Дастури истифодабаранда Nokia 1202/1203
9211663
Масъала
4
2 Мундариҷа
Мундариҷа
Бехатарӣ 3
Оғози кор 4
Сарпӯши қафоро кушоед 4
SIM корт ва батареяро ҷойгир
кунед. 4
SIM кортро хориҷ кунед 4
Батареяро бо барқ пур кунед 4
Фурӯзон ё хомӯш кардан 5
Телефони шумо 5
Калидҳо ва қисмҳо 5
Хусусиятҳои асосӣ 6
Занг задан ва қабул кардан 6
Навиштани матн 7
Паём 8
Мухотибон 8
Китобчаи сершумори телефон 9
Равшанҳоро фаъол ё хомӯш
созед 9
Маълумоти умумӣ 10
Лавозимот 10
Батарея 10
Маълумот оид ба батарея ва
пуркунандаи барқ 10
Роҳнамои аслӣ будани батареяи
Nokia 11
Зангҳои фавқулода 14
Маълумот оид ба сертификатсия
(SAR) 14
Ғамхорӣ кардана дастгоҳи худ 12
Истифодаи такрорӣ 12
Маълумотҳои иловагӣ оиди
бехатарӣ 12
Хурдсолон 13
Муҳити фаъолият 13
Таҷҳизоти тиббӣ 13
Автомобилҳо 13
Муҳитҳои дорои эҳтимолияти
таркиш 13
Бехатарӣ 3
Бехатарӣ
Ин дастурҳои соддаро хонед. Мувофиқи онҳо амал накардан метавонад хатарнок
ё ғайриқонунӣ бошад. Барои маълумоти иловагӣ дастури мукаммали
истифодабарандаро мутолиа кунед.
БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ ФАЪОЛ КАРДАН
Дар мавриде ки истифодаи телефони бесим манъ карда шудааст ва ё,
халал ё зарар расонда метавонад дастгоҳро фурӯзон нанамоед.
БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ
Ба ҳамаи қонунҳои маҳаллӣ риоя кунед. Ҳангоме ки автомобил
меронед, дастҳоятон бояд ҳамеша озод бошанд. Мақсади
аввалиндараҷаи шумо ҳангоми рондани автомобил, бояд таъмини
бехатарии ҳаракат бошад.
ХАЛАЛРАСОНӢ
Ҳама гуна таҷҳизоти бесим ба халалҳо таъсирпазир мебошанд, ки ин
ба кори тачҳизот таъсири бад расонда метавонад.
ДАР ҶОЕ, КИ ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲ МАНЪ ШУДААСТ ХОМӮШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дар ҳавопаймо, назди таҷҳизоти
тиббӣ, сӯзишворӣ, маводи кимиёвӣ ё худ минтақаи таркишҳо дастгоҳро
хомӯш доред.
ХИДМАТРАСОНИИ БОСАЛОҲИЯТ
Танҳо кормандони босалоҳият метавонанд ин дастгоҳро насб кунанду
таъмир намоянд.
ЗАМИМАҲО ВА БАТАРЕЯҲО
Танҳо замимаҳо ва батареяҳои тасвибшударо истифода баред.
Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
ОБНОГУЗАР
Дастгоҳи шумо обногузар нест. Дастгоҳро хушк нигоҳ доред.
4О ғ о з и к о р
Оғози кор
Сарпӯши қафоро кушоед
Тугмаи озодкуниро пахш кунед (1), сарпӯши қафоро ба боло ғеҷонед (2) ва хориҷ
кунед.
Телефон барои истифода бо батареяи BL-4C пешбинӣ шудааст.
Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша
дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи барқро ҷудо созед.
SIM корт ва батареяро ҷойгир кунед.
1 Батареяро бардоред ва кушода гиред (1).
2 SIM кортро гузоред (2). Боварӣ ҳосил кунед, ки контакти тиллогун сарзер ва
гӯшаи буридаи SIM-корт дар тарафи росту болои дастгоҳ ҷойгир шудааст.
3 Батарея ва сарпӯши қафоро гузоред (3, 4).
SIM кортро хориҷ кунед
Фанари озодкунандаро пахш кунед (1) ва SIM кортро ғеҷонда бароред (2).
Батареяро бо барқ пур кунед
Батареяи шумо ҳангоми истеҳсол бо барқ нимпур карда шудааст. Агар дастгоҳ
кам будани барқро нишон дода истода бошад, амалҳои зеринро иҷро кунед:
Телефони шумо 5
1 Барқфизоро ба васлаки барқии деворӣ васл намоед.
2 Барқфизоро ба телефон васл намоед.
3 Ҳангоме ки дастгоҳ пур будани барқро нишон дод, барқфизоро аз дастгоҳ ва
сонӣ аз васлаки барқии деворӣ барканед.
Маслиҳат: Барои ҳифзи барқ, ҳангоме ки батарея бо барқ пур мешавад,
барқфизои батареяро барканед.
Ба шумо зарур нест батареяро муддати муаян бо барқ пур кунед ва шумо
метавонед ҳангоми барқгирӣ дастгоҳро истифода баред. Агар барқи батарея то
охир холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ
ва ё задани занг, якчанд дақиқа мегузарад.
Фурӯзон ё хомӯш кардан
Тугмачаи хотимаро пахш кунед ва доред.
Телефонро танҳо дар ин ҳолати муқаррарӣ истифода баред.
Дастгоҳи шумо метавонад дорои мавҷгирҳои дохилӣ ва беруна бошад. Вақте ки
мавҷгир мавҷ мефиристонад ё қабул мекунад, бе зарурат ба мавҷгир даст
нарасонед. Тамос бо мавҷгирҳо ба сифати алоқа таъсир карда, сабаби аз меъёри
зарурӣ зиёд истифода шудани барқ мегардад ва метавонад мӯҳлати хизмати
батареяро кӯтоҳ кунад.
Телефони шумо
Калидҳо ва қисмҳо
1
2 Экран
3 Тугмачаҳои интихоб
4 тугмачаи Navi™; минбаъд ҳамчун
5 Тугмачаи зангзанӣ
6 Тугмачаи анҷом ва фурӯзонкунӣ
7 Клавиатура
Гӯшмонак
"тугмачаи паймоиш" ном мебарад
6 Телефони шумо
8 Дурахш
9 Микрофон
10 Сӯрохии дастпонаи антистатикӣ
11 Пайвасткунаки пуркунандаи барқ
12 Пайвасткунаки гӯшмонак
13 Тугмачаи озодкунӣ
Маҳсулоте ки сигналҳои баромадро ба вуҷуд меоранд, ба дастгоҳ васл накунед.
Ин метавонад ба дастгоҳ хисорот расонад. Ягон замимаи барқдорро ба
васлкунаки Nokia AV пайваст накунед.
Ҳангоми васл кардани ягон замимаи беруна ё гӯшмонак ба васлкунаки Nokia AV,
ки бо Nokia маъқул дониста нашудааст, ба дараҷаи овоз махсус эътибор диҳед.
Хусусиятҳои асосӣ
Барои вурудшавӣ ба хусусиятҳои зерин, Меню - ро интихоб кунед:
Паёмҳо — барои эҷод кардан, ирсол намудан, кушодан ва идоракунии паёмҳо
Мухотибон — барои сабт кардани номҳо ва рақамҳои телефонӣ дар SIM корт ва
хотираи телефон
Қайди зангҳо — барои вуруд ба рақамҳои ҷовоб доданашуда, қабулшуда ва
задашудаи телефон
Танзимот — барои танзимкунии хусусиятҳои гуногуни телефон
Соати зангдор — барои таъин кардани вақти соати зангдор
Ёдрасҳо — барои идора кардани хотиррасонҳо
Бозиҳо — барои танзим кардани хусусиятҳои бозӣ ё бохтани бозиҳои дар
телефон сабтшуда
Иловаҳо — ба Калкулятор , Табдил диҳанда , Вақти ҳисоб , Тақвим , Сониясанҷ ,
Намоиш ва Чароғак ворид шавед
Хадамоти СИМ-корт — барои истифодабарии хадамотҳои иловагӣ, он ҳолате,
ки агар бо SIM корт дасгир карда шавад
Занг задан ва қабул кардан
Занг занед
Барои задани занг рақами телефон ва агар лозим бошад рамзи минтақа ва рамзи
мамлакатро ворид кунед, ва тугмаи зангро зер кунед.
Зангро ҷавоб диҳед
Тугмаи зангро пахш кунед.
Телефони шумо 7
Зангро қатъ ё рад кунед
Тугмаи қатъи зангро пахш кунед.
Баландгӯяк ё лавозимоти шунавоиро истифода баред
Ҳангоми зангзанӣ, Б-гўяк ё Гӯшӣ -ро интихоб кунед.
Баландии овозро танзим кунед
Ҳангоми зангзанӣ, барои танзими баландии овози лавозимоти шунавоӣ ё
гӯшмонак, ба чап ё рост ҳаракат кунед.
Огоҳӣ
Гӯшдории бардавом ба садои аз ҳад зиёд баланд, метавонад қобилияти
шунавоии Шуморо бад кунад. Мусиқаро бо садои мӯътадил гӯш кунед ва вақте ки
баланднӯяк фаъол аст, дастгоҳро назди гӯш наоред.
Навиштани матн
Истифодаи вуруди анъанавии матн
Барои намоиши ҳарфи дилхоҳ, тугмаро такроран зер кунед.
Фаъолсозии вуруди пешгӯии матн
Имкон. > Луғат ва забони дилхоҳро интихоб кунед.
Хомӯшсозии вуруди пешгӯии матн
Интихоб кунед Имкон. > Луғат > Луғат хомӯш.
Ҳангоми истфодаи пешгӯии вуруди матн, ҳар як тугмачаро як маротиба барои як
ҳарф пахш намоед. Агар калимаи дилхоҳ пайдо шуд, тугмаи 0 -ро зер кунед, ва
калимаи дигарро сар кунед. Агар пас аз калима аломати ? нишон дода шавад, ин
калима дар луғат мавҷуд нест.
Ивази калима
Барои намоиши ҳарфи дилхоҳ, тугмаи * -ро такроран зер кунед.
Иловаи калима
Имло -ро интихоб кунед, калимаро бо истифодаи вуруди анъанавии матн дохил
кунед ва Хуб -ро интихоб кунед.
Иловаи фосила
Зер кунед 0.
Усули вуруди матнро иваз кунед
# -ро такроран зер кунед ва нишондиҳандаи дар болои экран тафтиш кунед.
8 Телефони шумо
Иловаи рақам
Тугмаи рақами телефони дилхоҳро дошта истед.
Иловаи аломати махсус
Ҳангоми истифодаи вуруди анъанавии матн, тугмаи * -ро зер кунед; ҳангоми
истифодаи вуруди пешгӯии матн тугмаи * -ро зер кунед.
Тозакунии паёмро баргардонед
Интихоб кунед Имкон > Лағви поккунӣ.
Паём
Шумо метавонед хизматҳои паёмрасонӣ истифода мебаред, агар ин имконот бо
провайдер дастгирӣ мешаванад.
Дастгоҳи шумо ба фиристодани як паёми хаттии андозааш аз маҳдудияти
шумораи ҳарфҳо барои як паём бузургтар қодир аст. Паёмҳои дароз ҳамчун ду
ё зиёда паёмҳо фиристода мешаванд. Провайдери хидматрасони шумо
метавонад мувофиқан пардохти зиёдтарро талаб кунад. Ҳарфҳое, ки дар
таркибашон апостроф, дигар аломатҳо доранд ё баъзе забонҳои дигар ҷойи
бештарро банд мекунанд ва миқдори ҳуруфоти дар як паём
фиристодашавандаро кам мекунанд.
Паёмро нависед ва ирсол кунед
1 Меню > Паёмҳо > Эҷоди паём -ро интихоб кунед.
2 Паёмро нависед. Намоишкунандаи дарозии паём нишон медиҳад, ки шумо
оё чанд ҳарф ё аломатро метавонед дар паём ворид кунед.
3 Имкон. > Ирсол -ро интихоб кунед, рақами телефони қабулкунандаро ворид
ё аз рӯйхати алоқаҳо интихоб кунед ва Хуб -ро интихоб кунед.
Паёмҳоро нест кунед
Меню > Паёмҳо > Тоза кардани паёмҳо > Хонда шуданд ё паёмдони дилхоҳро
интихоб кунед.
Мухотибон
Шумо метавонед номҳо ва рақамҳоро дар хотираи телефон ва хотираи SIM корт
захира кунед. Шумо метавонед то 200 номҳои рӯйхати алоқа дар хотираи
телефон захира кунед.
Ҷустуҷӯи алоқа
Дар ҳолати интизорӣ ба поён ҳаракат кунед, ҳарфҳои аввали номи алоқаро ворид
кунед ва ба алоқаи дилхоҳ ҳаракат кунед.
Алоқаҳоро ба рӯйхат захира кунед
Интихоб кунед Меню > Мухотибон > Иловаи мухотиб.
Телефони шумо 9
Алоқаро байни хотираи телефон ва корти SIM нусха бардоред
Интихоб кунед Меню > Мухотибон > Нусхабардорӣ.
Китобчаи сершумори телефон
Телефони шумо то панҷ китобчаи телефонии алоҳидаро барои корбарони
сершумор дасгир мекунад. Ҳангоме ки китобчаи сершумор фаъол карда
мешавад, танҳо мухотибони дар китоби фаъолшуда падидор мешаванд.
Як мухотиб ба як ё ба якчанд китобчаҳои телефон метевонад мутааллиқ бошад.
Номи мухотиби дар Номи там. муш. ҷойгирбуда метавонад аз ҳамаи китобчаҳои
телефон дастрас бошад.
Меню > Мухотибон > Танзимот > Дафтарчаи телефонии чандгона ва паёмдони
дилхоҳро интихоб кунед.
Китобчаи сершумор фаъол созед
Интихоб кунед Услуби дафт. телефонӣ > Кит. тел. бисёр..
Китобчаи телефонро фаъол созед
Дафт. т-фонии ҷорӣ ва китобчаи телефони дилхоҳ ё Номи там. муш. -ро интихоб
кунед.
Номи алоқаро ба я ё якчанд китобчаи телефон таъин кунед
Идораи мухотибон ва алоқаи дилхоҳро интихоб кунед.
Номи китобчаи телефонро иваз кунед
Тағири номи дафтарчаи телефонӣ ва китобчаи телефони дилхоҳро интихоб
кунед.
Равшанҳоро фаъол ё хомӯш созед
Интихоб кунед Меню > Иловаҳо > Чароғак.
10 Маълумоти умумӣ
Маълумоти умумӣ
Дар бораи дастгоҳи шумо
Дастгоҳи бесими дар ин дастур тавсифшуда барои
истифода дар EGSM 900 and 1800 networks тасвиб карда
шудааст. Оид ба маълумоти иловагӣ дар бораи шабака
бо расонандаи хадамот дар тамос шавед.
Дастгоҳи шумо метавонад дорои замимаҳо ва роҳҳои
васли интернетӣ ба саҳифаҳои интернетии тарафи сеюм
бошад ва ба шумо ба он саҳифаҳои ашхоси сеюм
воридшавиро иҷозат диҳад. Ин саҳифаҳо бо Nokia
алоқае надоранд ва Nokia ягон масъулияте доир ба онҳо
намебарад ва ба зиммаи худ намегирад. Агар шумо ба
ингуна саҳифаҳо ворид гаштанӣ бошед, барои
мундариҷа ва бехатарӣ чораҳои лозимиро бубинед.
Огоҳӣ
Барои истифодаи дилхоҳ хусусияти дастгоҳ, ғайр аз
соати зангдор, телефон бояд фаъол бошад. Ҳангоми
имконияти халал расонида тавонистан ё хатарро ба
вуҷуд овардан дастгоҳи бесимро фурўзон накунед.
Ҳангоми истифодабарии ин дастгоҳ ба ҳама қонунҳо
риоя кунед; одатҳои маҳаллӣ, ҳуқуқи махфият ва ҳуқуқи
қонунии дигаронро, аз ҷумла ҳуқуқи муаллифиро
эҳтиром намоед. Ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ метавонад
нусхабардорӣ, дигарсозӣ пешкашнамоӣ ва фиристодани
баъзе тасвирҳо, мусиқа (аз он ҷумла оҳангҳои занг) ва
дигар мундариҷаҳоро мамнӯъ созад.
Нусхаҳои эҳтиётӣ созед ва ё ҳама маълумоти муҳими
дар телефонатон сабтшударо навишта гиред.
Пеш аз пайваст намудан ба дигар таҷҳизот, қоидаҳои
бехатариро аз дастури истифодабарӣ мутолиа кунед.
Маҳсулот ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
Тасвирҳои дар ин дастур буда, метавонанд аз намоиши
дастгоҳи шумо фарқ кунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба дастури истифодабаранда
муроҷиат кунед.
Хидматҳои шабака
Барои истифодаи телефон, шумо бояд аз хизматрасони
хизматрасонии бесим истифода баред. Баъзе
хусусиятҳо дар ҳамаи шабакаҳо дастрас нестанд; дигар
хусусиятҳо метавонанд барои истифода бурдани онҳо аз
шумо бо хидматрасон бастани шартномаи махсусро
талаб кунанд. Хадамотҳои шабакавӣ интиқоли
маълумотро дар бар мегирад. Оид ба хаққи пардохт дар
дохили шабака ва берун аз он ба хадамоти
хизматрасони муроҷиат кунед. Провайдери
хидматрасони шумо хароҷоти марбутаро фаҳмонда
медиҳад.
Провайдери хидматрасони Шумо метавонад аз шумо
хомӯш кардан ё ки фаъол насохтани баъзе хусусиятҳои
дастгоҳро талаб намояд. Дар ин ҳолат, ин хусусиятҳо
дар феҳрасти дастгоҳ нишон дода намешаванд.
Дастгоҳи шумо инчунин метавонад дорои ҷузъҳои
мувофиқкардашудаи монанди номҳои меню, тартиби
меню ва тасвирчаҳо бошад.
Дастгирӣ
Агар Шумо мехоҳед дар бораи маҳсулоти худро
иттилооти бисёртар гиред ё ин ки Шумо намедонед
фаъолияти дурустии дастгоҳи худ, саҳифаҳои иттилоотӣ
дар суроғаи www.nokia.com/support нигаред ё сайти
маҳаллии Nokia дар www.nokia.mobi/support (бо дастгоҳи
мобилӣ), ё дастури барномаи дастгоҳ ё дастури корбар
бештар хонед.
Агар ин масъалаи Шуморо ҳал накард, инро кӯшиш
кунед:
• Дастгоҳро бозоғозӣ кунед: дастгоҳро хомӯш кунед
ва батареяро гиред. Пас аз як дақиқа батареяро
қафо монед ва телефонро аз нав фаъол созед.
• Танзимотҳои аслӣ аз рӯи тавзеҳи дастури корбар
барқарор созед.
Агар масъала ҳал карда нашуд, бо нуқтаи
хидматрасонии Nokia алоқа бандед. Кушоед
www.nokia.com/repair. Пеш аз додани телефон ба устод,
ҳамаи маълумоти телефонро захира кунед.
Лавозимот
Огоҳӣ
Фақат он батареяҳо, пуркунандаи барқ ва замимаҳоеро,
ки Nokia махсусан барои истифода бо дастгоҳи мазкур
тасдиқ кардааст, истифода баред. Истифодаи дилхоҳ
намуди дигар метавонад ҳамагуна тасвиб ва кафолатро
бекор созад ва хатарнок бошад. Махсусан, истифобарии
батареяҳои ва пуркунандаҳои барқи тасвибнашуда
метавонад ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш, шоридан ва
дигар хатарҳо сабаб шавад.
Оид ба мавҷудияти замимаҳои тасвибшуда, лутфан бо
паҳнкунандаи ин маҳсулот муроҷиат кунед. Вақте ки
сими пуркунандаи барқро ҷудо мекунед, на симро, балки
душохаи барқро дошта кашед.
Батарея
Маълумот оид ба батарея ва пуркунандаи барқ
Дастгоҳи Шумо бо батареяи барқгиранда истифода
бурда мешавад. Батареяе, ки истифодаи он бо ин
дастгоҳ пешбинӣ шудааст, BL-4Cмебошад. Nokia
метавонад барои дастгоҳи мазкур батареяҳои иловагии
мувофиқ пешниҳод кунад. Ин дастгоҳ барои истифода бо
пуркунандаҳои барқии зерин пешбинӣ шудааст: AC-3.
Тамғаи монанди пуркунандаи барқ метавонад вобаста
Батарея 11
ба намуди сими барқ фарқ кунад. Варианти васлкуни
тавассути яке аз (воситахои) зерин муайян карда
шудааст: E, EB, X, AR, U, A, C, K ё UB.
Батарея садҳо маротиба барқ гирифта ва аз барқ холӣ
мешавад лекин дар ниҳоят аз кор мемонад. Агар
мўҳлатҳои гуфтугӯ ва ҳолати ғайрифаъоли дастгоҳ аз
мўҳлати муқаррарӣ кутоҳ шавад, батареяро иваз
намоед. Фақат батареяҳои тасвибкардаи Nokia-ро
истифода бурда, онҳоро бо он пуркунандаҳои барқе, ки
бо ин дастгоҳ таъин шуда ва аз тарафи Nokia маъқул
дониста шудаанд, барқдор созед.
Агар батарея бори аввал истифода бурда шавад ё
батарея муддати дароз кор фармуда нашуда бошад,
шояд лозим ояд, ки пуркунандаи барқро пайваст кунед,
ҷудо созед ва боз барои барқгирӣ васл намоед. Агар
барқи батарея то охир холӣ шавад, пеш аз пайдо шудани
нишондиҳандаи барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани
занг, якчанд дақиқа мегузарад.
Бо эҳтиётӣ кушода гирифтан. Пеш аз кушода гирифтани
батарея, ҳамеша дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи
барқро ҷудо созед.
Мувофиқ пуркунии барқ. Пуркунандаи барқро, ҳангоме,
ки аз он истифода бурда намешавад, аз дастгоҳ ҷудо
намоед ва аз сими барқ кашед. Батареяи барқнокшударо
дар пуркунандаи барқ намонед, зеро барқи аз ҳад зиёд
метавонад мӯҳлати хизмати батареяро кўтоҳ кунад. Агар
батарея истифода бурда нашавад, дар тӯли вақт барқи
батареяи пур холӣ мешавад.
Аз ҳароратҳои зараровар эҳтиёт шавед. Ҳамеша кӯшиш
кунед, ки батареяро дар ҳарорати аз 15°С то 25°С (59°Ғ
то 77°Ғ) нигоҳ доред. Ҳарорати аз ҳад зиёд баланд
метавонад қобилияти фаъолияти батареяро бад ва
мӯҳлати хизматашро кӯтоҳ кунад. Дастгоҳ бо батареяи
гармшуда ё хунукшуда метавонад муваққатан фаъолият
накунад. Фаъолияти батарея махсусан дар ҳарорати
хеле поёнтар аз ҳарорати яхкунӣ, хеле махдуд мешавад.
Ба барқзании кўтоҳ дучор накунед. Вақте ки ашёи оҳанӣ,
ба монанди танга, сӯзанак ё ручка бевосита ба
терминалҳои қутби манфӣ (+) ва мусбати (-) батарея
мересанд, расиши кӯтоҳ рӯй медиҳад. (Онҳо ба монанди
тасмаҳои металли батарея мебошанд.) Ин ҳолат вақте
ки Шумо батареяр дар кисаатон ё сумкаатон нигоҳ
медоред, рӯй медиҳад. Расиши кӯтоҳ терминалҳои
батареяро ё предмети васлшударо нобуд сохта
метавонад.
Нобудсозӣ. Батареяро ба оташ напартоед, чунки
таркиданаш мумкин аст. Батареяҳоро мувофиқи
қонунҳои маҳаллӣ нобуд созед. Агар имконпазир бошад,
аз нав истифода баред. Ба монанди партови коммуналӣ
нобуд насозед.
Ихроҷ. Ҳуҷайраҳо ва батареяро ба қисмҳо ҷудо накунед,
набуред, накушоед, пачақ, қат ва шикоф накунед. Дар
ҳолати ихроҷи батарея, барои нарасидани моеъи
батарея ба пӯсти бадан ва чашмҳо чораҳо бинед. Агар
расад, атрофҳои моеъ расидаро бо об фавран шуед ё
ёрии тиббӣ ҷустуҷӯ кунед.
Хисорот. Батареяро такмил надиҳед, аз нав насозед ва
аз ҷойгиркунии предметҳои бегона ба он худдори кунед,
ба об ё дигар маводи моеъ ғарқ накунед. Батаерея
ҳангоми хисорат дидан таркиданаш мумкин.
Истифодаи дуруст. Батареяро фақат барои вазифаи
таъиншудааш истифода баред. Истифодаи номувофиқи
батарея ба хатарҳои оташгирӣ, таркиш ва дигар хатарҳо
сабаб шуда метавонад. Агар дастгоҳ ё батарея афтад,
хусусан ба сатҳи сахт, ва шумо бовари доред, ки батарея
хисорот дидааст, пеш аз истифодабарӣ онро ба
хадамоти хидматрасон барои санҷиш баред. Ҳеҷ вақт
батарея ё пуркунандаи барқи корношоямро истифода
набаред. Батареяро аз дастрасии хурдсолсолон дур
нигоҳ доред.
Роҳнамои аслӣ будани батареяи Nokia
Барои таъмини бехатарии худ ҳамеша батареяҳои
аслии Nokia-po истифода баред. Барои санҷидани он, ки
шумо батареяи аслиро харид мекунед, батареяро аз
маркази хизматрасонии расмӣ ва ё паҳнкунандаи
маҳсулоти Nokia харид кунед ва голограммаи рамзии
молро бо усулҳои зерин санҷед:
Муаянсозии аслияти голограмма
1 Ҳангоми нигоҳ кардан ба голограмма дар рамзи
тиҷоратӣ, Шумо рамзи дастҳои
пайвастшудаистодаи Nokia-po аз як паҳлӯ ва
рамзи Nokia Original Enhancements-po аз дигар
паҳлӯ мебинед.
12 Ғамхорӣ кардана дастгоҳи худ
2 Агар голограммаро ба рост, чап, поён ва боло
мутаносибан гардонед 1, 2, 3, ва 4 нуқтаҳоро дар
ҳар тараф мебинед.
Иҷрои бомуваффақияти санҷиш кафолати пурраи он
нест, ки батарея аслӣ аст. Агар шумо аслӣ будани
батареяро тасдиқ карда натавонед ё оиди аслӣ будани
батареяи голограммадори Nokia ягон хел шубҳа дошта
бошед, аз истифодаи он худдорӣ намоед ва ба
наздиктарин хизматрасони расмӣ ё фурушандаи
маҳсулоти Nokia барои санҷиш баред.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи
батареяҳои аслии Nokia ба саҳифаи www.nokia.com/
battery нигоҳ кунед.
Ғамхорӣ кардана дастгоҳи худ
Ин дастгоҳ маҳсулоти тарҳрезиаш олӣ аст ва
муносибати боэҳтиётро талаб мекунад. Маслиҳатҳои
зерин барои муҳофизат кардани фарогирии кафолати
шумо ёрӣ медиҳад.
• Дастгоҳро хушк нигоҳ доред. Об, намӣ ва ҳар гуна
маводи моеъ метавонад минералҳоеро доро
бошад, ки ба зангзании дастгоҳи васли барқӣ
оварда мерасонад. Агар ин дастгоҳ тар шавад,
батареяро хориҷ кунед ва пеш аз гузоштан ба
ҷояш, дастгоҳро пурра хушконед.
• Дастгоҳро дар ҷойҳои чанголуд ва ифлос
истифода набаред ё нигоҳ надоред. Қисмҳои
ҳаракаткунанда ва барқии дастгоҳ метавонанд
зарар бинанд.
• Дастгоҳро дар ҳарорати гарм ё хунук нигоҳ
надоред. Ҳарорати гарм мӯҳлати хизмати
таҷҳизоти барқиро кӯтоҳ, батареяро нобуд ва
қисмҳои пластикии таҷҳизотро вайрон ва ё гудохта
мекунад. Вақте ки дастгоҳ аз ҳарорати хунук гарм
шуда ба ҳарорати муқаррарии худ бармегардад,
дар даруни дастгоҳ маводи моеъ пайдо мегардад
ва панели рахдори барқро вайрон мекунад.
• Дастгоҳро ба ҷуз бо усуле, ки дар ин дастури
истифодабаранда тавсиф шудааст, накушоед ва
аз усулҳои дигар худдорӣ намоед.
• Дастгоҳро наафтонед, ба зарба ва ларзиш дучор
нанамоед. Муносибати бад ба дастгоҳ, ба панели
барқии даруна ва механизми нозуки насб хисорат
ворид мекунад.
• Барои тоза кардани дастгоҳ, маводи пурқуввати
кимиёвӣ ва маҳлулҳои тозакунандаро истифода
набаред. Барои тоза кардани беруни дастгоҳ,
танҳо аз матои мулоим, тоза ва хушт истифода
кунед.
• Дастгоҳро ранг накунед. Ранг ба қисмҳои
ҳаракатноки дастгоҳ халал мерасонад ва
фаъолияти муқаррариро бад мекунад.
• Танҳо мавҷгири додашуда ва ё мавҷгири ҷойгузини
мувофиқро истифода баред. Антенна, такмилҳо ва
қисмҳои тасвибнашуда дастгоҳро нобуд сохта,
қоидаҳои идоракунии таҷҳизоти радиоиро вайрон
мекунад.
• Пуркунандаи барқҳоро дар даруни бино истифода
баред.
• Ҳамаи маълумотҳои дилхоҳатонро, ба монанди
номҳо ва қайдҳои тақвимӣ, ки захира кадани ҳастед
нусхабардорӣ намоед.
• Барои ба ҳолати аввалин овардани дастгоҳ баъзан
бо мақсади хубтар кардани фаъолияти он,
дастгоҳро хомӯш карда, батареяро хориҷ намоед.
Ин тавсияҳо ба дастгоҳ, батарея, барқфизо ва дигар
қисмҳои таҷҳизот як хел дахл доранд.
Истифодаи такрорӣ
Ҳамеша маҳсулотҳои электронӣ, батареяҳо ва маводҳои
қоғазпечкунии истифодабурдаатонро ба нуқтаҳои
ҷамъкунии дахлдор гардонда диҳед. Бо ин роҳ Шумо
метавонед истифодаи беназорати партовро пешгирӣ ва
ба истифодаи такрории маводҳо мусоидат кунед.
Баърои гирифтани маълумот оиди муҳити
истифодабарии маҳсулот ва чӣ тавр аз нав истифода
кардани маҳсулоти Nokia-и худ, ба www.nokia.com/
werecycle ё nokia.mobi/werecycle нигоҳ кунед.
Рамзи қуттии ғилдиракдори хатзада дар маҳсулот,
батарея, адабиёт ё қуттии маҳсулоти шумо онро
хотиррасон мекунад, ки ҳамаи маҳсулотҳои барқӣ,
электронӣ, батареяҳо ва қуттиҳои бо барқ
таъминкунанда (акумуляторҳо) дар хотимаи фаъолияти
худ бояд ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда шаванд.
Талаботи мазкур дар Иттиҳоди Аврупо амал мекунад. Ин
маҳсулотро ба монанди партови ҷудонакардаи
коммуналӣ нобуд насозед. Барои маълумоти иловагӣ
оид ба муҳит ба Эъломияи маҳсулот оид ба муҳит дар
www.nokia.com/environment нигоҳ кунед.
Маълумотҳои иловагӣ оиди бехатарӣ
Қисми берунаи дастгоҳи мазкур дорои моддаи никел
намебошад.
Маълумотҳои иловагӣ оиди бехатарӣ 13
Хурдсолон
Дастгоҳи шумо ва қисмҳои иловагии он бозича
намебошанд. Онҳо қимсҳои хеле майда дошта
метавонанд. Сарпӯшро аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ
доред.
Муҳити фаъолият
Ин дастгоҳ ба талаботи РБ ҳангоми дар ҳолати
муқаррарӣ истифода бурдан дар гӯш ё аз бадан
камтаринаш 2.2 centimetres (7/8 inch) дуртар ҷойгир
бошад, ҷавобгӯ мебошад. Ҳамаи ҷомадон, фишори
камар ё нигоҳдоранда барои фаъолиятҳои бо бадан
вобаста истифода бурда шавад, он ашёҳо набояд
ҷузъҳои металлӣ дошта бошанд ва дастгоҳ аз бадан дар
масофаи дар боло қайдшуда ҷойгир шавад.
Ирсоли файлҳои иттилоотӣ ё паёмҳо ба шабака
пайвасти босифатро талаб мекунад. То вақте ки ин гуна
пайваст имконпазир мегардад, ирсоли файлҳои
иттилоотӣ ё паёмҳо метавонад таъхир карда шавад. Ба
дастурҳои нигоҳ доштани масофа то хотима ёфтани
таҳвил риоя кунед.
Баъзе қисмҳои дастгоҳ магнитӣ мебошанд. Имконпазир
аст ки ашёҳои металлӣ ба дастгоҳ ҷалб карда шаванд.
Кортҳои пардохт ва дигар захирагарҳои хотиравии
магнитиро дар назди ин дастгоҳ ҷойгир накунед, чунки
маълумотҳои дар онҳо ҳифзшуда тоза мешаванд.
Таҷҳизоти тиббӣ
Фаъолияти таҷҳизотҳое, ки радиомавҷҳо мегузаронанд,
ба мисли дастгоҳҳои бесим, метавонад ба вазифаи
таҷҳизоти тиббии сатҳи муҳофизаташ паст халал
расонад. Барои муайян кардани кифоягии муҳофизати
таҷҳизоти тиббӣ аз таъсири қувваи берунаи мавҷҳои РБ,
метавонед ба мутахассиси тиб ё истеҳсолкунандаи
таҷҳизоти тиббӣ муроҷиат намоед. Агар қонун ҳаминро
талаб намояд, дастгоҳро хомӯш созед. Касалхонаҳо ва
нуқтаҳои хидматрасонии тиббӣ таҷҳизоти ба қувваи
берунаи мавҷҳои РБ ҳассосро истифода бурданашон
мумкин.
Дастгоҳи тиббии дар бадан ҷойгиркардашуда
Истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббии ба бадан
ҷойгиркунанда тавсия медиҳанд, ки дастгоҳи бесим бояд
дар масофаи на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз
таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда, монанди
стимулятори дил ё кардиовертер дефибрилатори ба
бадан ҷойгиркарда барои пешгирии халалрасонӣ ба
таҷҳизоти тиббӣ ҷойгир бошад. Ба ашхосе, ки ин гуна
таҷҳизот доранд, тавсия дода мешавад:
• Дастгоҳи бесимро ҳар вақт дар масофаи на камтар
аз 15.3 сантиметр (6 инч) аз таҷҳизоти тиббӣ дур
доранд.
• Дастгоҳро дар бағалкиса нагиранд.
• Дасгоҳро дар гӯши муқобил ба таҷҳизоти тиббӣ
истифода баранд.
• Агар халал ҳис карда шавад, дастгоҳи бесимро
хомӯш кунанд.
• Ба дастурҳои истеҳсолкунанда оиди
истифодабарии дастгоҳи тиббии ба бадан
ҷойгиркунанда риоя кунанд.
Агар шумо оид ба истифодабарии дастгоҳи бесим назди
таҷҳизоти тиббии ба бадан ҷойгиркунанда савол дошта
бошед, лутфан аз мутахассиси тиб маслиҳат пурсед.
Таҷҳизоти шунавоӣ
Бархе аз тачҳизоти бесими рақамӣ ба бархе аз таҷҳизоти
шунавоӣ халал мерасонанд.
Автомобилҳо
Сигланҳои РБ ба системаҳои электронии номувофиқ ва
нокифоя муҳофизаткардашудаи автомобилҳо, аз қабили
системаҳои электронии сӯзишворӣ, қулфнашавандаи
боздории электронӣ, электронии назорати суръат ва
муҳофизаткунандаи болишти пневматикӣ, таъсир
мерасонанд. Барои маълумоти иловагӣ, ба
истеҳсолкунандаи автомобили худ ё таҷҳизоти он
муроҷиат кунед.
Танҳо кормандони соҳибихтисос бояд ба таҷҳизот
хидмат расонанд ё худ таҷҳизотро дар автомобил насб
кунанд. Насб ё хадамоти нодуруст метавонад хавфнок
бошад ва кафолатро бекор созад. Фаъолияти мувофиқи
тамоми таҷҳизотҳои бесими дар автомобил бударо
мунтазам тафтиш кунед. Моддаҳои моеъи оташгиранда
ё моддаҳои таркандаро дар як ҷо бо дастгоҳ ва қисмҳои
ӯ нигоҳ надоред. Фаромӯш накунед, ки болиштҳои
муҳофизаткунандаи пневматикӣ бо қувваи калон кушода
мешаванд. Дастгоҳ ва қисмҳои иловагии дастгоҳи худро
дар атрофи болишти муҳофизаткунандаи пневматикӣ
ҷойгир накунед.
Пеш аз ба ҳавопаймо савор шудан, дастгоҳро хомӯш
кунед. Истифодабарии таҷҳизоти гузарониши бесим ба
идоракунии ҳавопаймо хатарнок буда, ғайриқонунӣ буда
метавонад.
Муҳитҳои дорои эҳтимолияти таркиш
Дар ҳамаи муҳити маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш
дастгоҳро хомӯш кунед. Ба ҳамаи талабот риоя кунед.
Шарора пошидан дар ин маконҳо ба таркиш ё оташгирӣ
оварда мерасонад ва ба захмӣ гардидан ё ҳалокшавӣ
сабаб мешавад. Дар назди хидматрасони
захиракунандаи сӯзишворӣ, монанди насоси газ,
дастгоҳро хомӯш кунед. Дар атрофи нуқтаҳои
захиракунандаи сӯзишворӣ, захираи сӯзишворӣ ва
паҳнкунандаи сӯзишворӣ; корхонаҳои кимиёвӣ; ё дар
ҷойҳои таркиш авҷгирифтаистода ба ҳамаи
маҳдудиятҳо риоя кунед. Маконҳои дорои эҳтимолияти
таркиш, одатан, лекин на ҳамеша бо рамзи огоҳкунанда
ишора карда шудаанд. Ин он ҷойҳоро дар бар мегирад,
ки дар он ҷо аз шумо хомӯш кардани муҳаррики
автомобил талаб карда мешавад, инчунин дар саҳни
поёни киштӣ, маконҳои таҳвил ё захираи маводҳои
14 Маълумотҳои иловагӣ оиди бехатарӣ
кимиёвӣ ва маконҳое, ки ҳавояш маводҳои кимиёвӣ ё
зарраҳо монанди зарраҳои гандум, чанг ва чанги
металлӣ доранд. Бо истеҳсолкунандагони автомобилҳои
истифодабарандаи гази моеъ (монанди пропан ва
бутан) барои омӯхтани он, ки оё дастгоҳи мазкурро дар
назди он автомобилҳо бехавф истифода бурдан
мешавад ё не, маслиҳад кунед.
Зангҳои фавқулода
Муҳим: Дастгоҳи бесими мазкур бо истифодаи мавҷи
радио, шабакаҳои бесим, шабакаҳои кабелӣ, ва
функсияҳои аз тарафи истифодабар барномарезишуда
фаъолият мекунанд. Агар дастгоҳи шумо зангҳои
овозиро тавассути шабакаи интернетӣ (зангҳои
интернетӣ) дастгирӣ кунад, зангҳои интернетӣ ва
зангҳои телефониро фаъол созед. Агар ҳар ду хусусият
фаъол бошад, дастгоҳ барои задани занги фавқулода бо
воситаи шабакаи бесими телефонӣ ва провайдери
зангзании интернетӣ метавонад кӯшиш кунад.
Пайвастшавӣ дар ҳамаи ҳолат кафолат дода намешавад
Шумо ҳеч вақт танҳо ба истифодабарии дастгоҳи бесим
барои алоқаҳои муҳим, ба монанди занги фавқулодаи
тиббӣ, такя накунед.
Барои задани занги фавқулода:
1 Агар дастгоҳ хомӯш бошад, фурӯзон кунед. Қувваи
мувофиқи мавҷро машварат кунед. Вобаста ба
дастгоҳи худ, шумо бояд талабҳои зеринро ҳам ба
анҷом расонед:
• Агар дастгоҳи шумо SIM корт истифода
барад, онро ба дастгоҳ ҷойгир кунед.
• Маҳдудиятҳои баъзе зангҳоро, ки шумо
фаъол сохтаед, бекор кунед.
• Намуди дастгоҳро аз намуди Хомӯш ё Парвоз
ба намуди фаъол иваз кунед.
2 Барои тоза кардани экран ва ба кор омода сохтани
дастгоҳ тугмачаи хотимаи онро, ҳар қадар ки лозим
бошад, зер кунед.
3 Рақами фавқулодаи расмии маҳаллиро ба дастгоҳ
дохил кунед. Рақами фавқулода барои ҳар минтақа
гуногун мебошад.
4 Тугмаи зангро пахш кунед.
Ҳангоми задани занги фавқулода, ҳамаи маълумотҳои
заруриро бо дақиқии ҳарчи бештар диҳед. Дар ҷойи
садама дастгоҳи Шумо метавонад ягона воситаи алоқа
бошад. Ба занг бе рухсат хотима надиҳед.
Маълумот оид ба сертификатсия (SAR)
Дастгоҳи мазкур бо талабот оид ба таъсири мавҷҳои
радио ҷавобгӯ мебошад.
Дастгоҳи Шумо мавҷҳои радиоиро қабул мекунад ва
мефиристад. Дастгоҳи мазкур барои аз меъёр зиёд
нагузаштани андозаҳои таъсир аз мавҷҳои радио, ки бо
талаботи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, истеҳсол
карда шудааст. Ин дастурҳо аз тарафи ташкилоти илмии
мустақили ICNIRP пешниҳод шудаанд ва хати
бехавфиро, ки ҷиҳати бехатарии ҳамаи ашхос,
новобаста аз синну сол ва вазъи саломатӣ ба нақша
гирифтааст, дар бар мегирад.
Дастуроти таъсир ба мавҷҳои радиои дастгоҳи бесим,
ченкунакеро дорост, ки Қабули Дараҷаи Махсус ном
дорад (ҚДМ). Сарҳади ҚДМ, ки дар ICNIRP номбар
шудааст, 2.0 ватт/килограмм (Вт/кг) барои беш аз 10
грамм матоъ аст. Санҷишҳо барои ҚДМ бо
истифодабарии хусусиятҳои фаъолияти стандартӣ бо
гузаронидани мавҷи дастгоҳ дар дараҷаи баландарини
қувваи барқаш дар ҳамаи басомадҳои тафтиш
кардашуда, гузаронида мешавад. Дараҷаи аслии ҚДМ
дар дастгоҳ аз дараҷаи баландарин паст шуда
метавонад, чунки ин дастгоҳ барои истифодабарии барқ
танҳо ба пайвастшавӣ ба шабака таъин шудааст.
Миқдори онҳо аз як чанд омилҳо вобаста мебошад,
масалан то ба кадом андоза шумо ба истгоҳи шабакавии
асосӣ наздик мебошед, тағйир меёбад.
Баландтарин дараҷаи КДМ дар дастури ICNIRP барои
истифода бурдани дастгоҳи мазкур дар наздикии гӯш
1
2
1. W/kg мебошад.
Истифодабарии қисмҳои дастгоҳ боиси дараҷахои
гуногуни КДМ шуда метавонад. Дараҷаҳои КДМ аз
талаботи маҳаллии санҷиш ва гузоришдиҳӣ вобаста
буда, инчунин басомади шабака фарқ мекунанд.
Маълумоти иловагии КДМ-ро таҳти маълумоти маҳсулот
дар www.nokia.com дастрас намудан мумкин аст.
15
ЭЪЛОМИЯИ МУВОФИҚАТ
Ширкати NOKIA эълон мекунад, ки ин маҳсулоти
RH-112 ба талабҳои асосӣ ва дигар қавоиди мувофиқи
Дастури Иттиҳодияи Аврупо нашри 1999/5/EC ҷавобгў
мебошад. Нусхаи Баёноти Мувофиқатро аз http://
www.nokia.com/phones/declaration_of_conformity/
дастрас карда метавонед.
© 2009 Nokia. Ҳама ҳуқуқҳо муҳофизат шудаанд.
Nokia, Nokia Connecting People ва Navi рамзҳои тиҷоратӣ
ё ки рамзҳои тиҷоратии қайдкардашудаи Ширкати Nokia
мебошанд. Оҳанги Nokia tune оҳангии Ширкати Nokia
аст. Дигар маҳсулот ва номҳои дар ин санад дар бар
гирифташуда рамзҳои савдо ва номҳои савдои
моликони мувофиқ мебошанд.
Нусхбардорӣ, интиқол, интишор ва нигоҳдории қисме ё
ҳамаи мундариҷаҳои ин ҳуҷҷат дар кадом шакле, ки
набошад бе иҷозати пешакии хаттии Nokia манъ карда
шудааст. Nokia сиёсати рушди бардавомро пеш
мебарад. Nokia ҳуқуқ дорад, ки бе огоҳии пешакӣ ба
маҳсулоти дар ин санад номбаршуда тағийроту
такмилот ворид намояд.
БА ДАРАҶАИ ҲАДДАЛИМКОНЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА
ИҶОЗАТ МЕДИҲАД, NOKIA ВА ЯГОН
ЛИТСЕНЗИЯДОРОНИ ОН БА ҲЕЧ ВАҶҲ БАРОИ АЗ
БАЙН РАФТАНИ ҲАРГУНА МАЪЛУМОТ Ё ДАРОМАД, Ё
ХУД ХИСОРОТИ БАРҚАСД, ТАСОДУФӢ, МУРАТТАБ ВА
БАВОСИТА МАСЪУЛ НАМЕБОШАД.
МУНДАРИҶАИ ИН САНАД БА ТАРИҚИ "ТАВРЕ, КИ
ҲАСТ " ДОДА ШУДААНД. БА ҶУЗ ДАР ҲОЛАТҲОЕ, КИ
ҚОНУНИ МАРБУТА ТАЛАБ МЕКУНАД, ЯГОН НАМУДИ
КАФОЛАТИ ХОҲ ИФОДАШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАР
ДОШТАШУДА, АЗ ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО
КАФОЛАТҲОИ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА ОИДИ
ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШРАВӢ ВА МУТОБИҚАТ БА
ЯГОН МАҚСАДИ МУШАХХАС, ВОБАСТА БА АНИҚӢ,
БОЭЪТИМОДӢ ВА МУНДАРИҶАИ ИН САНАД ДОДА
НАМЕШАВАД. NOKIA ҲУҚУҚИ АЗ НАВ ДИДА
БАРОМАДАНИ САНАДИ МАЗКУРРО ДОРАД ВА
МЕТАВОНАД ОНРО БЕ ОГОҲИИ ПЕШАКӢ БЕКОР
СОЗАД.
Мавҷуд будани намудҳои алоҳидаи маҳсулот ва
мавриди истифодаи ин маҳсулот дар минтақаҳои гуногун
метавонанд фарқ кунанд. Барои гирифтани тафсилот ва
мавҷудияти имконоти забонӣ, лутфан ба паҳнкунандаи
Nokia муроҷиат намоед. Таҷҳизоти мазкур метавонад
амвол, технологияҳо ва нармафзореро дар бар гирад, ки
таҳти амали қонунҳои содиротии Иёлоти Муттаҳидаи
Амрико ва дигар давлатҳо мебошанд. Тамоюл мухолифи
қонун манъ аст.
9211663/Масъала TG
4