Nokia 1600 User's Guide [tg]

Дастури истифодабарандаи Nokia 1600
9255474
Масъалаи 2 TG
ЭЪЛОМИЯИ МУВОФИҚАТ Моён, Ширкати Nokia, таҳти масъулияти худ эълон мекунем, ки маҳсулоти мазкури RH-64 бо талаботи низ овардашудаи дастури истифодабарандаи Шӯро ҷавобгӯ мебошад: 1999/5/EC.
Қуттии ғилдиракдори хатзада маънои онро дорад, ки дар ҳудуди Иттиҳодияи Аврупо, пас аз анҷоми фаъолияташ маҳсулот бояд дар ҷои алоҳида нигоҳ дошта шавад. Ин талаб ба таҷҳизоти Шумо ва дигар қисмҳои бо ҳамин аломат рамзшуда дахл дорад. Ин маҳсулотро ба монанди партови муқаррарии коммуналӣ напартоед.
Copyright© 2007 Nokia. Ҳама ҳуқуқҳо муҳофизат шудаанд.
Ҳамагуна азнавсозӣ, боздодан, паҳннамоӣ ва нигоҳдории қисме аз ё ҳамаи мундариҷаи ин санад бе иҷозати пешакии хаттии Nokia манъ карда шудааст.
US Patent No 5818437 and other pending patents. T9 text input software Copyright© 1997-2007. Tegic Communications, Inc. All rights reserved.
Nokia, Nokia Connecting People, Xpress-on рамзҳои тиҷоратӣ ё ки рамзҳои тиҷоратии қайдкардашудаи Ширкати Nokia мебошанд. Дигар маҳсулот ва номҳои дар ин санад дар бар гирифташуда рамзҳои савдо ва номҳои савдои моликони мувофиқ мебошанд.
Оҳанги Nokia рамзи оҳангии Ширкати Nokia аст.
Nokia сиёсати рушди бардавомро пеш мебарад. Nokia ҳуқуқ дорад, ки бе огоҳии пешакӣ ба маҳсулоти дар ин санад нобаршуда тағийроту такмилот ворид намояд.
Дар ҳеҷ як ҳолат Nokia барои ҳар гуна аз байн рафтани маълумот ё даромад, ё ки ҳисороти барқасд, тасодуфӣ, мураттаб ва бавосита масъул намебошад.
Мундариҷаи ин санад ба тариқи “тавре, ки ҳаст “ дода шудаанд. Ба ҷуз дар ҳолатҳое, ки қонуни марбута талаб мекунад, ягон намуди кафолати хоҳ ифодашуда ва хоҳ дар назар дошташуда, аз он ҷумла, вале номаҳдуд бо кафолатҳои дар назар дошташуда оиди қобилияти ба фурӯшравӣ ва мутобиқат ба ба ягон мақсади мушаххас, вобаста ба аниқӣ, боэътимодӣ ва мундариҷаи ин санад дода намешавад. Nokia ҳуқуқи аз нав дида баромадани санади мазкурро дорад ва метавонад онро бе огоҳии пешакӣ бекор созад.
Мавҷуд будани намудҳои алоҳидаи маҳсулот дар минтақаҳои гуногун метавонанд фарқ кунанд. Барои гирифтани тафсилот, лутфан аз паҳнкунандаи наздиктарини Nokia тафтиш кунед.
Таҷҳизоти мазкур метавонад амвол, технологияҳо ва нармафзореро дар бар гирад, ки таҳти амали қонунҳои экспортии Иолоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар давлатҳо мебошанд. Тамоюли ғайриқонунӣ карда шудааст.
9255474 / Масъалаи 2 TG
4
Мундариҷа
Мундариҷа
Барои бехатарии Шумо ....................................................... 6
Маълумоти умумӣ ..............................................................12
Рамзҳои вуруд .....................................................................................12
Хотираи муштарак. ............................................................................13
1. Оғози кор ........................................................................ 14
Калидҳо ва қисмҳо .............................................................................14
SIM-корт ва батареяро гузоред. .......................................................15
Батареяро бо барқ пур кунед .............................................................16
Фурӯзон ё хомӯш кардан ....................................................................17
Ҳолати намоишӣ .................................................................................18
Миёнабурҳо дар ҳолати интизорӣ .....................................................18
Бастани сафҳаи тугмаҳо ....................................................................19
Дастпонаи антистатикӣ .....................................................................20
2. Функсияҳои зангзанӣ .....................................................21
Занг задан ва ба занг посух додан ....................................................21
Баландгӯяк ..........................................................................................22
3. Навиштани матн ............................................................ 23
4. Функсияҳои меню ...........................................................25
Паёмҳо .................................................................................................25
Мухотибон ...........................................................................................29
Қайди зангҳо........................................................................................31
5
Мундариҷа
Танзимот ..............................................................................................32
Соат .....................................................................................................38
Ёдрасҳо ...............................................................................................39
Иловаҳо ...............................................................................................39
Хадамоти SIM......................................................................................41
5. Маълумот оиди батарея ................................................ 42
Пур кардан ва холӣ кардани барқ .....................................................42
Роҳнамои аслӣ будани батареяи Nokia ............................................44
6. Замимаҳои таҷҳизот ...................................................... 48
Нигоҳубин ва таъмир ......................................................... 49
Маълумотҳои иловагӣ оиди бехатарӣ.............................. 52
6
Барои бехатарии Шумо
Барои бехатарии Шумо
Ин дастурҳои соддаро хонед. Мувофиқи онҳо амал накардан метавонад хатарнок ё ғайриқонунӣ бошад. Барои маълумоти иловагӣ дастури мукаммали истифодабарандаро мутолиа кунед.
БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ БА КОР ДАРОВАРДАН
Дар мавриде ки истифодаи телефони бесим манъ карда шудааст ва ё, халал ё зарар расонда метавонад дастгоҳро фурӯзон нанамоед.
БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ
Ба ҳамаи қонунҳои маҳаллӣ риоя кунед. Ҳангоме ки автомобил меронед, дастҳоятон бояд ҳамеша озод бошанд. Мақсади аввалиндараҷаи шумо ҳангоми рондани автомобил, бояд таъмини бехатарии ҳаракат бошад.
ХАЛАЛРАСОНӢ
Ҳамагуна таҷҳизоти бесим ба халалҳо таъсирпазир мебошанд, ки ин ба кори таҷҳизот таъсири бад расонда метавонад.
7
Барои бехатарии Шумо
ДАР БЕМОРХОНАҲО ХОМӮШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дар назди таҷҳизоти тиббӣ дастгоҳатонро хомӯш созед.
ДАР ТАЙЁРА ХОМӮШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Таҷҳизотҳои бесим дар тайёра халалҳоро ба вуҷуд оварда метавонанд.
ҲАНГОМИ ЗАХИРАКУНИИ СӮЗИШВОРӢ ХОМӮШ НАМОЕД
Дар нуқтаҳои захиракунии сӯзишворӣ телефонро истифода набаред. Дар наздикии сӯзишворӣ ё маводи кимиёвӣ истифода набаред.
ДАР НАЗДИ ТАРКИШҲО ХОМӮШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дастгоҳро дар ҷое, ки корҳои таркиш дар ҷараёнанд, истифода набаред.
ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БАРЕД
Танҳо дар ҳолати муқаррарӣ ки дар санади дастгоҳ нишон додашудааст истифода баред. Бе зарурият ба антенна даст нарасонед.
8
Барои бехатарии Шумо
ХИДМАТРАСОНИИ БОСАЛОҲИЯТ
Танҳо кормандони босалоҳият метавонанд ин дастгоҳро насб кунанду таъмир намоянд.
ЗАМИМАҲО ВА БАТАРЕЯҲО
Танҳо замимаҳо ва батареяҳои тасвибшударо истифода баред. Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
ОБНОГУЗАР
Дастгоҳи шумо обногузар нест. Дастгоҳро хушк нигоҳ доред.
НУСХАҲОИ ЭҲТИЁТӢ
Сохтани нусхаҳои эҳтиётӣ ва ё навишта гирифтани ҳама маълумоти муҳими дар телефонатон сабтшударо фаромӯш накунед.
БА ДИГАР ТАЧҲИЗОТ ПАЙВАСТ НАМУДАН
Пеш аз пайваст намудан ба дигар таҷҳизот, қоидаҳои бехатариро аз дастури истифодабарӣ мутолиа кунед. Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
9
Барои бехатарии Шумо
ЗАНГҲОИ ФАВҚУЛОДДА
Фурўзон будани функсияи телефонии дастгоҳ ва коршоям будани онро тафтиш кунед. Барои тоза кардани экран ва баргаштан ба ҳолати нофаъол, тугмаи қатъи занги телефонро чанд маротиба ки лозим бошад, пахш намоед. Рақами хадамоти фавқулоддаро ворид карда, тугмаи зангро пахш намоед. Дар бораи мавқеатон хабар диҳед. Ба занг бе рухсат хотима надиҳед.
Дар бораи дастгоҳи шумо
Дастгоҳи бесими дар ин дастур тасвиршуда барои истифода дар шабакаи EGSM 900 ва GSM 1800 тасвиб карда шудааст. Оиди маълумоти иловагӣ дар бораи шабака бо расонандаи хадамот дар тамос шавед.
Ҳангоми истифодабарии хусусиятҳои ин дастгоҳ ба ҳама қонунҳо риоя кунед; одатҳои маҳаллӣ, ҳуқуқҳои махфият ва қонуният, аз он ҷумла ҳуқуқи муаллифиро эҳтиром намоед.
Огоҳӣ: Барои истифода бурдани дилхоҳ хусусияти дастгоҳ, ғайр аз соати зангдор, телефон бояд фурӯзон бошад. Ҳангоми имконияти халал расонида тавонистан ё хатарро ба вуҷуд овардан дастгоҳи бесимро фурўзон накунед.
10
Барои бехатарии Шумо
Хидматҳои шабака
Барои истифодаи телефон, шумо бояд аз хизматрасони бесим хадамот гиред. Аксар хусусиятҳои дастгоҳ хусусиятҳои махсуси шабакавиро талаб мекунанд. Ин хусусиятҳо дар ҳамаи шабакаҳо дастрас нестанд; баъзе шабакаҳо метавонанд пеш аз истифодаи хадамоти шабакавӣ аз шумо бастани шартномаи махсусро бо хидматрасон талаб кунанд. Провайдери хидматрасон метавонад ба шумо дастур диҳад ва хароҷотҳои марбутаро фаҳмонда диҳад. Баъзе шабакаҳо метавонанд махдудиятҳое дошта бошанд, ки ба тарзи истифода бурдани шабака аз тарафи шумо таъсир мерасонанд. Масалан, баъзе шабакаҳо метавонанд на ҳама ҳуруфот ва хадамоти ба забони алоҳида вобастаро дастгирӣ кунанд.
Провайдери хидматрасон метавонад аз шумо хомӯш кардан ё ки фаъол насохтани баъзе хусусиятҳои дастгоҳро талаб намуда бошад. Дар ин ҳолат, ин хусусиятҳо дар феҳрасти дастгоҳ нишон дода намешаванд. Дастгоҳи шумо метавонад дорои конфигуратсияи махсус, ба мисли тағйиротҳо дар ном ва тартиби фармоишоти феҳраст ва нишонҳо бошад. Барои маълумоти иловагӣ ба провайдер муроҷиат намоед.
11
Барои бехатарии Шумо
Пуркунандаи барқ ва замимаҳо
Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи барқро ҷудо созед.
Пеш аз истифода бурдани дилхоҳ пуркунандаи барқ, рақами тамғавии онро тафтиш кунед. Ин дастгоҳ барои истифодаи якҷоя бо пуркунандаи барқи AC-2, ACP-7 ва ACP-12 пешбинӣ шудааст.
Огоҳӣ: Фақат он батареяҳо, пуркунандаҳои барқ ва замимаҳоеро, ки Nokia тасдиқ кардааст бо ин дастгоҳ истифода баред. Истифодаи дилхоҳ намуди дигар метавонад ҳамагуна тасвиб ва кафолатро бекор созад ва хатарнок бошад.
Оиди мавҷудияти замимаҳои тасвибшуда, лутфан бо паҳнкунандаи ин маҳсулот дар тамос шавед. Вақте ки сими пуркунандаи барқро ҷудо мекунед, на симро, балки вилкаи барқро дошта кашед.
12
Маълумоти умумӣ
Маълумоти умумӣ
Рамзҳои вуруд
Рамзи бехатарӣ, ки бо ҳамроҳии ин телефон дода
шудааст, ба шумо барои аз истифодаи беиҷозат муҳофизат намудани телефони худ кӯмак мерасонад. Рамзи пешаки додашуда 12345 аст.
Рамзи PIN, ки бо ҳамроҳии SIM-корт дода мешавад,
барои аз истифодаи беиҷозат муҳофизат намудани телефонатон кӯмак мерасонад.
Рамзи PIN2, ки бо ҳамроҳии баъзе SIM-кортҳо дода
мешавад, барои дастрас намудани баъзе хадамот лозим аст.
Бо ҳамроҳии SIM-корт метавонанд рамзҳои PUK ва
PUK2 дода шаванд. Агар шумо рамзи PIN ё PIN2-ро се маротиба нодуруст ворид кунед, аз шумо ворид кардани рамзи PUK ё PUK2 талаб карда мешавад. Агар шумо онҳоро надошта бошед, ба провайдери хизматрасони худ муроҷиат намоед.
13
Маълумоти умумӣ
Барои танзим додани хусусиятҳои истифодабарии рамзҳои вуруд ва танзимоти бехатарии телефони худ Меню >
Танзимот > Танзимоти бехатарӣ- ро интихоб намоед.
Хотираи муштарак.
Хусусиятҳои зерини ин дастгоҳ хотираи муштаракро истифода бурда метавонад: Паёмҳо, Мухотибон ва
Оҳангсоз. Истифодаи як ё якчанд аз ин хусусиятҳо
дастрасии хотираро барои дигар хусусиятҳо, ки аз хотираи муштарак истифода мебаранд кам карда метавонанд. Масалан, ҳифз кардани шумораи зиёди паёмҳои хаттӣ метавонад ҳамаи хотираи мавҷударо пурра банд кунад. Вақте ки шумо хотираи муштаракро истифода бурданӣ мешавед, дар экрани дастгоҳ паём оиди пур будани хотира пайдо мешавад. Дар ин ҳолат, пеш аз давоми кор баъзе иттилоот ва воҳидҳоро аз хотираи муштарак тоза намоед. Баъзе хусусиятҳо, аз қабили Мухотибон бар иловаи хотираи муштарак бо дигар хусусиятҳо, метавонанд як миқдори хотираи махсус барои онҳо ҷудокардашуда дошта бошанд.
14
Оғози кор
1. Оғози кор
Калидҳо ва қисмҳо
Ҳангоме ки телефон барои истифода омода аст ва ягон ҳарф тавассути тугмачаҳо ворид карда нашудааст, телефон дар ҳолати интизорӣ аст.
Шадидияти шабака (1)
Сатҳи барқи батарея (2)
Тугмачаҳои интихоби
функсияҳо (3) Тугмачаҳои интихоб (4)
Тугмачаҳои пасту болоравӣ (5)
Тугмачаи зангзанӣ (6)
Тугмачаи анҷом ва тугмачаи
барқ (7) Сафҳаи тугмаҳо (8)
15
Оғози кор
SIM-корт ва батареяро гузоред.
Ҳамаи SIM-кортҳоро аз дастрасии кӯдакони хурдсол дур нигоҳ доред.
Оиди мавҷудият ва гирифтани маълумот дар бораи истифодаи хадамоти SIM корт, бо паҳнкунандаи SIM-корт дар тамос шавед. Ин метавонад провайдери хидматрасон, провайдери шабака ё дигар фурӯшанда бошад.
Тугмаи сарпӯши қафоро (1) пахш кунед, сарпӯши
1.
қафоро кушоед ва бароварда гиред (2,3). Батареяро аз панҷадорак бардоред ва кушода гиред (4).
Боэҳтиёт дорандаи SIM-кортро аз панҷадораки
2.
телефон боло кунед (5). SIM-кортро тавре гузоред, ки гӯшаи буридашудааш дар тарафи рост аз боло ва контакти тиллогунаш сарзер ҷойгир шавад (6).
16
Оғози кор
Дорандаи SIM-кортро (7) пушонед ва онро пахш намоед, то ки дар ҷояш мустаҳкам шавад. Батареяро гузоред (8, 9).
Батареяро бо барқ пур кунед
Пуркунаки барқро ба васлаки барқии
1.
деворӣ пайваст намоед. Пайвасткунаки пуркунандаи барқро
2.
ба сурохии дар зери телефон ҷойгирбуда дароред. Ҳаракати нишондиҳандаи сатҳи барқгирии батарея ба пасту боло оғоз меёбад. Агар Пур намеша вад нишон дода шавад, чанд лаҳза интизор шавед, пуркунандаи барқро ҷудо кунед, аз нав пайваст кунед ва амалиёти болоро такрор кунед. Агар пуркунии барқ ҳоло ҳам ба амал наояд, ба паҳнкунандаи худ муроҷиат намоед.
17
Оғози кор
Ҳангоме ки батарея пурра аз барқ пур шудааст,
3.
нишондиҳандаи сатҳи барқгирии батарея ҳаракатро қатқ мекунад. Пуркунандаи барқро аз телефон ва васлаки барқии деворӣ ҷудо кунед.
Фурӯзон ё хомӯш кардан
Тугмачаи анҷомро дар тӯли якчанд лаҳза пахш карда нигоҳ доред.
Телефонро танҳо дар ин ҳолати муқаррарӣ истифода баред.
Дастгоҳи Шумо антеннаи дохилӣ дорад.
Эътибор диҳед: Ба монанди ҳамагуна таҷҳизоти паҳнкунандаи мавҷи радио, дар вақти фурӯзонии дастгоҳ бе зарурат ба антенна даст нарасонед. Масалан, ҳангоми зангзанӣ ба антеннаи телефон нарасед. Тамос бо антеннаи қабулкунанда ё фиристанда ба сифати алоқаи радио таъсир карда, сабаби аз меъёри зарурӣ зиёд истифода шудани барқ мегардад ва метавонад мӯҳлати хизмати батареяро кӯтоҳ кунад.
18
Оғози кор
Эътибор диҳед: Ба ин пайвасткунанда даст нарасонед, зеро он ба бебарқшавии электростатикӣ ҳассос аст.
Ҳолати намоишӣ
Шумо метавонед чӣ гуна истифода бурдани хусусиятҳои алоҳидаи телефони худро муоина кунед. Агар SIM-корт гузошташуда набошад, Дидан > Асосҳо, Боз ё Бозиҳо - ро интихоб намоед.
Агар SIM-корт гузошташуда бошад, Меню > Иловаҳо >
Намоиш > Асосҳо ё Боз - ро интихоб намоед.
Миёнабурҳо дар ҳолати интизорӣ
Барои вуруди Қайди зангҳо, ба боло ҳаракат кунед. Барои дастрас сохтани номҳо ва рақамҳо дар Мухотибон
ҳифзшуда ба поён ҳаракат кунед. Барои навиштани паём ба чап ҳаракат кунед. Барои гузаштан ба ҳолати намоишӣ ба рост ҳаракат намоед.
Loading...
+ 42 hidden pages