачҳизоти бесими рақамӣ ба бархе аз таҷҳизоти шунавоӣ халал мерасонанд.
Автомобилҳо
Сигланҳои РБ ба системаҳои электронии номувофиқ ва нокифоя муҳофизаткардашудаи автомобилҳо, аз қабили
системаи электронии сӯзишворӣ, системаи қулфнашавандаи боздории электронӣ, системаи электронии назорати
суръат ва системаҳои муҳофизаткунандаи болишти пневматикӣ, таъсир мерасонанд. Барои маълумоти иловагӣ, ба
истеҳсолкунандаи автомобили худ ё таҷҳизоти он муроҷиат кунед.
Танҳо кормандони соҳибихтисос бояд ба таҷҳизот хидмат расонанд ё худ таҷҳизотро дар автомобил насб кунанд.
Насбкунӣ ё нигоҳубини номувофиқ хавфнок буда кафолати ба ин дастгоҳ додашударо бекор месозад. Фаъолияти
мувофиқи тамоми таҷҳизотҳои бесими дар автомобил бударо мунтазам тафтиш кунед. Моддаҳои моеъи оташгиранда
ё моддаҳои таркандаро дар як ҷо бо дастгоҳ ва қисмҳои ӯ нигоҳ надоред. Фаромӯш накунед, ки болиштҳои
муҳофизаткунандаи пневматикӣ бо қувваи калон кушода мешаванд. Дастгоҳ ва қисмҳои иловагии дастгоҳи худро дар
атрофи болишти муҳофизаткунандаи пневматикӣ ҷойгир накунед.
Пеш аз ба ҳавопаймо савор шудан, дастгоҳро хомӯш кунед. Истифодабарии таҷҳизоти гузарониши бесим ба
идоракунии ҳавопаймо хатарнок буда, ғайриқонунӣ буда метавонад.
Муҳитҳои дорои эҳтимолияти таркиш
Дар ҳамаи муҳити маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш дастгоҳро хомӯш кунед. Ба ҳамаи талабот риоя кунед. Шарора
пошидан дар ин маконҳо ба таркиш ё оташгирӣ оварда мерасонад ва ба захмӣ гардидан ё ҳалокшавӣ сабаб мешавад.
Дар назди хидматрасони захиракунандаи сӯзишворӣ, монанди насоси газ, дастгоҳро хомӯш кунед. Дар атрофи
нуқтаҳои захиракунандаи сӯзишворӣ, захираи сӯзишворӣ ва паҳнкунандаи сӯзишворӣ; корхонаҳои кимиёвӣ; ё дар
ҷойҳои таркиш авҷгирифтаистода ба ҳамаи маҳдудиятҳо риоя кунед. Маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш, одатан,
лекин на ҳамеша бо рамзи огоҳкунанда ишора карда шудаанд. Ин он ҷойҳоро дар бар мегирад, ки дар он ҷо аз шумо
хомӯш кардани муҳаррики автомобил талаб карда мешавад, инчунин дар саҳни поёни киштӣ, маконҳои таҳвил ё
захираи маводҳои кимиёвӣ ва маконҳое, ки ҳавояш маводҳои кимиёвӣ ё зарраҳо монанди зарраҳои гандум, чанг ва
чанги металлӣ доранд. Бо истеҳсолкунандагони автомобилҳои истифодабарандаи гази моеъ (монанди пропан ва
бутан) барои омӯхтани он, ки оё дастгоҳи мазкурро дар назди он автомобилҳо бехавф истифода бурдан мешавад ё
не, маслиҳад кунед.
Зангҳои фавқулода
Муҳим: Дастгоҳи бесими мазкур бо истифодаи мавҷи радио, шабакаҳои бесим, шабакаҳои кабелӣ, ва функсияҳои аз
тарафи истифодабар барномарезишуда фаъолият мекунанд. Агар дастгоҳи шумо зангҳои овозиро тавассути шабакаи
интернетӣ (зангҳои интернетӣ) дастгирӣ кунад, зангҳои интернетӣ ва зангҳои телефониро фаъол созед. Агар ҳар ду
хусусият фаъол бошад, дастгоҳ барои задани занги фавқулода бо воситаи шабакаи бесими телефонӣ ва провайдери
зангзании интернетӣ метавонад кӯшиш кунад. Пайвастшавӣ дар ҳамаи ҳолат кафолат дода намешавад Шумо ҳеч вақт
танҳо ба истифодабарии дастгоҳи бесим барои алоқаҳои муҳим, ба монанди занги фавқулодаи тиббӣ, такя накунед.
Барои задани занги фавқулода:
Page 39
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 39
1 Агар дастгоҳ хомӯш бошад, фурӯзон кунед. Қувваи мувофиқи мавҷро машварат кунед. Вобаста ба дастгоҳи худ,
шумо бояд талабҳои зеринро ҳам ба анҷом расонед:
• Агар дастгоҳи шумо SIM корт истифода барад, онро ба дастгоҳ ҷойгир кунед.
• Маҳдудиятҳои баъзе зангҳоро, ки шумо фаъол сохтаед, бекор кунед.
• Намуди дастгоҳро аз намуди Хомӯш ё Парвоз ба намуди фаъол иваз кунед.
2 Барои тоза кардани экран ва ба кор омода сохтани дастгоҳ тугмачаи хотимаи онро, ҳар қадар ки лозим бошад,
зер кунед.
3 Рақами фавқулодаи расмии маҳаллиро ба дастгоҳ дохил кунед. Рақами фавқулода барои ҳар минтақа гуногун
мебошад.
4 Тугмаи зангро пахш кунед.
Ҳангоми задани занги фавқулода, ҳамаи маълумотҳои заруриро бо дақиқии ҳарчи бештар диҳед. Дар ҷойи садама
дастгоҳи Шумо метавонад ягона воситаи алоқа бошад. Ба занг бе рухсат хотима надиҳед.
Маълумот оид ба сертификатсия (SAR)
Дастгоҳи мазкур бо талабот оид ба таъсири мавҷҳои радио ҷавобгӯ мебошад.
Дастгоҳи Шумо мавҷҳои радиоиро қабул мекунад ва мефиристад. Дастгоҳи мазкур барои аз меъёр зиёд нагузаштани
андозаҳои таъсир аз мавҷҳои радио, ки бо талаботи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, истеҳсол карда шудааст. Ин
дастурҳо аз тарафи ташкилоти илмии мустақили ICNIRP пешниҳод шудаанд ва хати бехавфиро, ки ҷиҳати бехатарии
ҳамаи ашхос, новобаста аз синну сол ва вазъи саломатӣ ба нақша гирифтааст, дар бар мегирад.
Дастуроти таъсир ба мавҷҳои радиои дастгоҳи бесим, ченкунакеро дорост, ки Қабули Дараҷаи Махсус ном дорад
(ҚДМ). Сарҳади ҚДМ, ки дар ICNIRP номбар шудааст, 2.0 ватт/килограмм (В/кг) барои беш аз 10 грамм матоъ аст.
Санҷишҳо барои КДМ бо истифодабарии хусусиятҳои фаъолияти стандартӣ бо гузаронидани мавҷи дастгоҳ дар
дараҷаи баландарини қувваи барқаш дар ҳамаи басомадҳои тафтишкардашуда, гузаронида мешавад. Дараҷаи аслии
КДМ дар дастгоҳ аз дараҷаи баландарин паст шуда метавонад, чунки ин дастгоҳ барои истифодабарии барқ танҳо
ба пайвастшавӣ ба шабака таъин шудааст. Микдори онҳо аз як чанд омилҳо вобаста мебошад, масалан чи кадар
Шумо дар назди истгоҳи шабакавӣ бошед, тағйир меёбад.
Балантарин дараҷаи КДМ мувофиқи дастури ICNIRP барои истифода бурдани дастгоҳи мазкур дар наздикии гӯш аст.
0.82 Вт/кг .
Истифодабарии афзори дастгоҳ метавонад боиси дараҷаҳои гуногуни ҚДМ гардад. Дараҷаҳои КДМ аз талаботи
маҳаллии санҷиш ва хабардиҳӣ вобаста буда, инчунин басомади шабака фарқ мекунанд. Маълумоти иловагии КДМро таҳти маълумоти маҳсулот дар www.nokia.com дастрас намудан мумкин аст.
Page 40
40
ЭЪЛОМИЯИ МУВОФИҚАТ
Ширкати NOKIA эълон мекунад, ки ин маҳсулоти
RM-618 ба талабҳои асосӣ ва дигар қавоиди мувофиқи
Дастури Иттиҳодияи Аврупо нашри 1999/5 ҷавобгў
мебошад. Нусхаи Баёноти Мувофиқатро аз http://
www.nokia.com/phones/declaration_of_conformity/
дастрас карда метавонед.
© 2009 Nokia. Ҳама ҳуқуқҳо муҳофизат шудаанд.
Nokia, Nokia Connecting People ва Navi нишонҳои молӣ ё
нишонҳои молии ба қайд гирифташудаи Nokia
Corporation мебошанд. Nokia tune нишони молии
садогии Nokia Corporation мебошад. Дигар маҳсулот ва
номҳои ширкатҳои дар ин ҷо қайдшуда нишонҳои молӣ
ва номҳои тиҷоратии соҳибонашон буда метавонанд.
Нусхбардорӣ, интиқол, интишор ва нигоҳдории қисм ё
ҳамаи мӯҳтавои ин ҳуҷҷат дар кадом шакле ки набошад,
бе иҷозаи пешакии хаттии Nokia мамнӯъ аст. Nokia
сиёсати рушди бардавомро пеш мебарад. Nokia ҳуқуқ
дорад, ки бе огоҳии пешакӣ ба маҳсулоти дар ин санад
номбаршуда тағйироту такмилот ворид намояд.
Includes RSA BSAFE cryptographic or security protocol
software from RSA Security.
Java is a trademark of Sun Microsystems, Inc.
Ба ин маҳсулот мутобиқи Visual Patent Portfolio License
MPEG-4 Visual Patent Portfolio License (i) барои
истифодабарии шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ вобаста ба
маълумоти мувофиқи MPEG-4 Visual Standard барои
харидоре, ки фаъолияти шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ дорад
ва (ii) дар мавриди истифодаи видеои MPEG-4, ки аз
тарафи таъминкунандаи маҳсулоти видеоии дорои
литсензия пешниҳод шудааст, иҷозатнома дода
шудааст. Барои истифода бо дигар мақсад ҳеч гуна
иҷозатнома дода намешавад ва дар назар ҳам дошта
намешавад. Маълумоти иловагиро оид ба истифодаи
пешкашнамоӣ, дохилӣ ва тиҷоратӣ аз MPEG LA, LLC. ба
даст овардан мумкин аст. Ба http://www.mpegla.com рӯ
оред.
БА ДАРАҶАИ ҲАДДАЛИМКОНЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА
ИҶОЗАТ МЕДИҲАД, NOKIA ВА ЯГОН
ЛИТСЕНЗИЯДОРОНИ ОН БА ҲЕЧ ВАҶҲ БАРОИ АЗ
БАЙН РАФТАНИ ҲАРГУНА МАЪЛУМОТ Ё ДАРОМАД, Ё
ХУД ХИСОРОТИ БАРҚАСД, ТАСОДУФӢ, МУРАТТАБ ВА
БАВОСИТА МАСЪУЛ НАМЕБОШАД.
МУНДАРИҶАИ ИН САНАД БА ТАРИҚИ "ТАВРЕ, КИ
ҲАСТ " ДОДА ШУДААНД. БА ҶУЗ ДАР ҲОЛАТҲОЕ, КИ
ҚОНУНИ МАРБУТА ТАЛАБ МЕКУНАД, ЯГОН НАМУДИ
КАФОЛАТИ ХОҲ ИФОДАШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАР
ДОШТАШУДА, АЗ ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО
КАФОЛАТҲОИ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА ОИДИ
ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШРАВӢ ВА МУТОБИҚАТ БА
ЯГОН МАҚСАДИ МУШАХХАС, ВОБАСТА БА АНИҚӢ,
БОЭЪТИМОДӢ ВА МУНДАРИҶАИ ИН САНАД ДОДА
НАМЕШАВАД. NOKIA ҲУҚУҚИ АЗ НАВ ДИДА
БАРОМАДАНИ САНАДИ МАЗКУРРО ДОРАД ВА
МЕТАВОНАД ОНРО БЕ ОГОҲИИ ПЕШАКӢ БЕКОР
СОЗАД.
Мавҷуд будани намудҳои алоҳидаи маҳсулот, мавриди
истифода қарор додани онҳо ва хидматҳо барои ин
маҳсулот дар минтақаҳои гуногун метавонанд фарқ
кунанд. Барои гирифтани тафсилот ва мавҷудияти
имконоти забонӣ, лутфан ба паҳнкунандаи Nokia
муроҷиат намоед. Таҷҳизоти мазкур метавонад амвол,
технологияҳо ва нармафзореро дар бар гирад, ки таҳти
амали қонунҳои содиротии Иолоти Муттаҳидаи Амрико
ва дигар давлатҳо мебошанд. Тамоюл мухолифи қонун
манъ аст.
Замимаҳои ягон тарафи сеюм, ки бо дастгоҳ пешниҳод
шудаанд, метавонанад ба шахсон ё хадамоти бо Nokia
вобаста ё алоқаманд набуда офарида шуда бошанд.
Nokia соҳиби ҳуқуқҳои муаллиф ва моликияти зеҳнии
замимаҳои тарафи сеюм намебошад. Аз ҳамин сабаб,
Nokia бо хотимаи истифодабарии дастгоҳ, барои
коршоямӣ ё маълумоти дар коршоямӣ ва манбаҳои
вуҷуддошта масъул нахоҳад буд. Nokia барои
замимаҳои тарафи сеюм кафолат намедиҳад. БО
ИСТИФОДАИ ЗАМИМАҲО ШУМО ЭЪТИРОФ МЕКУНЕД,
КИ ИН ЗАМИНАҲО "ТАВРЕ, КИ ҲАСТАНД, " ТО ҲАДДИ
АКСАРИ АЗ ТАРАФИ ҚОНУНҲОИ МАРБУТА
ИҶОЗАТБУДА БЕ ҲЕҶ ГУНА КАФОЛАТ (ХОҲ
ИЗҲОРШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА)
ПЕШНИҲОД ШУДААНД. ШУМО ИНЧУНИН ЭЪТИРОФ
МЕНАМОЕД, КИ HA NOKIA ВА НА ЯГОН ШАРИКИ ОН
ҲЕҶ ГУНА ЭЪЛОМИЯ Ё КАФОЛАТЕ (ХОҲ ИЗҲОРШУДА
ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА БОШАД)АЗ ОН
ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО НОМ, ҚОБИЛИЯТИ
БОЗОРГИРӢ, МУВОФИҚ БУДАН БА МАҚСАДҲОИ
МУАЙЯН Ё ВАЙРОН НАКАРДАНИ ПАТЕНТИ
ТАРАФҲОИ СЕЮМ НАДОДААСТ; ҲУКУҚҲОИ
МУАЛЛИФ, РАМЗҲОИ САВДО Ё ДИГАР ҲУҚУҚҲОРО
ВАЙРОН НАМЕКУНАД.
/Масъала 1 TG
Page 41
Индекс 41
Индекс
Рамзҳо/Рақамҳо
Ovi 33
қисмҳои иловагӣ 30
қулфи клавиатура 13
ҳамоҳангсозӣ 27
ҳисобот 22
А
амнияти клавиатура 13
Б
батарея 10
— барқкунонӣ 11
бозиҳо 31
браузер 32
В
веб 32
вуруди матн 16
вуруди пешгӯии матн 17
Д
дастгирӣ 8
З
замимаҳо 19, 20
зангҳо 15
захиракунии маълумот 27
зиёдаҳо 31
И
интернет 32
Иттилооти дастгирии Nokia 8
К
камера 25
клипҳои видео 25
корти microSD 10
Корти SIM 10
корти хотира 10
М
маҷмӯи гӯшмонак 14
менюҳо 17
миёнабурҳо 27
Н
навиштани матн 16
Навсозии нармафзор 7
навсозиҳо 7
— барномаҳо 7
— нармафзори дастгоҳ 7
навсозиҳои барнома 7
навсозиҳои нармафзор 7
— нармафзори дастгоҳ 7
намуди видео 25
намуди тасвир 25
намудҳо 26
насб 30
насби почта 19
нишондиҳандаи дараҷаи барқи
батарея 12
нишондиҳандаи қувваи мавҷ 12
нишондиҳандаҳои ҳолат 12
О
оҳангҳо 27
П
паём 19
паёми электронӣ 19
паёмҳо 19
паёмҳои аудиоӣ 21
паёмҳои матнӣ 18
паёмҳои овозӣ 21
паёмҳои флешдор 20
Пайвасти сими USB 14
паролҳо 6
плеери медиа 23
почта 20
ПФ (паёмнависии фаврӣ) 20
Р
радио 24
рамзи PIN 6
Page 42
42 Индекс
рамзи амниятӣ 6
рамзҳои вурудшавӣ 6
рақамзании тез 16
рақами маркази паём 18
С
сабткунандаи овоз 32
сана ва вақт 27
сафҳаи хонаг 12
Силсилаи ҷузъиёт 31
соати зангдор 31
Т
танзимот 26
— экран 27
танзимоти барқарорсозӣ 31
танзимоти коргоҳ, барқарорсозӣ 31
танзимоти паёмҳо 21
танзимоти телефон 29
тасвирҳо 25
тасмача 15
тугмаҳо ва қисмҳо 9
Ф
фаъол/хомӯш кардани барқи
дастгоҳ 11
фаъол/хомӯш кардани дастгоҳ 11
Ч
чароғаки равшанкунанда 14
Э
экран 27