Page 1
Дастури
истифодабарандаи
Nokia 1200/1208
9202557
Масъалаи 3 TG
Page 2
ЭЪЛОМИЯИ МУВОФИҚАТ
Ширкати NOKIA эълон мекунад, ки ин маҳсулоти RH-99/
RH-105 ба талабҳои асосӣ ва дигар қавоиди мувофиқи
Дастури Иттиҳодияи Аврупо нашри 1999/5/EC ҷавобгӯ
мебошад. Нусхаи Баёноти Мувофиқатро аз http://www.
nokia.com/phones/declaration_of_conformity/дастрас карда
метавонед.
© 2007 Nokia. Ҳама ҳуқуқҳо муҳофизат шудаанд
Nokia, Nokia Connecting People ва Navi рамзҳои тиҷоратӣ
ё ки рамзҳои тиҷоратии қайдкардашудаи Nokia Corporation
мебошанд. Дигар маҳсулот ва номҳои дар ин санад дар бар
гирифташуда рамзҳои савдо ва номҳои савдои моликони
мувофиқ мебошанд.
Нусхбардорӣ, интиқол, интишор ва нигоҳдории қисме
ё ҳамаи мундариҷаҳои ин ҳуҷҷат дар кадом шакле, ки
набошад бе иҷозати пешакии хаттии Nokia манъ карда
шудааст.
US Patent No 5818437 and other pending patents. T9 text input
software Copyright (C) 1997-2007. Tegic Communications, Inc.
All rights reserved.
Nokia сиёсати рушди бардавомро пеш мебарад. Nokia ҳуқуқ
дорад, ки бе огоҳии пешакӣ ба маҳсулоти дар ин санад
нобаршуда тағийроту такмилот ворид намояд.
Page 3
БА ДАРАҶАИ ҲАДДАЛИМКОНЕ, КИ ҚОНУНИ МАРБУТА
ИҶОЗАТ МЕДИҲАД, NOKIA ВА ЯГОН ЛИТСЕНЗИЯДОРОНИ
ОН ДАР ҲЕЧ ВАҶҲ БАРОИ ҲАРГУНА АЗ БАЙН РАФТАНИ
МАЪЛУМОТ Ё ДАРОМАД, Ё ХУД ХИСОРОТИ БАРҚАСД,
ТАСОДУФӢ, МУРАТТАБ ВА БАВОСИТА МАСЪУЛ
НАМЕБОШАД.
МУНДАРИҶАИ ИН САНАД БА ТАРИҚИ “ТАВРЕ, КИ ҲАСТ”
ДОДА ШУДААНД. БА ҶУЗ ДАР ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҚОНУНИ
МАРБУТА ТАЛАБ МЕКУНАД, ЯГОН НАМУДИ КАФОЛАТИ
ХОҲ ИФОДАШУДА ВА ХОҲ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА,
АЗ ОН ҶУМЛА, ВАЛЕ НОМАҲДУД БО КАФОЛАТҲОИ ДАР
НАЗАР ДОШТАШУДА ОИДИ ҚОБИЛИЯТИ БА ФУРӮШРАВӢ
ВА МУТОБИҚАТ БА ЯГОН МАҚСАДИ МУШАХХАС,
ВОБАСТА БА АНИҚӢ, БОЭЪТИМОДӢ ВА МУНДАРИҶАИ
ИН САНАД ДОДА НАМЕШАВАД. NOKIA ҲУҚУҚИ АЗ НАВ
ДИДА БАРОМАДАНИ САНАДИ МАЗКУРРО ДОРАД ВА
МЕТАВОНАД ОНРО БЕ ОГОҲИИ ПЕШАКӢ БЕКОР СОЗАД.
Мавҷуд будани намудҳои алоҳидаи маҳсулот, мавриди
истифода ва хидматҳои ин маҳсулот дар минтақаҳои гуногун
метавонанд фарқ кунанд. Барои гирифтани тафсилот ва
мавҷудияти имконоти забонӣ, лутфан ба паҳнкунандаи Nokia
муроҷиат намоед.
Назорати экспорт
Таҷҳизоти мазкур метавонад амвол, технологияҳо ва
нармафзореро дар бар гирад, ки таҳти амали қонунҳои
экспортии Иолоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар давлатҳо
мебошанд. Тамоюли ғайриқонунӣ карда шудааст.
9202557/Масъалаи TG 3
Page 4
Мундариҷа
Барои бехатарии шумо ...............................................5
1. Оғози кор ................................................................ 11
Сим-корт ва батареяро гузоред.............................................11
Батареяро бо барқ пур кунед .................................................13
Фурӯзон ё хомӯш кардан ........................................................15
2. Телефони шумо .....................................................17
Калидҳо ва қисмҳо ..................................................................17
Хусусиятҳои асосӣ ..................................................................18
Занг задан ва қабул кардан ...................................................19
Баландгӯяк ..............................................................................20
Навиштани матн .....................................................................20
Паём ........................................................................................22
Мухотибон ...............................................................................23
Дурахш .....................................................................................24
Китобчаи сершумори телефон ..............................................24
3. Маълумот оиди батарея ........................................27
Пур кардан ва холӣ кардани барқ .........................................27
Роҳнамои аслӣ будани батареяи Nokia ................................29
Нигоҳубин ва таъмир .................................................33
Маълумотҳои иловагӣ оиди бехатарӣ......................36
4 5
Page 5
Барои бехатарии шумо
Ин дастурҳои соддаро хонед. Мувофиқи онҳо амал
накардан метавонад хатарнок ё ғайриқонунӣ бошад.
Барои маълумоти иловагӣ дастури мукаммали
истифодабарандаро мутолиа кунед.
БЕХАТАРӢ ҲАНГОМИ БА КОР ДАРОВАРДАН
Дар мавриде ки истифодаи телефони
бесим манъ карда шудааст ва ё, халал
ё зарар расонда метавонад дастгоҳро
фурӯзон нанамоед.
БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ
АСТ
Ба ҳамаи қонунҳои маҳаллӣ риоя
кунед. Ҳангоме ки автомобил меронед,
дастҳоятон бояд ҳамеша озод бошанд.
Мақсади аввалиндараҷаи шумо ҳангоми
рондани автомобил, бояд таъмини
бехатарии ҳаракат бошад.
ХАЛАЛРАСОН
Ҳамагуна таҷҳизоти бесим ба халалҳо
таъсирпазир мебошанд, ки ин ба кори
тачҳизот таъсири бад расонда метавонад.
Page 6
ДАР БЕМОРХОНАҲО ХОМӯШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед. Дар
назди таҷҳизоти тиббӣ дастгоҳатонро
хомӯш созед.
ДАР ҲАВОПАЙМО ХОМӮШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед.
Таҷҳизотҳои бесим дар тайёра халалҳоро
ба вуҷуд оварда метавонанд.
ҲАНГОМИ ЗАХИРАКУНИИ СӮЗИШВОРӢ
ХОМӯШ НАМОЕД
Дар нуқтаҳои захиракунии сӯзишворӣ
телефонро истифода набаред. Дар
наздикии сӯзишворӣ ё маводи кимиёвӣ
истифода набаред.
ДАР НАЗДИ ТАРКИШҲО ХОМШ НАМОЕД
Ба ҳама маҳдудиятҳо риоя кунед.
Дастгоҳро дар ҷое, ки корҳои таркиш дар
ҷараёнанд, истифода набаред.
ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БАРЕД
Танҳо дар ҳолати муқаррарӣ, ки дар
санади дастгоҳ нишон додашудааст,
истифода баред. Бе зарурият ба антенна
даст нарасонед.
6 7
Page 7
ХИДМАТРАСОНИИ БОСАЛОҲИЯТ
Танҳо кормандони босалоҳият
метавонанд ин дастгоҳро насб кунанду
таъмир намоянд.
ЗАМИМАҲО ВА БАТАРЕЯҲО
Танҳо замимаҳо ва батареяҳои
тасвибшударо истифода баред. Маҳсулот
ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
ОБНОГУЗАР
Дастгоҳи шумо обногузар нест. Дастгоҳро
хушк нигоҳ доред.
НУСХАҲОИ ЭҲТИЁТӢ
Сохтани нусхаҳои эҳтиётӣ ва ё навишта
гирифтани ҳама маълумоти муҳими дар
телефонатон сабтшударо фаромӯш
накунед.
БА ДИГАР ТАҶҲИЗОТ ПАЙВАСТ НАМУДАН
Пеш аз пайваст намудан ба дигар
таҷҳизот, қоидаҳои бехатариро аз дастури
истифодабарӣ мутолиа кунед. Маҳсулот
ва замимаҳои номувофиқро васл накунед.
Page 8
ЗАНГҲОИ ФАВҚУЛОДДА
Фурӯзон будани функсияи телефонии
дастгоҳ ва коршоям будани онро тафтиш
кунед. Барои тоза кардани экран ва
баргаштан ба ҳолати нофаъол, тугмаи
қатъи занги телефонро чанд маротиба
ки лозим бошад пахш намоед. Рақами
хадамоти фавқулоддаро ворид карда,
тугмаи зангро пахш намоед. Дар бораи
мавқеатон хабар диҳед. Ба занг бе рухсат
хотима надиҳед.
Дар бораи дастгоҳи шумо
n
Дастгоҳи бесими дар ин дастур тавсифшуда барои
истифода дар шабакаи GSM 900 ва GSM 1800
тасвиб карда шудааст. Оиди маълумоти иловагӣ дар
бораи шабака бо расонандаи хадамот дар тамос
шавед.
Ҳангоми истифодабарии хусусиятҳои ин дастгоҳ ба
ҳама қонунҳо риоя кунед; одатҳои маҳаллӣ, ҳуқуқи
махфият ва ҳуқуқи қонунии дигаронро, аз он ҷумла
ҳуқуқи муаллифиро эҳтиром намоед.
8 9
Page 9
Огоҳӣ: Барои истифода бурдани дилхоҳ
хусусияти дастгоҳ, ғайр аз соати зангдор,
телефон бояд фурӯзон бошад. Ҳангоми
имконияти халал расонида тавонистан
ё хатарро ба вуҷуд овардани дастгоҳи
бесимро фурӯзон накунед.
Хидматҳои шабака
n
Барои истифодаи телефон, шумо бояд аз
хизматрасони бесим хадамот гиред. Аксар
хусусиятҳои дастгоҳ хусусиятҳои махсуси
шабакавиро талаб мекунанд. Ин хусусиятҳо
дар ҳамаи шабакаҳо дастрас нестанд; баъзе
шабакаҳо метавонанд пеш аз истифодаи хадамоти
шабакавӣ аз шумо бастани шартномаи махсусро бо
хидматрасон талаб кунанд. Провайдери хидматрасон
метавонад ба шумо дастур диҳад ва хароҷотҳои
марбутаро фаҳмонда диҳад. Баъзе шабакаҳо
метавонанд махдудиятҳое дошта бошанд, ки ба
тарзи истифода бурдани шабака аз тарафи шумо
таъсир мерасонанд. Масалан, баъзе шабакаҳо
метавонанд на ҳама ҳуруфот ва хадамоти ба забони
алоҳида вобастаро дастгирӣ кунанд.
Page 10
Провайдери хидматрасон метавонад аз шумо хомӯш
кардан ё ки фаъол насохтани баъзе хусусиятҳои
дастгоҳро талаб намояд. Дар ин ҳолат, ин хусусиятҳо
дар феҳрасти дастгоҳ нишон дода намешаванд.
Дастгоҳи шумо метавонад дорои конфигуратсияи
махсус, ба мисли тағйиротҳо дар ном ва тартиби
фармоишоти феҳраст ва нишонҳо бошад. Барои
маълумоти иловагӣ ба провайдер муроҷиат намоед.
Дастгирии Nokia дар шабакаи
n
интеренетӣ
Саҳифаи www.nokia.com/support ё саҳифаи
интернети маҳаллии Nokia–ро барои тавсири
охирини дастури истифодабаранда, маълумотҳои
иловагӣ, зеркашиҳо ва хидматҳои вобаста ба
маҳсулотҳои Nokia аз назар гузаронед.
10 11
Page 11
1. Оғози кор
Сим-корт ва батареяро гузоред
n
Пеш аз кушода гирифтани батарея, ҳамеша
дастгоҳро хомӯш кунед ва пуркунандаи барқро ҷудо
созед.
SIM-кортҳоро аз дастрасии кӯдакони хурдсол дур
нигоҳ доред.
Оиди мавҷудият ва гирифтани маълумот дар бораи
истифодаи хадамоти SIM корт, бо паҳнкунандаи SIM
корт дар тамос шавед. Ин метавонад провайдери
хидматрасон ё дигар фурӯшанда бошад.
Телефон барои истифода бо батареяи BL-5CA
пешбинӣ шудааст.
1. Барои хориҷ кардани сарпӯши қафо, онро
ғеҷонед (1). Батареяро бардоред ва кушода
гиред (2).
2. Боэҳтиёт дорандаи SIM-кортро аз
панҷадораки телефон боло кунед (3).
Сим-кортро тавре гузоред, ки гӯшаи
Page 12
буридашудааш дар тарафи рост аз боло
ва контакти тиллогунаш сарзер ҷойгир
шавад (4). Дорандаи SIM-кортро пушонед
ва онро пахш намоед, то ки дар ҷояш
мустаҳкам шавад (5).
3. Батарея ва сарпӯши қафоро гузоред (6, 7).
Эътибор диҳед: Пеш аз кушодани сарпӯши
дастгоҳ, ҳамеша барқро хомӯш кунед ва
пуркунандаи барқ ва дигар таҷҳизотро ҷудо
намоед. Дар вақти иваз кардани сарпӯш
ба қисмҳои электронӣ даст нарасонед.
Ҳангоми истифода бурдани дастгоҳ,
ҳамеша сарпӯшро пӯшида нигоҳ доред.
12 13
Page 13
Батареяро бо барқ пур кунед
n
Огоҳӣ: Фақат он батареяҳо,
пуркунандаҳои барқ ва замимаҳоеро,
ки Nokia тасдиқ кардааст, бо ин
дастгоҳ истифода баред. Истифодаи
дилхоҳ намуди дигар метавонад
ҳамагуна тасвиб ва кафолатро бекор
созад ва хатарнок бошад.
Пеш аз истифода бурдани дилхоҳ пуркунандаи
барқ, рақами тамғавии онро тафтиш кунед.
Телефони мазкур барои истифода бо
пуркунандаи барқи AC-3 пешбинӣ шудааст.
Оиди мавҷудияти замимаҳои тасвибшуда,
лутфан бо паҳнкунандаи ин маҳсулот дар
тамос шавед. Вақте ки сими пуркунандаи
барқро ҷудо мекунед, на симро, балки вилкаи
барқро дошта кашед.
Page 14
1. Барқфизоро ба васлаки
барқии деворӣ пайваст
намоед.
2. Барқфизоро ба телефон
пайваст намоед.
Индикатори батарея ба
поёну боло ҳаракат кардан
оғоз мекунад. Ҳангоме
ки батарея пурра аз барқ
пур шудааст, индикатор
ҳаракатро қатъ мекунад.
Маслиҳат: Барои ҳифзи барқ, ҳангоме ки
батарея бо барқ пур мешавад, барқкунаки
батареяро ҷудо кунед.
Агар батарея муддати тӯлонӣ истифода бурда
нашавад, бо гузашти вақт барқи батареяи пур
кам мешавад. Агар барқи батарея то охир холӣ
шавад, пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи
барқ дар экрани дастгоҳ ва ё задани занг,
якчанд дақиқа мегузарад.
14 15
Page 15
Фурӯзон ё хомӯш кардан
n
Тугмачаи анҷомро дар тӯли
якчанд лаҳза пахш карда
нигоҳ доред.
Телефонро танҳо дар ин
ҳолати муқаррарӣ истифода
баред.
Дастгоҳи Шумо антеннаи дохилӣ
дорад.
Эътибор диҳед: Ба монанди ҳамагуна
таҷҳизоти паҳнкунандаи мавҷи радио,
дар вақти фурӯзонии дастгоҳ бе зарурат
ба антенна даст нарасонед. Масалан,
ҳангоми зангзанӣ ба антеннаи телефон
нарасед. Тамос бо антеннаи қабулкунанда
ё фиристанда ба сифати алоқаи радио
таъсир карда, сабаби аз меъёри зарурӣ
зиёд истифода шудани барқ мегардад ва
метавонад мӯҳлати хизмати батареяро
кӯтоҳ кунад.
Page 16
Эътибор диҳед: Ба
ин пайвасткунак даст
нарасонед, зеро
таъмиркунии он танҳо бо
хадамоти босалоҳияти
расмӣ пешбинӣ шудааст.
16 17
Page 17
2. Телефони шумо
Калидҳо ва қисмҳо
n
• Номи шабака ё тамғаи
оператор (1)
• Иқтидори мавҷи
шабака (2)
• Сатҳи қувваи
батарея (3)
• Гӯшмонак (4)
• Баландгӯяк (5)
• Дурахш (6)
• Тугмачаҳои интихоби
функсияҳо (7)
• Тугмачаҳои интихоб (8)
• Калиди Navi™ (9),
калиди ҳаракати пасту
боло
Page 18
• Тугмачаи зангзанӣ (10)
• Тугмачаи анҷом ва
тугмачаи барқ (11)
• Сафҳаи тугмачаҳо (12)
• Пайвасткунаки
пуркунандаи барқ (13)
• Пайвасткунаки
гӯшмонак (14)
Хусусиятҳои асосӣ
n
Барои вуруди сатрҳои зерин, сатри меню–ро
интихоб намоед:
Паёмҳо
кушодан ва идоракунии паёмҳо
Мухотибон
рақамҳои телефонӣ дар SIM-корт ва хотираи
телефон
Қайди зангҳо
посухнашуда, қабулшуда ва задашудаи
телефон
18 19
— барои сохтан, ирсол намудан,
— барои сабт кардани номҳо ва
— барои вуруд ба рақамҳои
Page 19
Танзимот
хусусиятҳои телефон
Соати ҳушдор
намудан
Хотиррасон
Бозиҳо
бозӣ ё истифодаи бозиҳои дар телефон
барномарезишуда
Иловагиҳо
Табдилдиҳанда, Вақти ҳисоб, Тақвим
Сониясанҷ, Оҳангсоз, Намоиш
Хадамоти SIM-корт
хадамоти иловагӣ, он ҳолате ки агар бо
SIM-корт дасгир карда шавад
n
Барои задани занг рақами телефон ва агар
лозим бошад рамзи минтақа ва мамлакатро
ворид кунед. Барои ба ин рақам занг задан
тугмачаи зангзаниро пахш кунед. Барои зиёд
намудани баландии садои гӯшмонак ба рост ва
барои кам намудани он ба чап ҳаракат намоед.
— барои танзимоти гуногуни
— барои ҳушдор зангро таъин
— барои идоракунии хотиррасонҳо
— барои танзимоти хусусиятҳои
— барои вуруд
— барои истифодабарии
Ҳисобкунак
, and
Чароғак
,
,
Занг задан ва қабул кардан
Page 20
Барои ба занги даромад ҷавоб додан тугмачаи
зангзаниро пахш кунед. Барои бепосух рад
кардани занг тугмачаи анҷомро пахш кунед.
Баландгӯяк
n
Агар мавҷуд бошад, метавонед Б-гӯяк ё Гӯшӣ–ро
интихоб намоед, то ки баландгӯяк ё гӯшмонаки
телефонро ҳангоми ягон зангзанӣ истфода баред.
Огоҳӣ: Вақте ки баландгӯяки дастгоҳ
дар ҳоли истифода аст, дастгоҳро
назди гӯшатон надоред, чунки оҳанг
хеле баланд шуданаш мумкин аст.
Навиштани матн
n
Барои ворид кардани матн шумо метавонед аз тарзи
анъанавӣ ё тарзи пешгӯии вуруди матн
истифода баред. Барои вуруди анъанавии матн,
тугмачаеро, ки дар он ҳарфи дилхоҳи шумо сабт
шудааст, то падидор шудани он ҳарф муқарраран
пахш намоед. Барои фаъол кардани вуруди пешгӯии
матн инҳоро интихоб намоед: Имконот >
20 21
Луғат
ва
Page 21
забони дилхоҳ; барои ғайрифаъол кардан инҳоро
интихоб кунед: Имконот >
Ҳангоми истфодаи вуруди пешгӯии матн, ҳар як
тугмачаро як маротиба барои як ҳарф пахш намоед.
Агар калимаи нишондодашуда калимаи дилхоҳи
шумо бошад, 0–ро пахш кунед ва ба навиштани
калимаи навбатӣ шурӯъ намоед. Барои иваз кардани
калима, *–ро такроран пахш кунед, то даме ки
калимаи зарурӣ намудор гардад. Агар пас аз калима
аломати “?” нишон дода шавад, калима дар луғат
мавҷуд нест. Барои илова кардани калима ба луғат,
Имло–ро интихоб кунед, калимаро ворид кунед (бо
роҳи анъанавии вуруд) ва Хуб– ро интихоб кунед.
Маслиҳатҳо оиди вуруди матн: Барои вуруди фосила
0–ро пахш кунед. Барои зуд иваз кардани тарзи
навиштани матн #–ро мукарраран пахш намоед ва
нишондиҳандаро дар қисми болоии экран тафтиш
кунед. Барои ворид кардани ягон рақам, тугмаи
мувофиқи рақами заруриро пахш карда нигоҳ доред.
Барои дарёфти рӯйхати аломатҳои махсус ҳангоми
вуруди анъанавии матн *; ва ҳангоми истифодаи
вуруди пешгӯии матн *–ро пахш кунед. Барои бекор
кардани тозакунии паём дар тирезаи таҳриркунӣ
Имконҳо >
Бекор кардани тозакуни
Луғат
>
Луғат хомӯш
–ро интихоб кунед.
.
Page 22
Паём
n
Хадамоти паёмӣ танҳо он ҳолате, ки агар
бо шабака ё провайдери хидматрасони
шумо дастгир карда шавад, истифода бурда
мешавад.
Дастгоҳи шумо ба фиристодани як паёми хаттии
андозааш аз маҳдудияти шумораи ҳарфҳо барои як
паём бузургтар қодир аст. Паёмҳои дароз ҳамчун
монанди ду ё зиёда паёмҳо фиристода мешаванд.
Провайдери хидматрасони шумо метавонад
мувофиқан пардохти зиёдтар талаб кунад. Ҳарфҳое,
ки дар таркибашон апостроф ё дигар аломатҳо
доранд, инчунин ҳарфҳо аз баъзе забонҳои дигар,
ба монанди Чин, ҷойи бештарро банд мекунанд ва
миқдори ҳуруфоти дар як паём фиристодашавандаро
кам мекунанд.
1. Сатрҳои Меню >
Танзимот
> Танзимоти
телефон–ро интихоб кунед.
2. Паёмро нависед.
3. Барои фиристодани паём Имкон >
Ирсол
–ро
интихоб кунед, рақами телефони гирандаро
ворид карда, пас Хуб–ро интихоб кунед.
22 23
Page 23
Эътибор диҳед: Ин дастгоҳ метавонад ба
шумо нишон диҳад, ки паёми фиристодаи
шумо ба рақами маркази паёмӣ, ки дар
дастгоҳатон барномарезӣ шудааст,
фиристода шудааст. Дастгоҳи шумо
метавонад қабул шудани паёмро дар
ҷойи таъиншуда нишон надиҳад. Барои
гирифтани маълумоти иловагӣ дар
бораи хидматҳои паёмӣ, бо провайдери
хидматрасон дар тамос шавед шавед.
Барои тоза кардани паёмҳои хондашуда ва ё
ҳама паёмҳои ягон ҷузвдон Меню >
Тоза кардани паёмҳо
>
Хонда шуданд
Паёмҳо
ё
>
ҷузвдони дилхоҳатонро интихоб кунед.
Мухотибон
n
Шумо метавонед номҳо ва рақамҳоро дар
хотираи телефон ва хотираи SIM-корт ҳифз
намоед. Дафтарчаи телефонии дохилӣ
метавонад то 200 номро маҳфуз дорад.
Барои дарёфти мухотиб, дар ҳолати интизорӣ
ба поён ҳаракат карда ҳарфҳои аввали номро
Page 24
ворид кунед. То номи ба шумо лозимбуда
ҳаракат кунед.
Шумо ҳамчунин метавонед, сатрҳои Меню >
Мухотибон
Иловаи мухотиб
номҳо ва рақамҳои телефон дар дафтарчаи
телефонӣ
Нусхабардорӣ
нусхабардор кардани номҳо ва рақамҳои
телефон аз дафтарчаи телефонии дохилӣ ба
дафтарчаи SIM ё баракс.
Дурахш
n
Барои фурӯзон кардани дурахш, Меню >
Иловагиҳо
интихоб кунед.
Китобчаи сершумори телефон
n
Телефони шумо то панҷ китобчаи телефонии
алоҳидаро барои истифодабарони сершумор
дасгир мекунад. Ҳангоме ки китобчаи
24 25
ва аз сатри зерин интиҳоб кунед:
— барои ҳифз кардани
— барои якбора ва ё якто-якто
>
Дурахш
>
Фурӯзон
ё
Хомӯш
–ро
Page 25
сершумор фаъол карда мешавад, танҳо
мухотибони дар китоби фаъолшуда падидор
мешаванд.
Барои фаъол кардани китобчаи сершумор,
сатри Меню >
Китобчаи сершумор
телефон
кунед. Барои фаъол кардани китобчаи
телефон, сатри Меню >
Танзимот
ҳозира
ва китобчаи телефонии дилхоҳ ё
Мухотибони муштарак
Як мухотиб ба як ё ба як чанд китобчаҳои
телефон метевонад мутааллиқ бошад.
Номи мухотиби дар
ҷойгирбуда метавонад аз ҳамаи китобчаҳои
телефон дастрас бошад. Барои таъини
мухотиб ба як ё якчанд китобчаҳои телефон,
сатри Меню >
Китобчаи сершумор
интихоб кунед. Ба номи мухотиби дилхоҳ
ҳаракат карда интихоб кунед. Дар китобчаҳои
телефонӣ, ки дар онҳо номи мухотибро сабт
Мухотибон
>
Тарзи китобчаи
>
Китобчаи сершумор
Мухотибон
>
Китобчаи сершумор
–ро интихоб кунед.
Мухотибони муштарак
Мухотибон
>
Идоракунии мухотибон
>
Танзимот
>
Танзимот
>
–ро интихоб
>
>
Китобчаи
>
–ро
Page 26
кардани ҳастед, нишона гузоред ва сатри
Иҷро шуд > Хуб–ро интихоб кунед.
Барои тағйир додани номи китобчаи телефонӣ,
сатрҳои Меню >
Китобчаи сершумор
Мухотибон
>
>
Танзимот
Тағйири номи китобча
>
ва
китобчаи дилхоҳро интихоб кунед.
26 27
Page 27
3. Маълумот оиди батарея
Пур кардан ва холӣ кардани барқ
n
Дастгоҳи Шумо бо батареяи барқгиранда истифода
бурда мешавад. Батарея садҳо маротиба барқ
гирифта ва аз барқ холӣ мешавад лекин дар ниҳоят
аз кор мемонад. Агар мӯҳлатҳои гуфтугӯ ва ҳолати
ғайрифаъоли дастгоҳ аз мӯҳлати муқаррарӣ кутоҳ
шавад, батареяро иваз намоед. Фақат батареяҳои
тасвибкардаи Nokia–ро истифода бурда, онҳоро
бо он пуркунандаҳои барқе, ки бо ин дастгоҳ таъин
шуда ва аз тарафи Nokia маъқул дониста шудаанд,
барқдор созед.
Агар батареяи ивазшуда бори аввал истифода
бурда шавад ё батарея муддати дароз кор фармуда
нашуда бошад, шояд лозим ояд, ки пуркунандаи
барқро пайваст кунед, ҷудо созед ва боз барои
барқгирӣ васл намоед.
Пуркунандаи барқро, ҳангоме, ки аз он истифода
бурда намешавад, аз дастгоҳ ҷудо намоед ва аз
сими барқ кашед. Батареяи барқнокшударо дар
пуркунандаи барқ намонед, то ки барқи аз ҳад зиёд
Page 28
метавонад мӯҳлати хизмати батареяро кўтоҳ кунад.
Батареяро фақат барои вазифаи таъиншудааш
истифода баред.
Агар батарея муддати тӯлонӣ истифода бурда
нашавад, бо гузашти вақт барқи батареяи пур кам
мешавад. Агар барқи батарея то охир холӣ шавад,
пеш аз пайдо шудани нишондиҳандаи барқ дар
экрани дастгоҳ ва ё задани занг, якчанд дақиқа
мегузарад.
Батареяро фақат барои вазифаи таъиншудааш
истифода баред. Ҳеҷ вақт батарея ё пуркунандаи
барқи корношоямро истифода набаред.
Батареяро ба барқзании кӯтоҳ дучор накунед.
Вақте ки ашёҳои оҳанӣ, ба монанди танга, сӯзанак
ё ручка бевосита ба терминалҳои қутби манфӣ (+)
ва мусбати (-) батарея мересанд, расиши кӯтоҳ
рӯй медиҳад. (Онҳо ба монанди тасмаҳои металли
батарея мебошанд.) Ин ҳолат вақте ки Шумо
батареяро дар кисаатон ё сумкаатон нигоҳ медоред,
рӯй медиҳад. Расиши кӯтоҳ терминалҳои батареяро
ё предмети васлшударо нобуд сохта метавонад.
Дар ҷойҳои тафсон ё хунук нигоҳ доштани батарея,
масалан, дар автомобили пӯшида ҳангоми тобистон
ё зимистон, иқтидор ва мӯҳлати хизмати батареяро
кӯтоҳ мекунад. Батареяро ҳамеша дар ҳарорати
28 29
Page 29
аз 15°С то 25°С (59°Ғ то 77°Ғ) нигоҳ доред. Барқи
батерая пур бошад ҳам, дастгоҳ бо батареяи
гармшуда ё хунукшуда метавонад муваққатан
фаъолият накунад. Фаъолияти батарея дар ҳарорати
зери яхкунӣ, хеле махдуд мешавад.
Батареяро ба оташ напартоед, чунки таркиданаш
мумкин аст. Батаерея ҳангоми хисорат дидан
ҳам таркиданаш мумкин. Батареяҳоро мувофиқи
қонунҳои маҳаллӣ нобуд созед. Агар имконпазир
бошад, аз нав истифода баред. Ба монанди партови
коммуналӣ нобуд насозед.
Қисмҳои ҳуҷайраҳои батареяро накушоед. Дар
ҳолати кушода гирифтани батарея, эҳтиёт шавед,
ки моеъи дохилаш ба пӯстатон ё чашматон нарасад.
Дар ҳолати ҳамин гуна ихроҷ, дарҳол пӯст ва
чашмҳоятонро бо об шӯед ё ба ёрии таъҷили тиббӣ
муроҷиат намоед.
Роҳнамои аслӣ будани батареяи
n
Nokia
Барои таъмини бехатарии худ ҳамеша батареяҳои
аслии Nokia–ро истифода баред. Барои санҷиши
аслӣ будани батарея ҳангоми харидорӣ, аз
паҳнкунандаи расмии Nokia харид кунед, ба рамзи
Page 30
Nokia Original Enhancements дар қуттии он нигоҳ
кунед, голограммаи рамзии молиро бо усулҳои зерин
санҷед:
Иҷрои бомуваффақияти чаҳор қадам кафолати он
нест, ки батарея аслӣ аст. Агар шумо оиди батареяи
аслӣ ва дақиқи Nokia будани батарея ягон хел шубҳа
дошта бошед аз истифодаи он худдорӣ намоед ва
ба назиктарин хидматрасони расмӣ ё паҳнкунандаи
Nokia барои санҷиш баред. Хидматрасони расмӣ
ё паҳнкунандаи Nokia аслӣ будани батареяро
месанҷад. Агар аслӣ набудани батарея муайян
карда шавад, батареяро ба ҷойи харидкардаатон
баргардонед.
Муаянсозии аслияти голограмма
1. Ҳангоми нигоҳ кардан ба
голограмма дар рамзи
тиҷоратӣ, Шумо рамзи
дастҳои пайвастшудаистодаи
Nokia–po аз як паҳлӯ
ва рамзи Nokia Original
Enhancements–po аз дигар
паҳлӯ мебинед.
30 31
Page 31
2. Агар голограммаро ба рост,
чап, поён ва боло гардонед
1, 2, 3, ва 4 нуқтаҳоро дар
ҳар тараф мебинед.
3. Барои дидани рамзи
20-рақама, масалан
12345678919876543210, як
паҳлӯи рамзи тиҷоратиро
харошед. Батереяро тавре
гардонед, ки рақамҳо ба
боло нигаронида шаванд.
Рамзи 20-рақама аз рақами
сутуни боло ба рақами
сутуни поён хонда мешавад.
4. Ба дастурҳои дар
www.nokia.com/batterycheck
риоя намуда, аслӣ будани
рамзи 20-рақамаро тасдиқ
кунед.
Page 32
Барои офаридани паёми хаттӣ, рамзи 20-рақамаро
ворид кунед, масалан 12345678919876543210 ва ба
рақами +44 7786 200276 фиристед.
Пардохти арзиши зангҳои оператори миллӣ ва
байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.
Шумо бояд паёмеро дар бораи аслӣ будани рамз
гиред.
Агар батарея аслӣ набошад?
Агар Шумо аслӣ будани батареяи голограммадори
Nokia–ро тасдиқ карда натавонед, лутфан батареяро
истифода набаред. Батареяро ба наздиктарин
хидматрасони расмӣ ё паҳнкунандаи маҳсулоти
Nokia барои гирифтан кӯмак баред. Батареяи аз
тарафи истеҳсолкунанда тасвиб карданашуда
метавонад хатарнок бошад, бад фаъолият намояд,
дастгоҳ ва замимаҳои онро аз кор барорад. Ин
ҳолат метавонад тасвиб ё кафолати ба дастгоҳ
додашударо беэътибор созад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи аслӣ
будани батареяҳои Nokia, ба ин саҳифаи интернетӣ
нигоҳ кунед www.nokia.com/battery.
32 33
Page 33
Нигоҳубин ва таъмир
Ин дастгоҳ маҳсулоти тарҳрезиаш олӣ аст ва
муносибати боэҳтиётро талаб мекунад. Маслиҳатҳои
зерин барои муҳофизат кардани фарогирии кафолати
шумо ёрӣ медиҳад.
• Дастгоҳро хушк нигоҳ доред. Об, намӣ ва ҳар
гуна маводи моеъ минералҳое мебошанд, ки
ба зангзании дастгоҳи васли барқӣ оварда
мерасонад. Агар ин дастгоҳ тар шавад, батареяро
хориҷ кунед ва пеш аз гузоштан ба ҷояш,
дастгоҳро пурра хушконед.
• Дастгоҳро дар ҷойҳои чанголуд ва ифлос
истифода накунед ё нигоҳ надоред. Қисмҳои
ҷумбанда ва барқии дастгоҳ метавонанд зарар
бинанд.
• Дастгоҳро дар ҷойи гарм нигоҳ надоред. Ҳарорати
гарм мӯҳлати хизмати таҷҳизоти барқиро
кӯтоҳ, батареяро нобуд ва қисмҳои пластикии
таҷҳизотро вайрон ва ё гудохта мекунад.
• Дастгоҳро дар ҷойи хунук нигоҳ надоред. Вақте ки
дастгоҳ ба ҳарорати муқаррарӣ бармегардад, дар
даруни дастгоҳ моддаи моеъ пайдо мегардад ва
панели рахдори барқро вайрон мекунад.
Page 34
• Дастгоҳро ба ҷуз бо усуле, ки дар ин дастури
истифодабаранда тавсиф шудааст накушоед ва
аз усулҳои дигар худдорӣ намоед.
• Дастгоҳро наафтонед, ба зарба ва ларзиш дучор
нанамоед. Муносибати бад ба дастгоҳ, ба панели
барқии даруна ва механизми нозуки насб хисорат
ворид мекунад.
• Барои тоза кардани дастгоҳ, маводи пурқуввати
кимиёвӣ ва маҳлулҳои тозакунандаро истифода
набаред.
• Дастгоҳро ранг накунед. Ранг ба қисмҳои
ҳаракатноки дастгоҳ халал мерасонад ва
фаъолияти муқаррариро бад мекунад.
• Танҳо антеннаи додашуда ва ё антеннаи
ҷойгузини мувофиқро истифода баред. Антенна,
такмилҳо ва қисмҳои тасвибнашуда дастгоҳро
нобуд сохта, қоидаҳои идоракунии таҷҳизоти
радиоиро вайрон мекунад.
• Пуркунандаи барқҳоро дар даруни бино истифода
баред.
• Маълумотҳои дилхоҳатонро, ба монанди номҳо ва
қайдҳои тақвимӣ, мунтазам нусхабардорӣ намоед.
• Барои барқарор қардани дастгоҳ баъзан бо
мақсади хубтар кардани фаъолияти он, дастгоҳро
хомӯш карда, батареяро хориҷ намоед.
34 35
Page 35
Ин тавсияҳо ба дастгоҳ, батарея, барқфизо ва дигар
қисмҳои таҷҳизот як хел дахл дорад. Агар ягон қисми
таҷҳизот дуруст фаъолият накунад, онро барои
таъмир ба наздиктарин хидматрасони расмӣ баред.
Нобудсозӣ
Дар маҳсулоти Шумо рамзи қуттии ғилдиракдори
хатзада, адабиёт ва қуттии маҳсулот онро
хотиррасон мекунад, ки дар Иттиҳодияи
Аврупо ҳамаи маҳсулотҳои барқӣ, электронӣ,
батареяҳо ва қуттиҳои бо барқ таъминкунанда
(акумуляторҳо) дар хотимаи фаъолияти худ бояд
ба қисмҳо ҷудо карда шаванд. Ин маҳсулотро
ба монанди партови муқаррарии коммуналӣ
напартоед.
Барои нарасонидани зарар ба муҳит ва
саломатии ашхос аз партови ҷудонакардаи
коммуналӣ ва барои бардавом истифода
бурдани захираҳои моддӣ, маҳсулотро ба ҷои
худ ҷамъ оваред. Маълумот оиди ҷамъовариро
аз фурӯшандаи маҳсулот, мақомоти назорати
партови каммуналии маҳаллӣ, ширкатҳои миллии
истеҳсолкунандаи масъул ё аз намояндаи
маҳаллии Nokia дастрас карда метавонед.
Барои маълумоти иловагӣ ба Эъломияи Экологии
маҳсулот ё худ маълумоти махсуси қаламрав ба
www.nokia.com нигоҳ кунед.
Page 36
Маълумотҳои иловагӣ оиди
бехатарӣ
Кӯдакони хурдсол
n
Ин дастгоҳ ва замимаҳои он метавонанд қисмҳои
хурд дошта бошанд. Онҳоро аз дастрасии кӯдакони
хурдсол дур нигоҳ доред.
Муҳити корфармоӣ
n
Риояи ҳамагуна қоидаҳои дар минтақа амалкунандаро
фаромӯш накунед ва дар ҷойҳое, ки истифодаи
он манъ аст ё метавонад халаро ба вуҷуд орад,
дастгоҳро хомӯш намоед. Дастгоҳро танҳо дар
ин ҳолати муқаррарӣ истифода баред. Дастгоҳи
мазкур ба талаботи РБ ҳангоми истифодабарӣ дар
ҳолати муқаррарӣ назди гӯш ва аз бадан камтар
аз 2.2 cm (7/8 инч) дуртар дошта шавад ҳам, ҷавобгӯ
мебошад. Вақте ки банди ҷомадон, фишори камар ё
нигоҳдоранда барои фаъолиятҳои бо бадан-вобаста
истифода бурда шавад, он ашёҳо набояд ҷузъҳои
36 37
Page 37
металлӣ дошта бошанд ва дастгоҳ аз бадан дар
масофаи дар боло-қайдшуда ҷойгир шавад.
Барои гузаронидани файлҳо ё паёмҳо, ин дастгоҳ
пайвастагии босифати шабакаро тақозо мекунад.
Дар баъзе ҳолатҳо, гузаронидани файлҳо ва паёмҳо
то дастрас шудани ҳамин гуна пайвастагӣ таъхир
меёбад. То анҷом ёфтани таҳвил дастурҳои дар боло
дарҷшудаи дурӣ бояд риоя шаванд.
Қисмҳои ин дастгоҳ хосияти оҳанрабоӣ доранд.
Предметҳои металлӣ метавонанд ба дастгоҳ ҷалб
карда шаванд. Кортҳои пардохт ва дигар хотираҳои
захиравии магнитиро дар назди ин дастгоҳ ҷойгир
накунед, чунки маълумоти дар онҳо ҳифзшуда тоза
мешаванд.
Таҷҳизоти тиббӣ
n
Фаъолияти ҳамаи таҷҳизотҳое, ки радиомавҷҳо
мегузаронанд, ба мисли дастгоҳҳои бесим,
метавонад ба фаъолияти таҷҳизоти тиббии сатҳи
муҳофизаташ паст халал расонад. Барои муайян
кардани кифоягии муҳофизати таҷҳизоти тиббӣ
аз таъсири қувваи берунаи мавҷҳои РБ ва бобати
дигар масъалаҳо метавонед ба мутахассиси тиб ё
истеҳсолкунандаи таҷҳизоти тиббӣ муроҷиат намоед.
Дастгоҳро дар касалохнаҳо, агар қонунҳои маҳаллӣ
Page 38
ҳаминро талаб намоянд, хомӯш кунед. Касалхонаҳо
ва нуқтаҳои хидматрасонии тиббӣ таҷҳизоти ба
қувваи берунаи мавҷҳои РБ ҳассосро истифода
бурда истоданашон мумкин аст.
Дастгоҳи тиббии дар бадан ҷойгиркардашуда
Истеҳсолкунандагони дастгоҳи тиббӣ тавсия
мекунанд, ки масофаи байни дастгоҳи бесим ва
дастгоҳи тиббии дар бадан ҷойгиркардашуда,
монанди стимулятор ё дефибрилятори дил, барои
пешгирӣ кардани расонидани халали боиқтидор ба
таҷҳизоти тиббӣ на камтар аз 15.3 сантиметр (6 инч)
дур дошта шавад. Шахсони ин гуна таҷҳизот дошта
бояд ба талаботи зерин риоя кунанд:
• Ҳамеша дастгоҳро аз таҷҳизоти тиббӣ, ҳангоми
фурӯзон бунани он, дар масофаи на камтар аз
15.3 сантиметр (6 инч) дур нигоҳ доранд.
• Дастгоҳро дар бағалкиса нагиранд.
• Барои кам кардани хатари халал, дастгоҳро дар
гӯши муқобил ба стимулятори дил истифода
баранд.
• Агар халал ҳис карда шавад, зуд дастгоҳи
бесимро хомӯш кунанд.
38 39
Page 39
• Дастурҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти тиббии
дар бадан ҷойгиршавандаро хонед ва ба онҳо
риоя кунед.
Агар шумо саволе оиди истифодабарии дастгоҳи
бесим назди таҷҳизоти тиббии дар бадан
ҷойгиркардашуда дошта бошед, аз хадамоти тиббии
худ маслиҳат пурсед.
Таҷҳизоти шунавоӣ
Бархе аз тачҳизоти бесими рақамӣ ба бархе аз
таҷҳизоти шунавоӣ халал мерасонанд. Агар халал
расонда шавад, аз провайдери хидматрасон
маслиҳат пурсед.
Автомобилҳо
n
Сигланҳои РБ ба системаҳои электронии номувофиқ
ва нокифоя муҳофизаткардашудаи автомобилҳо, аз
қабили системаи электронии сӯзишворӣ, системаи
номуҳосиравии (қулфнашавандаи) боздорӣ,
системаи электронии назорати суръат ва системаҳои
муҳофизаткунандаи болишти пневматикӣ, таъсир
мерасонанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ,
бо истеҳсолкунанда, намояндаи он ва намояндаи
Page 40
паҳнкунандаи автомобилатон дигар таҷҳозотеро, ки
илова карда шудаанд, санҷед.
Танҳо кормандони соҳибихтисос бояд ба таҷҳизот
хидмат расонанд ё худ таҷҳизотро дар автомобил
насб кунанд. Насбкунӣ ё нигоҳубини номувофиқ
хавфнок буда кафолати ба ин дастгоҳ додашударо
бекор месозад. Фаъолияти мувофиқи тамоми
таҷҳизотҳои бесими дар автомобил бударо мунтазам
тафтиш кунед. Моддаҳои моеъи оташгиранда
ё моддаҳои таркандаро дар як ҷо бо дастгоҳ ва
қисмҳои ӯ нигоҳ надоред. Соҳибони автомобилҳои
бо муҳофизи болишти пневматикӣ таҷҳизонидашуда,
бояд дар назар доранд, ки болиштҳои муҳофизатӣ бо
қувваи зиёд кушода мешаванд. Ашёҳоро, аз он ҷумла
таҷҳизоти бесими насбкардашуда ва мутаҳаррикро
дар болои муҳофизаткунандаи болишти пневматикӣ
ё атрофи он ҷойгир накунед. Агар таҷҳизоти бесими
автомобилӣ номувофиқ насб карда шуда бошад ва
муҳофизатгари болишти пневматикӣ кушода шавад,
ба шахс захм расонида метавонад.
Истифода бурдани дастгоҳ ҳангоми парвоз манъ
карда шудааст. Пеш аз ба тайёра савор шудан,
дастгоҳро хомӯш кунед. Истифодабарии таҷҳизоти
гузарониши бесим ба идоракунии тайёра хатарнок,
ба шабакаи дастгоҳии бесим халалдор буда,
ғайриқонунӣ буда метавонад.
40 41
Page 41
Муҳитҳои дорои эҳтимолияти таркиш
n
Дар муҳити маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш
дастгоҳро хомӯш кунед ва ба ҳамаи рамзҳои
огоҳкунанда ва дастурҳо риоя кунед. Муҳитҳои
дорои эҳтимолияти таркиш ҷойҳоеро дар бар
мегиранд, ки дар он ҷойҳо аз Шумо хомӯш кардани
муҳаррики автомобил талаб карда мешавад.
Шарора пошидан дар ин маконҳо ба таркиш ё
оташгирӣ оварда мерасонад ва ба шикастан,
захмӣ гардидани ё ҳалокшавӣ сабаб мешавад.
Дар назди хидматрасони захиракунандаи сӯзишворӣ
дастгоҳро хомӯш кунед. Дар атрофи нуқтаҳои
захиракунандаи сузишворӣ, захираи сузишворӣ,
ва паҳнкунандаи сӯзишворӣ; корхонаҳои кимиёвӣ;
ё дар ҷойҳои таркиш авҷгирифтаистода ба ҳамаи
махдудиятҳои истифодабарии дастгоҳ риоя кунед.
Маконҳои дорои эҳтимолияти таркиш, одатан, лекин
на ҳамеша, бо рамзи огоҳкунанда ишора карда
шудаанд. Ин аломатҳои огоҳкунанда дар саҳни
поёни киштӣ, маконҳои захира ё таҳвили моддаҳои
кимиёвӣ, автомобилҳои истифодабарандаи гази
моеъ (монанди пропан ва бутан) ва дар маконҳое,
ки ҳавояш моддаҳои кимиёвӣ ва зарраҳои гандум,
чанг ва чанги металлӣ доранд, истифода бурда
мешаванд.
Page 42
Зангҳои фавқулодда
n
Муҳим: Дастгоҳҳои бесим, аз ҷумла
дастгоҳи мазкур бо истифодаи мавҷи радио,
шабакаҳои бесим, шабакаҳои заминӣ,
ва функсияҳои аз тарафи истифодабар
барномарезӣ кардашуда фаъолият
мекунанд. Бинобар ин, алоқа дар ҳамаи ин
ҳолатҳо кафолат дода намешавад. Шумо
ҳеч вақт танҳо ба истифодабарии дастгоҳи
бесим барои алоқаҳои муҳим, ба монанди
занги фавқулоддаи тиббӣ, такя накунед.
Барои задани занги фавқулодда:
1. Агар дастгоҳ хомӯш бошад, фурӯзон кунед.
Қувваи мувофиқи мавҷро санҷед.
Баъзе шабакаҳо дуруст ворид кардани SIM-корти
дастгоҳро метавонанд талаб кунанд.
2. ББарои тоза кардани экран ва ба кор омода
сохтани дастгоҳ тугмачаи хотимаи онро, ҳар
қадар ки лозим бошад, зер кунед.
3. Рақами фавқулоддаи расмии маҳаллиро ба
дастгоҳ дохил кунед. Рақами фавқулодда барои
ҳар минтақа гуногун мебошад.
42 43
Page 43
4. Тугмаи зангро пахш кунед.
Агар бархе аз хусусиятҳои дастгоҳ дар истифода
бошанд, пеш аз занги фавқулодда онҳоро хомӯш
кунед. Барои маълумоти иловагӣ ба ин дастури
истофадабаранда ё провайдери хидматрасон
муроҷиат намоед.
Ҳангоми задани занги фавқулодда, ҳамаи
маълумотҳои заруриро бо дақиқии ҳарчи бештар
диҳед. Дар ҷойи садама дастгоҳи Шумо метавонад
ягона воситаи алоқа бошад. Ба занг бе рухсат
хотима надиҳед.
Маъулмот оиди сертификатсия (SAR)
n
Дастгоҳи мазкури бесим бо талабот оиди таъсири
мавҷҳои радио ҷавобгӯ мебошад.
Дастгоҳи Шумо мавҷҳои радиоиро қабул мекунад ва
мефиристад. Дастгоҳи мазкур барои аз меъёр зиёд
нагузаштани андозаҳои таъсир аз мавҷҳои радио,
ки бо талаботи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст,
истеҳсол карда шудааст. Ин дастурҳо аз тарафи
ташкилоти илмии мустақили ICNIRP пешниҳод
шудаанд ва хати бехавфиро, ки ҷиҳати бехатарии
ҳамаи ашхос, новобаста аз синну сол ва вазъи
саломатӣ ба нақша гирифтааст, дар бар мегирад.
Page 44
Дастуроти таъсир ба мавҷҳои радиои дастгоҳи
бесим, ченкунакеро дорост, ки Қабули Дараҷаи
Махсус ном дорад (ҚДМ). Сарҳади ҚДМ, ки дар
ICNIRP номбар шудааст, 2.0 ватт/килограмм (В/кг)
барои беш аз 10 грамм матоъ аст. Санҷишҳо барои
КДМ бо истифодабарии хусусиятҳои фаъолияти
стандартӣ бо гузаронидани мавҷи дастгоҳ дар
дараҷаи баландарини қувваи барқаш дар ҳамаи
басомадҳои тафтишкардашуда, гузаронида
мешавад. Дараҷаи аслии КДМ дар дастгоҳ аз
дараҷаи баландарин паст шуда метавонад, чунки
ин дастгоҳ барои истифодабарии барқ танҳо ба
пайвастшавӣ ба шабака таъин шудааст. Микдори
онҳо аз як чанд омилҳо вобаста мебошад, масалан
чи кадар Шумо дар назди истгоҳи шабакавӣ бошед,
тағйир меёбад. Балантарин дараҷаи КДМ дар
дастури ICNIRP барои истифода бурдани дастгоҳи
мазкур дар наздикии гӯш 0.91 В/кг (RH-99) / 0.81 В/кг
(RH-105) аст.
Истифодабарии қисмҳои дастгоҳ ба дараҷаҳои
гуногуни ҚДМ сабаб мешаванд. Дараҷаҳои КДМ аз
талаботи маҳаллии санҷиш ва хабардиҳӣ вобаста
буда, инчунин басомади шабака фарқ мекунанд.
Маълумоти иловагии КДМ–ро таҳти маълумоти
маҳсулот дар www.nokia.com дастрас намудан
мумкин аст.
44