Nokia C2-01 User's Guide [tg]

Дастури истифодабаранда Nokia C2-01
Масъала 1.2
2 Мундариҷа

Мундариҷа

Бехатарӣ 4
Дар бораи дастгоҳи шумо 5 Хидматҳои шабака 5
Оғози кор 7
Тугмачаҳо ва қисмҳо 7 Корти SIM ва батареяро гузоред 7 Гузоштани корти хотира 9 Гирифтани корти хотира 9 Батареяро бо барқ пур кунед 10 Тасмаи дастбандро часпонед 10 Дастгоҳро фаъол ва хомӯш намоед 10 Мавҷгири GSM 11 Маҷмӯи гӯшмонак 11
Истифодаи оддӣ 12
Қулфи клавиатура 12 Рамзҳои вурудшавӣ 12 Идоракунии пасту баландии садо 13 Ҳолати интизорӣ 13 Нишондиҳандаҳо 14 Менюҳоро идора кунед 14 Миёнабурҳо 15 Менюи оператор 15 Дастгоҳи худро бе корти СИМ истифода баред 15 Навиштани матн 15 Ҳисмоби Nokia ва хидматҳои Nokia's Ovi 16 Дар бораи Ovi Store 17
Алоқаҳо 17
Зангҳо 18
Занг задан ва қабул кардан 18 Баландгӯяк 18 Миёнабурҳои рақамзанӣ 19 Ҳисобот 19
Паёмнависӣ 19
Паёмҳои матнӣ ва мултимедиявӣ 19 Почта 21 Бо рафиқони худ сӯҳбат кунед 22 Паёмҳои флешдор 22 паёмҳои аудиоии Nokia Xpress 22 Паёмҳои овозӣ 23 Танзимоти паёмҳо 23
Ташкилгар 23
Соати зангдор 23 Тақвим ва рӯйхати вазифа 24
Веб ё Интернет 24
Ба хадамоти интернетӣ пайваст шавед 25
Медиа 25
Камера ва видео 25 Радиои FM 26 Сабткунандаи овоз 27 Плеери мусиқӣ 27
Силсилаи ҷузъиёт 28
Танзимот 29
Намудҳо 29 Оҳангҳо 30 Экран 30 Сана ва вақт 30 Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ 31 Пайвастшавӣ 31 Занг ва телефон 33 Барқарорсозии танзимоти завод 33
Кӯмаки бештар гиред 34
Дастгирӣ 34 Дар бораи навсозиҳои барномаи дастгоҳ 34 Бо истифода аз дастгоҳи худ нармафзори дастгоҳро навсозӣ кунед 35
Навсозии нармафзори дастгоҳ ба воситаи компютер 36
Муҳитро ҳимоя кунед 36
Сарфаи барқ 36 Истифодаи такрорӣ 36
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 37
Мундариҷа 3
4 Бехатарӣ

Бехатарӣ

Ин дастурҳои соддаро хонед. Мувофиқи онҳо амал накардан метавонад хатарнок ё ғайриқонунӣ бошад. Барои маълумоти иловагӣ дастури мукаммали истифодабарандаро мутолиа кунед.

БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ ФАЪОЛ КАРДАН

Дар мавриде ки истифодаи телефони бесим манъ карда шудааст ва ё, халал ё зарар расонда метавонад дастгоҳро фурӯзон нанамоед.

БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ

Ба ҳамаи қонунҳои маҳаллӣ риоя кунед. Ҳангоме ки автомобил меронед, дастҳоятон бояд ҳамеша озод бошанд. Мақсади аввалиндараҷаи шумо ҳангоми рондани автомобил, бояд таъмини бехатарии ҳаракат бошад.

ХАЛАЛРАСОНӢ

Ҳама гуна таҷҳизоти бесим ба халалҳо таъсирпазир мебошанд, ки ин ба кори тачҳизот таъсири бад расонда метавонад.

ДАР ҶОЕ, КИ ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲ МАНЪ ШУДААСТ ХОМӮШ НАМОЕД

Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дар ҳавопаймо, назди таҷҳизоти тиббӣ, сӯзишворӣ, маводи кимиёвӣ ё худ минтақаи таркишҳо дастгоҳро хомӯш доред.

ХИДМАТРАСОНИИ БОСАЛОҲИЯТ

Танҳо кормандони босалоҳият метавонанд ин дастгоҳро насб кунанду таъмир намоянд.

ЗАМИМАҲО ВА БАТАРЕЯҲО

Танҳо замимаҳо ва батареяҳои тасвибшударо истифода баред. Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.

ОБНОГУЗАР

Дастгоҳи шумо обногузар нест. Дастгоҳро хушк нигоҳ доред.
Бехатарӣ 5
Дар бораи дастгоҳи шумо Дастгоҳи бесими дар ин дастур тавсифшуда барои истифода дар шабакаҳои
(E)GSM 850, 900, 1800 ва 1900 MHz ва шабакаҳои UMTS 900/1900/2100 MHz тасвиб карда шудааст. Оид ба маълумоти иловагӣ дар бораи шабака бо расонандаи хадамот дар тамос шавед.
Дастгоҳи шумо метавонад дорои замимаҳо ва роҳҳои васли интернетӣ ба саҳифаҳои интернетии тарафи сеюм бошад ва ба шумо ба он саҳифаҳои ашхоси сеюм воридшавиро иҷозат диҳад. Ин саҳифаҳо бо Nokia алоқае надоранд ва Nokia ягон масъулияте доир ба онҳо намебарад ва ба зиммаи худ намегирад. Агар шумо ба ингуна саҳифаҳо ворид гаштанӣ бошед, барои мундариҷа ва бехатарӣ чораҳои лозимиро бубинед.
Огоҳӣ Барои истифодаи дилхоҳ хусусияти дастгоҳ, ғайр аз соати зангдор, телефон бояд фаъол бошад. Ҳангоми имконияти халал расонида тавонистан ё хатарро ба вуҷуд овардан дастгоҳи бесимро фурўзон накунед.
Ҳангоми истифодабарии ин дастгоҳ ба ҳама қонунҳо риоя кунед; одатҳои маҳаллӣ, ҳуқуқи махфият ва ҳуқуқи қонунии дигаронро, аз ҷумла ҳуқуқи муаллифиро эҳтиром намоед. Ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ метавонад нусхабардорӣ, дигарсозӣ пешкашнамоӣ ва фиристодани баъзе тасвирҳо, мусиқа (аз он ҷумла оҳангҳои занг) ва дигар мундариҷаҳоро мамнӯъ созад.
Нусхаҳои эҳтиётӣ созед ва ё ҳама маълумоти муҳими дар телефонатон сабтшударо навишта гиред.
Пеш аз пайваст намудан ба дигар таҷҳизот, қоидаҳои бехатариро аз дастури истифодабарӣ мутолиа кунед. Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
Тасвирҳои дар ин дастур буда, метавонанд аз намоиши дастгоҳи шумо фарқ кунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба дастури истифодабаранда муроҷиат кунед.
Хидматҳои шабака Барои истифодаи телефон, шумо бояд аз хизматрасони хизматрасонии бесим
истифода баред. Баъзе хусусиятҳо дар ҳамаи шабакаҳо дастрас нестанд; дигар хусусиятҳо метавонанд барои истифода бурдани онҳо аз шумо бо хидматрасон бастани шартномаи махсусро талаб кунанд. Хадамотҳои шабакавӣ интиқоли маълумотро дар бар мегирад. Оид ба хаққи пардохт дар дохили шабака ва берун аз он ба хадамоти хизматрасони муроҷиат кунед. Провайдери хидматрасони шумо хароҷоти марбутаро фаҳмонда медиҳад. Баъзе шабакаҳо метавонанд
6 Бехатарӣ
маҳдудиятҳо дошта бошанд, ки ба тарзи истифодабарии баъзе хусусиятҳои ин дастгоҳ, ки дастгирии шабакаро ба монанди дастгирии технологияҳои махсуси монанди суръатҷаласаи WAP 2.0 (HTTP ва SSL)-и дар асоси суръатҷаласаи TCP/ IP фаъолияткунанда ва ҳуруфоти забонҳои алоҳида талаб мекунанд, таъсир мерасонад.
Провайдери хидматрасони Шумо метавонад аз шумо хомӯш кардан ё ки фаъол насохтани баъзе хусусиятҳои дастгоҳро талаб намояд. Дар ин ҳолат, ин хусусиятҳо дар феҳрасти дастгоҳ нишон дода намешаванд. Дастгоҳи шумо инчунин метавонад дорои ҷузъҳои мувофиқкардашудаи монанди номҳои меню, тартиби меню ва тасвирчаҳо бошад.
Ҳангоми васеъ истифода бурдан ба монанди пайвасти маълумотии суръаташ баланд, дастгоҳ метавонад гарм шавад. Дар бисёр ҳолатҳо, ин амр муқаррарӣ мебошад. Агар ягон қисми таҷҳизот дуруст фаъолият накунад, онро барои таъмир ба наздиктарин хидматрасони расмӣ баред.

Оғози кор

Тугмачаҳо ва қисмҳо

Оғози кор 7
1
2 Гӯшмонак
3 Дисплей
4 Тугмачаҳои интихоб
5 Navi™ тугма (тугмаи ҳаракат)
6 Тугмачаи зангзанӣ
7 Сафҳаи тугмачаҳо
8 Пайвасткунаки пуркунандаи барқ
9 Пайвасткунаки гӯшмонак/
10 Линзаи камера
11 Васлаки Micro USB
12 Баландгӯяк
13 Микрофон
14 Ковокии корти хотира
15 Сӯрохи тасмаро бандед

Корти SIM ва батареяро гузоред

Тугмачаи хомӯш/фаъол
Пайвасткунаки Nokia AV (3.5 мм)
Муҳим: Дар ин дастгоҳ корти mini-UICC SIM -ро ки инчунин корти micro-SIM номида мешавад, корти micro-SIM бо адаптер, ё корти SIM буриши mini-UICC дорад (ниг. ба расм) истифода набаред. Корти micro SIM аз корти SIM-и муқаррарӣ хурдтар аст. Ин дастгоҳ истифодаи кортҳои micro-SIM-ро дастгирӣ намекунад ва истифодаи кортҳои SIM-и номувофиқ метавонад корт ё дастгоҳро вайрон кунад ва ба иттилооти дар корт захирашуда зарар расонад.
ғози кор
SIM -корт ва алоқаҳои он аз харошидан ва каҷ кардан ба осонӣ аз кор мебароянд. Аз ин рӯ, кортро бо эҳтиётӣ истифода баред, дохил ва хориҷ кунед.
1 Сарпӯшро аз болои телефон кашида кушоед (1). 2 Батареяро бароред (2).
3 Дорандаи корти SIM -ро кушоед (3), корти SIM -ро бо контактҳои сарзер
гузоред (4), ва дорандаро пӯшед (5).
4 Батареяро дохил кунед (6) ва сарпӯши телефонро ба ҷои худ ҷойгир кунед
(7).
Оғози кор 9
Гузоштани корти хотира Танхо механизмхои мувофик кортҳои microSD-и аз чониби ширкати Nokia барои
истифода бо тачхизоти мазкур тасдикшударо истифода баред. Ширкати Nokia барои кортхои хотира стандартхои дар сохаи саноат тасдикшударо истифода мебарад, лекин баъзе тамгахо ба ин тачхизот пурра мувофик наомаданашон мумкин. Кортхои номувофик корт ва тачхизотро вайрон ва маълумоти дар корт бударо кур карданашон мумкин.
Дастгоҳи шумо кортҳои хотираи microSD-ро бо ғунҷоиши то дастгирӣ мекунад 16 ГБ.
Бо дастгоҳ метавонад корти хотираи мувофиқ дода шавад, ва метавонад аллакай дар дастгоҳ насб шуда бошад. Агар ин тавр набошад, он гоҳ чунин кунед:
1 Сарпқши ковокии корти хотираро кушоед. 2 Кортро ба ковокии корти хотира бо тарафи контакташ ба боло гузоред ва
пахш кунед то он даме ки он ба ҷояш нишинад.
3 Сарпӯши ковокии корти хотираро кушоед.

Гирифтани корти хотира

Муҳим: Ҳангоми дар раванди кор қарор доштани корт, корти хотираро хориҷ накунед. Хориҷ кардани он метавонад ба вайроншавии корти хотира ва дастгоҳ ва хисорот дидани маълумотҳои дар корт захирашуда сабаб шавад.
Шумо метавонед корти хотираро бе куштани дастгоҳ корти хотираро бароред ё гузоред, аммо бояд боварӣ ҳосил намоед ки дар ин ҳангом ягон барнома корти хотираро истифода намекунад.
10 Оғози кор
Батареяро бо барқ пур кунед Батареяи шумо ҳангоми истеҳсол бо барқ нимпур карда шудааст. Агар дастгоҳ
кам будани барқро нишон дода истода бошад, амалҳои зеринро иҷро кунед:
1 Пуркунандаи барқро ба васлаки деворӣ пайваст намоед. 2 Пуркунандаи барқро ба дастгоҳ пайваст намоед. 3 Вақте ки батарея пур карда шуд, аввал пуркунандаи барқро аз дастгоҳ ва
баъд аз васлаки деворӣ ҷудо созед.
Ба шумо зарур нест батареяро то мӯҳлати муаян бо барқ пур кунед ва шумо метавонед онро ҳангоми барқгирӣ истифода баред. Агар барқи батарея пурра холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг, метавонад якчанд дақиқа гузарад.

Тасмаи дастбандро часпонед

Тасмаи дастбандро тавре ки нишон дода шудааст тобед ва мустаҳкам кунед.
Дастгоҳро фаъол ва хомӯш намоед Тугмаи барқро пахш карда нигоҳ доред
.
Оғози кор 11
Аз шумо метавонад хоҳиш карда шавад, ки танзимоти конфигуратсияро аз провайдер гиерд (хидмати шабакавӣ). Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.

Мавҷгири GSM

Дастгоҳи шумо метавонад дорои мавҷгирҳои дохилӣ ва беруна бошад. Вақте ки мавҷгир мавҷ мефиристонад ё қабул мекунад, бе зарурат ба мавҷгир даст нарасонед. Тамос бо мавҷгирҳо ба сифати алоқа таъсир карда, сабаби аз меъёри зарурӣ зиёд истифода шудани барқ мегардад ва метавонад мӯҳлати хизмати батареяро кӯтоҳ кунад.
Расм ҷои мавҷгири GSM-ро бо ранги хокистарӣ нишон медиҳад.

Маҷмӯи гӯшмонак

Огоҳӣ Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
12 Истифодаи оддӣ
Огоҳӣ Вақте ки Шумо гӯшмонакро истифода мебаред, имкони Шумо барои шунидани овозҳои беруна метавонад халалдор гардад. Дар ҷойе, ки бехатарии Шумо дар зери таҳдид аст гўшмонакро истифода набаред.
Ҳангоми васл кардани ягон замимаи беруна ё гӯшмонак ба васлкунаки Nokia AV, ки бо Nokia маъқул дониста нашудааст, ба дараҷаи овоз махсус эътибор диҳед.
Маҳсулоте ки сигналҳои баромадро ба вуҷуд меоранд, ба дастгоҳ васл накунед. Ин метавонад ба дастгоҳ хисорот расонад. Ягон замимаи барқдорро ба васлкунаки Nokia AV пайваст накунед.

Истифодаи оддӣ

Қулфи клавиатура

Барои канорагирӣ кардан аз пахши тасодуфии тугмаҳо, Меню -ро интихоб кунед ва * -ро дар тӯли 3 -5 сония барои бастани клавиатура пахш намоед.
Барои кушодани клавиатура, Қулфкш -ро интихоб кунед, ва * -ро дар тӯли 1 - 5 сония пахш намоед. Агар амнияти клавиатура фаъол бошад, рамзи амниятӣ дар ҳоли дархост ворид кунед.
Барои танзими клавиатура ба бастани худкор пас аз фосилаи муайяни вақт, ки дастгоҳ истифода намешавад Меню > Танзимотҳо > Телефон > Калд. амнт.
худкор > Фаъол-ро интихоб кунед.
Барои ҷавоб додан ба занг вақте, ки қулфи клавиатура баста аст, тугмаи тамосро пахш намоед. Вақте ки шумо зангро хотима диҳед ё зангро рад кунед, қулфи клавиатура ба тариқи худкор баста мешавад.
Ҳангоме ки дастгоҳ ё сафҳаи калидҳо дар ҳолати баста аст, зангзанӣ ба рақами фавқулодаи расмӣ, ки дар дастгоҳ барномарезӣ шудааст метавонад имконпазир бошад.
Рамзҳои вурудшавӣ Рамзи амниятӣ ба шумо имкон медиҳад, ки дастгоҳатонро аз истифодаи беиҷозат
муҳофизат намоед. Рамзи пешакӣ насбшуда 12345 аст. Шумо метавонед рамзро созед ё тағир диҳед ва дастгоҳро тавре танзим кунед, ки рамзро дархост кунад. Рамзро махфӣ ва дар ҷои амн, алоҳида аз дастгоҳ нигоҳ доред. Агар шумо рамзро фаромӯш кунед ва дастгоҳи шумо баста шавад, дастгоҳи шумо ба хидматрасонӣ ниёз хоҳад дошт. Метавонад пардохти иловагӣ талаб карда шавад ва ҳама маълумоти шахсӣ дар дастгоҳи шумо метавонад нест карда шавад.
Истифодаи оддӣ 13
Барои маълумоти иловагӣ ба ягон Nokia Care ё дилери дастгоҳи худ муроҷиат намоед.
Рамзи PIN, ки бо телефон дода мешавад, кортро аз истифодаи беиҷозат муҳофизат мекунад. Рамзи PIN2, ки бо баъзе СИМ-кортҳо дода мешавад, барои дастрасӣ ба баъзе хадамот лозим шуданаш мумкин аст. Агар шумо рамзи PIN ё PIN2-ро се маротиба пайдарпай хато ворид кунед, аз шумо рамзи PUK ё PUK2 талаб карда мешавад. Агар шумо онҳоро надошта бошед, бо провайдери хадамоти худ тамос гиред.
Барои дохилшавӣ ба иттлоот дар модули амниятии SIM - корти Шумо, модули PIN дархост карда мешавад. Барои имзои рақамӣ имзокунии PIN метавонад дархост карда шавад. Номи шаб барои манъкуни хангоми истифодаи хизматрасонии манъкунии занг лозим мешавад.
Барои танзим додани телефони худ, ки телефон рамзҳои вурудшавӣ ва амниятиро чи тавр истифода барад, Меню > Танзимотҳо > Амният-ро интихоб кунед.

Идоракунии пасту баландии садо

Огоҳӣ Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Барои танзими баландии овози гӯшак ё баландгӯяк ҳангоми зангзанӣ, гӯш кардани аудио файл ё радиои FM, ба поён ё боло ҳаракат намоед.
Ҳолати интизорӣ Вақте, ки телефон ба истифодабарӣ омода аст ва Шумо ҳоло ягон рамзро дохил
накардаед, телефон дар ҳолати интизорӣ мебошад.
Иқтидори мавҷи шабака
1
2 Дараҷаи барқи батарея
3 Номи шабака ё тамғаи оператор
4 Вазифаҳои калидҳои интихобӣ
Калиди чапи интихобӣ барои дидани вазифаҳо дар рӯйхати шахсии миёнабурҳо
Гузшт. ба пешбинӣ шудааст. Барои дидани вазифаҳои дастрас, ҳангоми дидани
рӯйхат, Имконот > Интихоб кардан -ро интихоб кунед, ё барои ба тартиб
14 Истифодаи оддӣ
даровардани вазифаҳо дар рӯйхати миёнабурҳои худ, Имконот > Ташкил
додан -ро интихоб кунед.
Барои бо телефон нишон додани рӯйхати хусусиятҳо ва иттилооти интихобшудае, ки шумо метавонед аз ҳолати интизорӣ дастрас намоед, Меню >
Танзимотҳо > Дисплей > Экрани асосӣ -ро интихоб кунед.

Нишондиҳандаҳо

Шумо паёмҳои нохонда доред. Шумо паёмҳои ирсолнашуда, бекоркарда ё ноком доред. Сафҳаи тугмачаҳо қулф зада шудааст.
Телефон барои зангҳои қабулшаванда ё паёмҳои хаттӣ занг намезанад. Ҳушдор таъин шудааст.
/ Телефон дар шабакаҳои GPRS ё EGPRS қайд шудааст.
/ Пайвасти GPRS ё EGPRS кушода аст.
/ Пайвасти GPRS ё EGPRS мутаваққиф шудааст.
Дастгоҳ дар шабакаи 3G (UMTS) қайд шуд. Bluetooth фаъол шуд. Зангҳои қабулшаванда ба дигар рақам равона карда шуданд. Зангҳо ба рақамҳои гурҳи пшидаи истифодабаранда маҳдуд
шудаанд. Муддати фаъолияти профили ор таъин шудааст.
Гӯшмонак ба дастгоҳ пайваст карда шудааст. Дастгоҳ ба дастгоҳи дигаре тавассути сими маълумотии USB пайваст
карда шудааст.
Менюҳоро идора кунед Вазифаҳои телефон дар менюҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. На ҳамаи вазифаҳои
меню ё имконоти ҷузъҳо дар ин ҷо тавсиф карда шудаанд.
Дар экрани хонагӣ, Меню ва меню ё зерменюи дилхоҳро интихоб кунед.
Хуруҷ аз зинаи ҷории меню
Баромад ё Қафо интихоб кунед.
Бозгашт ба экрани хонагӣ Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Тағири намуди меню Интихоб кунед Меню > Имконот > Намоиши меню.
Истифодаи оддӣ 15
Миёнабурҳо Бо миёнабурҳои шахсӣ, Шумо метавонед зуд ба вазифаҳои муттасил
истифодашавандаи телефон дохил шавед.
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Тугм. миёнбур.
Имконотҳои телефон ба тугмаҳои интихобӣ таъин кунед
Тугм. рости интих. ё Тугмаи чап инт-б ва имконот аз рӯйхат интихоб кунед.
Имконотҳои миёнбурро барои тугмаҳои ҳаракат интихоб кунед Интихоб кунед Тугмаи идоракунӣ. Ба дилхоҳ тараф ҳаракат кунед, ва Тағйир ё
Таъин ва вазифаеро аз рӯйхат интихоб кунед.
Менюи оператор Ба портале барои гирифтани хадамотҳое, ки оператори шабакавии Шумо
пешниҳод мекунад, дохил шавед. Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери шабакавии худ дар тамос шавед. Оператор метавонад бо паёми хадамотӣ менюи мазкурро навсозӣ намояд.
Дастгоҳи худро бе корти СИМ истифода баред Баъзе вазифаҳои телефони шумо, метавонанд бе ворид кардани корти СИМ
истифода шаванд. Вазифаҳое, ки ҳангоми фаъол будани профили парвоз дастрас нестанд, наметавонанд аз менюҳо интихоб карда шаванд.
Навиштани матн Модулҳои матн
Барои ворид кардани матн (масалан, вақти навистани паёмҳо) Шумо метавонед аз тарзи вуруди пешгӯӣ ё анъанавии матн истифода баред.
Вақте ки Шумо матн менависед, Имконот -ро барои гузаштан байни вуруди анъанавии матн, ки бо
намоиш мешавад, пахш кунед ва доред. На ҳамаи забонҳо бо вуруди пешгӯии матн дастгир карда мешаванд.
Намуди аломатҳо бо
Барои тағйир додани намуди аломат, # - ро пахш кунед. Барои гузаштан аз ҳолати ҳарфӣ ба рақамӣ, ки бо
Ҳолати рақам - ро интихоб кунед. Барои гузаштан аз ҳолати рақамӣ ба ҳарфӣ, #
- ро пахш кунед ва доред.
Барои насб кардани забони навист, Имконот > Забони навишт- ро интихоб кунед.
намоиш мешавад ва вуруди пешгӯии матн, ки бо
, ва намоиш мешаванд.
намоиш мешавад, # - ро пахш кунед ва доред ва
16 Истифодаи оддӣ
Вуруди анъанавии матн Калиди рақамиро, аз 2 то 9, то намоиш шудани аломат ё ҳарфи дархостшуда
такроран пахш кунед. Аломатҳои дастрас ба забони интихобшудаи навистӣ вобаста аст.
Агар аломати навбатӣ, ки Шумо дархост мекунед дар калиди истифодашудаистода ҷой гирифта бошад, то падидор шудани курсор интизор шавед ва аломатро дохил кунед.
Барои вуруди ба аломатҳои китобатӣ ва дигар аломатҳои махсуси бисёр истифодашаванда, 1-ро мунтаззам пахш кунед. Барои вурудшавӣ ба рӯйхати махсуси аломатҳо, *-ро пахш кунед. Барои ворид кардани фосила, 0-ро пахш кунед.
Вуруди пешгӯии матн Вуруди пешгӯии матн дар асоси луғати дохилӣ, ки ба он Шумо метавонед
калимаҳои нав ворид кунед, қарор ёфтааст.
1 Ба навистани калима бо истифодаи калидҳо 2 то 9 оғоз кунед. Барои як ҳарф
як калидро як дафъа пахш кунед.
2 Барои тасдик намудани ягон калима ба тарафи рост равед ва е чое илова
кунед.
Агар калима нодуруст бошад, * -ро бардавом пахш кунед ва калимаро аз рӯйхат интихоб кунед.
Агар пас аз калима аломати "?" нишон дода шавад, калимае, ки Шумо навистанӣ ҳастед, дар луғат мавҷуд нест. Барои ба луғат илова кардани калима, Имло - ро интихоб кунед. Калимаро бо истифодаи вуруди анъанавии матн дохил кунед ва Захира - ро интихоб кунед.
Барои навистани калимаҳои мураккаб, қисми якуми калимаро дохил ку не д ва калиди дасти ростро барои тасдиқкунии он пахш кунед. Қисми охирини калимаро нависед ва калимаро тасдиқ кунед.
3 Ба навистани калимаи навбатӣ оғоз кунед.
Ҳисмоби Nokia ва хидматҳои Nokia's Ovi Шумо метавонед дар компюткри шахсӣ ё дар дастгоҳи мобилии худ як ҳисоби
Nokia эҷод кунед.
Бо ё ри и ҳисо би хи дмат ҳо и Noki a' s O vi ва ҳи соби No ki a шумо ме та вонед, масалан:
Ҳисоби ройгони Ovi Mail гиред
Зеркашиҳо, барномаҳо, видеоҳо ва оҳангҳои занг аз Ovi Store
Алоқаҳо 17
Хидматҳои дастрас метавонанд инчуни аз рӯи минтақа ва мамлакат фарқ кунанд ва на ҳама забонҳо дастгирӣ мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ оиди Ovi, ба саҳифаи www.ovi.com гузаред.
Барои эҷоди ҳисоби Nokia баъдтар, дастгоҳи худро барои дастрасӣ ба хидмати Ovi истифода кунед ва аз шумо пурсида мешавад, ки ҳисобе эҷод намоед.

Дар бораи Ovi Store

Дар Ovi Store шумо метавонед ба дастгоҳи худ бозиҳои мобилӣ, замимаҳо,
видеоҳо, расмҳо мавзӯъҳо ва оҳангҳои занг зеркашӣ кунед. Баъзе ҷузъҳо ройгон мебошанд; барои дигар ҷузъҳо ба шумо пардохтани арзиш тавассути корти қарз ӣ ё ҳисоби телефони худ лозим меояд. Дастрасии усулҳои пардохт аз кишвари сукунат ва провайдери хидматрасони шабакаи шумо вобаста аст. Ovi Store мундариҷаеро пешниҳод менамояд, ки бо дастгоҳи мобилии шумо мувофиқ аст ва ба завӯу маҳалли шумо марбут аст.

Алоқаҳо

Интихоб кунед Меню > Алоқаҳо.
Шумо метавонед номҳо ва рақамҳоро дар хотираи дастгоҳ ё SIM -корт ҳифз намоед. Шумо метавонед алоқаҳоро бо рақамҳо ва матнҳо дар хотираи дастгоҳ захира кунед. Номҳо ва рақамҳои дар SIM корт захирашуда ба воситаи
мешаванд.
Иловаи алоқа Интихоб кунед Иловаи нав.
Тафсилоти алоқаро илова кунед Санҷед. ки хотираи истифодашуда ҳамҷун Телефон ё Телефон ва SIM муайян
шудааст. Номҳо - ро интихоб кунед, ба ном равед, ва Тафсил > Имконот >
Иловаи тафсилот-ро интихоб кунед.
Ҷустуҷӯи алоқа Барои ҷустуҷӯи алоқа, Номҳо -ро интихоб кунед ва дар рӯйхати алоқаҳо ҳаракат
карда нигаред ё ҳарфҳои аввали номи алоқаро ворид кунед.
Алоқаро ба дигар хотира нусхабардорӣ кунед Ба алоқа равед ва НомҳоТафсил > Имконот > Нусхабардор. рақам-ро интихоб
кунед. Шумо метавонед барои ҳар як ном танҳо як рақами телефониро дар SIM­корт захира кунед.
муайян
18 Зангҳо
Захиракунии алоқаҳо, тарзи намоиши алоқаҳо ва бо алоқаҳо истифодакунии ҳаҷми хотираро интихоб кунед
Интихоб кунед Танзимотҳо.
Варақаи боздидро ирсол кунед Дар рӯйхати алоқаҳо ба алоқа равед ва Тафсил > Имконот > Ирсоли корти
корӣ-ро интихоб кунед. Шумо метавонед кортҳои тиҷоратиро аз дастгоҳҳое, ки
стандарти vCard-ро дастгирӣ мекунанд, қабул ва ирсол кунед.

Зангҳо

Занг задан ва қабул кардан

Занг занед Барои задани занг рақами телефон ва агар лозим бошад рамзи минтақа ва
мамлакатро ворид кунед, ва тугмаи зангро зер кунед. Барои зангҳои байналмилал * -ро ду бор барои задани пешоянди байналмилал (аломати + рамзи баромади байналмилалиро иваз мекунад) пахш кунед, рамзи кишвар, рамзи шаҳрро бе 0 ва агар лозим бошад, рақами телефонро ворид кунед.
Занги даромадро ҷавоб диҳед Тугмаи зангро пахш кунед.
Зангро рад кунед Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Баландии овозро танзим кунед Ҳангоми зангзанӣ, ба боло ё поён ҳаракат кунед.
Баландгӯяк Агар мавҷуд бошад, метавонед Бал-гӯяк ё Телефон -ро интихоб намоед, то ки
баландгӯяк ё гӯшмонаки дастгоҳро ҳангоми ягон зангзанӣ истфода баред.
Огоҳӣ Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Паёмнависӣ 19

Миёнабурҳои рақамзанӣ

Рақами телефонро ба ягон рақами тугма таъин кунед
Меню > Алоқаҳо > Рақм-знҳои тез -ро интихоб кунед, ба рақами дилхоҳро (2-9)
ҳаракат кунед, ва Таъин -ро интихоб кунед. Рақами телефонии дилхоҳро ворид кунед, ё Ҷустучӯ ва тамоси захирашударо интихоб кунед.
Рақамзании тезро фаъол созед Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Зангзанӣ > Рақамзании тез > Фаъол.
Ба воситаи рақамзании тез занг занед Дар ҳолати интизорӣ тугмаи рақами дилхоҳро дошта истед.
Ҳисобот Барои дидани маълумот оиди зангҳо, паёмҳо, маълумот ва ҳодисаҳои
ҳамоҳангсозии худ Меню > Журнал ва имконоти мувофиӯеро интихоб кунед.
Эзоҳ: Андозаи воқеии пардохт барои зангҳо ва хидматҳо аз тарафи провайдери хидматрасон метавонад вобаста ба хусусиятҳои шабака, яклухткунии ҳаққи хизмат, андозҳо ва монанди ин гуногун бошад.

Паёмнависӣ

Шумо метавонед паёмҳои матнӣ, мултимедиявӣ, аудиоӣ ва флэшро ирсол ва қабул намоед. Инчунин шумо метавонед ирсол ва қабул кардани кунед. Хадамоти мубодилаи паёмӣ танҳо дар ҳолате, ки агар шабака ва провайдери хизматрасони Шумо дастгирӣ намояд, истифода бурда мешавад.
Паёмҳои матнӣ ва мултимедиявӣ Шумо метавонед паёмро эҷод кунед ва ихтиёрӣ, масалан, тасвирро замима
кунед. Ҳангоме, ки файл замима мешавад, телефони Шумо паёми матниро ба паёми мултимедиявӣ худкор тағйир медиҳад.
Паёмҳои матнӣ Дастгоҳи шумо ба фиристодани як паёми хаттии андозааш аз маҳдудияти
шумораи ҳарфҳо барои як паём бузургтар қодир аст. Паёмҳои дароз ҳамчун ду ё зиёда паёмҳо фиристода мешаванд. Провайдери хидматрасони шумо метавонад мувофиқан пардохти зиёдтарро талаб кунад. Ҳарфҳое, ки дар таркибашон апостроф, дигар аломатҳо доранд ё баъзе забонҳои дигар ҷойи бештарро банд мекунанд ва миқдори ҳуруфоти дар як паём фиристодашавандаро кам мекунанд.
20 Паёмнависӣ
Шумораи умумии ҳарфҳои боқимонда ва шумораи паёмҳои фиристодашаванда нишон дода мешавад.
Барои фиристодани паёмҳо, дар дастгоҳи шумо бояд рақами дурусти маркази паёмҳо захира шуда бошад. Одатан, ин рақам пешакӣ тавассути СИМ-корти шумо муқаррар карда мешавад.
Барои дастӣ гузоштани рақам, амалҳои зеринро иҷро намоед:
1Интихоб Меню > Паёмнависӣ > Танзимоти паём > Паёмҳои матнӣ >
Маркази паёмҳо.
2 Ном ва рақами аз тарафи провайдери хидматрасон додашударо ворид
намоед.
Паёмҳои мултимедиавӣ Паёми мултимедиавӣ метавонад дорои матн, тасвирҳо ва клипҳои оҳангӣ.
Фақат дастгоҳҳои хусусиятҳои мувофиқдошта, паёмҳои мултимедиявиро қабул мекунанд ва нишон дода метавонанд. Намуди зоҳирии паём, вобаста аз дастгоҳи қабулкунандаи ин паём, гуногун буда метавонад.
Шабакаи дастгоҳии бесим метавонад андозаи паёми MMS-po маҳдуд намояд. Агар тасвири воридшуда аз ин андоза бузургтар бошад, дастгоҳ метавонад онро хурдтар кунад, то фиристоданаш бо MMS имконпазир гардад.
Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо зарар расонанд.
Барои гирифтани маълумот оиди дастрас будан ва обунашавӣ ба хадамоти паёмнависии мултимедиявӣ (MMS), бо провайдери хидматрасони худ дар тамос шавед.
Паём эҷод кунед 1 Меню > Паёмнависӣ > Эҷоди паём, ягон намуди паёмеро интихоб кунед. 2 Дар сатри Ба: рақам ё суроғаи эелектронии қабулкунандаро ворид кунед
(хидмати шабака). Барои интихоби қабулкунандаҳо, Илова интихоб кунед. Шумо метавонед зиёда аз як қабулкунанда дошта бошед.
3 Паёми худро нависед ва Матн: -ро интихоб кунед.
Барои вуруди аломати махсус ё табассумча Имконот > Вориди аломат-ро интихоб кунед.
Паёмнависӣ 21
Барои ба паём илова кардани мундариҷа, ба панели зимима дар поёни экран ҳаракат кунед, ва навъи мундариҷаи дилхоҳатонро интихоб кунед. Навъи паём ба таври худкор ба паёми мултимедиа табдил меёбад.
4 Интихоб кунед Ирсол.
Эзоҳ: Нишоне ё матне оид ба ирсолшаваии паём дар экрани дастгоҳ
маънои онро надорад, ки паём дар ҷои таъиншуда гирифта шудааст.
Провайдерҳои хидматрасон метавонанд вобаста ба навъи паём андозаи гуногуни пардохтро талаб кунанд. Барои тафсилот, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Почта Насби почтаи электронӣ
Интихоби Меню > Паёмнависӣ > Почтаи электронӣ.
Агар шумо ҳоло ягон ҳисоби почтаи электронӣ надошта бошед, шумо метавонед ҳисоби Nokia эҷод кунед, ки шомили хидмати Ovi Mail бошад.
1 Интихоби Қайд дар почтаи Ovi. 2 Дастурҳоро иҷро намоед.
Паёмҳои электрониро хонед, нависед ва ирсол кунед Интихоби Меню > Паёмнависӣ > Почтаи электронӣ.
Хондани паёмҳои электронӣ Ягон паёми электронӣ ва Оиди-ро интихоб кунед.
Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо зарар расонанд.
Паёмҳои электронии дорои замимаҳо, масалан тасвирҳо, бо нишонаи часпак ишора карда мешаванд. Баъзе замимаҳо метавонанд бо дастгоҳи шумо мувофиқат накунанд ва натавонанд дар дастгоҳи шумо нишон дода шаванд.
Намоиши замимаҳо Ягон замима Намоиш-ро интихоб кунед.
Почтаи эл. нависед Интихоб Имконот > Эҷоди паёми нав.
22 Паёмнависӣ
Файлро ба паёми эл. часпонед Интихоб Имконот > Замима.
Почтаи эл. ирсол кунед Интихоби Оиди.
Пӯшидани барномаи почтаи электронӣ Интихоби Хуруҷ.
Бо рафиқони худ сӯҳбат кунед Шумо метавонед бо истифода аз дастгоҳи мобилиатон бо дигар корбарони дар
шабакабуда сӯҳбат кунед.
Шумо метавонед барои ягон ҷамоаи ПФ, ки онро дастгоҳи шумо дастгирӣ мекунад, ҳисоби мавҷудаеро истифода баред. Агар шумо дар ягон хидмати ПФ қайд нашуда бошед, шумо метавонед барои ягон хидмати дастгиришавандаи ПФ бо истифода аз компютер ё дастгоҳи худ ҳисобе эҷод кунед. Менюҳо вобаста ба хидмати ПФ метавонанд фарқ кунанд.
Барои пайвастшавӣ ба хадамот, Меню > Паёмнависӣ > Паёмҳои фаврӣ -ро интихоб кунед, ва дастурҳои нишондодашударо иҷро намоед.
Паёмҳои флешдор Паёмҳои флешдор паёмҳои матнӣ мебошанд, ки ҳангоми қабул онҳо фавран
намоиш мешаванд.
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ.
1Интихоб Эҷоди паём > Паёми флэшдор. 2 Дар сатри Ба: рақами гирандаро ворид кунед. Барои интихоби
қабулкунандаҳо, Илова интихоб кунед. Шумо метавонед зиёда аз як қабулкунанда дошта бошед.
3 Паёми худро нависед ва Паём: -ро интихоб кунед.
Барои вуруди аломати махсус ё табассумча Имконот > Вориди аломат-ро интихоб кунед.
4 Интихоби Ирсол.
паёмҳои аудиоии Nokia Xpress Паёмҳои аудиоиро ҳамчун паёмҳои мултимедиявӣ эҷод ва ирсол намоед.
Интихоби Меню > Паёмнависӣ.
1Интихоб Эҷоди паём > Паёми аудиоӣ. Сабткунаки овоз кушода мешавад.
Ташкилгар 23
2 Барои ирсоли паём, -ро интихоб кунед. 3 Барои қатъ сохтани сабт, 4 Дар сатри Ба: рақами гирандаро ворид кунед. Барои интихоби
қабулкунандаҳо, Илова интихоб кунед. Шумо метавонед зиёда аз як қабулкунанда дошта бошед.
5 Интихоби Ирсол.
Паёмҳои овозӣ Паёмдони овозӣ хадамоти шабакавӣ мебошад, ки ба он Шумо бояд обуна шавед.
Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Ба паёмдони овозии худ занг занед Пахш кунед ва нигоҳ доред 1.
Паёмдони овозии худро таҳрир кунед
Меню > Паёмнависӣ > Паёмҳои овозӣ ва Рақм. п-дони овозӣ-ро интихоб кунед.

Танзимоти паёмҳо

Меню > Паёмнависӣ ва Танзими паём-ро интихоб кунед.
Яке аз имконоти зерин интихоб кунед:
Танзимоти умумӣ — Андозаи ҳарфро барои паёмҳо интихоб кунед ва табассумчаҳои графикиро фаъол созед.
Паёмҳои матнӣ — Барои паёмҳои матнӣ марказҳои паёмӣ созед ва ҳисоботҳои расиданро фаъол созед.
Паёмҳои мултимед. — Ҳисоботҳои ирсол ва қабули паёмҳои мултимедияв, ва рекламаро иҷоза диҳед ва дигар гуна афзалиятҳоро барои паёмҳои мултимедиявӣ танзим кунед.
Паёмҳои хадамот — Паёмҳои хадамотиро фаъол кардан ва насб кардани афзалиятҳои бо паёмҳои хадамотӣ алоқаманд.
-ро интихоб кунед.

Ташкилгар

Соати зангдор Шумо метавонед, ҳушдоре таъин кунед, ки дар вақти дилхоҳ садо диҳад.
Таъин кардани ҳушдор 1 Интихоб кунед Меню > Ташкилгар > Соати занг.
2 Ҳушдорро фаъол созед ва вақти ҳушдорро таъин кунед.
24 Веб ё Интернет
3 Барои задани ҳушдор дар рӯзҳои муайяни ҳафта Такрор: > Фаъол ва рӯзҳоро
интихоб кунед.
4 Оҳанги ҳушдорро интихоб кунед. Агар шумо радиоро ҳамчун оҳанги ҳушдор
интихоб кунед, шлемофонро ба телефон пайваст кунед.
5 Вақти ғанабро таъин кунед ва Захира-ро интихоб кунед.
Боздоштани ҳушдор Интихоб кунед Ист. Агар Шумо ба телефон барои давомдиҳии навозиши садои
ҳушдор дар давоми як дақиқа имкон диҳед ё Вуруд - ро интихоб кунед, ҳушдор барои давраи ҳушдори такрор қатъ мешавад ва пас дубора оғоз меёбад.

Тақвим ва рӯйхати вазифа

Меню > Ташкилгар > Тақвим -ро интихоб кунед. Рӯзи ҷорӣ ҳошиякашӣ шудааст.
Агар барои рӯз ёддоштҳо сабт шуда бошанд, рӯз бо хати ғафс нишон дода мешавад.
Ёддошти тақвимро илова кунед Ба сана ҳаракат кунед ва Имконот > Қайд кардан -ро интихоб кунед.
Намоиши тафсилоти ёддошт Ба ёддошт ҳаракат кунед, ва Дидан -ро интихоб кунед.
Ҳамаи ёддоштҳои тақвимро тоза намоед Интихоб кунед Имконот > Несткунии ёддошт > Тамоми ёддошт.
Намоиши рӯйхати вазифаҳо Интихоб кунед Меню > Ташкилгар > Рӯйхати вазифа.
Рӯйхати вазифаҳо аз рӯи афзалият намоиш ва мураттаб карда мешавад. Барои илова, тоза ё ирсол кардани ёддошт, ёддоштро ҳамчун иҷрошуда қайд кардан ё рӯйхати вазифаҳоро бо мӯҳлати охирин мураттаб кардан, Имконот - ро интихоб кунед.

Веб ё Интернет

Тавассути браузери телефони худ Шумо метавонед ба хидматҳои гуногуни интернетӣ дохил шавед. Намуди саҳифаҳои интернетӣ вобаста ба андозаи экран метавонанд фарқ кунанд. Шумо метавонед на ҳамаи тафсилотҳои дар саҳифаҳои интернетӣ бударо бинед.
Медиа 25
Вобаста ба телефони шумо, вазифаи дидани саҳифаҳои интернет метавонад дар меню ҳамчун Веб ё Интернет намоиш карда шавад ва аз ин рӯ дар зерин ҳамчун Веб ном мебарад.
Муҳим: Танҳо хадамотеро, ки муҳофизати мувофиқи зидди паёмҳои зарарнок пешкаш мекунанд ва шумо ба он хадамот боварӣ доред, истифода баред.
Оиди дастрасии хадамоти мазкур, андозаи пардохт ва дастурҳо бо провайдери хидматрасони худ дар тамос шавед.
Шумо метавонед аз провайдери хидматрасони худ насби танзимотро ба намуди паёми танзимотӣ дастрас кунед.

Ба хадамоти интернетӣ пайваст шавед

Интихоб кунед Меню > Интернет > Хонагӣ. Ё дар ҳолати интизорӣ тугмаи 0 -ро дошта истед.
Баъд аз он, ки Шумо ба хадамот пайваст мешавед, Шумо метавонед дидани саҳифаҳои онро оғоз кунед. Вазифаҳои тугмаҳои телефон метавонанд дар хадамоти гуногун фарқ кунанд. Дастурҳои матнии дар экрани телефон бударо иҷро намоед. Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.

Медиа

Камера ва видео Дастгоҳи Шумо иҷозати забти тасвирии 2048x1536 пиксел - ро дастгирӣ мекунад.
Ҳолати камера
Имконоти тасвири беҳаракатро истифода баред Интихоб кунед Меню > Медиа > Камера.
Дуркунӣ ё наздиккунӣ Ҳаракат ба боло ё поён
Аксгирии сурат Интихоб кунед Аксгирӣ.
Ҳолати пешнамоиш ва вақтро насб кунед Интихоб кунед Имконот > Танзимот > Вақти пешнм. тасв..
26 Медиа
Фаъолкунии худвақтсанҷ Интихоб кунед Имконот > Худвақтсанҷ.
Намуди видео
Имконоти видеоиро истифода баред Интихоб кунед Меню > Медиа > Камер. видеоӣ.
Клипи видеоиро сабт кунед Интихоб кунед Сабт.
Намуди видео ё аксгириро интихоб кунед Дар ҳолати аксгирӣ ё видео, ба чап ё рост ҳаракат кунед.
Радиои FM Кори радиои ҒМ аз мавҷгири алоҳида, ғайр аз мавҷгири бесими дастгоҳ вобаста
аст. Барои дуруст фаъолият кардани радиои ҒМ, бояд гӯшмонаки мувофиқ пайваст карда шавад.
Огоҳӣ Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Интихоб кунед Меню > Медиа > Радио.
Мавҷи радиоии навбатӣ дарёфт кунед Тугмаи ҳаракат ба чап ё рост дошта истед.
Мавҷро захира кунед Мавҷи радиоии дилхоҳро дарёфт кунед ва Имконот > Захираи мавҷ -ро интихоб
кунед.
Мавыщои захирашударо иваз кунед Барои иваз кардани мавҷҳо ба рост ё чап ҳаракат кунед, ё рақами тугмаи
мувофиқи мавҷи захирашударо зер кунед.
Баландии овозро танзим кунед Ҳаракат ба боло ё поён
Медиа 27
Радиоро ба таври пасзамина истифода баред Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Радиоро хуруҷ кунед Тугмаи қатъи зангро дошта истед.
Сабткунандаи овоз Интихоб кунед Меню > Медиа > Сабткун-да.
Сабткунандаи овозро дар вақти фаъол будани пайвасти занги маълумот GPRS истифода бурдан имконпазир нест.
Оғози сабт Тасвирчаи сабткуниро интихоб кунед.
Сабти овоз ҳангоми зангзанӣ Интихоб Имконот > Сабт кардан. Вақте, ки Шумо зангро сабт мекунед,
телефонро дар ҳолати муқаррарӣ назди гӯш доред. Сабтҳо дар ҷузвдони Сабтҳо дар Галерея захира крада мешаванд.
Сабти охиринро гӯш кунед Интихоб кунед Имконот > Навоз. сабти охир-н.
Сабти охиринро ба воситаи паёми мултимедиа ирсол кунед Интихоб кунед Имконот > Ирс. сабти охирин.
Плеери мусиқӣ Барои гӯш кардани мусиқаҳо ва дигар файлҳои оҳангии MP3 ё AAC, дастгоҳи
шумо плеери мусиқиро дорост.
Огоҳӣ Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Интихоб кунед Меню > Медиа > Плеери медиа.
Навозишро оғоз ё манъ кунед Тугмаи ҳаракатро зер кунед.
28 Силсилаи ҷузъиёт
Ба саршавии суруди ҷорӣ гузаред Ба чап ҳаракат кунед.
Ба суруди қаблӣ гузаред Ба чап дубора ҳаракат кунед.
Ба суруди навбатӣ гузаред Ба рост ҳаракат кунед.
Бозпечии суруди ҷорӣ Тугмаи ҳаракат ба чап дошта истед.
Суруди ҷориро тез пеш кунед Тугмаи ҳаракат ба рост дошта истед.
Баландии овозро танзим кунед Ҳаракат ба боло ё поён
Плеери мусиқиро беовоз ё овоздор созед Зер кунед #.
Плеери мусиқиро ба таври пасзамина истифода баред Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Плеери мусиқиро хуруҷ кунед Тугмаи қатъи зангро дошта истед.

Силсилаи ҷузъиёт

Телефони Шумо системаи идоракунии ҳуқуқҳои рақамиро (DRM) барои ҳифзи мундариҷаҳои азхудкардашуда дастгирӣ мекунад. Пеш аз ба даст овардани ягон мундариҷа ва калидҳои фаъолсозӣ, шартҳои расонидани онҳоро санҷед, чунки онҳо метавонанд пардохти ҳақро талаб кунанд.
Идоракунии ҳуқуқҳои рақамӣ
Моликони мундариҷа метавонанд намудҳои гуногуни технологияҳои идоракунии ҳуқуқҳои рақамиро (ИҲР) барои муҳофизат кардани моликияти ақлӣ, ҳамчунин ҳуқуқҳои муаллиф истифода баранд. Ин дастгоҳ барои расидан ба мундариҷае, ки бо ИҲР муҳофизат шудааст, намудҳои гуногуни дастурҳои ИҲР-ро истифода мебарад. Бо ин дастгоҳ, Шумо метавонед ба мундариҷаҳое, ки бо ёрии Маҳкамнамоии пешакии WMDRM 10, OMA DRM 1.0, OMA DRM 1.0 ва OMA DRM
2.0. Агар программаи муайяни ИҲР мундариҷаро муҳофизат карда натавонад, соҳибони мундариҷа метевонанд бекор сохтани имкони ин программаи ИҲР-ро
Танзимот 29
барои вуруд ба мундариҷае, ки бо ИҲР муҳофизат шудааст, дархост кунанд. Баста сохтани такмили ҳамин гуна мундариҷаи муҳофизаткардаи ИҲР-ро, ки дар дастгоҳ мавчуд аст, пешгирӣ мекунад. Баста сохтани ҳамин гуна дастури ИҲР ба истифодаи мундариҷаҳои муҳофизаткардашуда бо дигар намудҳои ИҲР ва ё мундариҷаи муҳофизаткарданашудаи ИҲР, таъсир намекунад.
Мундариҷаи муҳофизаткардашудаи ИҲР якҷоя бо калиди фаъолсозӣ, ки ҳуқуқи Шуморо ба истифодабарии мундариҷа муайян мекунад, истифода бурда мешавад.
Агар дастгоҳи шумо дорои мундариҷаи муҳофизаткардашудаи ИҲР бошад, барои нусха бардоштан ҳам аз калиди фаъолкунӣ ва ҳам аз мундариҷа, хусусияти нусхабардории Nokia Nseries PC Suite-ро истифода баред.
Дигар усулҳои мундариҷа, калидҳои фаъолкунандаро, ки зарурат ба барқароршавӣ бо мундариҷа барои давомдиҳии истифодаи мундариҷаи муҳофизаткардашудаи ОМА ИҲР баъд аз нав ба шакл даровардани хотираи дастгоҳ доранд, менавонанд нагузаронанд. Барқароркунии калиди фаъолкунанда барои пешгирӣ кардан аз вайроншавии файлҳои дастгоҳ зарур аст.
Агар дастгоҳи Шумо мундариҷаи муҳофизати WM-ИҲР дошта бошад, ҳам калидҳои фаъолкунанда ва ҳам мундариҷа дар вақти ба шакл даровардани хотираи дастгоҳ нобуд мешаванд. Агар файлҳои дар дастгоҳ кайдшуда нобуд шаванд, калиди фаъолкунанда ва мундариҷа ҳам метавонанд нобуд шаванд. Нобудшаваии калиди фаъолкунанда ё мундариҷа, имконияти Шуморо барои аз нав истифода бурдани худи ҳамин мундариҷаро дар дастгоҳи Шумо маҳдуд месозад. Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Намоиши мазмуни Галерея Интихоб кунед Меню > Галерея.

Танзимот

Намудҳо Интизори зангед, вале наметавонед ба дастгоҳатон иҷозати загзанӣ диҳед?
Телефони Шумо дорои як чанд гурӯҳҳои профилҳои зангзада аст, ки Шумо метавонед онҳоро бо оҳангҳои занг барои рӯйдодҳои гуногун ва муҳитҳо тағйир диҳед.
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Профилҳо.
Профили дилхоҳ ва яке аз имконоти зеринро интихоб кунед:
30 Танзимот
Фаъолкунӣ — Профилро фаъол созед. Шахсӣ кардан — Танзимоти профайлро тағир диҳед. Хронометрӣ — Танзим додани профил ба он, ки то хотимаи вақт фаъол бошад.
Вақте ки вақти сабтшуда барои намуд мурур мекунад, намуди пештара, ки бо вақт сабт нашудааст, фаъол мегардад.
Опсияҳои дастрас метавонанд фарқ кунанд.
Огоҳӣ Дар намуди Парвоз, шумо занг задану занг қабул кардан, инчунин занги фавқулодда ё дигар хусусиятҳои дастгоҳро, ки фарогирии шабакаро дархост мекунад, истифода бурда наметавонед. Барои занг задан аввал вазифаҳои дастгоҳро бо тағйирдиҳии намудҳо фаъол кунед. Агар дастгоҳ дар ҳолати қулф бошад, калиди қулфро ворид кунед.
Ҳангоми зарурати задани занги фавқулода дастгоҳ дар ҳолати қулф ё дар нам уд и Парвоз бошад, шояд шумо метавониста бошед рақами фавқулоддаи расмиро, ки дар дастгоҳ барномарезӣ шудааст, ворид карда, тугмаи "Занг задан"-ро пахш намоед. Дастгоҳ тасдиқи онро дархост мекунад, ки намуди Парвозро тарк карда, ба занги фавқулода оғоз кунед.
Оҳангҳо Шумо метавонед танзимоти оҳанги профили интихобшудаи фаъолро тағйир
диҳед.
Интихоб кунед Меню > Танзимот > Оҳангҳо. Шумо метавонед ин танзимотро дар меню Профилҳо низ дастрас кунед.
Экран Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Дисплей.
Шумо метавонед тасвири замина, андозаи ҳарф, ё дигар хусусиятҳои вобаста ба экрани телефонро бинед ё мувофиқ кунед.
Сана ва вақт Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Сана ва вақт.
Сана ва вақтро танзим кунед Интихоб кунед Танзм. сана ва вақт.
Танзимот 31
Намуди сана ва вақтро танзим кунед Интихоб кунед Навъи сана ва вақт.
Вақтро мувофиқи минтақаи соати ҷорӣ ба таври худкор навсозӣ кунед Интихоби Худнавсозии вақт (хидмати интернетӣ).
Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ Интихоб кунед Меню > Танзимот > Ҳамҳнг. ва нусха.
Яке аз имконоти зеринро интихоб кунед:
Калиди тел-фн — Иттилооти интихобшударо, ба мисли алоқаҳо, вурудоти тақвим, қайдҳо ё паёмҳо, дар байни телефони худ ва дастгоҳи дигаре ҳамоҳанг созед ё нусха бардоред.
Нусхаи захира — Маълумоти интихобшударо дар дастгоҳи захиракунии берунӣ захира намоед.
Барқарсз. нусха — Маълумоти интихобшударо аз захираи дастгоҳи захиракунии берунӣ барқарор намоед. Барои дидани тафсилоти файли захиравӣ, Имконот >
Тафсилот-ро интхоб кунед.
Интиқоли мъл. — Маълумоти интихобкардаро байни дастгоҳи худ ва сервери шабакавӣ (хадамоти шабака) ҳамоҳанг созед ё нусхабардорӣ кунед.
Пайвастшавӣ Телефони Шумо дорои якчанд хусусиятҳое мебошад, ки пайвастшавиро ба дигар
дастгоҳҳо барои таҳвил ё қабул кардани маълумот имконпазир месозад.
Технологияи бесими Bluetooth Технологияи Bluetooth ба Шумо имкон медиҳад, ки телефони худро бо истифодаи
мавҷҳои радиоӣ ба дастгоҳи мувофиқи Bluetooth дар масофаи то 10 метр (32 фут) пайваст кунед.
Ин таҷҳизот соҳиби хусусиятҳои Bluetooth 2.1 + EDR мувофиқ буда, дар таъминоти худ чунин намудҳоро дорад: дастрасии умумӣ, афзори шунавоӣ, маҷмӯъи гӯшмонак, такони объектҳо, интиқоли файлҳо, шабакаи рақамгирӣ, порти серӣ, дастрасии SIM, мубодилаи объектҳои умумӣ, паҳнкунии аудиои пешрафт, идораи дурдаст барои аудио ва видео, ва паҳнкунии аудио ва видеои умумӣ. Барои фаъолияти муштарак бо дастгоҳҳои дигаре, ки системаи Bluetooth доранд, бо дастгоҳи мазкур замимаҳои аз тарафи Nokia тасвибшударо истифода баред. Барои муайян кардани мувофиқати тамғаҳои дигар бо дастгоҳи мазкур аз истеҳсолкунандагони онҳо маълумот гиред.
Хусусиятҳое, ки технологияи Bluetooth-ро истифода мебаранд талаботро ба қувваи батарея зиёд мекунанд ва мӯҳлати хизмати батареяро кам мекунанд.
32 Танзимот
Вақте ки таҷҳизоти бесим дар намуди SIM-и дурдаст аст, барои занг задан ва қабул кардани занг шумо метавонед танҳо қисмҳои мувофиқро аз қабили қуттичаи автомобилӣ ба дастгоҳ пайваст намоед.
Ин дастгоҳи бесим дар ин ҳолат, ғайр аз ба рақами фавқулодае, ки дар дастгоҳ барномарезӣ шудааст, занг намезанад.
Барои занг задан бояд пеш аз ҳама намуди SIM-и дурдастро тарк кунед. Агар қулфи дастгоҳ баста бошад, барои кушодани он рамзи қулфро ворид намоед.
Пайвастшавии Bluetooth-ро кушоед 1 Меню > Танзимотҳо > Пайвастшавӣ > Bluetooth-ро интихоб кунед.
2 Номи телефонам-ро интихоб кунед, ва номи дастгоҳро ворид кунед. 3 Барои фаъол кардани пайвасти Bluetooth, Bluetooth > Фаъол -ро интихоб
кунед.
4 Барои пайваст кардани дастгоҳ бо лавозимоти аудиоӣ, Лвзм. ауд. пайв. кн.
ва лавозимотро интихоб кунед.
5 Барои пайваст кардани дастгоҳи худ ба ягон дастгоҳи Bluetooth-дор дар
силсила, Дастгоҳи ҷуфтшуда > Илв. дастг. нав-ро интихоб кунед. 6 Ба бозӣ ё барнома ҳаракат кунед, ва Илова -ро интихоб кунед. 7 Рамзи дохилшавиро (то 16 аломат) ба телефони худ ворид кунед ва
пайвастшавиро ба дигар дастгоҳи Bluetooth иҷозат диҳед.
Истифодаи дастгоҳ дар ҳолати қабули пинҳонӣ бехатарин роҳест барои канорагирӣ аз барномаҳои хатарнок. Аз манбаҳое, ки ба онҳо эътимод надоред, пайвасти Bluetooth-po қабул накунед. Ба таври дигар, функсияи Bluetooth-po хомӯш кунед. Ин ҳолат ба дигар хусусиятҳои дастгоҳ таъсир намерасонад.
Пайвастшавии компютер ба интернет Технологияи Bluetooth-ро барои пайвасткунии компютери мувофиқи худ ба
интернет истифода баред. Дастгоҳи шумо бояд хадамоти интернетиро (хидмати шабака) дастгирӣ кунад, ва компютери шумо бояд технологияи Bluetooth-ро дастгирӣ кунад. Баъд аз пайвастшавӣ ба хадамоти нуқтаи дохилшавии шабака (NAP) дар дастгоҳ ва пайваст кардани компютери худ, дастгоҳи шумо ба таври худкор пайвасти мачмӯъи маълумотиро ба интернет мекушояд.
фаъол будани пайвасти Bluetooth-ро нишон медиҳад.
Маҷмӯъи маълумот Хидмати умумии пакетии радиоӣ (GPRS) ин хидати шабакавиест, ки ки ба
телефонҳои мобилӣ имкон медиҳад тавассути шабакаи ба протоклоли интернетӣ (IP) асосёфта маълумотро жабул кунад ва финристад.
Танзимот 33
Барои муайян намудани чӣ гуна истифода шудани хидмат Меню >
Танзимотҳо > Пайвастшавӣ > Маҷмӯъи маъл. > Пайв. мҷм. маълум. ва яке аз
имконоти зеринро интихоб кунед: Агар лозим аст — Ҳангоме ки ягон барнома инро талаб менамояд, пайвастагии
маълумоти пакетӣ созмон диҳед. Ҳангоме ки барнома пӯшида мешавад, пайвастагӣ пӯшида мешавад.
Доим дар тамос — Ҳангоми фаъол кардани дастгоҳи худ ба таври худкор ба шабакаи маълумоти пакетӣ пайваст шавед.
Шумо метавонед дастгоҳи худро ба компютери мувофиқ тавассути технологияи Bluetooth пайваст намуда, онро ҳамчун модем истифода баред. Муфассалтар дар ҳуҷҷатҳои Nokia Ovi Suite.
Занг ва телефон Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Зангзанӣ.
Интиқоли зангҳои даромад Интихоби Интиқоли занг (хидмати интернетӣ). Барои тафсилот, бо провайдери
хидматрасон дар тамос шавед.
Даҳ рақамгирии худкори такрорӣ, пас аз кӯшиши нобарор Интихоб кунед Зангзании худкор > Фаъол.
Ҳангоми зангзанӣ хабарномаи зангҳои даромад гиред Интихоби Интизории занг > Фаъолсозӣ (хидмати интернетӣ).
Ҳангоми зангзанӣ рақами телефони худро нишон диҳед ва пинҳон кунед Интихоби Ирсоли ID-и худ (хидмати интернетӣ).
Забони телефонро интихоб кунед Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Телефон > Танзимотҳои забон > Забони
телефон.
Барқарорсозии танзимоти завод Барои баргардонидани дастгоҳ ба танзимоти додашуда, Меню > Танзимот >
Брқрсз. тнз. аслӣ-ро интихоб кунед.
Барои аз нав танзимкунии ҳамаи танзимоти афзалиятнок бе тозакунии ягон маълумоти шахсӣ Танҳо танзимотҳо-ро интихоб кунед.
34 Кӯмаки бештар гиред
барои аз нав танзимкунии ҳамаи танзимоти афзалиятнок ва тозакунии ҳама маълумотҳои шахсӣ, монанди алоқаҳо, паёмҳо, файлҳои медиавӣ ва тугмаҳои фаъолкунанда Ҳама-ро интихоб кунед.

Кӯмаки бештар гиред

Дастгирӣ Ҳангоме ки шумо мехоҳед дар бораи чӣ тавр истифода бурдани маснуоти худ
бештар иттилоъ пайдо кунед ё агар оиди чӣ гуна кор кардани дастгоӣ мутмаин набошед, ба www.nokia.com/support, ё бо истифодаи дастгоҳи мобилӣ ба nokia.mobi/support равед.
Агар ин маъсалаи шуморо хал накунад, имконоти зеринро истифода баред:
Дастгоӣи худро аз нав фурӯзон кунед. Дастгоҳро хомӯш кунед ва батареяро
гиред. Пас аз як дақиқа батареяро қафо монед ва телефонро аз нав фаъол
созед.
Танзимоти аслии заводро барӯарор намоед.
Нармафзори дастгоҳи худро навсозӣ кунед.
Агар душворӣ бартараф карда нашуд, барои имконоти таъмир бо Nokia дартамос шавед. Ба www.nokia.com/repair равед. Пеш аз додани телефон ба устод, ҳамаи маълумоти телефонро захира кунед.
Дар бораи навсозиҳои барномаи дастгоҳ Бо навсозиҳои нармафзори дастгоҳ шумо метавонед барои дастгоҳи уд
хусусиятҳо ва вазифаҳои беҳтар гиред. Навсозии нармафзор инчунин метавонад кори дастгоҳи шуморо беҳтар кунад.
Тавсия дода мешавад, ки шумо пеш аз навсозии нармафзори дастгоҳи худ нусхаи эҳтиётии маълумоти шахсиатонро созед.
Огоҳӣ Агар шумо навсозии нармафзорро насб кунед, дастгоҳро ҳатто барои зангҳои фавқулода, то хотима ёфтани насбкунӣ ва аз нав фурӯзон шудани дастгоҳ истифода бурда наметавонед.
Зеркашӣ кардани навсозиҳои нармафзор метавонад гузаронидани маълумотҳои ҳаҷман калонро дар бар гирад (хадамоти шабакавӣ).
Пеш аз оғози таҷдидкунӣ шумо бояд боварӣ ҳосил намоед, ки батареяи дастгоҳ қувваи кифоя дорад ё барқкунандаро ба дастгоҳ васл намоед.
Кӯмаки бештар гиред 35
Пас аз насозӣ кардани нармафзори дастгоҳ, дастурҳо дар роҳнамои корбар метавонанд дигар мувофиқат накунанд.
Бо истифода аз дастгоҳи худ нармафзори дастгоҳро навсозӣ кунед Мехоҳед кори дастгоҳи худро беҳтар кунед ва навсозиҳои барнома ва
хусусиятҳои азим ба даст оред? Нармафзорро доим навсозӣ кунед, то аз дастгоҳи худ ҳадди аксар истифода баред. Шумо инчунин метавонед, ки дастгоҳатонро барои худкор тафтиш кардани навсозиҳо танзим кунед.
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо.
1 Интихоб кунед Телефон > Навсозии телефон. 2 Барои инъикоси версияи ҷории нармафзор ва санҷиши зарурият навсозӣ
Тафсил. барн. ҷорӣ интихоб кунед.
3 Барои зеркашӣ ва насби навсозии нармафзор Боргири. барн. тел.-ро интихоб
кунед. Дастурҳоро иҷро намоед.
4 Агар насбкунӣ пас аз зеркашӣ бекор карда шуда бошад Сабти навсоз.
барн.-ро интихоб кунед.
Навсозии нармафзор метавонад чанд дақиқаро талаб кунад. Ҳангоми ба амал омадани душворӣ ҳангоми насби нармафзор, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Санҷиши худкори навсозиҳои нармафзор
Навсз. барн. худкор-ро интихоб кунед ва бо кадом фосила санҷидани навсозиҳои
нармафзорро муайян кунед.
36 Муҳитро ҳимоя кунед
Провайдери хизматрасон метавонад навсозиҳои нармафзори телефонро тавассути мавҷи радио бевосита ба телефонатон фиристад (хизматрасонии шабакавӣ)
Навсозии нармафзори дастгоҳ ба воситаи компютер Шумо метавонед барномаи Nokia Ovi Suite PC -ро барои навсозии нармафзори
дастгоҳи худ истифода баред. Ба шумо компютери мувофиқ, пайвасти баландсуръати интернет ва сими итилоотии мувфиқи USB барои пайваст кардани дастгоҳатон ба компютер лозим мешаванд.
Барои маълумоти иловагӣ ва зеркашии барномаи Nokia Ovi Suite ба www.ovi.com/ suite равед.

Муҳитро ҳимоя кунед

Сарфаи барқ Агар шумо ин корҳоро иҷро кунед, ба Шумо зуд-зуд пур кардани батарея бо барқ
лозим намеояд:
Барномаҳо ва пайвастагиҳои маълумотиро, ба монанди пайвастагии
Bluetooth, ҳангоми истифода нашудан пӯшед.
Овозҳои нолозимро, ба монанди оҳанги тугмаҳо, ғайрифаъол гардонед.

Истифодаи такрорӣ

Вақте ки мӯҳлати хидмати ин дастгоҳ ба анҷом мерасад, ҳама маводҳои он метавонанд ҳамчун мавод ва энергия барқарор карда шаванд. Барои кафолати партов ва истифодаи такрорӣ, Nokia бо шарикони худ тавассути баронома We:recycle ҳамкорӣ менамояд. Барои гирифтани маълумот оид ба чӣ гуна такроран истифод бурдани маснуоти кӯҳаи Nokia ва дар куҷо пайдо кардани ҷойҳои ҷамъоварӣ ба www.nokia.com/werecycle, ё тавассути дастгоҳи худ ба nokia.mobi/werecycleравед, ё ба маркази алқаи Nokia занг занед.
Шумо метавонед қисмҳои борбандӣ ва дастурҳои истифодашударо тавассути шабакаи маҳаллӣ барои истифодаи такрорӣ супоред.
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 37
Дар маҳсулоти Шумо рамзи қуттии ғилдиракдори хатзада, адабиёт ва қуттии маҳсулот онро хотиррасон мекунад, ки дар Иттиҳодияи Аврупо ҳамаи маҳсулотҳои барқӣ, электронӣ, батареяҳо ё баста дар хотимаи фаъолияти худ бояд ба ҷои нигоҳдории алоҳида бурда шаванд. Ин талабот дар Иттиҳоди Аврупо татбиқ мешавад. Ин маҳсулотро ба монанди партови ҷудонакардаи коммуналӣ нобуд насозед. Барои маълумоти муфассал оиди хусусиятҳои экологии дастгоҳ ба www.nokia.com/ecodeclaration муроҷиат кунед.

Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ

Замимаҳо

Огоҳӣ Фақат он батареяҳо, пуркунандаи барқ ва замимаҳоеро, ки Nokia махсусан барои истифода бо дастгоҳи мазкур тасдиқ кардааст, истифода баред. Истифодаи дилхоҳ намуди дигар метавонад ҳамагуна тасвиб ва кафолатро бекор созад ва хатарнок бошад. Махсусан, истифобарии батареяҳои ва пуркунандаҳои барқи тасвибнашуда метавонад ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш, шоридан ва дигар хатарҳо сабаб шавад.
Оид ба мавҷудияти замимаҳои тасвибшуда, лутфан бо паҳнкунандаи ин маҳсулот муроҷиат кунед. Вақте ки сими пуркунандаи барқро ҷудо мекунед, на симро, балки душохаи барқро дошта кашед.
Батарея Маълумот оид ба батарея ва пуркунандаи барқ
Дастгоҳи Шумо бо батареяи барқгиранда истифода бурда мешавад. Батареяе, ки истифодаи он бо ин дастгоҳ пешбинӣ шудааст, BL-5C мебошад. Nokia метавонад барои дастгоҳи мазкур тамғаҳои иловагии батареяҳоро пешниҳод кунад. Ин дастгоҳ барои истифода бо пуркунандаҳои барқии зерин пешбинӣ шудааст: AC-3 . Тамғаи мушаххаси пуркунандаи барқ метавонад вобаста ба намуди васлаки барқ фарқ кунад. Варианти васлак аз рӯи яке аз аломатҳои зерин муайян карда мешавад: E, X, AR, U, A, C, K, ё B.
Батарея садҳо маротиба барқ гирифта ва аз барқ холӣ мешавад лекин дар ниҳоят аз кор мемонад. Агар мўҳлатҳои гуфтугӯ ва ҳолати ғайрифаъоли дастгоҳ аз мўҳлати муқаррарӣ кутоҳ шавад, батареяро иваз намоед. Фақат батареяҳои тасвибкардаи Nokia-ро истифода бурда, онҳоро бо он пуркунандаҳои барқе, ки бо ин дастгоҳ таъин шуда ва аз тарафи Nokia маъқул дониста шудаанд, барқдор созед.
Агар батарея бори аввал истифода бурда шавад ё батарея муддати дароз кор фармуда нашуда бошад, шояд лозим ояд, ки пуркунандаи барқро пайваст кунед, ҷудо созед ва боз барои барқгирӣ васл намоед. Агар барқи батарея то охир холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг, якчанд дақиқа мегузарад.
Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи барқро ҷудо созед.
Мувофиқ пуркунии барқ. Пуркунандаи барқро, ҳангоме, ки аз он истифода бурда намешавад, аз дастгоҳ ҷудо намоед ва аз сими барқ кашед. Батареяи барқнокшударо дар пуркунандаи барқ намонед, зеро барқи аз ҳад зиёд метавонад мӯҳлати хизмати батареяро кўтоҳ кунад. Агар батарея истифода бурда нашавад, дар тӯли вақт барқи батареяи пур холӣ мешавад.
Аз ҳароратҳои зараровар эҳтиёт шавед. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки батареяро дар ҳарорати аз 15°С то 25°С (59°Ғ то 77°Ғ) нигоҳ доред. Ҳарорати аз ҳад зиёд баланд метавонад қобилияти фаъолияти батареяро бад ва мӯҳлати хизматашро кӯтоҳ кунад. Дастгоҳ бо батареяи гармшуда ё хунукшуда метавонад муваққатан кор накунад. Фаъолияти батарея махсусан дар ҳарорати хеле поёнтар аз ҳарорати яхкунӣ, хеле махдуд мешавад.
38 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
Ба барқзании кўтоҳ дучор накунед. Вақте ки ашёи оҳанӣ, ба монан ди танга, сӯзанак ё ручка бевосита ба терминалҳои қутби манфӣ (+) ва мусбати (-) батарея мересанд, расиши кӯтоҳ рӯй медиҳад. (Онҳо ба монанди тасмаҳои металли батарея мебошанд.) Ин ҳолат вақте ки Шумо батареяр дар кисаатон ё сумкаатон нигоҳ медоред, рӯй медиҳад. Расиши кӯтоҳ терминалҳои батареяро ё предмети васлшударо нобуд сохта метавонад.
Нобудсозӣ. Батареяро ба оташ напартоед, чунки он таркиданаш мумкин аст. Батареяҳоро мувофиқи қонунҳои маҳаллӣ нобуд созед. Агар имконпазир бошад, аз нав истифода баред. Ба монанди партови маишӣ напартоед.
Ихроҷ. Ҳуҷайраҳо ва батареяро ба қисмҳо ҷудо накунед, набуред, накушоед, пачақ, қат ва сӯрох накунед. Дар ҳолати ихроҷи батарея, барои нарасидани моеъи батарея ба пӯсти бадан ва чашмҳо чораҳо бинед. Агар расад, атрофҳои моеъ расидаро бо об фавран шуед ё ёрии тиббӣ ҷустуҷӯ кунед.
Хисорот. Батареяро такмил надиҳед, аз нав насозед ва аз дохил кардани предметҳои бегона ба он худдорӣ кунед, ба об ё дигар маводи моеъ ғарқ накунед. Батаерея метавонад ҳангоми хисорот дидан таркад.
Истифодаи дуруст. Батареяро фақат барои вазифаи таъиншудааш истифода баред. Истифодаи номувофиқи батарея ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш ва дигар хатарҳо сабаб шуда метавонад. Агар дастгоҳ ё батарея афтад, хусусан ба сатҳи сахт, ва шумо бовари доред, ки батарея хисорот дидааст, пеш аз истифодабарӣ онро ба хадамоти хидматрасон барои санҷиш баред. Ҳеҷ вақт батарея ё пуркунандаи барқи корношоямро истифода набаред. Батареяро аз дастрасии хурдсолсолон дур нигоҳ доред.
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 39
Бо дастгоҳ муносибати эҳтиёткорона кунед. Бо дастгоҳ, батарея, пуркунандаи барқ ва ҷузъиёти он боэхтиётона муносибат кунед. Пешниҳодоти зерин барои
ҳифозати кафолати шумо кӯмак мерасонанд.
Дастгоҳро хушк нигоҳ доред. Боришот, намӣ ва тамоми намуди моеъхо ё тарӣ метавонанд дорои чунин намуди
минералҳое бошанд, ки сабаби занг задани нокилҳои электронӣ гарданд. Агар дастгоҳи шумо тар шавад, батареяро хориҷ кунед ва пеш аз гузоштан ба ҷояш, дастгоҳро пурра хушконед.
Дастгоҳро дар ҷойи губорнок ё ифлос нигоҳ надоред. Қисмҳои ҳаракаткунанда ва барқии дастгоҳ метавонанд
зарар бинанд.
Дастгоҳро дар ҳарорати гарм нигоҳ надоред. Ҳарорати гарм мӯҳлати хизмати дастгоҳро кӯтоҳ, батареяро нобуд
ва қисмҳои пластикии таҷҳизотро вайрон ва ё гудохта мекунад.
Дастгоҳро дар ҳарорати хунук нигоҳ надоред. Вақте ки дастгоҳ т о ҳарорати мӯътадил гарм мешавад, дар дохили
дастгоҳ метавонад тарӣ ба миён ояд ва ба нокилҳои электронӣ зарар расонад.
Дастгоҳро ба ҷуз бо усуле, ки дар дастури корбар тавсиф шудааст, накушоед ва аз усулҳои дигар худдорӣ
намоед.
Тағйирдиҳии беиҷозат метавонанд ба дастгоҳ зарар расонад ва меъёрҳои роҳбарикунандаи радио дастгоҳҳоро
вайрон кунад.
Дастгоҳро наафтонед, ба зарба ва ларзиш дучор нанамоед. Муносибати бад ба дастгоҳ, ба панели барқии
даруна ва механизми насб хисорат ворид мекунад.
Барои тоза кардани беруни дастгоҳ, танҳо аз матои мулоим, тоза ва хушт истифода кунед.
Дастгоҳро ранг накунед. Ранг ба қисмҳои ҳаракатноки дастгоҳ халал мерасонад ва фаъолияти муқаррариро бад
мекунад.
Барои фаъолият дар ҳолати беҳтарин баъзан дастгоҳро хомӯш намуда, батареяи онро бигиред.
Дастгоҳи худро аз магнит ва ё минтақаи магнитӣ дур нигоҳ доред.
Барои бехатар нигоҳ доштани иттилооти муҳим, онро аққалан дар ду ҷойи алоҳида нигоҳ доред, мисол дар
хотираи дастгоҳи худ, корти хотира ё компютер, ё ин ки чунин иттилооти муҳимро навишта гиред.
Дар ҳолати дурудароз истифода кардани дастгоҳ, он метавонад гарм шавад. Дар бештари ҳолатхо ин шароит оддӣ аст. Агар шубҳа дошта бошед, ки дастгоҳ дуруст кор намекунад, онро ба маркази хизматрасонии наздиктарин бурда нишон диҳед.
Истифодаи такрорӣ Ҳамеша маҳсулотҳои электронӣ, батареяҳо ва маводҳои қоғазпечкунии истифодабурдаатонро ба нуқтаҳои ҷамъкунии
дахлдор гардонда диҳед. Бо ин роҳ Шумо метавонед истифодаи беназорати партовро пешгирӣ ва ба истифодаи такрории маводҳо мусоидат кунед. Баърои гирифтани маълумот оиди муҳити истифодабарии маҳсулот ва чӣ тавр аз нав истифода кардани маҳсулоти Nokia-и худ, ба www.nokia.com/werecycle, ё дар дастгоҳи мобилӣ ба nokia.mobi/ werecycle равед.
Маълумоти иловагӣ оиди бехатарӣ Қисми берунаи дастгоҳи мазкур дорои моддаи никел намебошад.
Хурдсолон Дастгоҳи шумо ва қисмҳои иловагии он бозича намебошанд. Онҳо қимсҳои хеле майда дошта метавонанд. Сарпӯшро
аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ доред.
40 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
Муҳити фаъолият Ин дастгоҳ ба талаботи РБ ҳангоми дар ҳолати муқаррарӣ истифода бурдан дар гӯш ё аз бадан камтаринаш 1.5 сантиметр (5/8 инч) дуртар ҷойгир бошад, ҷавобгӯ мебошад. Ҳамаи ҷомадон, фишори камар ё нигоҳдоранда барои фаъолиятҳои бо бадан вобаста истифода бурда шавад, он ашёҳо набояд ҷузъҳои металлӣ дошта бошанд ва дастгоҳ
аз бадан дар масофаи дар боло қайдшуда ҷойгир шавад.
Ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо ба шабака пайвасти босифатро талаб мекунад. То вақте ки ин гуна пайваст имконпазир мегардад, ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо метавонад таъхир карда шавад. Ба дастурҳои нигоҳ доштани масофа то хотима ёфтани таҳвил риоя кунед.
Баъзе қисмҳои дастгоҳ магнитӣ мебошанд. Имконпазир аст ки ашёҳои металлӣ ба дастгоҳ ҷалб карда шаванд. Кортҳои пардохт ва дигар захирагарҳои хотиравии магнитиро дар назди ин дастгоҳ ҷойгир накунед, чунки маълумотҳои дар онҳо ҳифзшуда тоза мешаванд.
Таҷҳизоти тиббӣ Фаъолияти таҷҳизотҳое, ки радиомавҷҳо мегузаронанд, ба мисли дастгоҳҳои бесим, метавонад ба вазифаи таҷҳизоти
тиббии сатҳи муҳофизаташ паст халал расонад. Барои муайян кардани кифоягии муҳофизати таҷҳизоти тиббӣ аз таъсири қувваи берунаи мавҷҳои РБ, метавонед ба мутахассиси тиб ё истеҳсолкунандаи таҷҳизоти тиббӣ муроҷиат намоед. Агар қонун ҳаминро талаб намояд, дастгоҳро хомӯш созед. Касалхонаҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии тиббӣ таҷҳизоти ба қувваи берунаи мавҷҳои РБ ҳассосро истифода бурданашон мумкин.
Дастгоҳи тиббии дар бадан ҷойгиркардашуда Истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда тавсия медиҳанд, ки дастгоҳи бесим бояд дар
масофаи на камтар аз 15,3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда, монанди стимулятори дил ё кардиовертер дефибрилатори ба бадан ҷойгиркарда барои пешгирии халалрасонӣ ба таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир бошад. Ба ашхосе, ки ин гуна таҷҳизот доранд, тавсия дода мешавад:
Дастгоҳи бесимро ҳар вақт дар масофаи на камтар аз 15,3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббӣ дур доранд.
Дастгоҳро дар бағалкиса нагиранд.
Дасгоҳро дар гӯши муқобил ба таҷҳизоти тиббӣ истифода баранд.
Агар халал ҳис карда шавад, дастгоҳи бесимро хомӯш кунанд.
Ба дастурҳои истеҳсолкунанда оиди истифодабарии дастгоҳи тиббии ба бадан ҷойгиркунанда риоя кунанд.
Агар шумо оид ба истифодабарии дастгоҳи бесим назди таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда савол дошта бошед, лутфан аз мутахассиси тиб маслиҳат пурсед.
Таҷҳизоти шунавоӣ Бархе аз тачҳизоти бесими рақамӣ ба бархе аз таҷҳизоти шунавоӣ халал мерасонанд.
Автомобилҳо Сигланҳои РБ ба системаҳои электронии номувофиқ ва нокифоя муҳофизаткардашудаи автомобилҳо, аз қабили системаҳои электронии сӯзишворӣ, қулфнашавандаи боздории электронӣ, электронии назорати суръат ва
муҳофизаткунандаи болишти пневматикӣ, таъсир мерасонанд. Барои маълумоти иловагӣ, ба истеҳсолкунандаи автомобили худ ё таҷҳизоти он муроҷиат кунед.
Танҳо кормандони соҳибихтисос бояд ба таҷҳизот хидмат расонанд ё худ таҷҳизотро дар автомобил насб кунанд. Насб ё хадамоти нодуруст метавонад хавфнок бошад ва кафолатро бекор созад. Фаъолияти мувофиқи тамоми таҷҳизотҳои бесими дар автомобил бударо мунтазам тафтиш кунед. Моддаҳои моеъи оташгиранда ё моддаҳои таркандаро дар як ҷо бо дастгоҳ ва қисмҳои ӯ нигоҳ надоред. Фаромӯш накунед, ки болиштҳои муҳофизаткунандаи пневматикӣ бо қувваи калон кушода мешаванд. Дастгоҳ ва қисмҳои иловагии дастгоҳи худро дар атрофи болишти муҳофизаткунандаи пневматикӣ ҷойгир накунед.
Пеш аз ба ҳавопаймо савор шудан, дастгоҳро хомӯш кунед. Истифодабарии таҷҳизоти гузарониши бесим ба идоракунии ҳавопаймо хатарнок буда, ғайриқонунӣ буда метавонад.
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 41
Муҳитҳои дорои эҳтимолияти таркиш Дар ҳамаи муҳити маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш дастгоҳро хомӯш кунед. Ба ҳамаи талабот риоя кунед. Шарора пошидан дар ин маконҳо ба таркиш ё оташгирӣ оварда мерасонад ва ба захмӣ гардидан ё ҳалокшавӣ сабаб мешавад. Дар назди хидматрасони захиракунандаи сӯзишворӣ, монанди насоси газ, дастгоҳро хомӯш кунед. Дар атрофи
нуқтаҳои захиракунандаи сӯзишворӣ, захираи сӯзишворӣ ва паҳнкунандаи сӯзишворӣ; корхонаҳои кимиёвӣ; ё дар ҷойҳои таркиш авҷгирифтаистода ба ҳамаи маҳдудиятҳо риоя кунед. Маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш, одатан, лекин на ҳамеша бо рамзи огоҳкунанда ишора карда шудаанд. Ин он ҷойҳоро дар бар мегирад, ки дар он ҷо аз шумо хомӯш кардани муҳаррики автомобил талаб карда мешавад, инчунин дар саҳни поёни киштӣ, маконҳои таҳвил ё захираи маводҳои кимиёвӣ ва маконҳое, ки ҳавояш маводҳои кимиёвӣ ё зарраҳо монанди зарраҳои гандум, чанг ва чанги металлӣ доранд. Бо истеҳсолкунандагони автомобилҳои истифодабарандаи гази моеъ (монанди пропан ва бутан) барои омӯхтани он, ки оё дастгоҳи мазкурро дар назди он автомобилҳо бехавф истифода бурдан мешавад ё не, маслиҳад кунед.
Зангҳои фавқулода Занги таъҷилӣ занед 1 Боварӣ ҳосил кунед, ки дастгоҳ фурӯзон аст.
2 Мутобиқати қувваи мавҷро тафтиш кунед. Инчунин ба шумо иҷро кардани амалҳои зерин лозим шуданаш мумкин
аст:
SIM кортро ворид кунед.
Маҳдудиятҳои зангҳоеро, ки барои дастгоҳатон фаъол кардед, тоза кунед, мисол қабули танҳо зангҳои иҷозатшуда, зангзании худкор ё гурӯҳи маҳдуди истифодабарандагон.
Боварӣ ҳосил кунед, ки дастгоҳ хомӯш нест ё дар ҳолати профили равшанӣ қарор надорад.
3 Барои тоза кардани экран, тугмаи хомӯшро ҳар қадар ки зарур бошад, ҳамон қадар маротиба пахш кунед. 4 Рақами фавқулодаи расмии маҳаллиро ба дастгоҳ дохил кунед. Рақами занги фавқулода барои ҳар минтақа
гуногун мебошад. 5 Тугмаи зангро пахш кунед. 6 Иттилооти заруриро ба қадри имкон аниқ пешниҳод кунед. Ба занг бе рухсат хотима надиҳед.
Муҳим: Агар дастгоҳи шумо зангҳои овозиро бо интернет (зангҳои интернетӣ) дастгирӣ кунад, ҳам зангҳои интернетӣ ва ҳам зангҳои телефониро фаъол созед. Дастгоҳ метавонад зангҳои таъҷилиро ҳам тариқи шабакаҳои канду ва ҳам тариқи хизматрасони зангзании интернетии шумо ба амал барорад. Пайвастшавӣ дар ҳамагуна шароит кафолат дода намешавад Ҳеч гоҳ ба пуррагӣ ба ягон дастгоҳи бенсим барои тамосгирии муҳим, мисоли кӯмаки тиббии таъҷилӣ эътимод накунед.
Маълумот оид ба сертификатсия (SAR) Дастгоҳи мазкур бо талабот оид ба таъсири мавҷҳои радио ҷавобгӯ мебошад.
Дастгоҳи Шумо мавҷҳои радиоиро қабул мекунад ва мефиристад. Дастгоҳи мазкур барои аз меъёр зиёд нагузаштани андозаҳои таъсир аз мавҷҳои радио, ки бо талаботи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, истеҳсол карда шудааст. Ин дастурҳо аз тарафи ташкилоти илмии мустақили ICNIRP пешниҳод шудаанд ва хати бехавфиро, ки ҷиҳати бехатарии ҳамаи ашхос, новобаста аз синну сол ва вазъи саломатӣ ба нақша гирифтааст, дар бар мегирад.
Дастуроти таъсир ба мавҷҳои радиои дастгоҳи бесим, ченкунакеро дорост, ки Қабули Дараҷаи Махсус ном дорад (ҚДМ). Сарҳади ҚДМ, ки дар ICNIRP номбар шудааст, 2.0 ватт/килограмм (В/кг) барои беш аз 10 грамм матоъ аст. Санҷишҳо барои КДМ бо истифодабарии хусусиятҳои фаъолияти стандартӣ бо гузаронидани мавҷи дастгоҳ дар дараҷаи баландарини қувваи барқаш дар ҳамаи басомадҳои тафтишкардашуда, гузаронида мешавад. Дараҷаи аслии КДМ дар дастгоҳ аз дараҷаи баландарин паст шуда метавонад, чунки ин дастгоҳ барои истифодабарии барқ танҳо ба пайвастшавӣ ба шабака таъин шудааст. Микдори онҳо аз як чанд омилҳо вобаста мебошад, масалан чи кадар Шумо дар назди истгоҳи шабакавӣ бошед, тағйир меёбад.
42 Ҳуқуқҳои муаллифӣ ва дигар огоҳиҳо
Балантарин дараҷаи КДМ мувофиқи дастури ICNIRP барои истифода бурдани дастгоҳи мазкур дар наздикии гӯш аст.
1.20 Вт/кг .
Истифодабарии афзори дастгоҳ метавонад боиси дараҷаҳои гуногуни ҚДМ гардад. Дараҷаҳои КДМ аз талаботи маҳаллии санҷиш ва хабардиҳӣ вобаста буда, инчунин басомади шабака фарқ мекунанд. Маълумоти иловагии КДМ­ро таҳти маълумоти маҳсулот дар www.nokia.com дастрас намудан мумкин аст.

Ҳуқуқҳои муаллифӣ ва дигар огоҳиҳо

ЭЪЛОМИЯИ МУВОФИҚАТ
Ширкати NOKIA эълон мекунад, ки ин маҳсулоти RM-721 ба талабҳои асосӣ ва дигар қавоиди мувофиқи Дастури Иттиҳодияи Аврупо нашри 1999/5/EC ҷавобгў мебошад. Нусхаи Баёноти Мувофиқатро аз http://www.nokia.com/phones/ declaration_of_conformity/ дастрас карда метавонед.
© 2010 Nokia. Ҳама ҳуқуқҳо муҳофизат шудаанд.
Nokia, Nokia Connecting People, Nokia Messaging ва Nokia Original Enhancements logo нишонҳои молӣ ё нишонҳои молии ба қайд гирифташудаи Nokia Corporation мебошанд. Nokia tune нишони молии садогии Nokia Corporation мебошад. Дигар маҳсулот ва номҳои ширкатҳои дар ин ҷо қайдшуда нишонҳои молӣ ва номҳои тиҷоратии соҳибонашон буда метавонанд.
Нусхбардорӣ, интиқол, интишор ва нигоҳдории қисм ё ҳамаи мӯҳтавои ин ҳуҷҷат дар кадом шакле ки набошад, бе иҷозаи пешакии хаттии Nokia мамнӯъ аст. Nokia сиёсати рушди бардавомро пеш мебарад. Nokia ҳуқуқ дорад, ки бе огоҳии пешакӣ ба маҳсулоти дар ин санад номбаршуда тағйироту такмилот ворид намояд.
Includes RSA BSAFE cryptographic or security protocol software from RSA Security.
Java and all Java-based marks are trademarks or registered trademarks of Sun Microsystems, Inc.
Ба ин маҳсулот мутобиқи Visual Patent Portfolio License MPEG-4 Visual Patent Portfolio License (i) барои истифодабарии шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ вобаста ба маълумоти мувофиқи MPEG-4 Visual Standard барои харидоре, ки фаъолияти шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ дорад ва (ii) дар мавриди истифодаи видеои MPEG-4, ки аз тарафи таъминкунандаи маҳсулоти видеоии дорои литсензия пешниҳод шудааст, иҷозатнома дода шудааст. Барои истифода бо дигар мақсад ҳеч гуна иҷозатнома дода намешавад ва дар назар ҳам дошта намешавад. Маълумоти иловагиро оид ба истифодаи пешкашнамоӣ, дохилӣ ва тиҷоратӣ аз MPEG LA, LLC. ба даст овардан мумкин аст. Ба http://www.mpegla.com рӯ оред.
БА ДАРАҶАИ ҲАДДАЛИМКОНЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА ИҶОЗАТ МЕДИҲАД, NOKI A ВА ЯГОН ЛИТСЕНЗИЯДОРОНИ ОН БА ҲЕЧ ВАҶҲ БАРОИ АЗ БАЙН РАФТАНИ ҲАРГУНА МАЪЛУМОТ Ё ДАРОМАД , Ё ХУД ХИСОРОТИ БАРҚАСД, ТАСОДУФӢ, МУРАТТАБ ВА БАВОСИТА МАСЪУЛ НАМЕБОШАД.
МУНДАРИҶАИ ИН САНАД БА ТАРИҚИ "ТАВРЕ, КИ ҲАСТ " ДОДА ШУДААНД. Б А ҶУЗ ДАР ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА ТАЛАБ МЕКУНАД, ЯГОН НАМУДИ КАФОЛАТИ ХОҲ ИФОДАШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА, АЗ
Ҳуқуқҳои муаллифӣ ва дигар огоҳиҳо 43
ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО КАФОЛАТҲОИ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА ОИДИ ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШРАВӢ ВА МУТОБИҚАТ БА ЯГОН МАҚСАДИ МУШАХХАС, ВОБАСТА БА АНИҚӢ, БОЭЪТИМОДӢ ВА МУНДАРИҶАИ ИН САНАД ДОДА НАМЕШАВАД. NOKIA ҲУҚУҚИ АЗ НАВ ДИДА БАРОМАДАНИ САНАД И МАЗКУРРО ДОРАД ВА МЕТАВОНАД ОНРО БЕ ОГОҲИИ ПЕШАКӢ БЕКОР СОЗАД. Мавҷуд будани намудҳои алоҳидаи маҳсулот, мавриди истифода қарор додани онҳо ва хидматҳо барои ин маҳсулот дар минтақаҳои гуногун метавонанд фарқ кунанд. Барои гирифтани тафсилот ва мавҷудияти имконоти забонӣ, лутфан ба паҳнкунандаи Nokia муроҷиат намоед. Таҷҳизоти мазкур метавонад амвол, технологияҳо ва нармафзореро дар бар гирад, ки таҳти амали қонунҳои содиротии Иолоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар давлатҳо мебошанд. Тамоюл мухолифи қонун манъ аст.
Замимаҳои ягон тарафи сеюм, ки бо дастгоҳ пешниҳод шудаанд, метавонанад ба шахсон ё хадамоти бо Nokia вобаста ё алоқаманд набуда офарида шуда бошанд. Nokia соҳиби ҳуқуқҳои муаллиф ва моликияти зеҳнии замимаҳои тарафи сеюм намебошад. Аз ҳамин сабаб, Nokia бо хотимаи истифодабарии дастгоҳ, барои коршоямӣ ё маълумоти дар коршоямӣ ва манбаҳои вуҷуддошта масъул нахоҳад буд. Nokia барои замимаҳои тарафи сеюм кафолат намедиҳад.
БО ИСТИФОДАИ ЗАМИМАҲО ШУМО ЭЪТИРОФ МЕКУНЕД, КИ ИН ЗАМИНАҲО "ТАВРЕ, КИ ҲАСТАНД, " ТО ҲАДДИ АКСАРИ АЗ ТАРАФИ ҚОНУНҲОИ МАРБУТА ИҶОЗАТБУДА БЕ ҲЕҶ ГУНА КАФОЛАТ (ХОҲ ИЗҲОРШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА) ПЕШНИҲОД ШУДААНД. ШУМО ИНЧУНИН ЭЪТИРОФ МЕНАМОЕД, КИ HA NOKIA ВА НА ЯГОН ШАРИКИ ОН ҲЕҶ ГУНА ЭЪЛОМИЯ Ё КАФОЛАТЕ (ХОҲ ИЗҲОРШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА БОШАД)АЗ ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО НОМ, ҚОБИЛИЯТИ БОЗОРГИРӢ, МУВОФИҚ БУДАН БА МАҚСАДҲОИ МУАЙЯН Ё ВАЙРОН НАКАРДАНИ ПАТЕНТИ ТАРАФҲОИ СЕЮМ НАДОДААСТ; ҲУКУҚҲОИ МУАЛ ЛИФ, РАМЗҲОИ САВДО Ё ДИГАР ҲУҚУҚҲОРО ВАЙРОН НАМЕКУНАД.
ОГОҲИИ FCC/INDUSTRY CANADA Дастгоҳи шумо ба пахши сигналҳои телевизионӣ ва радиоӣ халал расонида метавонад (масалан, дар вақти истифода
бурдани телефон дар наздикии таҷҳизоти қабулкунанда). Агар бартараф кардани ин халалҳо ғайриимкон бошад, ҒСС ё Industry Canada манъи истифодаи телефонро талаб карда метавонанд. Агар шумо ба кӯмак эҳтиёҷ дошта бошед, бо хизматрасонандаи маҳаллиатон дар тамос шавед. Ин дастгоҳ ба қисми 15-и қоидаи FCC мутобиқат мекунад. Истифодаи телефон таҳти ду шарти зерин қарор дорад: (1) Ин дастгоҳ метавонад халали хавфнок нарасонад ва (2) ин дастгоҳ бояд ҳама гуна халалро қабул кунад, аз ҷумла халалҳоеро, ки фаъолияти номақбулро ба амал меоранд. Ҳамагуна тағйирот ва такмилдиҳие, ки бе розигии пешакии Nokia дароварда шудааст, истифодабарандаро аз ҳуқуқи истифодаи ин дастгоҳ маҳрум карда метавонад.
/Масъала 1.2 TG
Loading...