Page 1
Дастури истифодабаранда Nokia 7230
Масъала 2
Page 2
2 Мундариҷа
Мундариҷа
Бехатарӣ 4
Маълумоти умумӣ 5
Дар бораи дастгоҳи шумо 5
Режими шабака 5
Хидматҳои шабака 5
Хотираи муштарак 6
Рамзҳои вурудшавӣ 6
Навсозии нармафзор ба воситаи
компютер 7
Дастгирӣ 7
Оғози кор 8
Тугмаҳо ва қисмҳо 8
Корти SIM-ро гузоред 8
Корти хотираро гузоред 9
Батареяро гузоред 10
Батареяро бо барқ пур кунед 11
Фаъол ё хомӯш созед 11
Дисплей 11
Қулфи клавиатура 12
Мавҷгири GSM 12
Замимаҳо 13
Зангҳо 14
Занг задан ва қабул кардан 14
Баландгӯяк 14
Миёнабурҳои рақамзанӣ 14
Навиштани матн 15
Модулҳои матн 15
Вуруди анъанавии матн 15
Вуруди пешгӯии матн 15
Менюҳоро идора кунед 16
Мубодилаи паёмӣ 16
Паёмҳои матнӣ ва
мултимедиявӣ 16
Паёмҳои флешдор 18
паёмҳои аудиоии Nokia Xpress 18
Nokia Mail 18
Паёмнависии фаврӣ 20
Паёмҳои овозӣ 20
Танзимоти паёмҳо 20
Алоқаҳо 20
Дафтари қайди зангҳо 21
Танзимот 21
Намудҳо 21
Оҳангҳо 22
Экран 22
Сана ва вақт 22
Миёнабурҳо 22
Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ 23
Пайвастшавӣ 23
Занг ва телефон 25
Қисмҳои иловагӣ 25
Насб 25
Барқарорсозии танзимоти завод 26
Силсилаи ҷузъиёт 26
Барномаҳо 26
Соати зангдор 26
Тақвим ва рӯйхати вазифа 27
Зиёдаҳо 27
Камера ва видео 28
Радиои FM 29
Сабткунандаи овоз 29
Плеери медиа 30
Харитаҳо 31
Веб ё Интернет 34
Ба хадамоти интернетӣ пайваст
шавед 34
Хадамоти SIM 34
Иттилооти аслӣ 35
Сарфаи барқ 35
Истифодаи такрорӣ 35
Бисёртар омӯзед 35
Page 3
Маълумот дар бораи маснуот ва
бехатарӣ 36
Индекс 42
Мундариҷа 3
Page 4
4 Бехатарӣ
Бехатарӣ
Ин дастурҳои соддаро хонед. Мувофиқи онҳо амал накардан метавонад хатарнок
ё ғайриқонунӣ бошад. Барои маълумоти иловагӣ дастури мукаммали
истифодабарандаро мутолиа кунед.
БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ ФАЪОЛ КАРДАН
Дар мавриде ки истифодаи телефони бесим манъ карда шудааст ва ё,
халал ё зарар расонда метавонад дастгоҳро фурӯзон нанамоед.
БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ
Ба ҳамаи қонунҳои маҳаллӣ риоя кунед. Ҳангоме ки автомобил
меронед, дастҳоятон бояд ҳамеша озод бошанд. Мақсади
аввалиндараҷаи шумо ҳангоми рондани автомобил, бояд таъмини
бехатарии ҳаракат бошад.
ХАЛАЛРАСОНӢ
Ҳама гуна таҷҳизоти бесим ба халалҳо таъсирпазир мебошанд, ки ин
ба кори тачҳизот таъсири бад расонда метавонад.
ДАР ҶОЕ, КИ ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲ МАНЪ ШУДААСТ ХОМӮШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дар ҳавопаймо, назди таҷҳизоти
тиббӣ, сӯзишворӣ, маводи кимиёвӣ ё худ минтақаи таркишҳо дастгоҳро
хомӯш доред.
ХИДМАТРАСОНИИ БОСАЛОҲИЯТ
Танҳо кормандони босалоҳият метавонанд ин дастгоҳро насб кунанду
таъмир намоянд.
ЗАМИМАҲО ВА БАТАРЕЯҲО
Танҳо замимаҳо ва батареяҳои тасвибшударо истифода баред.
Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
ОБНОГУЗАР
Дастгоҳи шумо обногузар нест. Дастгоҳро хушк нигоҳ доред.
Page 5
Маълумоти умумӣ 5
Маълумоти умумӣ
Дар бораи дастгоҳи шумо
Дастгоҳи бесими дар ин дастур тавсифшуда барои истифода дар Шабакаҳои
GSM 850, 900, 1800, 1900 ва WCDMA 900, 1900 ва 2100 МҲтс тасвиб карда
шудааст. Оид ба маълумоти иловагӣ дар бораи шабака бо расонандаи хадамот
дар тамос шавед.
Дастгоҳи шумо метавонад дорои замимаҳо ва роҳҳои васли интернетӣ ба
саҳифаҳои интернетии тарафи сеюм бошад ва ба шумо ба он саҳифаҳои ашхоси
сеюм воридшавиро иҷозат диҳад. Ин саҳифаҳо бо Nokia алоқае надоранд ва
Nokia ягон масъулияте доир ба онҳо намебарад ва ба зиммаи худ намегирад.
Агар шумо ба ингуна саҳифаҳо ворид гаштанӣ бошед, барои мундариҷа ва
бехатарӣ чораҳои лозимиро бубинед.
Огоҳӣ
Барои истифодаи дилхоҳ хусусияти дастгоҳ, ғайр аз соати зангдор, телефон бояд
фаъол бошад. Ҳангоми имконияти халал расонида тавонистан ё хатарро ба
вуҷуд овардан дастгоҳи бесимро фурўзон накунед.
Ҳангоми истифодабарии ин дастгоҳ ба ҳама қонунҳо риоя кунед; одатҳои
маҳаллӣ, ҳуқуқи махфият ва ҳуқуқи қонунии дигаронро, аз ҷумла ҳуқуқи
муаллифиро эҳтиром намоед. Ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ метавонад нусхабардорӣ,
дигарсозӣ пешкашнамоӣ ва фиристодани баъзе тасвирҳо, мусиқа (аз он ҷумла
оҳангҳои занг) ва дигар мундариҷаҳоро мамнӯъ созад.
Нусхаҳои эҳтиётӣ созед ва ё ҳама маълумоти муҳими дар телефонатон
сабтшударо навишта гиред.
Пеш аз пайваст намудан ба дигар таҷҳизот, қоидаҳои бехатариро аз дастури
истифодабарӣ мутолиа кунед. Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл
накунед.
Тасвирҳои дар ин дастур буда, метавонанд аз намоиши дастгоҳи шумо фарқ
кунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба дастури истифодабаранда муроҷиат кунед.
Режими шабака
Барои интихоби намуди истифодашавандаи шабака, инро интихоб кунед
Меню > Танзимотҳо > Телефон > Ҳолати шабака. Дар вақти занги фаъол шумо
ин имконотро дастрас карда наметавонед.
Хидматҳои шабака
Барои истифодаи телефон, шумо бояд аз хизматрасони хизматрасонии бесим
истифода баред. Баъзе хусусиятҳо дар ҳамаи шабакаҳо дастрас нестанд; дигар
хусусиятҳо метавонанд барои истифода бурдани онҳо аз шумо бо хидматрасон
Page 6
6 Маълумоти умумӣ
бастани шартномаи махсусро талаб кунанд. Хадамотҳои шабакавӣ интиқоли
маълумотро дар бар мегирад. Оид ба хаққи пардохт дар дохили шабака ва берун
аз он ба хадамоти хизматрасони муроҷиат кунед. Провайдери хидматрасони
шумо хароҷоти марбутаро фаҳмонда медиҳад. Баъзе шабакаҳо метавонанд
маҳдудиятҳо дошта бошанд, ки ба тарзи истифодабарии баъзе хусусиятҳои ин
дастгоҳ, ки дастгирии шабакаро ба монанди дастгирии технологияҳои махсуси
монанди суръатҷаласаи WAP 2.0 (HTTP ва SSL)-и дар асоси суръатҷаласаи TCP/
IP фаъолияткунанда ва ҳуруфоти забонҳои алоҳида талаб мекунанд, таъсир
мерасонад.
Провайдери хидматрасони Шумо метавонад аз шумо хомӯш кардан ё ки фаъол
насохтани баъзе хусусиятҳои дастгоҳро талаб намояд. Дар ин ҳолат, ин
хусусиятҳо дар феҳрасти дастгоҳ нишон дода намешаванд. Дастгоҳи шумо
инчунин метавонад дорои ҷузъҳои мувофиқкардашудаи монанди номҳои меню,
тартиби меню ва тасвирчаҳо бошад.
Хотираи муштарак
Хусусиятҳои зерини ин дастгоҳ хотираи муштаракро истифода бурда метавонад:
паёмнависии мултимедиа (MMS), барномаи почтаи электронӣ, паёмнависии
фаврӣ. Истифодаи як ё якчанд аз ин хусусиятҳо дастрасии хотираро барои дигар
хусусиятҳо кам карда метавонанд. Агар дастгоҳи шумо оиди пур будани хотира
паёме намоиш кунад, баъзе иттилооти дар хотираи муштарак захирашударо нест
кунед.
Рамзҳои вурудшавӣ
Рамзи амниятӣ ба шумо имкон медиҳад, ки дастгоҳатонро аз истифодаи беиҷозат
муҳофизат намоед. Рамзи пешакӣ насбшуда 12345 аст. Шумо метавонед рамзро
созед ё тағир диҳед ва дастгоҳро тавре танзим кунед, ки рамзро дархост кунад.
Рамзро махфӣ ва дар ҷои амн, алоҳида аз дастгоҳ нигоҳ доред. Агар шумо
рамзро фаромӯш кунед ва дастгоҳи шумо баста шавад, дастгоҳи шумо ба
хидматрасонӣ ниёз хоҳад дошт. Метавонад пардохти иловагӣ талаб карда шавад
ва ҳама маълумоти шахсӣ дар дастгоҳи шумо метавонад нест карда шавад.
Барои маълумоти иловагӣ ба ягон Nokia Care ё дилери дастгоҳи худ муроҷиат
намоед.
Рамзи PIN, ки бо телефон дода мешавад, кортро аз истифодаи беиҷозат
муҳофизат мекунад. Рамзи PIN2, ки бо баъзе СИМ-кортҳо дода мешавад, барои
дастрасӣ ба баъзе хадамот лозим шуданаш мумкин аст. Агар шумо рамзи PIN ё
PIN2-ро се маротиба пайдарпай хато ворид кунед, аз шумо рамзи PUK ё PUK2
талаб карда мешавад. Агар шумо онҳоро надошта бошед, бо провайдери
хадамоти худ тамос гиред.
Барои дохилшавӣ ба иттлоот дар модули амниятии SIM - корти Шумо, модули PIN
дархост карда мешавад. Барои имзои рақамӣ имзокунии PIN метавонад дархост
карда шавад. Номи шаб барои манъкуни хангоми истифодаи хизматрасонии
манъкунии занг лозим мешавад.
Page 7
Маълумоти умумӣ 7
Барои танзим додани телефони худ, ки телефон рамзҳои вурудшавӣ ва
амниятиро чи тавр истифода барад, Меню > Танзимотҳо > Амният-ро интихоб
кунед.
Навсозии нармафзор ба воситаи компютер
Nokia Software Updater ин барномаи компютерие аст, ки ба шумо имконияти
навсозии нармафзори дастгоҳатонро медиҳад. Барои навсозии нармафзори
дастгоҳатон, ба шумо компютери фардӣ, дастрасии васеъ ба Интернет ва USBсими мувофиқ барои пайваст намудани дастгоҳатон ба компютери фардӣ зарур
ҳастанд.
Барои гирифтани иттилооти муфассал, гирифтани қайдҳои нармафзори версияи
навтарин, ва зеркашии барномаи Nokia Software Updater, сомонаи зерин ё
сомонаи маҳаллии Nokia-ро кушоед: www.nokia.com/softwareupdate.
Барои навсозии нармафзори дастгоҳ, амалҳои зеринро иҷро намоед:
1 Боргирӣ ва насби барномаи Nokia Software Updater ба компютери фардӣ.
2 Дастгоҳи худро ба воситаи сими маълумотии USB бо компютер пайваст
кунед, ва PC Suite -ро интихоб кунед.
3 Барномаи Nokia Software Updater кушоед. Барномаи Nokia Software Updater
нишон медиҳад, ки шумо чӣ гуна метавонед файлҳои худро захира кунед,
нармафзорро навсозӣ кунед ва файлҳоро аз нав барқарор созед.
Дастгирӣ
Вақте, ки шумо мехоҳед маълумоти муфассал дар бораи маҳсулоти худ дарёфт
кунед ё ин ки шумо намедонед чӣ хел дастгоҳи шумо бояд кор кунад, ба
саҳифаҳои дастгирӣ дар сомонаи www.nokia.com/support ё дар сомонаи
маҳалии Nokia, www.nokia.mobi/support бо телефони мобилӣ муроҷиат намоед.
Агар ин маъсалаи шуморо хал накунад, имконоти зеринро истифода баред:
• Дастгоҳро аз нав фаъол кунед: дастгоҳро хомӯш созед, ва батареяро гиред.
Баъд аз як дақиқа батареяро ба ҷои худ ҷойгир кунед ва дастгоҳро фурӯзон
кунед.
• Танзимотҳои коргоҳиро чӣ хеле, ки дар дастур баён шудааст, барқарор созед.
• Барои фаъолияти беҳтарин ва хусусиятҳои нав, нармафзори дастгоҳи худро
чӣ хеле, ки дар дастур баён шудааст, ҳамеша навсозӣ кунед.
Агар маъсалаи шумо ҳоло ҳам ҳалли худро наёбад, барои дигар имкотони
таъмирӣ бо Nokia дар тамос шавед. Сайтҳои зеринро кушоед www.nokia.com/
repair. Пеш аз фиристодани дастгоҳи худ ба маркази таъмирӣ, маълумоти худро
ҳамеша нусхабардорӣ кунед.
Page 8
8О ғ о з и к о р
Оғози кор
Тугмаҳо ва қисмҳо
Дисплей
1
2 Тугмачаи Navi™ (тугмачаи паймоишкунӣ)
3 Тугмачаҳои интихоб
4 Тугмаи тамос
5 Клавиатура
6 Лавозимоти шунавоӣ
7 Тугмаи фаъол/хомӯш
8 Пайвасткунаки
пуркунандаи барқ
9 Порти USB
10 Пайвасткунаки
гӯшмонак
11 Линза
12 Тугмаи
аксбардорӣ
13 Гӯшаки тасмаро
пахш кунед
Корти SIM-ро гузоред
Корти SIM ва алоқаҳои он аз харошидан ва каҷ кардан ба осонӣ аз кор мебароянд.
Аз ин рӯ, кортро бо эҳтиётӣ истифода баред, дохил ва хориҷ кунед.
Page 9
Оғози кор 9
1 Агар батарея дар ҷояш бошад, онро бароред ва дорандаи rjhnb SIMро барои
кушодан лағжиш диҳед.
2 Дорандаи кортро кушоед.
3 Корти SIM-ро ба дорандаи корт бо тарафи контакташ ба зар гузоред.
4 Дорандаи кортро маҳкам кунед.
5 Дорандаи кортро лаӯжонида маҳкам кунед.
Корти хотираро гузоред
Танхо механизмхои мувофик Кортҳои microSD-и аз чониби ширкати Nokia барои
истифода бо тачхизоти мазкур тасдикшударо истифода баред. Ширкати Nokia
барои кортхои хотира стандартхои дар сохаи саноат тасдикшударо истифода
мебарад, лекин баъзе тамгахо ба ин тачхизот пурра мувофик наомаданашон
мумкин. Кортхои номувофик корт ва тачхизотро вайрон ва маълумоти дар корт
бударо кур карданашон мумкин.
Телефони шумо кортҳои microSD-ро, ки дорои ғунҷоиши то 16 ГБ мебошанд,
дастгирӣ мекунад. Андозаи як файл набояд аз 2 ГБ зиёдтар бошад.
Page 10
10 Оғози кор
Корти хотираро гузоред
1 Агар батарея дар ҷояш бошад, онро бароред ва доранда кортро барои
кушодан лағжиш диҳед.
2 Дорандаи кортро бардошта кушоед.
3 Корти хотираро ба дорандаи корт бо тарафи контакташ ба зар гузоред.
4 Дорандаи кортро маҳкам кунед.
5 Дорандаи кортро лаӯжонида маҳкам кунед.
Батареяро гузоред
1 Агар сарпӯши қафо дар ҷояш бошад, онро гиред, контактҳи батареяро муоина
кунед ва батареяро гузоред.
2 Сарпӯши қафоро ба ҷояш гузоред.
Page 11
Оғози кор 11
Батареяро бо барқ пур кунед
Батареяи шумо дар коргоҳ пешакӣ бо барқ пур карда шудааст. Агар даст го ҳ сатҳи
пасти барқро нишон диҳад, имконоти зеринро истифода баред:
1 Пуркунандаи барқро ба васлаки девор пайваст намоед.
2 Пуркунандаи барқро ба дастгоҳ пайваст намоед.
3 Вақте, ки дастгоҳ барқи пурро нишон медиҳад, пуркунандаи барқро аввал аз
дастгоҳ ва баъд аз васлаки деворӣ ҷудо созед.
Шумо инчунин метавонед заряди батареяро ба воситаи кабели USB аз компютер
пур кунед.
1 Кабели USB-ро ба порти USB-и компютер ва дастгоҳ пайваст кунед.
2 Вақте ки батарея аз барқ пур шуд, сими USB-ро удо созед.
Барқкунонии батарея мӯҳлати муайян надорад, ва шумо метавонед дастгоҳро
ҳангоми барқкунонӣ истифода баред. Агар барқи батарея то охир холӣ шавад,
пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг,
метавонад якчанд дақиқа гузарад.
Барқкунонии батареяи дастгоҳ ҳангоми истифодаи радио, ба сифати қабули
сигнал таъсир мекунад.
Фаъол ё хомӯш созед
Тугмаи фаъоли телефонро дошта истед.
Дисплей
Page 12
12 Оғози кор
1 Қувваи мавҷи шабакаи селлуларӣ
2 Ҳолати барқи батарея
3 Нишондиҳандаҳо
4 Номи шабака ё тамғаи оператор
5 Соат
6 Сана (танҳо агар экрани асосии калон кардашуда хомӯш бошад)
7 Дисплей
8 Вазифаи тугмачаи чапи интихобӣ
9 Вазифаи тугмачаи паймоишкунӣ
10 Вазифаи тугмачаи рости интихобӣ
Шумо метавонед вазифаҳои тугмачаҳои интихобии чап ва ростро тағйир диҳед.
Нигоҳ кунед "Миёнабурҳо" саҳ.22.
Қулфи клавиатура
Барои канорагирӣ кардан аз пахши тасодуфии тугмаҳо, телефонро пӯшед ва
Бастан -ро дар тӯли 5 сония барои бастани клавиатура пахш намоед.
Барои кушодани клавиатура, Қулфкш > OK -ро интихоб кунед ё телефонро
кушоед. Агар амнияти клавиатура фаъол бошад, рамзи амниятӣ дар ҳоли
дархост ворид кунед.
Барои қулфкунии клавиатура баъд аз таъхири вақти таъинкардашуда, ҳангоми
дар ҳолати интизорӣ будани телефон, Меню > Танзимотҳо > Телефон > Калд.
амнт. худкор > Фаъол -ро интихоб кунед.
Барои ҷавоб додан ба занг вақте, ки қулфи клавиатура баста аст, тугмаи тамосро
пахш намоед. Вақте ки шумо ба занг хотима диҳед ё зангро рад кунед, қулфи
клавиатура ба тариқи худкор баста мешавад.
Ҳангоме ки дастгоҳ ё сафҳаи калидҳо дар ҳолати баста аст, зангзанӣ ба рақами
фавқулодаи расмӣ, ки дар дастгоҳ барномарезӣ шудааст метавонад имконпазир
бошад.
Мавҷгири GSM
Дастгоҳи шумо метавонад дорои мавҷгирҳои дохилӣ ва беруна бошад. Вақте ки
мавҷгир мавҷ мефиристонад ё қабул мекунад, бе зарурат ба мавҷгир даст
Page 13
Оғози кор 13
нарасонед. Тамос бо мавҷгирҳо ба сифати алоқа таъсир карда, сабаби аз меъёри
зарурӣ зиёд истифода шудани барқ мегардад ва метавонад мӯҳлати хизмати
батареяро кӯтоҳ кунад.
Расм ҷои мавҷгири GSM-ро бо ранги хокистарӣ нишон медиҳад.
Замимаҳо
Ягон кабели USB-ро пайваст кунед
Сарпӯши пайвасткунаки USB-ро кушоед ва кабели USB-ро ба дастгоҳ пайваст
кунед.
Маҷмӯи гӯшмонак
Огоҳӣ
Вақте ки Шумо гӯшмонакро истифода мебаред, имкони Шумо барои шунидани
овозҳои беруна метавонад халалдор гардад. Дар ҷойе, ки бехатарии Шумо дар
зери таҳдид аст гўшмонакро истифода набаред.
Ҳангоми васл кардани ягон замимаи беруна ё гӯшмонак ба васлкунаки Nokia AV,
ки бо Nokia маъқул дониста нашудааст, ба дараҷаи овоз махсус эътибор диҳед.
Маҳсулоте ки сигналҳои баромадро ба вуҷуд меоранд, ба дастгоҳ васл накунед.
Ин метавонад ба дастгоҳ хисорот расонад. Ягон замимаи барқдорро ба
васлкунаки Nokia AV пайваст накунед.
Page 14
14 Зангҳо
Камар
1 Сарпӯши қафоро кушоед.
2 Тасмачаро часпонда онро таранг кунед.
3 Сарпӯши қафоро пӯшед.
Зангҳо
Занг задан ва қабул кардан
Барои задани занг рақами телефон ва агар лозим бошад рамзи минтақа ва
мамлакатро ворид кунед. Барои дар вақти занги телефонӣ танзим кардани
баландии овози телефон ё олоти шунавоӣ, ба боло ё поён ҳаракат кунед.
Барои ба занги даромад ҷавоб додан тугмачаи зангзаниро пахш кунед. Барои
бепосух рад кардани занг тугмачаи анҷомро пахш кунед.
Баландгӯяк
Агар мавҷуд бошад, метавонед Бал-гӯяк ё Телефон -ро интихоб намоед, то ки
баландгӯяк ё гӯшмонаки дастгоҳро ҳангоми ягон зангзанӣ истфода баред.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Миёнабурҳои рақамзанӣ
Рақами телефонро ба ягон рақами тугма таъин кунед
Меню > Алоқаҳо > Рақм-знҳои тез -ро интихоб кунед, ба рақами дилхоҳро (2-9)
ҳаракат кунед, ва Таъин -ро интихоб кунед. Рақами телефонии дилхоҳро ворид
кунед, ё Ҷустучӯ ва тамоси захирашударо интихоб кунед.
Рақамзании тезро фаъол созед
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Зангзанӣ > Рақамзании тез > Фаъол.
Page 15
Навиштани матн 15
Ба воситаи рақамзании тез занг занед
Дар ҳолати интизорӣ тугмаи рақами дилхоҳро дошта истед.
Навиштани матн
Модулҳои матн
Барои ворид кардани матн (масалан, вақти навистани паёмҳо) Шумо метавонед
аз тарзи вуруди пешгӯӣ ё анъанавии матн истифода баред.
Вақте ки Шумо матн менависед, Интихоб -ро барои гузаштан байни вуруди
анъанавии матн, ки бо
намоиш мешавад, пахш кунед ва доред. На ҳамаи забонҳо бо вуруди пешгӯии
матн дастгир карда мешаванд.
Намуди аломатҳо бо
Барои тағйир додани намуди аломат, # - ро пахш кунед. Барои гузаштан аз ҳолати
ҳарфӣ ба рақамӣ, ки бо
Ҳолати рақам - ро интихоб кунед. Барои гузаштан аз ҳолати рақамӣ ба ҳарфӣ, #
- ро пахш кунед ва доред.
Барои насб кардани забони навист, Интихоб > Забони навишт- ро интихоб кунед.
Вуруди анъанавии матн
Калиди рақамиро, аз 2 то 9, то намоиш шудани аломат ё ҳарфи дархостшуда
мунтаззам пахш кунед. Аломатҳои дастрас ба забони интихобшудаи навистӣ
вобаста аст.
Агар ҳуруфи навбатӣ, ки Шумо дархост мекунед дар калиди
истифодашудаистода ҷой гирифта бошад, то падидор шудани курсор интизор
шавед ва ҳарфро дохил кунед.
Барои вурудшавӣ ба аломатҳои китобатӣ ва дигар аломатҳои махсуси бисёр
истифодашаванда, 1-ро мунтаззам пахш кунед. Барои вурудшавӣ ба рӯйхати
махсуси аломатҳо, *-ро пахш кунед. Барои ворид кардани фосила, 0-ро пахш
кунед.
намоиш мешавад ва вуруди пешгӯии матн, ки бо
, ва намоиш мешаванд.
намоиш мешавад, # - ро пахш кунед ва доред ва
Вуруди пешгӯии матн
Вуруди пешгӯии матн дар асоси луғати дохилӣ, ки ба он Шумо метавонед
калимаҳои нав ворид кунед, қарор ёфтааст.
1 Ба навистани калима бо истифодаи калидҳо 2 то 9 оғоз кунед. Барои як ҳарф
як калидро як дафъа пахш кунед.
2 Барои тасдик намудани ягон калима ба тарафи рост равед ва е чое илова
кунед.
Page 16
16 Менюҳоро идора кунед
• Агар калима нодуруст бошад, * -ро бардавом пахш кунед ва калимаро аз
рӯйхат интихоб кунед.
• Агар пас аз калима аломати "?" нишон дода шавад, калимае, ки Шумо
навистанӣ ҳастед, дар луғат мавҷуд нест. Барои ба луғат илова кардани
калима, Имло - ро интихоб кунед. Калимаро бо истифодаи вуруди
анъанавии матн дохил кунед ва Захира - ро интихоб кунед.
• Барои навистани калимаҳои мураккаб, қисми якуми калимаро дохил ку не д
ва калиди дасти ростро барои тасдиқкунии он пахш кунед. Қисми охирини
калимаро нависед ва калимаро тасдиқ кунед.
3 Ба навистани калимаи навбатӣ оғоз кунед.
Менюҳоро идора кунед
Вазифаҳои телефон дар менюҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. На ҳамаи вазифаҳои
меню ё имконоти ҷузъҳо дар ин ҷо тавсиф карда шудаанд.
Дар экрани хонагӣ, Меню ва меню ё зерменюи дилхоҳро интихоб кунед.
Хуруҷ аз зинаи ҷории меню
Баромад ё Қафо интихоб кунед.
Бозгашт ба экрани хонагӣ
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Тағири намуди меню
Интихоб кунед Меню > Интихоб > Намоиши меню.
Мубодилаи паёмӣ
Ба василаи дастгоҳи худ паёмҳоро, ба монанди паёмҳои матнӣ ва мултимедиявӣ,
эҷод ва қабул кунед. Хадамоти мубодилаи паёмӣ танҳо дар ҳолате, ки агар
шабака ва провайдери хизматрасони Шумо онро дастгирӣ намояд, истифода
бурда мешавад.
Паёмҳои матнӣ ва мултимедиявӣ
Шумо метавонед паёмро эҷод кунед ва ихтиёрӣ, масалан, тасвирро замима
кунед. Ҳангоме, ки файл замима мешавад, телефони Шумо паёми матниро ба
паёми мултимедиявӣ худкор тағйир медиҳад.
Паёмҳои матнӣ
Дастгоҳи шумо ба фиристодани як паёми хаттии андозааш аз маҳдудияти
шумораи ҳарфҳо барои як паём бузургтар қодир аст. Паёмҳои дароз ҳамчун ду
ё зиёда паёмҳо фиристода мешаванд. Провайдери хидматрасони шумо
метавонад мувофиқан пардохти зиёдтарро талаб кунад. Ҳарфҳое, ки дар
таркибашон апостроф, дигар аломатҳо доранд ё баъзе забонҳои дигар ҷойи
Page 17
Мубодилаи паёмӣ 17
бештарро банд мекунанд ва миқдори ҳуруфоти дар як паём
фиристодашавандаро кам мекунанд.
Шумораи умумии ҳарфҳои боқимонда ва шумораи паёмҳои фиристодашаванда
нишон дода мешавад.
Барои фиристодани паёмҳо, дар дастгоҳи шумо бояд рақами дурусти маркази
паёмҳо захира шуда бошад. Одатан, ин рақам пешакӣ тавассути СИМ-корти
шумо муқаррар карда мешавад.
Барои дастӣ гузоштани рақам, амалҳои зеринро иҷро намоед:
1 Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Танзимот. паём > Паёмҳои
матнӣ > Маркази паёмҳо.
2 Ном ва рақами аз тарафи провайдери хидматрасон додашударо ворид
намоед.
Паёмҳои мултимедиавӣ
Паёми мултимедивӣ метавонад дорои матн, тасвирҳо, клипҳои оҳангӣ ва видеоӣ
бошад.
Фақат дастгоҳҳои хусусиятҳои мувофиқдошта, паёмҳои мултимедиявиро қабул
мекунанд ва нишон дода метавонанд. Намуди зоҳирии паём, вобаста аз дастгоҳи
қабулкунандаи ин паём, гуногун буда метавонад.
Шабакаи дастгоҳии бесим метавонад андозаи паёми MMS-po маҳдуд намояд.
Агар тасвири воридшуда аз ин андоза бузургтар бошад, дастгоҳ метавонад онро
хурдтар кунад, то фиристоданаш бо MMS имконпазир гардад.
Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои
нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо
зарар расонанд.
Барои гирифтани маълумот оиди дастрас будан ва обунашавӣ ба хадамоти
паёмнависии мултимедиявӣ (MMS), бо провайдери хидматрасони худ дар тамос
шавед.
Паём эҷод кунед
1 Меню > Паёмнависӣ > Эҷоди паём-ро интихоб кунед.
2 Паёми худро нависед.
Барои ворид кардани аломати махсус ё табассумча Интихоб > Вориди
аломат-ро интихоб кунед.
Барои замима кардани объект ба паём Интихоб > Вориди ҷузъ-ро интихоб
кунед. Намуди паём ба таври худкор ба паёми мултимедиа табдил меёбад.
3 Барои иловаи қабулкунанда Ирсол ба ва қабулкунандаро -ро интихоб кунед.
Page 18
18 Мубодилаи паёмӣ
Барои дастӣ ворид кардани рақами телефон ё суроғаи почта Рақам ё почт.
эл.-ро интихоб кунед. Рақами телефонро ворид кунедё Почт. эл. --ро интихоб
карда сурогаи почтаро ворид кунед.
4 Интихоб кунед Ирсол .
Паёмҳои мултимедиа бо нишонае дар қисми болои экран нишон дода мешаванд.
Провайдерҳои хидматрасон метавонанд вобаста ба намуди паём андозаи
гуногуни пардохтро талаб кунанд. Барои тафсилот, бо провайдери хидматрасон
дар тамос шавед.
Паёмҳои флешдор
Паёмҳои флешдор паёмҳои матнӣ мебошанд, ки ҳангоми қабул онҳо фавран
намоиш мешаванд.
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ.
1 Интихоб кунед Иловагӣ > Паёмҳои дигар > Паёми флэшдор.
2 Паёми худро нависед.
3 Мухотиб ва Ирсол ба -ро интихоб кунед.
паёмҳои аудиоии Nokia Xpress
MMS-ро ба таври мувофиқ истифода бурда паёми аудиоиро эҷод ва ирсол
намоед.
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ.
1 Интихоб кунед Иловагӣ > Паёмҳои дигар > Паёми аудиоӣ. Сабткунаки овоз
кушода мешавад.
2 Барои ирсоли паём,
3 Барои қатъ сохтани сабт,
4 Мухотиб ва Ирсол ба -ро интихоб кунед.
-ро интихоб кунед.
-ро интихоб кунед.
Nokia Mail
Барои хондан, навиштан ва ирсоли почта, ба ҳисоби почтаи худ ворид шавед.
Барномаҳои паёмҳои электронии мазкун аз хусусиятҳои паёмҳои электронии
SMS фарқ мекунад.
Пеш аз истифодаи почта, шумо бояд дорои ҳисоби почта аз ягон провайдери
хадамоти почта бошед. Барои дастрасӣ ва танзимоти дуруст ба провайдери
почтаи электронӣ дар тамос шавед. Шумо метавонед насби танзимоти почтаи
электрониро ҳамчун паём насбӣ қабул кунед.
Роҳбалади танзими почта
Агар ягон танзимоти почтаи электронӣ дар телефон муайян карда шуда набошад,
роҳбалади танзими почтаи электронӣ худкор оғоз меёбад. Барои илова кардани
Page 19
Мубодилаи паёмӣ 19
ягон ҳисоби почта, Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Почтаи эл. ва Ҳисоботи
нав-ро интихоб кунед. Дастурҳоро иҷро намоед.
Паёмҳо нависед ва ирсол кунед
Шумо метавонед пеш аз пайваст шудан ба хидмати почта паёмро бинависед.
1 Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Почтаи эл. ва Эҷоди почт. эл.-ро интихоб
кунед.
2 Суроғаи почтаи қабулкунанда, мавзӯъ ва паёми почтаро ворид кунед. Барои
замима кардани файл Интихоб > Ворид кардан-ро интихоб кунед.
3 Агар зиёда аз як суроғаи почта муайян карда шавад, ҳисоберо интихоб кунед,
ки аз он паём ирсол кардан мехоҳед.
4 Интихоб кунед Ирсол кардан .
Паёмеро хонда, ба он посух диҳед
Муҳим: Ҳангоми кушодани паёмҳо эҳтиёт шавед. Паёмҳо метавонанд дорои
нармафзори шубҳанок бошанд, ки метвонанд ба дастгоҳ ё компютери шумо
зарар расонанд.
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Почтаи эл..
Зеркашии сарлавҳаҳои паёмҳо
Ҳисоби почтаи худро интихоб кунед.
Зеркашии ягон паём ва замимаҳои он
Ягон паём ва Кушодан ё Ҷустуҷӯ -ро интихоб кунед..
Посух додан ба паём ё интиқол додани он
Интихоб > Ҷавоб додан ё Фиристодан-ро интихоб кунед.
Аз ҳисоби почтаи худ хориҷ шавед
Интихоб кунед Интихоб > Қатъи пайваст. Пайвастагӣ ба ҳисоби почта пас аз чанд
муддати ғайрифаъол будан ба таври худкор қатъ мешавад.
Огоҳиҳои нави почта
Дастгоҳи шумо метавонад ба таври худкор ҳисоби почтаи шуморо бо гузашти
вақти муайян тафтиш кунад в аҳангоми гирифтани паёмҳои нав огоҳӣ диҳад.
Интихоб кунед Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Почтаи эл..
1 Интихоб кунед Тнзм. почт. эл. > Таҳрир. паёмдонҳо.
2 Ҳисоби почтаи худ, Танзимоти боргирӣ , ва яке аз имконоти зеринро интихоб
кунед:
Page 20
20 Алоқаҳо
Фосилаи навсозӣ — Нишон диҳед, ки дастгоҳ бояд чанд маротиба почтаи
шуморо тафтиш кунад.
Ҷустуҷӯи худкор — Паёмҳоои навро аз почтаи худ ба таври худкор гиред.
3 Барои фаъол кардани огоҳии паёмҳои нав Тнзм. почт. эл. > Огоҳн. почт. эл.
нав-ро интихоб кунед.
Паёмнависии фаврӣ
Бо ёрии паёмнависии фаврӣ (ПФ, хадамоти шабака), Шумо метавонед паёмҳои
матнии кӯтоҳро ба муштариёни дар алоқа буда ирсол кунед. Шумо бояд ба
хадамот обуна шавед ва дар хадамоти ПФ, ки онро истифода бурданӣ ҳастед, аз
қайд гузаред. Дастрасии хидматҳои мазкур, нархгузорӣ ва дастурҳои онҳоро аз
провайдери хидматрасони худ фаҳмед. Менюҳо вобаста ба провайдери ПФ - и
Шумо метавонанд фарқ кунанд.
Барои пайвастшавӣ ба хадамот, Меню > Паёмнависӣ > Паёмҳои фаврӣ - ро
интихоб кунед ва паи дастурҳои дар экран падидоршуда равед.
Паёмҳои овозӣ
Паёмдони овозӣ хадамоти шабакавӣ мебошад, ки ба он Шумо бояд обуна шавед.
Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Ба паёмдони овозии худ занг занед
Пахш кунед ва нигоҳ доред 1.
Паёмдони овозии худро таҳрир кунед
Меню > Паёмнависӣ > Иловагӣ > Паёмҳои овозӣ ва Рақм. п-дони овозӣ-ро
интихоб кунед.
Танзимоти паёмҳо
Меню > Паёмнависӣ ва Иловагӣ > Танзимот. паём-ро интихоб кунед.
Яке аз имконоти зерин интихоб кунед:
Танзимоти умумӣ — Андозаи ҳарфро барои паёмҳо интихоб кунед ва
табассумчаҳои графикӣ ва ӣисоботӣои ирсолро фаъол созед.
Паёмҳои матнӣ — Барои паёмҳои матнӣ ва почтаи СМС марказҳои паёмӣ созед.
Паёмҳои мултимед. — Ҳисоботҳои ирсол ва қабули паёмҳои мултимедияв, ва
рекламаро иҷоза диҳед ва дигар гуна афзалиятҳоро барои паёмҳои
мултимедиявӣ танзим кунед.
Паёмҳои хадамот — Паёмҳои хадамотиро фаъол кардан ва насб кардани
афзалиятҳои бо паёмҳои хадамотӣ алоқаманд.
Алоқаҳо
Интихоб кунед Меню > Алоқаҳо.
Page 21
Дафтари қайди зангҳо 21
Шумо метавонед номҳо ва рақамҳоро дар хотираи дастгоҳ ё SIM -корт ҳифз
намоед. Шумо метавонед алоқаҳоро бо рақамҳо ва матнҳо дар хотираи дастгоҳ
захира кунед. Номҳо ва рақамҳои дар SIM корт захирашуда ба воситаи
мешаванд.
Иловаи алоқа
Интихоб кунед Иловаи нав .
Тафсилоти алоқаро илова кунед
Санҷед. ки хотираи истифодашуда ҳамҷун Телефон ё Телефон ва SIM муайян
шудааст. Номҳо - ро интихоб кунед, ба ном ҳаракат кунед, ва Тафсил >
Интихоб > Иловаи тафсилот - ро интихоб кунед.
Ҷустуҷӯи алоқа
Барои ҷустуҷӯи алоқа, Номҳо -ро интихоб кунед ва дар рӯйхати алоқаҳо ҳаракат
карда нигаред ё ҳарфҳои аввали номи алоқаро ворид кунед.
Аз алоқа ба дигар хотира нусха кӯчонед
Номҳо -ро интихоб кунед, ба алоқа ҳаракат кунед ва Интихоб > Иловагӣ >
Нусхабардор. алоқа-ро интихоб кунед. Шумо метавонед барои ҳар як ном танҳо
як рақами телефониро дар SIM-корт захира кунед.
Ҷои захиракунии алоқаҳо, тарзи намоишшавии алоқаҳо ва бо алоқаҳо
истифодакунии ҳаҷми хотираро интихоб кунед
Интихоб кунед Иловагӣ > Танзимотҳо.
Варақаи боздидро ирсол кунед
Дар рӯйхати алоқаҳо ба алоқа ҳаракат намоед ва Интихоб > Иловагӣ > Корти
корӣ-ро интихоб кунед. Шумо метавонед кортҳои тиҷоратиро аз дастгоҳҳое, ки
стандарти vCard-ро дастгирӣ мекунанд, қабул ва ирсол кунед.
муайян
Дафтари қайди зангҳо
Барои дидани маълумот оиди зангҳои худ, паёмҳо, иттилоот ва ҳамоҳангсозӣ,
Меню > Журнал ва ҷузъи дилхоҳро интихоб кунед.
Эзоҳ: Андозаи воқеии пардохт барои зангҳо ва хидматҳо аз тарафи провайдери
хидматрасон метавонад вобаста ба хусусиятҳои шабака, яклухткунии ҳаққи
хизмат, андозҳо ва монанди ин гуногун бошад.
Танзимот
Намудҳо
Интизори зангед, вале наметавонед ба дастгоҳатон иҷозати загзанӣ диҳед?
Телефони Шумо дорои як чанд гурӯҳҳои профилҳои зангзада аст, ки Шумо
Page 22
22 Танзимот
метавонед онҳоро бо оҳангҳои занг барои рӯйдодҳои гуногун ва муҳитҳо тағйир
диҳед.
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Профилҳо.
Профили дилхоҳ ва яке аз имконоти зеринро интихоб кунед:
Фаъолкунӣ — Профилро фаъол созед.
Шахсӣ кардан — Танзимоти профайлро тағир диҳед.
Хронометрӣ — Танзим додани профил ба он, ки то хотимаи вақт фаъол бошад.
Вақте ки вақти сабтшуда барои намуд мурур мекунад, намуди пештара, ки бо вақт
сабт нашудааст, фаъол мегардад.
Оҳангҳо
Шумо метавонед танзимоти оҳанги намуди интихобкардаи фаъолро тағйир
диҳед.
Интихоб кунедМеню > Танзимотҳо > Оҳангҳо. Шумо метавонед танзимоти
монандро дар Профилҳо меню дастрас кунед.
Экран
Барои дидан ё мувофиқ кардани тасвири замина, андозаи ҳарф, ё дигар
хусусиятҳои вобаста ба экрани телефон, Меню > Танзимотҳо > Дисплей-ро
интихоб кунед.
Сана ва вақт
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Сана ва вақт.
Барои танзимдиҳии сана ва вақт, Танзм. сана ва вақт - ро интихоб кунед.
Барои танзимдиҳии қолаби сана ва вақт, Навъи сана ва вақт - ро интихоб кунед.
Барои танзим кардани он, ки телефон худкор вақт ва санаро мувофиқи минтақаи
вақти феълӣ навсозӣ намояд (хадамоти шабака), Худнавсозии вақт - ро интихоб
кунед.
Миёнабурҳо
Бо миёнабурҳои шахсӣ, Шумо метавонед зуд ба вазифаҳои муттасил
истифодашавандаи телефон дохил шавед.
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Тугм. миёнбур.
Имконотҳои телефон ба тугмаҳои интихобӣ таъин кунед
Тугм. рости интих. ё Тугмаи чап инт-б ва имконот аз рӯйхат интихоб кунед.
Page 23
Танзимот 23
Имконотҳои миёнбурро барои тугмаҳои ҳаракат интихоб кунед
Интихоб кунед Тугмаи идоракунӣ . Ба дилхоҳ тараф ҳаракат кунед, ва Тағйир ё
Таъин ва вазифаеро аз рӯйхат интихоб кунед.
Ҳамоҳангсозӣ ва захиракунӣ
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Ҳмҳнг ва нусха.
Яке аз имконоти зерин интихоб кунед:
Калиди тел-фн — Маълумотҳои интихобкардаро байни телефони худ ва
телефони дигар синхронизатсия созед ё нусхабародорӣ кунед.
Нусхаи захира — Додаҳои интихобкардаро захира кунед.
Барқарсз. нусха — Додаҳоро аз захирагоҳ гирифта барқарор кунед. Барои
дидани тафсилоти файли захиравӣ, Интихоб > Тафсилот -ро интихоб кунед.
Интиқоли мъл. — Маълумоти интихобшударо байни дастгоҳи худ ва сервери
шабакавӣ (хидмати шабакавӣ) синхронизатсия кунед ё нусха бардоред.
Пайвастшавӣ
Телефони Шумо дорои якчанд хусусиятҳое мебошад, ки пайвастшавиро ба дигар
дастгоҳҳо барои таҳвил ё қабул кардани маълумот имконпазир месозад.
Технологияи бесими Bluetooth
Технологияи Bluetooth ба Шумо имкон медиҳад, ки телефони худро бо истифодаи
мавҷҳои радиоӣ ба дастгоҳи мувофиқи Bluetooth дар масофаи то 10 метр (32 фут)
пайваст кунед.
Ин таҷҳизот соҳиби хусусиятҳои Bluetooth 2.1 + EDR мувофиқ буда, дар
таъминоти худ чунин намудҳоро дорад: Профили шабакавии Dial-up (DUN)
Профили интиқоли файл (FTP) Профили вурудшавии умумӣ (GAP) Профили
умумии мубодилаи объектҳо (GOEP) Профили баландгӯяк (HFP) Профили
гӯшмонак (HSP) Профили такони объектҳо (OPP) Профили вурудшавӣ ба
китобчаи телефонӣ (PBAP) Профили порти сериявӣ (SPP) Профили барномаи
ҷустуҷӯи хадамот (SDAP) Профили вурудшавӣ ба SIM корт (SAP). Барои
фаъолияти муштарак бо дастгоҳҳои дигаре, ки системаи Bluetooth доранд, бо
дастгоҳи мазкур замимаҳои аз тарафи Nokia тасвибшударо истифода баред.
Барои муайян кардани мувофиқати тамғаҳои дигар бо дастгоҳи мазкур аз
истеҳсолкунандагони онҳо маълумот гиред.
Хусусиятҳое, ки технологияи Bluetooth-ро истифода мебаранд талаботро ба
қувваи батарея зиёд мекунанд ва мӯҳлати хизмати батареяро кам мекунанд.
Вақте ки таҷҳизоти бесим дар намуди SIM-и дурдаст аст, барои занг задан ва
қабул кардани занг шумо метавонед танҳо қисмҳои мувофиқро аз қабили
қуттичаи автомобилӣ ба дастгоҳ пайваст намоед.
Page 24
24 Танзимот
Ин дастгоҳи бесим дар ин ҳолат, ғайр аз ба рақами фавқулодае, ки дар дастгоҳ
барномарезӣ шудааст, занг намезанад.
Барои занг задан бояд пеш аз ҳама намуди SIM-и дурдастро тарк кунед. Агар
қулфи дастгоҳ баста бошад, барои кушодани он рамзи қулфро ворид намоед.
Пайвастшавии Bluetooth-ро кушоед
1 Меню > Танзимотҳо > Пайвастшавӣ > Bluetooth-ро интихоб кунед.
2 Номи телефонам -ро интихоб кунед, ва номи дастгоҳро ворид кунед.
3 Барои фаъол кардани пайвасти Bluetooth, Bluetooth > Фаъол -ро интихоб
кунед.
4 Барои пайваст кардани дастгоҳ бо лавозимоти аудиоӣ, Лвзм. ауд. пайв. кн.
ва лавозимотро интихоб кунед.
5 Барои пайваст кардани дастгоҳи худ ба ягон дастгоҳи Bluetooth-дор дар
силсила, Дастгоҳи ҷуфтшуда > Илв. дастг. нав-ро интихоб кунед.
6 Ба бозӣ ё барнома ҳаракат кунед, ва Илова -ро интихоб кунед.
7 Рамзи дохилшавиро (то 16 аломат) ба телефони худ ворид кунед ва
пайвастшавиро ба дигар дастгоҳи Bluetooth иҷозат диҳед.
Истифодаи дастгоҳ дар ҳолати қабули пинҳонӣ бехатарин роҳест барои
канорагирӣ аз барномаҳои хатарнок. Аз манбаҳое, ки ба онҳо эътимод надоред,
пайвасти Bluetooth-po қабул накунед. Ба таври дигар, функсияи Bluetooth-po
хомӯш кунед. Ин ҳолат ба дигар хусусиятҳои дастгоҳ таъсир намерасонад.
Пайвастшавии компютер ба интернет
Технологияи Bluetooth-ро барои пайвасткунии компютери мувофиқи худ ба
интернет истифода баред. Дастгоҳи шумо бояд хадамоти интернетиро (хидмати
шабака) дастгирӣ кунад, ва компютери шумо бояд технологияи Bluetooth-ро
дастгирӣ кунад. Баъд аз пайвастшавӣ ба хадамоти нуқтаи дохилшавии шабака
(NAP) дар дастгоҳ ва пайваст кардани компютери худ, дастгоҳи шумо ба таври
худкор пайвасти мачмӯъи маълумотиро ба интернет мекушояд.
фаъол будани пайвасти Bluetooth-ро нишон медиҳад.
Маҷмӯъи маълумот
Маҷмӯъи умумии хадамоти радиои (GPRS) хадамоти шабакавие аст, ки ба
телефонҳои мобилӣ имкони фиристодан ва қабул кардани маълумотро аз
шабака дар асоси протоколи интернетӣ (IP), медиҳад.
Барои муайян кардани роҳи истифодабарии хадамот, Меню > Танзимотҳо >
Пайвастшавӣ > Маҷмӯъи маъл. > Пайв. мҷм. маълум. ва аз имконоти зерин
интихоб кунед:
Агар лозим аст — барои таъсиси пайвасти маҷмӯъи маълумотӣ вақте, ки
барнома дархост мекунад. Ҳангоми басташаваии барнома, пайваст қатъ
мешавад.
Page 25
Танзимот 25
Доим дар тамос — барои худкор пайвастшавӣ ба шабакаи маҷъмӯи маълумотӣ
вақте, ки телефонро фаъол месозед
Бо истифодабарии технология Bluetooth, Шумо метавонед телефони худро
ҳамчун модем бо пайвастшавӣ ба компютерӣ мувофиқ истифода баред. Барои
тафсилот, ба ҳуҷҷати Nokia PC Suite нигоҳ кунед.
Занг ва телефон
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Зангзанӣ.
Интиқоли зангҳои даромад
Интихоби Интиқоли занг (хидмати интернетӣ). Барои тафсилот, бо провайдери
хидматрасон дар тамос шавед.
Баъд аз кӯшиши нобарор даҳ бор ба худкор такроран занг занед
Интихоб кунед Зангзании худкор > Фаъол.
Ҳангоми зангзанӣ хабарномаи зангҳои даромад гиред
Интихоби Интизории занг > Фаъолсозӣ (хидмати интернетӣ).
Ҳангоми зангзанӣ рақами телефони худ нишон ва пинҳон кунед
Интихоби Ирсоли ID-и худ (хидмати интернетӣ).
Бо кушодан ё пӯшидани слайдер ба зангҳо ҷавоб ё хотима диҳед.
Интихоб кунед Коркр. слайди занг .
Интихоб кунед Меню > Танзимотҳо > Телефон.
Забони телефонро интихоб кунед
Интихоб кунед Танзимотҳои забон > Забони телефон.
Қисмҳои иловагӣ
Менюи мазкур ва имконоти гуногуни он танҳо дар ҳолати пайвастшуда ё пайваст
будани телефон ба қисмҳои иловагии мувофиқи мобилӣ нишон дода мешавад.
Меню > Танзимотҳо > Лавозимот -ро интихоб кунед. Қисми иловагӣ ва
имкониятеро вобаста ба қисми иловагӣ интихоб кунед.
Насб
Шумо метавонед телефони худро бо танзимот, ки барои хадамоти муайян талаб
карда мешавад, насб кунед. Провайдери хидматрасони Шумо инчунин
метавонад ин танзимотро ба шумо ирсол кунад.
Меню > Танзимотҳо ва Танзимот-ро интихоб кунед.
Яке аз имконоти зерин интихоб кунед:
Page 26
26 Силсилаи ҷузъиёт
Танзим. стандартӣ — Дидани провайдерҳои хидматрасон, ки дар телефон
захира шудаанд ва танзими провайдери хидматрасони додашуда
Фаъол. дар брн-ҳо — Фаъол сохтани насби танзимоти додашудаи барномаҳои
дастгиришаванда
Нуқтаи дастрасӣ — Барои дидани нуқтаҳои захирашудаи дастрасӣ
Танзимоти шахсӣ — Иловаиҳисобҳои нави шахсӣ барои хадамоти гуногун ва
фаъол сохтан ё тоза кардани онҳо. Барои илова кардани ҳисобҳои нави шахсӣ,
Илова ё Интихоб > Иловаи нав - ро интихоб кунед. Навъи хадамотро интихоб
кунед ва параметрҳои дархостшударо дохил кунед. Барои фаъолсозии ҳисоби
шахсӣ, ба ҳисоб ҳаракат кунед ва Интихоб > Фаъолсозӣ-ро интихоб кунед.
Барқарорсозии танзимоти завод
Барои барқарор сохтани телефон ба ҳолати аввалаи коргоҳӣ, Меню >
Танзимотҳо > Бозсозии танз. ва аз яке аз имконоти зерин интихоб кунед.
Танҳо танзимотҳо — Азнав танзимкунии ҳамаи танзимоти мақбул бе тоза
намудани ҳаргуна маълумоти шахсӣ.
Ҳама — Азнав танзим намудани ҳамаи танзимоти афзалият ва хориҷ намудани
ҳамаи маълумоти шахсӣ, монанди алоқаҳо, паёмҳо, файлҳои медиавӣ ва
калидҳои фаъолкунанда.
Силсилаи ҷузъиёт
Дар Силсилаи ҷузъиёт шумо метавонед суратҳо, тасмаҳои видеоӣ ва файлҳои
мусиқиро идора кунед.
Намоиши мазмуни Галерея
Интихоб кунед Меню > Галерея.
Ҳангоми намоиш, файлҳои тасвирӣ ё клипҳои видеоиро ба хидмати интернетӣ
ирсол кунед
Интихоб > Ирсол кардан > Боркун. ба Инт. ва хидмати боркунии дилхоҳро
интихоб кунед.
Барномаҳо
Соати зангдор
Шумо метавонед, ҳушдоре таъин кунед, ки дар вақти дилхоҳ садо диҳад.
Таъин кардани ҳушдор
1 Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Соати занг.
2 Ҳушдорро фаъол созед ва вақти ҳушдорро таъин кунед.
3 Барои задани ҳушдор дар рӯзҳои муайяни ҳафта Такрор: > Фаъол ва рӯзҳоро
интихоб кунед.
Page 27
Барномаҳо 27
4 Оҳанги ҳушдорро интихоб кунед. Агар шумо радиоро ҳамчун оҳанги ҳушдор
интихоб кунед, шлемофонро ба телефон пайваст кунед.
5 Вақти ғанабро таъин кунед ва Захира -ро интихоб кунед.
Боздоштани ҳушдор
Интихоб кунед Ист . Агар Шумо ба телефон барои давомдиҳии навозиши садои
ҳушдор дар давоми як дақиқа имкон диҳед ё Вуруд - ро интихоб кунед, ҳушдор
барои давраи ҳушдори такрор қатъ мешавад ва пас дубора оғоз меёбад.
Тақвим ва рӯйхати вазифа
Интихоб кунед Меню > Тақвим. Рӯзи ҷорӣ ҳошиякашӣ шудааст. Агар барои рӯз
ёддоштҳо сабт шуда бошанд, рӯз бо хати ғафс нишон дода мешавад.
Ёддошти тақвимро илова кунед
Ба сана ҳаракат кунед ва Интихоб > Қайд кардан -ро интихоб кунед.
Намоиши тафсилоти ёддошт
Ба ёддошт ҳаракат кунед, ва Дидан -ро интихоб кунед.
Ҳамаи ёддоштҳои тақвимро тоза намоед
Интихоб кунед Интихоб > Несткунии ёддошт > Тамоми ёддошт.
Намоиши рӯйхати вазифаҳо
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Рӯйхати вазифа.
Рӯйхати вазифаҳо аз рӯи афзалият намоиш ва мураттаб карда мешавад. Барои
илова, тоза ё ирсол кардани ёддошт, ёддоштро ҳамчун иҷрошуда қайд кардан ё
рӯйхати вазифаҳоро бо мӯҳлати охирин мураттаб кардан, Интихоб - ро интихоб
кунед.
Зиёдаҳо
Дастгоҳи шумо метавонад дорои баъзе бозиҳо ва барномаҳои Java™ , ки махсус
барои он тарҳрезӣ шудаанд, бошад.
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Иловагӣ.
Бозӣ ё барномаро кушоед
Бозиҳо, Коллексия, ё Корти хотира ва ягон бозӣ ё барномаеро кушоед.
Дидани ҳаҷми мавҷудбудаи хотираро барои насби бозӣ ва барнома
Интихоб кунед Интихоб > Ҳолати хотира.
Page 28
28 Барномаҳо
Бозӣ ё барномаро боргирӣ кунед
Интихоб > Боргириҳо > Боргириҳои бозиҳо ё Боргириҳои барнома интихоб
кунед.
Телефони Шумо барномаҳои J2ME™ Java -ро дастгирӣ мекунад. Пеш аз
зеркашии барнома, мувофиқии барномаро бо телефони худ санҷед.
Муҳим: Танҳо аз манбаҳо ва манбаъҳои боэътимод, масалан аз санҷиши
Symbian Signed ё Java Verified™ гузашта шудааст насб кунед ва истифода баред.
Барномаҳои зеркашидашуда метавонанд дар Галерея ба ҷои Барномаҳо захира
карда шаванд.
Камера ва видео
Дастгоҳи Шумо иҷозати забти тасвирии 2048x1536 пиксел - ро дастгирӣ мекунад.
Ҳолати камера
Кушодани камера
Дар экрани хонагӣ, тугмаи аксгириро пахш кунед ва нигоҳ доред.
Дуркунӣ ё наздиккунӣ
Ҳаракат ба боло ё поён
Аксгирии сурат
Тугмаи аксгириро зер кунед.
Ҳолати пешнамоиш ва вақтро насб кунед
Интихоб кунед Интихоб > Танзимот > Вақти пешнм. тасв..
Барои фаъол кардани замонсанҷи худкор Интихоб ва имкони дилхоӣро интихоб
куед.
Намуди видео
Кушодани видеокамера
Тугмаи аксгириро пахш карда нигоҳ доред ва ба рост ҳаракат кунед.
Клипи видеоиро сабт кунед
Тугмаи аксгириро зер кунед.
Намуди видео ё аксгириро интихоб кунед
Дар ҳолати аксгирӣ ё видео, ба чап ё рост ҳаракат кунед.
Page 29
Барномаҳо 29
Радиои FM
Кори радиои ҒМ аз мавҷгири алоҳида, ғайр аз мавҷгири бесими дастгоҳ вобаста
аст. Барои дуруст фаъолият кардани радиои ҒМ, бояд гӯшмонаки мувофиқ
пайваст карда шавад.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Радио.
Мавҷи радиоии навбатӣ дарёфт кунед
Тугмаи ҳаракат ба чап ё рост дошта истед.
Мавҷро захира кунед
Мавҷи радиоии дилхоҳро дарёфт кунед ва Интихоб > Захираи мавҷ -ро интихоб
кунед.
Мавыщои захирашударо иваз кунед
Барои иваз кардани мавҷҳо ба рост ё чап ҳаракат кунед, ё рақами тугмаи
мувофиқи мавҷи захирашударо зер кунед.
Баландии овозро танзим кунед
Ҳаракат ба боло ё поён
Радиоро ба таври пасзамина истифода баред
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Радиоро хуруҷ кунед
Тугмаи қатъи зангро дошта истед.
Сабткунандаи овоз
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Сабткун-да.
Оғози сабт
Тасвирчаи сабткуниро интихоб кунед.
Сабти овоз ҳангоми зангзанӣ
Интихоб кунед Интихоб > Иловагӣ > Сабт кардан. Вақте, ки Шумо зангро сабт
мекунед, телефонро дар ҳолати муқаррарӣ назди гӯш доред. Сабти овоз дар
ҷузвдони Сабтҳо ҳамчун Галерея захира шуд.
Page 30
30 Барномаҳо
Сабти охиринро гӯш кунед
Интихоб кунед Интихоб > Навоз. сабти охир-н.
Сабти охиринро ба воситаи паёми мултимедиа ирсол кунед
Интихоб кунед Интихоб > Ирс. сабти охирин.
Плеери медиа
Барои гӯш кардани мусиқаҳо ва дигар файлҳои оҳангии MP3 ё AAC, дастгоҳи
шумо плеери медиаро дорост.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Интихоб кунед Меню > Барномаҳо > Медиаплейр.
Навозишро оғоз ё манъ кунед
Тугмаи ҳаракатро зер кунед.
Ба саршавии суруди ҷорӣ гузаред
Ба чап ҳаракат кунед.
Ба суруди қаблӣ гузаред
Ба чап дубора ҳаракат кунед.
Ба суруди навбатӣ гузаред
Ба рост ҳаракат кунед.
Бозпечии суруди ҷорӣ
Тугмаи ҳаракат ба чап дошта истед.
Суруди ҷориро тез пеш кунед
Тугмаи ҳаракат ба рост дошта истед.
Баландии овозро танзим кунед
Ҳаракат ба боло ё поён
Плеери мусиқиро беовоз ё овоздор созед
Зер кунед #.
Плеери мусиқиро дар пасзамина истифода баред
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Page 31
Барномаҳо 31
Плеери мусиқиро хориҷ кунед
Тугмаи қатъи зангро дошта истед.
Харитаҳо
Ба воситаи Харитаҳо шумо метавонед харитаҳо шаҳрҳо ва кишварҳоро паймоиш
кунед, суроғаҳо ва нуқтаҳои мароқоварро ҷустуҷӯ кунед, аз як макон ба дигар
макон хатсайр кашед, макони ҷории худро фаҳмед, агар бо GPS пайваст бошед
ва маконро захира намуда, ба дастгоҳи мувофиқ ирсол намоед. Шумо инчунин
метавонед иҷозатномаи хидати паймоиш бо идоракунии овозиро харидорӣ
кунед. Ин вазифа на дар ҳамаи мамлакатҳо ва ё минтақаҳо дастрас аст.
Дар бораи Харитаҳо
Агар дар дастгоҳи шумо ё дар хотираи иловагӣ харитаҳо мавҷуд бошанд, шумо
онҳоро бе пайвастшавӣ ба интернет паймоиш карда метавонед. Вақте ки шумо
ба маконе паймоиш мекунед, ки он дар харитаҳои дар дастгоҳ насбшуда мавҷуд
нест, харитаи он макон ба таври худкор аз интернет зеркашӣ карда мешавад. Ба
шумо метавонад пешниҳод карда шавад, ки нуқтаи дастрасӣ барои пайвастшавӣ
бо интернетро интихоб кунед.
Зеркашии харитаҳо метавонад таҳвили миқдори зиёди иттилоотро тавассути
шабакаи провайдери хидматрасони шумо талаб кунад. Оиди пардохтҳои
гузариши маълумот бо провайдери хидматрасон дар тамос шавед.
Шумо инчунин метавонед барномаи Nokia Map Loader PC-ро барои зеркашии
харитаҳо ба телефонатон истифода баред. Барои насби Nokia Map Loader дар
компютери мувофиқ, нигаред ба www.nokia.com/maps.
Меню > Барномаҳо > Харитаҳо ва яке аз имконоти зеринро интихоб кунед:
Харитаи охир-н — Кушодани харитаи бори охир нишон додашуда.
Ҷустуҷ. суроға — Ҷустуҷӯи суроғаи мушаххас.
Маконҳои зхрш — Ёфтани маконе, ки дар дастгоҳи шумо захира шудааст.
Мавқеъи қаблӣ — Дидани маконҳои паймудаи шумо.
Ҷойгршв. ҷорӣ — Дидани макони ҷории шумо, агар пайвастагии GPS мавҷуд
бошад.
Ташк. маршрут — Ба нақша гирифтани хатсайр.
Хидмт. иловагӣ — Харидории иҷозатнома барои паймоиш.
Танзимотҳо — Муайян кардани танзимот.
Тақрибан ҳамаи картографияҳои рақамӣ ба дараҷае ноаниқ ва нопурра ҳастанд.
Ҳеч гоҳ танҳо ба харитае, ки шумо барои истифода дар ин дастгоҳ зеркашӣ
мекунед, такя накунед.
Page 32
32 Барномаҳо
Nokia Map Loader
Тавассути барномаи Nokia Map Loader барои PC, шумо метавонед аз интернет
харитаҳо ва роҳнамоҳои овозиро зеркашӣ кунед. Дар дастгоҳи шумо бояд корти
хотира бо ҷои холии кифоя насб карда шуда бошад. Пеш аз истифодаи No ki a Map
Loader, шумо бояд ақаллан як маротиба барномаи Харитаҳоро истифода баред,
зеро Nokia Map Loader маълумоти пешинаи Харитаҳоро барои муайян кардани
версияи зеркашишавандаи харитаҳо истифода мебарад.
Барои насби Nokia Map, ба www.nokia.com/maps равед ва дастурҳоро иҷро
намоед.
Тавассути Nokia Map Loader харитаҳоро зеркашӣ мекунад
1 Дастгоҳи худр ба ягон компютер бо сими мувофиқи иттилоотии USB ё
пайавстагии Bluetooth пайваст кунед. Агар шумо сими иттилоотиро ис тиф ода
баред, PC Suite-ро ба сифати усули пайвасти USB интихоб кунед.
2 Nokia Map Loader-ро дар компютер кушоед.
3 Қитъа, мамлакат ё минтақаеро интихоб кунед.
4 Харитаҳо ё хадамотро интихоб намоед, ва онҳоро ба дастгоҳатон зеркашӣ
кунед.
Дар тугмаи Хадамоти Nokia Map Loader шумо метавонед иҷозатномаҳои
паймоиш ва маълумоти интиқол, роҳбалади сафарро харидорӣ намоед ва
харитаҳоро зеркашӣ кунед.
Дар бораи GPS
Қабулкунаки GPS
Дастгоҳи шумо қабулкунаки дохилии GPS надорад. Барои истифодаи
барномаҳое, ки пайвасагии GPS-ро талаб мекунанд, қабулкунаки берунаи
мувфоиқи GPS-ро истифода баред (ин афзор алоҳида фурӯхта мешавад).
Истифодаи қабулкунаки берунаи GPS
1 Қабулкунаки мувофиқи GPS-ро бо барқ пур кунед, ва онро фаъол созед.
2 Дар байни қабулкунаки GPS ва дастгоҳ пайвастагии Bluetooth барқарор
намоед.
3 Қабулкунаки GPS-ро тарзе ҷойгир кунед, ки бемонеа ба осмон нигаронида
шавад.
4 Барномаи Харитаҳоро кушоед ва қабулкунаки берунаи GPS-ро интихоб
кунед.
Пас аз пайваст намудани дастгоҳ бо қабулкунаки GPS, пеш аз он ки ҷойгоҳи ҷорӣ
нишон дода шавад, метавонад якчанд дақиқа вақт гузарад.
Шумо метавонед GPS-ро барои дастгирии барномаи Харитаҳо стифода баред.
Ҷойгоҳи худро фаҳмед ва масофаҳоро чен кунед.
Page 33
Барномаҳо 33
Шумо инчунин метавонед харитаҳоро бе қабулкунаки GPS барои паймоиши
харитаҳо, ҷустуҷӯи суроғаҳо ва маҳалҳо ва ба нақша гирифтани хатсайрҳо
истифода баред.
Ба макони таъиноти худ паймоиш кунед
Шумо метавонед Харитаҳоро то системаи паймоиши пурра такмил дода, бо
автомашина ё пиёда истифода баред. Барои системаи паймоиши пурра ба шумо
иҷозатномаи минтақавӣ ва қабулкунаки мувофиқи GPS зарур аст. Паймоиш дар
автомашина пурра бо овоз идора мешавад ва дорои харитаҳои дуандоза ва
сеандоза мебошад. Паймоиши пиёда бо суръати 30 км/соат (18.6 мил/соат)
маҳдуд аст ва идоракунии овозӣ надорад. Хидмати паймоиш на барои ҳама
кишварҳо ва минтақаҳо дастрас аст. Муфассалтар дар сайти интернетии Nokia.
Харидории иҷозатнома барои паймоиш.
Интихоб кунед Хидмт. иловагӣ . Иҷозатнома хоси минтақа мебошад ва танҳо
барои минтақаи интихобшуда истифода шуда метавонад.
Ба макони таъиноти худ паймоиш кунед
1 Ташк. маршрут -ро интихоб кунед ва хатсайрро созед.
2 Интихоб кунед Интихоб > Намоиши маршрут > Интихоб > Оғози роҳнамо.
3 Радди масъулиятро қабул кунед.
4 Агар хоҳиш карда шавад, забони идоракунии овозиро интихоб намоед.
Агар шумо аз хатсайри додашуда бароед, дастгоҳ ба тарзи худкор хатсайри
навро ба нақша мегирад.
Такрори идораи овозӣ
Интихоб кунед Такрор .
Қатъи идораи овозӣ
Интихоб кунед Интихоб > Хомӯши аудио.
Page 34
34 Веб ё Интернет
Қатъи паймоиш
Интихоб кунед Ист .
Паймоиши пиёда
Интихоб кунед Танзимотҳо > Танзимоти роҳ > Интихоби роҳ > Пиёда рафтан. Ин
хатсайрҳоеро, ки шумо барои паймоиши пиёда танзим кардаед, оптимизатсия
мекунад.
Веб ё Интернет
Тавассути браузери телефони худ Шумо метавонед ба хидматҳои гуногуни
интернетӣ дохил шавед. Намуди саҳифаҳои интернетӣ вобаста ба андозаи экран
метавонанд фарқ кунанд. Шумо метавонед на ҳамаи тафсилотҳои дар
саҳифаҳои интернетӣ бударо бинед.
Вобаста ба телефони шумо, вазифаи дидани саҳифаҳои интернет метавонад
дар меню ҳамчун Веб ё Интернет намоиш карда шавад ва аз ин рӯ дар зерин
ҳамчун Веб ном мебарад.
Муҳим: Танҳо хадамотеро, ки муҳофизати мувофиқи зидди паёмҳои зарарнок
пешкаш мекунанд ва шумо ба он хадамот боварӣ доред, истифода баред.
Оиди дастрасии хадамоти мазкур, андозаи пардохт ва дастурҳо бо провайдери
хидматрасони худ дар тамос шавед.
Шумо метавонед аз провайдери хидматрасони худ насби танзимотро ба намуди
паёми танзимотӣ дастрас кунед.
Ба хадамоти интернетӣ пайваст шавед
Интихоб кунед Меню > Интернет > Хонагӣ. Ё дар ҳолати интизорӣ тугмаи 0 -ро
дошта истед.
Баъд аз он, ки Шумо ба хадамот пайваст мешавед, Шумо метавонед дидани
саҳифаҳои онро оғоз кунед. Вазифаҳои тугмаҳои телефон метавонанд дар
хадамоти гуногун фарқ кунанд. Дастурҳои матнии дар экрани телефон бударо
иҷро намоед. Барои маълумоти иловагӣ, бо провайдери хидматрасон дар тамос
шавед.
Хадамоти SIM
SIM - корти Шумо метавонад хадамоти иловагӣ расонад. Шумо ба менюи мазкур
танҳо агар SIM - корти Шумо инро дастгирӣ намояд, метавонед дохил шавед. Ном
ва мундариҷаҳои меню ба хадамоти дастрас вобаста аст.
Page 35
Иттилооти аслӣ 35
Иттилооти аслӣ
Инанад тавсияҳо оиди он, ки чӣ тавр Шумо метавонед дар ҳифзи муҳити зист
ҳисса гузоред.
Сарфаи барқ
Вақте, ки шумо батареяро пур кардед ва пуркунандаи барқро аз дастгоҳ ҷудо
сохтед, ҷудокунии дастгоҳро аз васлаки деворӣ низ фаромӯш накунед.
Агар шумо ин корҳоро иҷро кунед, ба Шумо зуд-зуд пур кардани батарея бо барқ
лозим намеояд:
• Вақте, ки шумо барномаҳо, хизматҳо ва пайвастҳоро истифода намебаред,
онҳоро хориҷ ва ғайрифаъол созед.
• Равшании экранро паст кунед.
• Агар телефонатон дастгирӣ кунад, дастгоҳро чунини танзим кунед, ки он баъд
аз мӯҳлати кӯтоҳтарини ғайрифаъол будан ба ҳолати сарфаи барқ гузарад.
• Овозҳои нолозимро, ба монанди оҳангҳои клавиатура ва оҳангҳои занг,
хомӯш созед.
Истифодаи такрорӣ
Тақрибан ҳамаи маводҳои телефони Nokia қобили аз нав истифода кардан
мебошанд. Бифаҳмед ки чӣ тавр шумо метавонед маҳсулотҳои Nokia-ро барои
истифодаи дубора супоред, ба сомонаи www.nokia.com/werecycle муроҷиат
намоед, ё аз дастгоҳи мобилӣ, сомонаи www.nokia.mobi/werecycle -ро кушоед.
Шумо метавонед қисмҳои борбандӣ ва дастурҳои истифодашударо тавассути
шабакаи маҳаллӣ барои истифодаи такрорӣ супоред.
Бисёртар омӯзед
Барои маълумоти муфассал оиди хусусиятҳои экологии дастгоҳ ба
www.nokia.com/ecodeclaration муроҷиат кунед.
Page 36
36 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
Лавозимотҳо
Огоҳӣ
Фақат он батареяҳо, пуркунандаи барқ ва замимаҳоеро, ки Nokia махсусан барои истифода бо дастгоҳи мазкур тасдиқ
кардааст, истифода баред. Истифодаи дилхоҳ намуди дигар метавонад ҳамагуна тасвиб ва кафолатро бекор созад
ва хатарнок бошад. Махсусан, истифобарии батареяҳои ва пуркунандаҳои барқи тасвибнашуда метавонад ба
хатарҳои оташгирӣ, таркиш, шоридан ва дигар хатарҳо сабаб шавад.
Оид ба мавҷудияти замимаҳои тасвибшуда, лутфан бо паҳнкунандаи ин маҳсулот муроҷиат кунед. Вақте ки сими
пуркунандаи барқро ҷудо мекунед, на симро, балки душохаи барқро дошта кашед.
Батарея
Маълумот оид ба батарея ва пуркунандаи барқ
Дастгоҳи Шумо бо батареяи барқгиранда истифода бурда мешавад. Батареяе, ки истифодаи он бо ин дастгоҳ
пешбинӣ шудааст, BL-4CTмебошад. Nokia метавонад барои дастгоҳи мазкур батареяҳои иловагии мувофиқ пешниҳод
кунад. Ин дастгоҳ барои истифода бо пуркунандаҳои барқии зерин пешбинӣ шудааст: AC-3. Тамғаи монанди
пуркунандаи барқ метавонад вобаста ба намуди сими барқ фарқ кунад. Варианти васлкуни тавассути яке аз
(воситахои) зерин муайян карда шудааст: E, EB, X, AR, U, A, C, K ё UB.
Батарея садҳо маротиба барқ гирифта ва аз барқ холӣ мешавад лекин дар ниҳоят аз кор мемонад. Агар мўҳлатҳои
гуфтугӯ ва ҳолати ғайрифаъоли дастгоҳ аз мўҳлати муқаррарӣ кутоҳ шавад, батареяро иваз намоед. Фақат
батареяҳои тасвибкардаи Nokia-ро истифода бурда, онҳоро бо он пуркунандаҳои барқе, ки бо ин дастгоҳ таъин шуда
ва аз тарафи Nokia маъқул дониста шудаанд, барқдор созед.
Агар батарея бори аввал истифода бурда шавад ё батарея муддати дароз кор фармуда нашуда бошад, шояд лозим
ояд, ки пуркунандаи барқро пайваст кунед, ҷудо созед ва боз барои барқгирӣ васл намоед. Агар барқи батарея то
охир холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг, якчанд дақиқа
мегузарад.
Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи
барқро ҷудо созед.
Мувофиқ пуркунии барқ. Пуркунандаи барқро, ҳангоме, ки аз он истифода бурда намешавад, аз дастгоҳ ҷудо намоед
ва аз сими барқ кашед. Батареяи барқнокшударо дар пуркунандаи барқ намонед, зеро барқи аз ҳад зиёд метавонад
мӯҳлати хизмати батареяро кўтоҳ кунад. Агар батарея истифода бурда нашавад, дар тӯли вақт барқи батареяи пур
холӣ мешавад.
Аз ҳароратҳои зараровар эҳтиёт шавед. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки батареяро дар ҳарорати аз 15°С то 25°С (59°Ғ то
77°Ғ) нигоҳ доред. Ҳарорати аз ҳад зиёд баланд метавонад қобилияти фаъолияти батареяро бад ва мӯҳлати
хизматашро кӯтоҳ кунад. Дастгоҳ бо батареяи гармшуда ё хунукшуда метавонад муваққатан фаъолият накунад.
Фаъолияти батарея махсусан дар ҳарорати хеле поёнтар аз ҳарорати яхкунӣ, хеле махдуд мешавад.
Ба барқзании кўтоҳ дучор накунед. Вақте ки ашёи оҳанӣ, ба монанди танга, сӯзанак ё ручка бевосита ба терминалҳои
қутби манфӣ (+) ва мусбати (-) батарея мересанд, расиши кӯтоҳ рӯй медиҳад. (Онҳо ба монанди тасмаҳои металли
батарея мебошанд.) Ин ҳолат вақте ки Шумо батареяр дар кисаатон ё сумкаатон нигоҳ медоред, рӯй медиҳад. Расиши
кӯтоҳ терминалҳои батареяро ё предмети васлшударо нобуд сохта метавонад.
Нобудсозӣ. Батареяро ба оташ напартоед, чунки таркиданаш мумкин аст. Батареяҳоро мувофиқи қонунҳои маҳаллӣ
нобуд созед. Агар имконпазир бошад, аз нав истифода баред. Ба монанди партови коммуналӣ нобуд насозед.
Ихроҷ. Ҳуҷайраҳо ва батареяро ба қисмҳо ҷудо накунед, набуред, накушоед, пачақ, қат ва шикоф накунед. Дар ҳолати
ихроҷи батарея, барои нарасидани моеъи батарея ба пӯсти бадан ва чашмҳо чораҳо бинед. Агар расад, атрофҳои
моеъ расидаро бо об фавран шуед ё ёрии тиббӣ ҷустуҷӯ кунед.
Page 37
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 37
Хисорот. Батареяро такмил надиҳед, аз нав насозед ва аз ҷойгиркунии предметҳои бегона ба он худдори кунед, ба
об ё дигар маводи моеъ ғарқ накунед. Батаерея ҳангоми хисорат дидан таркиданаш мумкин.
Истифодаи дуруст. Батареяро фақат барои вазифаи таъиншудааш истифода баред. Истифодаи номувофиқи батарея
ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш ва дигар хатарҳо сабаб шуда метавонад. Агар дастгоҳ ё батарея афтад, хусусан ба
сатҳи сахт, ва шумо бовари доред, ки батарея хисорот дидааст, пеш аз истифодабарӣ онро ба хадамоти хидматрасон
барои санҷиш баред. Ҳеҷ вақт батарея ё пуркунандаи барқи корношоямро истифода набаред. Батареяро аз дастрасии
хурдсолсолон дур нигоҳ доред.
Роҳнамои аслӣ будани батареяи Nokia
Барои таъмини бехатарии худ ҳамеша батареяҳои аслии Nokia-po истифода баред. Барои санҷидани он, ки шумо
батареяи аслиро харид мекунед, батареяро аз маркази хизматрасонии расмӣ ва ё паҳнкунандаи маҳсулоти Nokia
харид кунед ва голограммаи рамзии молро бо усулҳои зерин санҷед:
Муаянсозии аслияти голограмма
1 Ҳангоми нигоҳ кардан ба голограмма дар рамзи тиҷоратӣ, Шумо рамзи дастҳои пайвастшудаистодаи Nokia-po
аз як паҳлӯ ва рамзи Nokia Original Enhancements-po аз дигар паҳлӯ мебинед.
2 Агар голограммаро ба рост, чап, поён ва боло мутаносибан гардонед 1, 2, 3, ва 4 нуқтаҳоро дар ҳар тараф
мебинед.
Иҷрои бомуваффақияти санҷиш кафолати пурраи он нест, ки батарея аслӣ аст. Агар шумо аслӣ будани батареяро
тасдиқ карда натавонед ё оиди аслӣ будани батареяи голограммадори Nokia ягон хел шубҳа дошта бошед, аз
истифодаи он худдорӣ намоед ва ба наздиктарин хизматрасони расмӣ ё фурушандаи маҳсулоти Nokia барои санҷиш
баред.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи батареяҳои аслии Nokia ба саҳифаи www.nokia.com/battery нигоҳ
кунед.
Ғамхорӣ кардана дастгоҳи худ
Ин дастгоҳ маҳсулоти тарҳрезиаш олӣ аст ва муносибати боэҳтиётро талаб мекунад. Маслиҳатҳои зерин барои
муҳофизат кардани фарогирии кафолати шумо ёрӣ медиҳад.
• Дастгоҳро хушк нигоҳ доред. Об, намӣ ва ҳар гуна маводи моеъ метавонад минералҳоеро доро бошад, ки ба
зангзании дастгоҳи васли барқӣ оварда мерасонад. Агар ин дастгоҳ тар шавад, батареяро хориҷ кунед ва пеш
аз гузоштан ба ҷояш, дастгоҳро пурра хушконед.
Page 38
38 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
• Дастгоҳро дар ҷойҳои чанголуд ва ифлос истифода набаред ё нигоҳ надоред. Қисмҳои ҳаракаткунанда ва барқии
дастгоҳ метавонанд зарар бинанд.
• Дастгоҳро дар ҳарорати гарм ё хунук нигоҳ надоред. Ҳарорати гарм мӯҳлати хизмати таҷҳизоти барқиро кӯтоҳ,
батареяро нобуд ва қисмҳои пластикии таҷҳизотро вайрон ва ё гудохта мекунад. Вақте ки дастгоҳ аз ҳарорати
хунук гарм шуда ба ҳарорати муқаррарии худ бармегардад, дар даруни дастгоҳ маводи моеъ пайдо мегардад
ва панели рахдори барқро вайрон мекунад.
• Дастгоҳро ба ҷуз бо усуле, ки дар ин дастури истифодабаранда т авсиф шудааст, накушоед ва аз усулҳои дигар
худдорӣ намоед.
• Дастгоҳро наафтонед, ба зарба ва ларзиш дучор нанамоед. Муносибати бад ба дастгоҳ, ба панели барқии
даруна ва механизми нозуки насб хисорат ворид мекунад.
• Барои тоза кардани дастгоҳ, маводи пурқуввати кимиёвӣ ва маҳлулҳои тозакунандаро истифода набаред. Барои
тоза кардани беруни дастгоҳ, танҳо аз матои мулоим, тоза ва хушт истифода кунед.
• Дастгоҳро ранг накунед. Ранг ба қисмҳои ҳаракатноки дастгоҳ халал мерасонад ва фаъолияти муқаррариро бад
мекунад.
• Танҳо мавҷгири додашуда ва ё мавҷгири ҷойгузини мувофиқро истифода баред. Антенна, такмилҳо ва қисмҳои
тасвибнашуда дастгоҳро нобуд сохта, қоидаҳои идоракунии таҷҳизоти радиоиро вайрон мекунад.
• Пуркунандаи барқҳоро дар даруни бино истифода баред.
• Ҳамаи маълумотҳои дилхоҳатонро, ба монанди номҳо ва қайдҳои тақвимӣ, ки захира кадани ҳастед
нусхабардорӣ намоед.
• Барои ба ҳолати аввалин овардани дастгоҳ баъзан бо мақсади хубтар кардани фаъолияти он, дастгоҳро хомӯш
карда, батареяро хориҷ намоед.
Ин тавсияҳо ба дастгоҳ, батарея, барқфизо ва дигар қисмҳои таҷҳизот як хел дахл доранд.
Истифодаи такрорӣ
Ҳамеша маҳсулотҳои электронӣ, батареяҳо ва маводҳои қоғазпечкунии истифодабурдаатонро ба нуқтаҳои ҷамъкунии
дахлдор гардонда диҳед. Бо ин роҳ Шумо метавонед истифодаи беназорати партовро пешгирӣ ва ба истифодаи
такрории маводҳо мусоидат кунед. Баърои гирифтани маълумот оиди муҳити истифодабарии маҳсулот ва чӣ тавр аз
нав истифода кардани маҳсулоти Nokia-и худ, ба www.nokia.com/werecycle ё nokia.mobi/werecycle нигоҳ кунед.
Рамзи қуттии ғилдиракдори хатзада дар маҳсулот, батарея, адабиёт ё қуттии маҳсулоти шумо онро хотиррасон
мекунад, ки ҳамаи маҳсулотҳои барқӣ, электронӣ, батареяҳо ва қуттиҳои бо барқ таъминкунанда (акумуляторҳо) дар
хотимаи фаъолияти худ бояд ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда шаванд. Талаботи мазкур дар Иттиҳоди Аврупо амал
мекунад. Ин маҳсулотро ба монанди партови ҷудонакардаи коммуналӣ нобуд насозед. Барои маълумоти иловагӣ оид
ба муҳит ба Эъломияи маҳсулот оид ба муҳит дар www.nokia.com/environment нигоҳ кунед.
Маълумоти иловагӣ оиди бехатарӣ
Эзоҳ: Варақаҳои қисми берунаи дастгоҳи мазкур дорои моддаи никел намебошанд. Қисми берунаи дастгоҳи мазкур
дорои пӯлоди зангногир мебошад.
Хурдсолон
Дастгоҳи шумо ва қисмҳои иловагии он бозича намебошанд. Онҳо қимсҳои хеле майда дошта метавонанд. Сарпӯшро
аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ доред.
Муҳити фаъолият
Ин дастгоҳ ба талаботи РБ ҳангоми дар ҳолати муқаррарӣ истифода бурдан дар гӯш ё аз бадан камтаринаш 1.5
сантиметр (5/8 дюйм) дуртар ҷойгир бошад, ҷавобгӯ мебошад. Ҳамаи ҷомадон, фишори камар ё нигоҳдоранда барои
фаъолиятҳои бо бадан вобаста истифода бурда шавад, он ашёҳо набояд ҷузъҳои металлӣ дошта бошанд ва дастгоҳ
аз бадан дар масофаи дар боло қайдшуда ҷойгир шавад.
Page 39
Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ 39
Ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо ба шабака пайвасти босифатро талаб мекунад. То вақте ки ин гуна пайваст
имконпазир мегардад, ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо метавонад таъхир карда шавад. Ба дастурҳои нигоҳ
доштани масофа то хотима ёфтани таҳвил риоя кунед.
Баъзе қисмҳои дастгоҳ магнитӣ мебошанд. Имконпазир аст ки ашёҳои металлӣ ба дастгоҳ ҷалб карда шаванд. Кортҳои
пардохт ва дигар захирагарҳои хотиравии магнитиро дар назди ин дастгоҳ ҷойгир накунед, чунки маълумотҳои дар
онҳо ҳифзшуда тоза мешаванд.
Таҷҳизоти тиббӣ
Фаъолияти таҷҳизотҳое, ки радиомавҷҳо мегузаронанд, ба мисли дастгоҳҳои бесим, метавонад ба вазифаи таҷҳизоти
тиббии сатҳи муҳофизаташ паст халал расонад. Барои муайян кардани кифоягии муҳофизати таҷҳизоти тиббӣ аз
таъсири қувваи берунаи мавҷҳои РБ, метавонед ба мутахассиси тиб ё истеҳсолкунандаи таҷҳизоти тиббӣ муроҷиат
намоед. Агар қонун ҳаминро талаб намояд, дастгоҳро хомӯш созед. Касалхонаҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии тиббӣ
таҷҳизоти ба қувваи берунаи мавҷҳои РБ ҳассосро истифода бурданашон мумкин.
Дастгоҳи тиббии дар бадан ҷойгиркардашуда
Истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда тавсия медиҳанд, ки дастгоҳи бесим бояд дар
масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда, монанди стимулятори дил
ё кардиовертер дефибрилатори ба бадан ҷойгиркарда барои пешгирии халалрасонӣ ба таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир
бошад. Ба ашхосе, ки ин гуна таҷҳизот доранд, тавсия дода мешавад:
• Дастгоҳи бесимро ҳар вақт дар масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббӣ дур доранд.
• Дастгоҳро дар бағалкиса нагиранд.
• Дасгоҳро дар гӯши муқобил ба таҷҳизоти тиббӣ истифода баранд.
• Агар халал ҳис карда шавад, дастгоҳи бесимро хомӯш кунанд.
• Ба дастурҳои истеҳсолкунанда оиди истифодабарии дастгоҳи тиббии ба бадан ҷойгиркунанда риоя кунанд.
Агар шумо оид ба истифодабарии дастгоҳи бесим назди таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда савол дошта
бошед, лутфан аз мутахассиси тиб маслиҳат пурсед.
Таҷҳизоти шунавоӣ
Бархе аз тачҳизоти бесими рақамӣ ба бархе аз таҷҳизоти шунавоӣ халал мерасонанд.
Автомобилҳо
Сигланҳои РБ ба системаҳои электронии номувофиқ ва нокифоя муҳофизаткардашудаи автомобилҳо, аз қабили
системаҳои электронии сӯзишворӣ, қулфнашавандаи боздории электронӣ, электронии назорати суръат ва
муҳофизаткунандаи болишти пневматикӣ, таъсир мерасонанд. Барои маълумоти иловагӣ, ба истеҳсолкунандаи
автомобили худ ё таҷҳизоти он муроҷиат кунед.
Танҳо кормандони соҳибихтисос бояд ба таҷҳизот хидмат расонанд ё худ таҷҳизотро дар автомобил насб кунанд.
Насб ё хадамоти нодуруст метавонад хавфнок бошад ва кафолатро бекор созад. Фаъолияти мувофиқи тамоми
таҷҳизотҳои бесими дар автомобил бударо мунтазам тафтиш кунед. Моддаҳои моеъи оташгиранда ё моддаҳои
таркандаро дар як ҷо бо дастгоҳ ва қисмҳои ӯ нигоҳ надоред. Фаромӯш накунед, ки болиштҳои муҳофизаткунандаи
пневматикӣ бо қувваи калон кушода мешаванд. Дастгоҳ ва қисмҳои иловагии дастгоҳи худро дар атрофи болишти
муҳофизаткунандаи пневматикӣ ҷойгир накунед.
Пеш аз ба ҳавопаймо савор шудан, дастгоҳро хомӯш кунед. Истифодабарии таҷҳизоти гузарониши бесим ба
идоракунии ҳавопаймо хатарнок буда, ғайриқонунӣ буда метавонад.
Муҳитҳои дорои эҳтимолияти таркиш
Дар ҳамаи муҳити маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш дастгоҳро хомӯш кунед. Ба ҳамаи талабот риоя кунед. Шарора
пошидан дар ин маконҳо ба таркиш ё оташгирӣ оварда мерасонад ва ба захмӣ гардидан ё ҳалокшавӣ сабаб мешавад.
Дар назди хидматрасони захиракунандаи сӯзишворӣ, монанди насоси газ, дастгоҳро хомӯш кунед. Дар атрофи
нуқтаҳои захиракунандаи сӯзишворӣ, захираи сӯзишворӣ ва паҳнкунандаи сӯзишворӣ; корхонаҳои кимиёвӣ; ё дар
ҷойҳои таркиш авҷгирифтаистода ба ҳамаи маҳдудиятҳо риоя кунед. Маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш, одатан,
лекин на ҳамеша бо рамзи огоҳкунанда ишора карда шудаанд. Ин он ҷойҳоро дар бар мегирад, ки дар он ҷо аз шумо
хомӯш кардани муҳаррики автомобил талаб карда мешавад, инчунин дар саҳни поёни киштӣ, маконҳои таҳвил ё
Page 40
40 Маълумот дар бораи маснуот ва бехатарӣ
захираи маводҳои кимиёвӣ ва маконҳое, ки ҳавояш маводҳои кимиёвӣ ё зарраҳо монанди зарраҳои гандум, чанг ва
чанги металлӣ доранд. Бо истеҳсолкунандагони автомобилҳои истифодабарандаи гази моеъ (монанди пропан ва
бутан) барои омӯхтани он, ки оё дастгоҳи мазкурро дар назди он автомобилҳо бехавф истифода бурдан мешавад ё
не, маслиҳад кунед.
Зангҳои фавқулода
Муҳим: Дастгоҳи бесими мазкур бо истифодаи мавҷи радио, шабакаҳои бесим, шабакаҳои кабелӣ, ва функсияҳои аз
тарафи истифодабар барномарезишуда фаъолият мекунанд. Агар дастгоҳи шумо зангҳои овозиро тавассути шабакаи
интернетӣ (зангҳои интернетӣ) дастгирӣ кунад, зангҳои интернетӣ ва зангҳои телефониро фаъол созед. Агар ҳар ду
хусусият фаъол бошад, дастгоҳ барои задани занги фавқулода бо воситаи шабакаи бесими телефонӣ ва провайдери
зангзании интернетӣ метавонад кӯшиш кунад. Пайвастшавӣ дар ҳамаи ҳолат кафолат дода намешавад Шумо ҳеч вақт
танҳо ба истифодабарии дастгоҳи бесим барои алоқаҳои муҳим, ба монанди занги фавқулодаи тиббӣ, такя накунед.
Барои задани занги фавқулода:
1 Агар дастгоҳ хомӯш бошад, фурӯзон кунед. Қувваи мувофиқи мавҷро машварат кунед. Вобаста ба дастгоҳи худ,
шумо бояд талабҳои зеринро ҳам ба анҷом расонед:
• Агар дастгоҳи шумо SIM корт истифода барад, онро ба дастгоҳ ҷойгир кунед.
• Маҳдудиятҳои баъзе зангҳоро, ки шумо фаъол сохтаед, бекор кунед.
• Намуди дастгоҳро аз намуди Хомӯш ё Парвоз ба намуди фаъол иваз кунед.
2 Барои тоза кардани экран ва ба кор омода сохтани дастгоҳ тугмачаи хотимаи онро, ҳар қадар ки лозим бошад,
зер кунед.
3 Рақами фавқулодаи расмии маҳаллиро ба дастгоҳ дохил кунед. Рақами фавқулода барои ҳар минтақа гуногун
мебошад.
4 Тугмаи зангро пахш кунед.
Ҳангоми задани занги фавқулода, ҳамаи маълумотҳои заруриро бо дақиқии ҳарчи бештар диҳед. Дар ҷойи садама
дастгоҳи Шумо метавонад ягона воситаи алоқа бошад. Ба занг бе рухсат хотима надиҳед.
Маълумот оид ба сертификатсия (SAR)
Дастгоҳи мазкур бо талабот оид ба таъсири мавҷҳои радио ҷавобгӯ мебошад.
Дастгоҳи Шумо мавҷҳои радиоиро қабул мекунад ва мефиристад. Дастгоҳи мазкур барои аз меъёр зиёд нагузаштани
андозаҳои таъсир аз мавҷҳои радио, ки бо талаботи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, истеҳсол карда шудааст. Ин
дастурҳо аз тарафи ташкилоти илмии мустақили ICNIRP пешниҳод шудаанд ва хати бехавфиро, ки ҷиҳати бехатарии
ҳамаи ашхос, новобаста аз синну сол ва вазъи саломатӣ ба нақша гирифтааст, дар бар мегирад.
Дастуроти таъсир ба мавҷҳои радиои дастгоҳи бесим, ченкунакеро дорост, ки Қабули Дараҷаи Махсус ном дорад
(ҚДМ). Сарҳади ҚДМ, ки дар ICNIRP номбар шудааст, 2.0 ватт/килограмм (В/кг) барои беш аз 10 грамм матоъ аст.
Санҷишҳо барои КДМ бо истифодабарии хусусиятҳои фаъолияти стандартӣ бо гузаронидани мавҷи дастгоҳ дар
дараҷаи баландарини қувваи барқаш дар ҳамаи басомадҳои тафтишкардашуда, гузаронида мешавад. Дараҷаи аслии
КДМ дар дастгоҳ аз дараҷаи баландарин паст шуда метавонад, чунки ин дастгоҳ барои истифодабарии барқ танҳо
ба пайвастшавӣ ба шабака таъин шудааст. Микдори онҳо аз як чанд омилҳо вобаста мебошад, масалан чи кадар
Шумо дар назди истгоҳи шабакавӣ бошед, тағйир меёбад.
Балантарин дараҷаи КДМ мувофиқи дастури ICNIRP барои истифода бурдани дастгоҳи мазкур дар наздикии гӯш аст.
0.97 Вт/кг.
Истифодабарии афзори дастгоҳ метавонад боиси дараҷаҳои гуногуни ҚДМ гардад. Дараҷаҳои КДМ аз талаботи
маҳаллии санҷиш ва хабардиҳӣ вобаста буда, инчунин басомади шабака фарқ мекунанд. Маълумоти иловагии КДМро таҳти маълумоти маҳсулот дар www.nokia.com дастрас намудан мумкин аст.
Page 41
41
ЭЪЛОМИЯИ МУВОФИҚАТ
Ширкати NOKIA эълон мекунад, ки ин маҳсулоти
RM-604 ба талабҳои асосӣ ва дигар қавоиди мувофиқи
Дастури Иттиҳодияи Аврупо нашри 1999/5/EC ҷавобгў
мебошад. Нусхаи Баёноти Мувофиқатро аз http://
www.nokia.com/phones/declaration_of_conformity/
дастрас карда метавонед.
© 2009 Nokia. Ҳама ҳуқуқҳо муҳофизат шудаанд.
Nokia, Nokia Connecting People ва Navi нишонҳои молӣ ё
нишонҳои молии ба қайд гирифташудаи Nokia
Corporation мебошанд. Nokia tune нишони молии
садогии Nokia Corporation мебошад. Дигар маҳсулот ва
номҳои ширкатҳои дар ин ҷо қайдшуда нишонҳои молӣ
ва номҳои тиҷоратии соҳибонашон буда метавонанд.
Нусхбардорӣ, интиқол, интишор ва нигоҳдории қисме ё
ҳамаи мундариҷаҳои ин ҳуҷҷат дар кадом шакле, ки
набошад бе иҷозати пешакии хаттии Nokia манъ карда
шудааст. Nokia сиёсати рушди бардавомро пеш
мебарад. Nokia ҳуқуқ дорад, ки бе огоҳии пешакӣ ба
маҳсулоти дар ин санад номбаршуда тағийроту
такмилот ворид намояд.
Includes RSA BSAFE cryptographic or security protocol
software from RSA Security.
Java is a trademark of Sun Microsystems, Inc.
Ба ин маҳсулот мутобиқи Visual Patent Portfolio License
MPEG-4 (i) барои истифодабарии шахсӣ ва
ғайритиҷоратӣ вобаста ба маълумоти мувофиқи
стандарти Муоинавии MPEG-4 барои харидоре, ки
фаъолияти шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ дорад ва (ii) дар
мавриди истифодаи видеои MPEG-4, ки аз тарафи
таъминкунандаи маҳсулоти видеоии дорои литсензия
пешниҳод шудааст, иҷозатнома дода шудааст. Барои
истифода бо дигар мақсад ҳеч гуна иҷозатнома дода
намешавад ва дар назар ҳам дошта намешавад.
Маълумоти иловагиро оид ба истифодаи пешкашнамоӣ,
дохилӣ ва тиҷоратӣ аз MPEG LA, LLC ба даст овардан
мумкин аст. Ба http://www.mpegla.com нигаред
БА ДАРАҶАИ ҲАДДАЛИМКОНЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА
ИҶОЗАТ МЕДИҲАД, NOKIA ВА ЯГОН
ЛИТСЕНЗИЯДОРОНИ ОН БА ҲЕЧ ВАҶҲ БАРОИ АЗ
БАЙН РАФТАНИ ҲАРГУНА МАЪЛУМОТ Ё ДАРОМАД, Ё
ХУД ХИСОРОТИ БАРҚАСД, ТАСОДУФӢ, МУРАТТАБ ВА
БАВОСИТА МАСЪУЛ НАМЕБОШАД.
МУНДАРИҶАИ ИН САНАД БА ТАРИҚИ "ТАВРЕ, КИ
ҲАСТ " ДОДА ШУДААНД. БА ҶУЗ ДАР ҲОЛАТҲОЕ, КИ
ҚОНУНИ МАРБУТА ТАЛАБ МЕКУНАД, ЯГОН НАМУДИ
КАФОЛАТИ ХОҲ ИФОДАШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАР
ДОШТАШУДА, АЗ ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО
КАФОЛАТҲОИ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА ОИДИ
ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШРАВӢ ВА МУТОБИҚАТ БА
ЯГОН МАҚСАДИ МУШАХХАС, ВОБАСТА БА АНИҚӢ,
БОЭЪТИМОДӢ ВА МУНДАРИҶАИ ИН САНАД ДОДА
НАМЕШАВАД. NOKIA ҲУҚУҚИ АЗ НАВ ДИДА
БАРОМАДАНИ САНАДИ МАЗКУРРО ДОРАД ВА
МЕТАВОНАД ОНРО БЕ ОГОҲИИ ПЕШАКӢ БЕКОР
СОЗАД.
Мавҷуд будани намудҳои алоҳидаи маҳсулот ва
мавриди истифодаи ин маҳсулот дар минтақаҳои гуногун
метавонанд фарқ кунанд. Барои гирифтани тафсилот ва
мавҷудияти имконоти забонӣ, лутфан ба паҳнкунандаи
Nokia муроҷиат намоед. Таҷҳизоти мазкур метавонад
амвол, технологияҳо ва нармафзореро дар бар гирад, ки
таҳти амали қонунҳои содиротии Иёлоти Муттаҳидаи
Амрико ва дигар давлатҳо мебошанд. Тамоюл мухолифи
қонун манъ аст.
Замимаҳои ягон тарафи сеюм, ки бо дастгоҳ пешниҳод
шудаанд, метавонанад ба шахсон ё хадамоти бо Nokia
вобаста ё алоқаманд набуда офарида шуда бошанд.
Nokia соҳиби ҳуқуқҳои муаллиф ва моликияти зеҳнии
замимаҳои тарафи сеюм намебошад. Аз ҳамин сабаб,
Nokia бо хотимаи истифодабарии дастгоҳ, барои
коршоямӣ ё маълумоти дар коршоямӣ ва манбаҳои
вуҷуддошта масъул нахоҳад буд. Nokia барои
замимаҳои тарафи сеюм кафолат намедиҳад. БО
ИСТИФОДАИ ЗАМИМАҲО ШУМО ЭЪТИРОФ МЕКУНЕД,
КИ ИН ЗАМИНАҲО "ТАВРЕ, КИ ҲАСТАНД, " ТО ҲАДДИ
АКСАРИ АЗ ТАРАФИ ҚОНУНҲОИ МАРБУТА
ИҶОЗАТБУДА БЕ ҲЕҶ ГУНА КАФОЛАТ (ХОҲ
ИЗҲОРШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА)
ПЕШНИҲОД ШУДААНД. ШУМО ИНЧУНИН ЭЪТИРОФ
МЕНАМОЕД, КИ HA NOKIA ВА НА ЯГОН ШАРИКИ ОН
ҲЕҶ ГУНА ЭЪЛОМИЯ Ё КАФОЛАТЕ (ХОҲ ИЗҲОРШУДА
ВА ХОҲ ДАР НАЗАРДОШТАШУДА БОШАД)АЗ ОН
ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО НОМ, ҚОБИЛИЯТИ
БОЗОРГИРӢ, МУВОФИҚ БУДАН БА МАҚСАДҲОИ
МУАЙЯН Ё ВАЙРОН НАКАРДАНИ ПАТЕНТИ
ТАРАФҲОИ СЕЮМ НАДОДААСТ; ҲУКУҚҲОИ
МУАЛЛИФ, РАМЗҲОИ САВДО Ё ДИГАР ҲУҚУҚҲОРО
ВАЙРОН НАМЕКУНАД.
/Масъала 2 TG
Page 42
42 Индекс
Индекс
Рамзҳо/Рақамҳо
GPS (системаи умуиҷаҳонии
мавқеъ) 32
GSM 5
Nokia Map Loader 32
nokia software updater 7
UMTS 5
қисмҳои иловагӣ 25
қулфи клавиатура 12
ҳолати рақам 15
А
амнияти клавиатура 12
Б
барномаҳо 26
батарея 11
батареяро гузоред 10
бозиҳо 27
браузер 34
В
веб 34
вуруди анъанавии матн 15
вуруди пешгӯии матн 15
Д
дафтари қайди зангҳо 21
З
зангҳо 14
зиёдаҳо 27
И
интернет 34
Иттилооти дастгирии Nokia 7
К
камера 28
корти microSD 9
Корти SIM 8
корти хотира 9
М
маълумоти дастгирӣ 7
маҷмӯи гӯшмонак 13
менюҳо 16
миёнабурҳо 22
модулҳои матн 15
Н
навиштани матн 15
Навсозии нармафзор 7
навсозиҳо 7
намуди видео 28
намуди тасвир 28
намудҳо 21
насб 25
нишондиҳандаи дараҷаи барқи
батарея 11
нишондиҳандаи қувваи мавҷ 11
нишондиҳандаҳои ҳолат 11
О
оҳангҳо 22
П
паёми электронӣ 18
паёмнависии фаврӣ 20
паёмҳо 17
паёмҳои аудиоӣ 18
паёмҳои матнӣ 16
паёмҳои овозӣ 20
паёмҳои флешдор 18
Пайвасти кабели USB 13
паролҳо 6
плеери медиа 30
почта 18, 19
ПФ 20
Р
рамзи PIN 6
рамзи амниятӣ 6
рамзҳои вурудшавӣ 6
рақамзании тез 14
Page 43
рақами маркази паём 16
рӯйхати вазифаҳо 27
С
сабткунандаи овоз 29
Силсилаи ҷузъиёт 26
синхронизатсия 23
сохтани нусхаи эҳтиётии
иттилоот 23
Т
танзимот 21
— вақт 22
— сана 22
танзимот, намоиш 22
танзимоти барқарорсозӣ 26
танзимоти коргоҳ, барқарорсозӣ 26
танзимоти намоиш 22
танзимоти паёмҳо 20
танзимоти телефон 25
танзимоти шабака 5
тасмача 14
тақвим 27
тугмаҳо 8
Х
Хapитаҳо 31
харитаҳо 31, 32, 33
Индекс 43